Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои расмӣ батакрор иброз намудаанд, ки мактаби устод ва шогирдон бояд ба анъанаи нек табдил ёбад. Пешвои миллат ба ин падидаи нодир ҳамчун ба як ниҳоди муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ баҳои бениҳоят баланд дода, ин анъанаро заминаи асосии устувории маънавӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва интиқоли таҷрибаи таърихии халқи тоҷик ба насли ҷавон медонанд. Дар мулоқотҳо бо зиёиён ва аҳли илми кишвар Пешвои миллат изҳор медоранд, ки ҳеҷ як навоварии илмӣ ва кашфиёт бе роҳнамоии устоди бузург ба вуҷуд намеояд. Роҳбари давлат таъкид мекунанд, ки олимони забардасти тоҷик вазифадоранд, ки дар атрофи худ шогирдони боистеъдодро ҷамъ оварда, мактабҳои илмии худро таъсис диҳанд, то раванди рушди илми ватанӣ қатъ нагардад. Аз нигоҳи муҳтарам Пешвои миллат, устод на танҳо касб ё ҳунарро намеомӯзонад, балки ӯ роҳнамои ахлоқии шогирд аст. Дар асарҳои худ, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих», Сарвари давлат ба мақоми устодони бузурги гузашта ба мисли Абуалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно ва дигарон ишора карда, нишон медиҳанд, ки эҳтироми устод дар фарҳанги мо унсури муқаддас аст. Шогирд бояд аз устод хислатҳои ҳамидаи инсонӣ — одобу ахлоқ, таҳаммулгароӣ ва ватандӯстиро аз худ кунад.
Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи "Мактаби устоду шогирд" нишон медиҳанд, ки ин ниҳоди суннатӣ на танҳо дар соҳаи ҳунармандӣ, балки дар соҳаи дипломатия ва равобити байналмилалӣ низ унсури стратегӣ мебошад. Интиқоли таҷрибаи дипломатӣ ва "сиёсати дарҳои боз" аз устодони соҳаи сиёсати хориҷӣ ба насли ҷавони таҳқиқотчиён заминаи устувори ҳифзи соҳибихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити ҷаҳонишавӣ таъмин менамояд.
Бешубҳа, ин суханон ба рушди илм, тарбияи кадрҳои ҷавон ва идомаи мактабҳои илмӣ дар Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад. Дар ҳамин замина мехостам сухане чанд дар бобати саҳми яке аз устодон ва муҳаққиқони шинохтаву соҳибэҳтироми илмии сиёсатшиносии муосири кишварамон доктори илмҳои сиёсӣ Каримов Шамсиддин Турсунматович иброз намоям. Устод Каримов Ш.Т., алҳол дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ба ҳайси сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канада фаъолити илмию педагогии худро пеш мебарад. Устод Каримов яке аз олимони фаъоли мактаби муосири сиёсатшиносии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти илмии ӯ масъалаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати хориҷӣ ва таҳаввулоти геосиёсии ШМА, Канада ва Аврупоро дар минтақаи Осиёи Марказӣ фаро мегирад. Равиши таҳқиқоти илмии ӯ омӯзиши таҳлили сиёсӣ, фарҳангшиносӣ ва равобити байналмилалиро ба таври равшан ва мушаххас инъикос менамояд.
Устод Каримов хатмкардаи факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Таҳсил дар ин факултаи маъруфи замон ба ташаккули ҷаҳонбинии гуманитарӣ ва фарҳангшиносии ӯ таъсири ҷиддӣ расонидааст. Ӯ ҳамеша ба асолати миллӣ, арзишҳои аслии умумиинсонӣ ва фарҳанги оламшумули ниёгонамон таваҷҷуҳи махсус доштааст. Маҳз ба ҳамин сабаб дар забоншиносии тоҷик аз аввалинҳо шуда ба таҳқиқи забон ва ҳусни баёни осори классикони адабиёти форсу тоҷик даст зад ва дар мавзуи «Семантикаи ғазалиёти Ҳофиз» рисолаи номзадии худро дифоъ намуд. Омӯзиш ва таҳлили шеъри ин нобиғаи каломи бадеъ ба муҳаққиқи ҷавон имкон медиҳад, ки робитаи ногусастании шеъри ноб ва андешаву афкори иҷтимоии мардумро дарк намояд. Чунин фаҳмиш ва бархурд баъдан дар таҳлилҳои сиёсӣ низ таъсир гузошта, ба истифодаи усулҳои тафсирӣ ва фарҳангмеҳвар дар омӯзиши ҷомеа ва сиёсат ба таври ҷобили мулоҳиза мусоидат намудааст.
Устод Каримов тақрибан ду даҳсола роҳбарии ташкилотҳои бонуфузи байналмилалиро ба уҳда дошт. Таъсиси нахустин ниҳодҳо ва сохторҳои демократӣ дар кишвар, ташаккул ва такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои мухталиф дар Тоҷикистон боиси он гардид, ки мавсуф ба масъалаҳои сиёсат, равандҳои демократӣ ва бозсозии кишвар дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Ин аст, ки дере нагузашта дар мавзуи «Нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» таҳқиқоти диссертатсионӣ анҷом медиҳад ва онро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои сиёсӣ бомуваффақит дифоъ менамояд.
Қобили қайд аст, ки диссертатсияи мазкур нахустин таҳқиқоти мукаммали илмӣ оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он дар фазои пасошӯравӣ ба ҳисоб рафта, дар кишварҳои хориҷӣ онро ҳамчун маводи муътамад ба таври пайваста мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар ин пажӯҳиш масъалаҳои зерин аҳамияти марказӣ доранд: нақши институтҳои ғайридавлатӣ дар демократикунонии ҷомеа; муносибати давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ; таъсири созмонҳои байналмилалӣ ба рушди институтҳои шаҳрвандӣ; хусусиятҳои модели тоҷиконаи ҷомеаи шаҳрвандӣ. Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар асари таҳқиқотҳои устод Каримов дар ин самт модели тоҷикии ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба ҳамгироии пайвастаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, назорати давлатӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ асос ёфтааст, имрӯз эътироф ва пазируфта шудааст. Нашри мақолаи тозаэҷоди устод дар кишвари Ҷопон, ки андаке пештар ба табъ расид ва аз тарафи хонандагони англисзабон хуб пазироӣ шуд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Дар ин замина, дар рисолаҳои илмии устод, аз қабили “Ташаккул ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”, “Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” ва мақолаҳои илмии зиёди ӯ, ки ба забонҳои тоҷикиву русӣ, дарии форсӣ, русӣ, англисӣ ва ҷопонӣ ба табъ расидаанд, ба таври мукаммад инъикос ёфтаанд
Таҳқиқоти самти дигари Каримов ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон, махсусан муносибат бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Канада, кишварҳои Аврупо ва сохторҳои байналмилалӣ равона шудаанд. Дар асарҳои ӯ масъалаҳои рақобати геополитикӣ, амният, ҳамгироии минтақавӣ ва таъсири қудратҳои ҷаҳонӣ ба минтақа ҷойгоҳи муҳим доранд. Ӯ сиёсати «дарҳои боз», бисёрсамтӣ ва мувозинати дипломатии Тоҷикистонро ҳамчун унсури муҳими суботи миллӣ арзёбӣ менамояд.
Рисолаҳои илмии солҳои охири устод Каримов “Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Амрико ва Аврупо” (2023), “Ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ШМА ва Канада бо Тоҷикистон” (2024), “Нишасти “С5+1”: дипломатияи минтақавӣ барои рушд” (2025) намунаи таҳқиқоти муосири равобити байналмилалӣ дар илми сиёсатшиносии тоҷик мебошанд. Дар ин асарҳо масъалаҳои зерин таҳлил ва инъикоси илмии худро ёфтаанд: мавқеи геополитикии Тоҷикистон; манфиатҳои стратегии Ғарб дар Осиёи Марказӣ; ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятӣ; нақши Тоҷикистон дар дипломатияи минтақавӣ. Аҳамияти чунин таҳқиқот дар он аст, ки онҳо барои ташаккули мактаби миллии таҳлили сиёсати хориҷӣ замина фароҳам меоранд. Дар корҳои илмии устод Каримов якчанд хусусияти методологӣ мушоҳида мешавад, аз қабили истифодаи таҳлили муқоисавӣ; омӯзиши назарияи сиёсӣ ва таҳлили амалӣ; таваҷҷуҳ ба омилҳои фарҳангӣ ва таърихӣ; баррасии масъалаҳои сиёсӣ дар заминаи манфиатҳои миллӣ ва ғайра. Чунин равиш ва бархурд ба таҳқиқоти ӯ хусусияти комплексӣ медиҳад ва навиштаҳои илмии ӯро арзишманд мегардонад. Маҳз ба ҳамин сабаб устод Каримов дар як муддати кӯтоҳ дар сиёсатшиносии ватанӣ мақом ва ҷойгоҳи шоистаро соҳиб гардида, махсусан дар миёни шогирдони беҳисобаш сазовори обрӯву эҳтиром гаштааст.
Муносибати “устоду шогирд” дар фаъолияти устод Каримов мавқеи махсус дорад. Бисёр муҳим аст, ки устод дар ин бобат ба шогирдонаш на фақат донишҳои густурда ва амиқ медиҳад, онҳоро раҳнамоӣ мекунад ва барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ мусоидат менамояд, ки шогирдони устод ҳамеша дар вақташ рисолаҳои илмии худро дифоъ мекунанд. Ба қавли худи устод, “олим шудан осон, одам шудан мушкил”.
Аз ин рӯ, устод Каримов маънавиёти инсонро ҳамеша дар навбати аввал мегузорад ва пайваста мекӯшад, ки шогирдонаш ин мактаби одаму одамгарӣ, самимият, кирдору гуфтори нек ва садоқат ба илмро бо сарбаландӣ паси сар намоянд. Шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки шогирдони устод Каримов ҳамчун аъзои як оила бо ҳам равобити хуб доранд, ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд, дар анҷоми таҳқиқоти илмӣ ҳамеша ҳамкорӣ мекунанд.
Дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ устод Каримов Ш.Т., ҳамчун олими навовар ва соҳибмактаб эътироф шудааст. Маҳз бо ташаббуси устод Каримов Ш.Т. ва шогирдонаш дар Институт шуъбаи нав - шуъбаи ШМА ва Канада таъсис ва бо дастгирии раёсати Институт ба фаъолият оғоз намудааст. Имрӯз шуъбаи мазкур дар асари кӯшишҳои раёсати Институт таҳти роҳбарии доктори илмҳои фалсафа Р. Ҷ. Ҳайдарзода ба яке аз марказҳои илмию таҳқиқотии асосӣ ва пешбари ҷумҳурӣ дар бобати омӯзиши ШМА ва Канада мубаддал гаштааст. Нашри нахустин маҷмӯаи илмии калонҳаҷми “Америкашиносӣ”, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба нашр расидааст, гувоҳи равшани ин гуфтаҳоянд. Дар ҳамин замина рисолаи илмии дигари устод таҳти унвони “Дипломатияи ҷамъиятӣ: таҷрибаи ШМА ва Канада дар шароити Тоҷикистон” ба забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ барои нашр омода аст, ки ҳамчунон армуғони хубе хоҳад буд барои алоқамандони сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ.
Ба муносибати фарорасии зодрӯзашон аз номи шогирдон ва ҳамкорон устоди азизро самимона табрик гуфта, пеш аз ҳама тансиҳатии комил, умри дарози пурбаракат, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти илмию педагогӣ муваффақиятҳои рӯзафзун таманно дорем. Орзумандем, ки бо донишу таҷрибаи арзишманд ва фаъолияти созандаи худ дар рушди илмӣ тоҷик ва тарбияи насли ҷавон ҳамеша саҳми арзанда гузошта, ба дастовардҳои нави илмӣ ноил гардад.
Соҳиби Баҳруло,
ходими калони илмии Шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ