×

ПАРЧАМ – ШИНОСНОМАИ РАМЗИИ ДАВЛАТ ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бозгашт ба мавод

ПАРЧАМ – ШИНОСНОМАИ РАМЗИИ ДАВЛАТ ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ИОМДОА Сиёсат 18-11-2026 ш.Душанбе
ПАРЧАМ – ШИНОСНОМАИ РАМЗИИ ДАВЛАТ ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муқаддима. Ҳар сол 24 ноябр мардуми Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн мегиранд. Асоси таърихии ин сана маълум аст. Маҳз 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами давлатии кишвари соҳибистиқлол қабул гардид. Ҳамон иҷлосия, ки ба сулҳ ва барқарории ҳокимияти қонунӣ асос гузошт, ба давлати навини тоҷикон рамзи аввалини истиқлолро низ ато кард. Мақоми ҷашнӣ ба ин сана бошад, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2009, №563 «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” дода шуд.

Дар адабиёти илмӣ ва оммавӣ парчам асосан дар заминаи ифтихори миллӣ, таърихи давлатдорӣ ва тарбияи ватандӯстӣ таҳлил мешавад. Ин ҷанба бешубҳа муҳим аст. Вале як паҳлӯи дигари масъала камтар мавриди баррасӣ қарор мегирад. Парчам на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз марзҳои он, дар низоми муносибатҳои байнидавлатӣ, мақоми мустақили ҳуқуқӣ дорад. Онро дар бинои сафорат, дар мошини сафир, дар қасри Созмони Милали Муттаҳид, дар боли ҳавопаймо ва дар сутуни киштӣ мебинем ва дар ҳар яке аз ин ҳолатҳо парчам оқибати муайяни ҳуқуқӣ ба вуҷуд меорад.

1. Парчам ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ: аз нишони ҳарбӣ то рамзи соҳибихтиёрӣ

Таърихан парчам ҳамчун нишони фарқкунандаи лашкар, қабила ё сулола ба вуҷуд омадааст. Дар фарҳанги ниёгони мо намунаи барҷастаи он Дирафши Ковиёнӣ мебошад, ки дар «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ ҳамчун рамзи шӯриш бар зидди зулм ва пирӯзии адолат тасвир ёфтааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки анъанаи эҳтироми парчам дар фарҳанги мардумони ориёӣ решаҳои қадима дорад.

Бо ташаккули давлатҳои миллӣ дар асрҳои XVII–XIX, хусусан баъд аз Сулҳи Вестфалия (1648), ки асоси низоми давлатҳои соҳибихтиёрро гузошт, парчам аз нишони шахсии ҳоким ба рамзи давлат ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ табдил ёфт. Аз ҳамин давра дар амалияи байналмилалӣ се вазифаи асосии ҳуқуқии парчам ташаккул ёфт:

·       вазифаи шиносоӣ (идентификатсионӣ) – муайян кардани он, ки объект ё шахс ба кадом давлат тааллуқ дорад;

·       вазифаи намояндагӣ – ифодаи ҳузури расмии давлат дар қаламрави давлати дигар ё дар созмони байналмилалӣ;

·       вазифаи ҳифзӣ – муайян намудани доираи салоҳият ва масъулияти давлат нисбат ба объекте, ки зери парчами он қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳуқуқи байналмилалӣ доштани парчам аломати ҳатмии давлат ҳисоб намеёбад. Конвенсияи Монтевидео дар бораи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои давлатҳо (1933) дар моддаи 1 чор аломати давлатро номбар мекунад: аҳолии доимӣ, қаламрави муайян, ҳукумат ва қобилияти ворид шудан ба муносибат бо давлатҳои дигар. Парчам дар ин қатор нест. Аммо маҳз тавассути парчам аломати чорум – қобилияти муоширати байналмилалӣ – ба таври аёнӣ ифода меёбад. Ба ибораи дигар, парчам шарти ҳуқуқии давлатият нест, балки шакли зоҳирии эълон ва тасдиқи он дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

2. Парчам ва эътирофи байналмилалии давлат

Эътирофи давлат дар ҳуқуқи байналмилалӣ амали сиёсию ҳуқуқӣ аст, ки тавассути изҳороти расмӣ, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ё шомил шудан ба созмонҳои байналмилалӣ сурат мегирад. Вале дар амалия ин раванд бо як маросими рамзии хеле пурмаъно анҷом меёбад – афрохтани парчами давлати нав дар назди қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ A/RES/46/233 ба узвияти ин созмон қабул гардид. Аз ҳамон рӯз парчами Тоҷикистон дар қатори парчамҳои дигар давлатҳо дар назди бинои СММ дар Ню-Йорк ҷой гирифт. Ин ҷо як нуктаи муҳими ҳуқуқиро бояд таъкид кард: дар амалияи СММ парчами давлат дар қатори парчамҳои аъзо танҳо пас аз қабули расмии давлат ба узвият афрохта мешавад. Аз ин рӯ, парчам дар ин маврид рамзи эътирофи дастаҷамъии давлат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.

Мақоми махсуси парчам дар низоми СММ бо санадҳои дохилии ин созмон муайян шудааст. Ассамблеяи Генералӣ бо қатъномаи 167(II) аз 20 октябри соли 1947 парчами худи СММ-ро тасдиқ намуд ва Котиби Генералиро ваколатдор сохт, ки қоидаҳои истифодаи онро муайян кунад. Дар асоси ин қатънома Кодекси парчами СММ қабул гардид, ки тартиби ҷойгиркунии парчами СММ дар баробари парчамҳои миллиро танзим мекунад.

Аҳамияти парчам ҳамчун рамзи эътироф хусусан дар қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ 69/320 аз 10 сентябри соли 2015 «Дар бораи афрохтани парчамҳои давлатҳои нозири ғайриаъзо дар Созмони Милали Муттаҳид» равшан зоҳир гардид. Бо ин қатънома ба давлатҳое, ки мақоми нозири ғайриаъзоро доранд, иҷозат дода шуд, ки парчамҳои худро дар паҳлӯи парчамҳои давлатҳои аъзо афрозанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки дар муносибатҳои байналмилалии муосир ҳуқуқ ба афрохтани парчам дар минбари умумиҷаҳонӣ худ ба унсури мақоми байналмилалии давлат табдил ёфтааст.

3. Парчам дар ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ

Соҳае, ки дар он истифодаи парчам аз ҳама муфассалтар танзим шудааст, ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ мебошад. Дар ин ҷо парчам ҳамчун нишонаи аёнии ҳузури давлати фиристанда дар қаламрави давлати қабулкунанда баромад мекунад.

Тибқи моддаи 20 Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 намояндагӣ ва сардори он ҳақ доранд, ки парчам ва нишони давлати фиристандаро дар бинои намояндагӣ, аз ҷумла дар қароргоҳи сардори намояндагӣ, инчунин дар воситаҳои нақлиёти ӯ истифода баранд. Ин меъёр бо моддаи 22 Конвенсия, ки дахлнопазирии бинои намояндагиро муқаррар мекунад, алоқаманд аст. Мувофиқи банди 2 моддаи 22, давлати қабулкунанда вазифадор аст ҳамаи чораҳои заруриро барои ҳифзи бинои намояндагӣ аз ҳар гуна ҳуҷум ё зарар ва пешгирии «паст задани шаъну эътибори» он андешад. Дар таҷрибаи байналмилалӣ ин ӯҳдадорӣ ба ҳифзи парчами давлати хориҷӣ, ки дар бинои сафорат афрохта шудааст, низ паҳн мегардад: таҳқир ё канда партофтани он ҳамчун халалдор кардани шаъну эътибори намояндагӣ арзёбӣ мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Конвенсия 6 майи соли 1996 ҳамроҳ шудааст ва Конвенсия барои кишвари мо аз 5 июни соли 1996 эътибор пайдо кардааст.

Моддаи 29 Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои консулӣ аз 24 апрели соли 1963 ба давлати фиристанда ҳуқуқ медиҳад, ки дар давлати қабулкунанда парчам ва нишони давлатии худро истифода барад. Парчам метавонад дар бинои муассисаи консулӣ ва дари даромади он, дар қароргоҳи сардори муассисаи консулӣ ва дар воситаҳои нақлиёти ӯ, вақте ки онҳо барои мақсадҳои хизматӣ истифода мешаванд, афрохта шавад. Хусусияти фарқкунандаи ин меъёр дар он аст, ки ҳангоми амалӣ намудани ин ҳуқуқ бояд қонунҳо, қоидаҳо ва урфу одатҳои давлати қабулкунанда ба назар гирифта шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Конвенсия низ 6 майи соли 1996 ҳамроҳ шудааст.

Меъёрҳои монанд дар Конвенсия дар бораи миссияҳои махсус аз 8 декабри соли 1969 (моддаи 19) ва Конвенсияи Вена дар бораи намояндагии давлатҳо дар муносибат бо созмонҳои байналмилалии дорои хусусияти универсалӣ аз 14 марти соли 1975 (моддаи 19) пешбинӣ шудаанд. Ҳарчанд Конвенсияи соли 1975 ҳоло эътибори ҳуқуқӣ пайдо накардааст, меъёрҳои он дар бораи парчам амалияи байналмилалии устуворро инъикос мекунанд.

Аз таҳлили ин санадҳо як хулосаи муҳим бармеояд: ҳуқуқи байналмилалӣ парчамро ҳамчун ҳуқуқи давлат, на ҳамчун имтиёзи шахсии дипломат, эътироф мекунад. Дипломат парчамро на аз номи худ, балки аз номи давлат меафрозад ва ҳар гуна таҷовуз ба парчам ҳамчун таҷовуз ба шаъну эътибори худи давлат баҳо дода мешавад.

4. «Давлати парчам»: парчам дар ҳуқуқи баҳрӣ ва ҳавоӣ

Дар ҳуқуқи байналмилалии баҳрӣ парчам маънои махсуси ҳуқуқӣ касб кардааст, ки онро бо истилоҳи «давлати парчам» ифода мекунанд. Дар ин соҳа парчам на рамзи эҳтиром, балки асоси муайян кардани тобеияти ҳуқуқӣ ва салоҳият мебошад.

Конвенсияи Женева дар бораи баҳри кушод аз 29 апрели соли 1958 дар моддаҳои 4–6 муқаррар намуд, ки ҳар як давлат, новобаста аз доштан ё надоштани соҳили баҳр, ҳақ дорад киштиҳоро зери парчами худ дар баҳри кушод ба шино барорад; киштӣ тобеияти давлатеро дорад, ки зери парчами он шино мекунад; байни давлат ва киштӣ бояд «робитаи воқеӣ» вуҷуд дошта бошад; киштӣ бояд танҳо зери парчами як давлат шино кунад.

Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи баҳр аз 10 декабри соли 1982 ин меъёрҳоро такмил дод. Тибқи моддаи 90, ҳар як давлат – хоҳ соҳилӣ бошад, хоҳ дар дохили қитъа ҷойгир бошад – ҳақ дорад киштиҳоеро, ки зери парчами он шино мекунанд, дар баҳри кушод ба шино барорад. Моддаи 91 тобеияти киштиро ба парчам вобаста мекунад, моддаи 92 муқаррар менамояд, ки киштии зери парчами ду ё зиёда давлат шинокунанда метавонад ба киштии бетобеият баробар карда шавад, моддаи 94 бошад ӯҳдадориҳои давлати парчамро оид ба назорати маъмурӣ, техникӣ ва иҷтимоии киштӣ муайян мекунад. Масъалаи «робитаи воқеӣ» байни давлат ва киштӣ мавзӯи баррасии Трибунали байналмилалии ҳуқуқи баҳр дар парвандаи «M/V Saiga (No. 2)» (1999) низ гардидааст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлате, ки ба баҳр баромад надорад, ин меъёрҳо аҳамияти принсипиалӣ доранд. Ҳанӯз Эъломияи Барселона дар бораи эътирофи ҳуқуқи давлатҳои бесоҳил ба парчам аз 20 апрели соли 1921 эътироф карда буд, ки давлатҳои дар дохили қитъа ҷойгир низ ба доштани парчами баҳрӣ ҳақ доранд. Ин меъёр баъдан дар моддаи 90 Конвенсияи соли 1982 мустаҳкам гардид. Ҳамин тариқ, ҳуқуқи байналмилалӣ парчамро ба воситаи баробарҳуқуқии давлатҳо табдил додааст: мавқеи ҷуғрофӣ ҳуқуқи давлатро ба ҳузур дар уқёнуси ҷаҳонӣ маҳдуд намекунад.

Конвенсияи Чикаго дар бораи авиатсияи гражданӣ аз 7 декабри соли 1944 дар моддаҳои 17–20 муқаррар мекунад, ки ҳавопаймо тобеияти давлатеро дорад, ки дар он ба қайд гирифта шудааст ва бояд аломатҳои тобеият ва қайдро дошта бошад. Гарчанде ки Конвенсия худи парчамро аломати ҳатмӣ эълон намекунад, амалияи аксари давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷойгир кардани тасвири парчами давлатиро дар ҳавопаймоҳо ҳамчун воситаи иловагии шиносоӣ пешбинӣ мекунад. Тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тасвири Парчами давлатӣ дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҷойгир карда мешавад.

5. Ҳифзи байналмилалии парчами давлатӣ

Агар парчам воситаи шинохти давлат бошад, пас истифодаи ғайриқонунӣ ё фиребгаронаи он метавонад ба шахсони сеюм зарар расонад ва эътимодро дар муносибатҳои байналмилалӣ коҳиш диҳад. Аз ин рӯ, ҳуқуқи байналмилалӣ механизмҳои махсуси ҳифзи парчамро дар ду соҳаи гуногун – ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона – пешбинӣ кардааст.

Ҳифзи парчам аз истифодаи тиҷоратӣ. Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ аз 20 марти соли 1883 дар моддаи 6ter яке аз муҳимтарин кафолатҳои байналмилалии парчамро муқаррар кардааст. Мувофиқи ин модда, давлатҳои иштирокчӣ ӯҳдадоранд, ки ба қайд гирифтани нишонаҳои молӣ, ки бе иҷозати мақомоти салоҳиятдор парчамҳо, нишонҳо ва дигар рамзҳои давлатии давлатҳои иштирокчӣ ё тақлиди онҳоро дар бар мегиранд, рад кунанд ё чунин қайдро беэътибор донанд ва истифодаи онҳоро манъ намоянд. Хусусияти ин меъёр дар он аст, ки он парчамро на аз таҳқир, балки аз «тиҷоратӣ гардонидан» ҳифз мекунад: рамзи давлат наметавонад моликияти хусусии ширкат гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 1991 иштирокчии Конвенсияи Париж ба шумор меравад ва изҳороти идомаи амали онро 14 феврали соли 1994 пешниҳод кардааст. Ин маънои онро дорад, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар қаламрави беш аз 180 давлати иштирокчии Иттиҳоди Париж аз ба қайд гирифтан ҳамчун нишонаи молии хусусӣ ҳифзи ҳуқуқӣ дорад.

Ҳифзи парчам дар ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона. Дар шароити низоъҳои мусаллаҳона истифодаи нодурусти парчам метавонад ба фиреби ҳарбӣ ва талафоти инсонӣ оварда расонад. Аз ин сабаб, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона қоидаҳои қатъиро дар ин соҳа муқаррар кардааст.

·       Низомномаи қонунҳо ва одатҳои ҷанги заминӣ, ки замимаи Конвенсияи IV Гаага аз 18 октябри соли 1907 мебошад, дар зербанди «f» моддаи 23 истифодаи нодурусти парчами сулҳ (парчами сафед), парчами миллӣ, нишонаҳои ҳарбӣ ва либоси ҳарбии душман, инчунин аломатҳои фарқкунандаи Конвенсияи Женеваро манъ мекунад.

·       Протоколи иловагии I ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949, ки 8 июни соли 1977 қабул шудааст, дар моддаи 39 истифодаи парчамҳо, нишонаҳо ва либоси ҳарбии давлатҳои бетараф ё давлатҳое, ки тарафи низоъ нестанд, инчунин истифодаи парчам ва аломатҳои ҳарбии тарафи муқобилро ҳангоми ҳамла ё барои пинҳон, ҳимоя ва мусоидат ба амалиёти ҳарбӣ манъ мекунад. Моддаи 37 бошад «хиёнаткорӣ»-ро (perfidy) ҳамчун усули манъшудаи ҷанг муайян мекунад.

·       Оинномаи Румии Суди байналмилалии ҷиноятӣ аз 17 июли соли 1998 дар зербанди «vii» банди «b» қисми 2 моддаи 8 истифодаи нодурусти парчами сулҳ, парчам ё нишонаҳо ва либоси ҳарбии душман ё Созмони Милали Муттаҳид, инчунин аломатҳои фарқкунандаи Конвенсияҳои Женеваро, ки боиси марг ё ҷароҳати вазнин гардидааст, ҷинояти ҳарбӣ эълон мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 январи соли 1993 изҳороти ворисиро нисбат ба Конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагии онҳо пешниҳод кардааст, ки бо эътибори бозгашт аз 21 декабри соли 1991 амал мекунад. Ҳамин тариқ, меъёрҳои дар боло зикршуда барои кишвари мо ӯҳдадориҳои мустақими ҳуқуқӣ мебошанд.

Аз ин меъёрҳо маълум мегардад, ки ҳуқуқи байналмилалӣ ба парчам ҳамчун кафили ростқавлӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ менигарад. Парчам бояд ҳамеша ҳақиқатро ифода кунад: агар он бар объекте афрохта шуда бошад, пас ин объект воқеан ба ҳамон давлат тааллуқ дорад. Вайрон кардани ин принсип эътимодро – асоси ҳамкориҳои байналмилалиро – вайрон мекунад.

6. Парчами давлатии Тоҷикистон: асосҳои ҳуқуқии миллӣ ва ҳамоҳангӣ бо стандартҳои байналмилалӣ

Тибқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ мебошанд. Тартиби истифодаи онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007, №254 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим мешавад. Бо қабули ин Қонун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 1992 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шуд.

Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, муҳимтарин хусусияти ин Қонун дар моддаи 1 он ифода ёфтааст: қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ на танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо, балки ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, низ асос меёбад. Ҳамин тариқ, қонунгузори тоҷик меъёрҳои байналмилалиро ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии рамзҳои давлатӣ эълон кардааст, ки ба муқаррароти моддаи 10 Конститутсия дар бораи ҷузъи низоми ҳуқуқӣ будани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда комилан мувофиқ аст.

Тасвири Парчами давлатӣ бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, №499 тасдиқ шудааст. Мувофиқи он, Парчам матои росткунҷа буда, аз се рахи уфуқӣ иборат аст: рахи болоии сурх ва рахи поёнии сабз паҳнои баробар доранд, рахи сафеди миёна якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад; дар мобайни рахи сафед бо зарҳал тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст; таносуби бар ва дарозии Парчам 1:2 аст (Президенти Тоҷикистон). Тарҳи Парчам аз ҷониби Зуҳур Ҳабибуллоев ва Маҳмадулло Сайдалиев омода гардида, ба комиссияи давлатӣ таҳти роҳбарии академик М.С. Осимӣ пешниҳод шуда буд.

Таҳлили Қонун нишон медиҳад, ки як қатор меъёрҳои он мустақиман ба муносибатҳои байналмилалӣ дахл доранд ва бо санадҳои дар боло зикршуда ҳамоҳанганд:

1.    Намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ. Тибқи моддаи 5 Қонун, Парчами давлатӣ ба таври доимӣ дар биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва дар назди созмонҳои байналмилалӣ афрохта мешавад. Ин меъёр бевосита ҳуқуқеро, ки моддаи 20 Конвенсияи Вена (1961) ва моддаи 29 Конвенсияи Вена (1963) ба давлат додааст, ба ӯҳдадории дохилии мақомоти давлатӣ табдил медиҳад.

2.    Воситаҳои нақлиёти ҳайатҳои давлатӣ. Парчам дар воситаҳои нақлиёти Президент, Раисони Маҷлисҳои Маҷлиси Олӣ, Сарвазир, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ берун аз ҳудуди кишвар, инчунин сарони намояндагиҳои дипломатӣ афрохта мешавад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатӣ дар мобайн ва ҳангоми шумораи ҷуфт аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад. Ин қоида ба анъанаҳои эътирофшудаи протоколи дипломатӣ асос ёфтааст.

3.    Нақлиёти ҳавоӣ ва обӣ. Мувофиқи моддаи 6, тасвири Парчам дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳои дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ҷойгир карда мешавад, ки ба мантиқи «давлати қайд» ва «давлати парчам» дар ҳуқуқи байналмилалии ҳавоӣ ва баҳрӣ мувофиқ аст.

4.    Маросимҳои расмӣ дар хориҷа. Моддаи 10 муқаррар мекунад, ки маросимҳои расмӣ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва бо назардошти муқаррароти расмии давлати дахлдор гузаронида мешаванд. Ин муқаррарот ба принсипи эҳтироми қонунҳо ва урфу одатҳои давлати қабулкунанда, ки дар моддаи 29 Конвенсияи Вена (1963) ифода ёфтааст, ҳамоҳанг мебошад.

Моддаи 11 Қонун муқаррар мекунад, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонун ва таҳқири рамзҳои давлатӣ мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 майи соли 1998) барои таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро дар шакли ҷарима, маҳдуд кардани озодӣ то ду сол, ҳабс аз се то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ то як сол пешбинӣ мекунад.

Бояд як ҷиҳати бо ҳуқуқи байналмилалӣ алоқамандро таъкид намуд: меъёри мазкур танҳо рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз мекунад. Дар ҳоле ки аз моддаи 22 Конвенсияи Вена (1961) ӯҳдадории давлати қабулкунанда оид ба ҳифзи шаъну эътибори намояндагиҳои хориҷӣ, аз ҷумла парчамҳои онҳо, бармеояд. Дар қонунгузории баъзе давлатҳо ҷавобгарии махсус барои таҳқири парчами давлати хориҷӣ ё созмони байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Масъалаи омӯзиши ин таҷриба метавонад мавзӯи таҳқиқоти минбаъдаи илмӣ гардад.

7. Парчам ва дипломатияи муосири Тоҷикистон

Дар солҳои истиқлол парчами Тоҷикистон аз рамзи давлати ҷавоне, ки дар шароити низои дохилӣ ба вуҷуд омада буд, ба нишонаи иштирокчии фаъол ва эътирофшудаи муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Он имрӯз дар назди қароргоҳҳои СММ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон узви онҳост, афрохта мешавад.

Дар фазои ИДМ, ки объекти асосии таҳқиқоти шуъбаи мо мебошад, рамзҳои давлатӣ хусусияти махсус доранд. Давлатҳои пасошӯравӣ дар як вақт ба соҳибистиқлолӣ расида, рамзҳои навро тақрибан дар як давраи таърихӣ қабул намуданд. Барои ҳамаи онҳо парчами миллӣ на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки ифодаи гусаст аз мақоми собиқи иттифоқӣ ва тасдиқи субъектияти мустақили байналмилалӣ гардид. Дар ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ИДМ қоидаи баробарҳуқуқии давлатҳо маҳз тавассути протоколи баробари парчамҳо дар нишастҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳо ба таври аёнӣ ифода меёбад.

Ҷанбаи рамзии ҳузури байналмилалии Тоҷикистон бо дастовардҳои мушаххас низ таҳким ёфт. Соли 2011, ба муносибати 20-солагии истиқлол, дар назди Кохи Миллат дар шаҳри Душанбе сутуни парчам бо баландии 165 метр бунёд гардид ва Парчами давлатӣ бо андозаи 30×60 метр дар он афрохта шуд. Ин сутун ба Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун баландтарин сутуни парчам дар ҷаҳон ворид гардид ва ин унвонро то соли 2014 нигоҳ дошт. Сохтмони он рамзан 24 ноябри соли 2010, дар Рӯзи Парчам оғоз ёфта буд.

Аммо мақоми байналмилалии парчам на бо баландии сутун, балки бо эътибори давлате, ки онро намояндагӣ мекунад, муайян мегардад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим, саҳми кишвар дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, сиёсати «дарҳои кушода» ва муносибатҳои созанда бо ҳамсоягон маҳз ҳамон омилҳое мебошанд, ки парчами моро дар минбарҳои байналмилалӣ пурэътибор мегардонанд.

Хулоса. Таҳлили анҷомдодашуда имкон медиҳад, ки чунин хулосаҳо бароварда шаванд:

1.    Дар ҳуқуқи байналмилалии муосир парчами давлатӣ аломати ҳатмии давлатият нест, вале воситаи асосии аёнии шинохти он мебошад. Парчам ҳамчун «шиносномаи рамзии» давлат тааллуқи ҳуқуқии шахсон, объектҳо ва воситаҳои нақлиётро ба давлати муайян ифода мекунад.

2.    Меъёрҳои байналмилалӣ оид ба парчам дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқи байналмилалӣ пароканда ҷойгир шудаанд: ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ (Конвенсияҳои Вена 1961 ва 1963), ҳуқуқи баҳрӣ (Конвенсияҳои 1958 ва 1982), ҳуқуқи ҳавоӣ (Конвенсияи Чикаго 1944), ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ (моддаи 6ter Конвенсияи Париж) ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона (Низомномаи Гаага 1907, Протоколи иловагии I 1977, Оинномаи Румӣ 1998). Маҷмӯи онҳоро метавон ҳамчун институти комплексии «ҳуқуқи байналмилалии рамзҳои давлатӣ» тавсиф кард.

3.    Ҳуқуқи байналмилалӣ парчамро дар се шакл ҳифз мекунад: ҳамчун ҳуқуқи давлат ба намояндагӣ, ҳамчун объекти ҳифз аз тиҷоратикунонӣ ва ҳамчун кафили ростқавлӣ дар низоъҳои мусаллаҳона.

4.    Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг буда, меъёрҳои байналмилалии эътирофшударо ба таври мустақим ҷузъи низоми ҳуқуқии рамзҳои давлатӣ эълон кардааст.

5.    Бо назардошти таҳлили мазкур, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ дар самтҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст: а) омӯзиши масъалаи пешбинӣ намудани ҷавобгарӣ барои таҳқири парчами давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон; б) муфассал танзим намудани тартиби истифодаи тасвири Парчами давлатӣ дар фазои рақамӣ, аз ҷумла дар сомонаҳои расмӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои электронии муошират; в) таҳияи дастури ягонаи протоколии истифодаи Парчами давлатӣ ҳангоми чорабиниҳои байналмилалӣ дар қаламрави кишвар ва дар хориҷа.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзҳои вазнинтарини таърихи навини мо дар Иҷлосияи таърихии XVI қабул гардид, имрӯз рамзи сулҳ, ваҳдат ва эътибори байналмилалии кишвар мебошад. Эҳтироми он вазифаи қонунӣ ва фарзандии ҳар як шаҳрванд аст, ҳифзи шаъну эътибори он дар арсаи байналмилалӣ бошад, вазифаи ҳамаи онҳое мебошад, ки аз номи Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ баромад мекунанд.

САНГИНЗОДА Дониёр,

сарходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор