×

САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЧИН — МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРӢ

Бозгашт ба мавод

САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЧИН — МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРӢ

ИОМДОА Сиёсат 14-05-2026 ш.Душанбе
САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЧИН — МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРӢ

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ ва дипломатии соли 2026 ба шумор меравад. Ин сафар на танҳо идомаи муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ҳамсоя, балки оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин дар даврони тағйирёбии босуръати ҷаҳон мебошад.

Муносибатҳои Тоҷикистону Чин аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон оғоз ёфта, имрӯз ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд. Агар дар оғози истиқлолият робитаҳо асосан ба эътирофи дипломатӣ ва масъалаҳои ҳамсоягӣ равона шуда бошанд, имрӯз онҳо сиёсат, амният, иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва робитаҳои байнимардумиро фаро мегиранд. Тоҷикистон имрӯз бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дорад, аммо Чин дар ин миён ҳамчун ҳамсояи наздик, шарики боэътимод ва яке аз кишварҳои калидӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Лаҳзаи муҳимми ин сафар эътирофи таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат аз ҷониби роҳбарияти олии Чин буд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин Пешвои миллатро дӯсти азизи худ номида, таъкид намуданд, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ин суханон танҳо як изҳори эҳтироми дипломатӣ нестанд; онҳо эътирофи байналмилалии мактаби давлатсозии Пешвои миллат, таҷрибаи сулҳофарӣ, таҳкими субот, ҳифзи истиқлолият ва пешбурди сиёсати хориҷии мутавозин мебошанд.

Натиҷаҳои амалии сафар низ хеле назаррас буданд. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар миёни онҳо Изҳороти муштарак оид ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони нав ва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ мавқеи махсус доранд. Шиори асосии ин санад — «Дӯстӣ — абадан, душманӣ — ҳеҷ гоҳ» — моҳияти муносибатҳои имрӯзаву ояндаи ду кишварро равшан ифода мекунад.

Тибқи маълумоти расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Чинро беш аз 250 санади дуҷониба ташкил медиҳад. Бо иловаи 31 санади нави сафари давлатии соли 2026, 8 санади нави соли 2025 ва беш аз 50 санади иқтисодиву сармоягузорие, ки дар доираи мулоқот бо ширкатҳои чинӣ ба имзо расиданд, метавон гуфт, ки имрӯз маҷмӯи ҳуҷҷатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин ба беш аз 300 санад мерасад. Ин рақам нишон медиҳад, ки дӯстии ду кишвар танҳо дар сухан нест, балки бо санад, барнома, лоиҳа ва уҳдадориҳои мушаххас таҳким ёфтааст.

Самти иқтисодиву сармоягузорӣ яке аз пояҳои асосии муносибатҳои ду кишвар мебошад. Чин имрӯз дар қатори шарикони пешсафи иқтисодии Тоҷикистон қарор дошта, дар қаламрави кишвар беш аз 700 ширкат бо иштироки сармояи чинӣ фаъолият мекунад. Ҳаҷми умумии сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 6 миллиард доллари ИМА арзёбӣ гардида, аз ин ҳисоб тақрибан 3,5 миллиард доллар сармояи мустақим мебошад. Танҳо дар соли 2025 ба иқтисоди Тоҷикистон тақрибан 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардида, аз он 900 миллион доллар, яъне 12,5 фоиз, ба Чин рост меояд.

Дар доираи мулоқоти Пешвои миллат бо ширкатҳои пешрафтаи Чин беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҷалби беш аз 8 миллиард доллари ИМА сармояро ба иқтисоди Тоҷикистон пешбинӣ менамояд. Ин маблағ барои рушди саноат, энергетика, логистика, рақамикунонӣ, иқтисоди сабз, коркарди маъданҳо, кишоварзӣ ва технологияҳои муосир имкониятҳои нав фароҳам месозад. Ба ибораи дигар, ин сафар танҳо сафари сиёсӣ набуд; он сафари иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва технологӣ низ буд.

Ҷолиб аст, ки дар санадҳои нави ҳамкорӣ самтҳои комилан муосир ҷойгоҳи хос доранд: таъсиси Маркази муштараки Тоҷикистону Чин оид ба татбиқи зеҳни сунъӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи эътимоди рақамӣ, рушди илм ва технология, маъданҳои “сабз”, таҷдиди инфрасохтори гузаргоҳи сарҳадии Кулма, содироти маҳсулот, ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ, сохтмон, кишоварзӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма. Ин нишон медиҳад, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин аз шакли анъанавӣ ба сатҳи нав — иқтисоди рақамӣ, илм, инноватсия ва технологияҳои оянда мегузаранд.

Бахши маорифу илм низ дар ин сафар ранги рамзӣ ва таърихӣ гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин, яке аз донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳон, бо унвони Профессори фахрӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин унвон барои саҳми арзанда дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чин, рушди робитаҳои илмӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дода шуд. Донишгоҳи Пекин, ки дар қатори 15 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон ва дар Осиё дар зинаҳои пешсаф қарор дорад, имрӯз 49 ҳазор донишҷӯро аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон фаро мегирад.

Мулоқоти Пешвои миллат бо донишҷӯён ва устодон паёми рӯҳбаландкунандаи махсус дошт. То имрӯз 50 шаҳрванди Тоҷикистон Донишгоҳи Пекинро хатм карда, ҳоло 6 нафар дар ин муассисаи бонуфуз таҳсил доранд. Дар маҷмӯъ, қариб 6 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Чин таҳсил мекунад ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии Чинро хатм намудаанд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки Чин барои ҷавонони тоҷик ба яке аз марказҳои муҳими илмомӯзӣ, технология ва касбомӯзӣ табдил ёфтааст.

Пешвои миллат дар суханронии худ таъкид намуданд, ки имрӯз зиёда аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд. Дар 35 соли истиқлол шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз 13 то 48 адад афзоиш ёфта, шумораи донишҷӯён аз 70 ҳазор то зиёда аз 225 ҳазор нафар расидааст. Ҳамзамон, зиёда аз 40 ҳазор ҷавони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии 47 кишвари ҷаҳон таҳсил доранд. Ин воқеият нишон медиҳад, ки сиёсати Пешвои миллат дар самти маориф, илму дониш ва тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир натиҷаҳои воқеӣ дода истодааст.

Робитаҳои Тоҷикистону Чин танҳо муносибати ду давлат нестанд; ин робитаи ду тамаддун, ду фарҳанг ва ду роҳи таърихист. Пешвои миллат дар Донишгоҳи Пекин ба нақши суғдиён дар рушди Роҳи бузурги абрешим ишора намуда, ёдовар шуданд, ки ҳуҷҷатҳои қадимаи суғдӣ ҳанӯз соли 1907 дар яке аз манораҳои Девори бузурги Чин пайдо гардида буданд. Ин далели равшан аст, ки дӯстии тоҷикону чиниҳо решаи ҳазорсола дошта, имрӯз дар шароити нав мазмуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тоза мегирад.

Сафари давлатии Пешвои миллат ба Чин як ҳақиқатро равшан сохт: Тоҷикистон имрӯз дар сиёсати ҷаҳонӣ танҳо тамошобин нест, балки давлати ташаббускор, шарики боэътимод ва соҳиби мавқеи равшан мебошад. Эътирофи таҷрибаи давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбари Чин, сарфароз гардидан бо унвони Профессори фахрии Донишгоҳи Пекин, имзои даҳҳо санади муҳим ва таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги чинӣ ба Тоҷикистон ҳама гувоҳи онанд, ки давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Ин сафарро метавон сафари дӯстӣ, эътимод, илм, сармоя ва оянда номид. Он нишон дод, ки Тоҷикистону Чин аз Роҳи бузурги абрешими гузашта ба роҳи бузурги ҳамкории асри XXI қадам гузоштаанд. Агар дирӯз корвонҳои тоҷикону чиниҳо молу фарҳангро миёни Шарқу Ғарб мебурданд, имрӯз роҳбарони ду давлат бо иродаи сиёсӣ, санадҳои стратегӣ, лоиҳаҳои миллиардӣ ва ҷавонони донишманд пули нави дӯстиро месозанд — пулие, ки паёми асосии он чунин аст: дӯстӣ абадист, ҳамкорӣ судманд аст ва оянда муштарак мебошад.

Исматуллои Сунъатулло

ходими пешбари шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳоисиёсӣ