Дар ҷаҳони имрӯз, ки башарият бо таҳдидҳои рӯзафзуни ҷангҳо, низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, кибертерроризм тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи таҳкими сулҳ ва тарғиби фарҳанги ҳамзистии осоишта ба яке аз афзалиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро соҳиб аст, ташаббуси нави байналмилалиро оид ба таҳкими сулҳ пешниҳод намуд.
Санаи 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда»-ро қабул намуд, ки тибқи он солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда эълон гардиданд. Ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ дастгирии васеъ пайдо кард.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста сиёсати хориҷии худро бар пояи сулҳ, ҳамкории созанда ва эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, як қатор ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониро пешбарӣ кардааст. Агар ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон асосан ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор бахшида шуда бошанд, ташаббуси нав ба арзиши умумибашарӣ – сулҳ равона гардидааст.
Қабули қатъномаи мазкур нишонаи эътирофи байналмилалии нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ин иқдом инчунин таҷрибаи сулҳофарини Тоҷикистонро, ки баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омадааст, ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳо муаррифӣ мекунад.
Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалӣ густариши фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ байни миллатҳо мебошад. Қатъномаи қабулшуда ба принсипҳои Оинномаи СММ такя намуда, давлатҳоро ба ҳалли баҳсҳо бо роҳҳои осоишта, рушди муколама ва таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо даъват менамояд.
Дар доираи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» ба самтҳои зерин аҳаммияти махсус зоҳир мегардад:
- тарғиби фарҳанги сулҳ ва таҳаммулпазирӣ дар тамоми ҷаҳон;
- рушди муколамаи байни тамаддунҳо ва фарҳангҳои дар низоъ қарордошта;
- таҳкими нақши ҷавонон дар сулҳофаринии даврони муосир;
- дастгирии занон дар равандҳои сулҳсозӣ;
- пешгирии низоъҳо тавассути дипломатияи фаъол;
- таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои рушди устувори ҷомеаи муосир;
- ба назар гирифтани манфиатҳои наслҳои оянда ҳангоми қабули қарорҳои сиёсӣ.
Ташаббуси Тоҷикистон аҳаммияти васеи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дорад. Он идомаи мантиқии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи «Паймони оянда» мебошад, ки соли 2024 дар доираи СММ қабул гардида, зарурати ҳифзи манфиатҳои наслҳои ояндаро таъкид кардааст. Қатъномаи нав ин ӯҳдадориҳоро дар самти таҳкими сулҳ боз ҳам тақвият мебахшад.
Дар айни замон, ташаббус ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, махсусан Ҳадафи 16 – «Сулҳ, адолат ва ниҳодҳои самаранок» мусоидат менамояд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми ин ташаббус, таваҷҷуҳи махсус ба ҷавонон мебошад. Дар қатъномаи СММ таъкид шудааст, ки ҷавонон бояд ҳамчун иштирокчиёни фаъол дар таҳкими сулҳ, рушди муколама ва қабули қарорҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шаванд. Маҳз ҷавонони имрӯз меъморони ҷомеаи фардо мебошанд ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои рушди устувори инсоният аҳаммияти калидӣ дорад.
Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, ташаббусҳои зиёди байналмилалиро пешниҳод кардааст. Қабули “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба чунин ташаббусҳо эътимод дорад ва онҳоро барои таҳкими амнияту суботи байналмилалӣ муҳим мешуморад.
Ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, инчунин мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ҷонибдори дипломатияи пешгирикунанда, ҳамкории байналмилалӣ ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳо боз ҳам таҳким мебахшад.
Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» дастоварди муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пирӯзии дипломатияи тоҷик мебошад. Ин ташаббус боз як маротиба нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавқеи фаъол дошта, дар пешбурди арзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.
Дар ҷаҳоне, ки ба сулҳу субот бештар аз ҳар вақти дигар ниёз дорад, татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсола метавонад барои таҳкими эътимоди байни давлатҳо, рушди фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯз ва фардо заминаи устувор фароҳам оварад.
Аз ин рӯ, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки арзиши бузурги байналмилалӣ дошта, ба манфиати тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ равона шудааст.
БЕДИЛЗОДА Ҳусайн
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ