Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036”
Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, мушоҳида мегардад, ки дар аксари низоъҳои сиёсӣ ва мусаллаҳона маҳз ҷавонон бештар қурбонӣ мешаванд. Ин раванд имкониятҳои рушди насли ҷавонро маҳдуд намуда, ба иқтидори инсонии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҷараёни ҷангҳо ҷавонон бештар ба сафарбарии ҳарбӣ ҷалб гардида, кӯдакон бошад, аз ҳуқуқи зиндагии осоишта, таҳсил ва рушди муътадил маҳрум мешаванд. Паёмадҳои низоъҳо, аз ҷумла гуруснагӣ, муҳоҷирати иҷборӣ, камбизоатӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ, аҳаммияти фаъолияти созмонҳои байналмилалиро дар самти пешгирии низоъҳо, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва расонидани кумакҳои башардӯстона боз ҳам бештар менамоянд. Дар ин замина, Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд: СММ) ҳамчун ниҳоди асосии низоми байналмилалӣ нақши калидиро дар ҳифзи сулҳу амният, мусоидат ба муколамаи байнидавлатӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ иҷро менамояд. Гарчанде фаъолияти СММ дар ҳалли баъзе низоъҳои байналмилалӣ бо маҳдудиятҳо ва мушкилоти муайян рӯ ба рӯ гардидааст, он ҳамоно муҳимтарин минбари байналмилалӣ барои пешбурди сулҳ, амният ва ҳамкории созандаи сайёра боқӣ мемонад.
Ин ташаббус, ки 24 сентябри соли 2024 дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ муаррифӣ гардид, инъикоскунандаи сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадории он ҷиҳати таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва фароҳам овардани ояндаи амну устувор барои инсоният мебошад. Дар Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ, ки 24 сентябри соли 2025 баргузор гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад. Мо бояд талошҳои худро дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва фарогир дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ дучанд тақвият бахшем. Як сол пеш ман аз ин минбар пешниҳод кардам, ки қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Бо гузашти як сол масъалаи қабули чунин қатънома аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст. Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам хоҳад овард. Ман аз тамоми кишварҳои узв даъват менамоям, ки пешниҳоди мазкурро ҳам барои суботи зиндагии имрӯзаи мо ва ҳам ҳаёти беҳтари наслҳои оянда дастгирӣ намоянд.»
25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаеро қабул намуд, ки солҳои 2027–2036-ро «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон мекунад. Қабули ин санади муҳим бозгӯи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зарурати таҳкими сулҳ ҳамчун шарти асосии рушди устувор, пешгирии низоъҳо ва таъмини амнияти наслҳои имрӯза ва оянда мебошад.
Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Таҷрибаи барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷонибдори муколама ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳо эътироф гардад. Дар ҳамин замина, Қатъномаи мазкур инчунин талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро дар самти ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ истиқбол намуда, таҷрибаи Осиёи Марказиро ҳамчун намунаи муассири ҳалли баҳсҳо тавассути дипломатия арзёбӣ менамояд.
Қабули ин Қатънома нишон медиҳад, ки сулҳ бояд на танҳо вокуниш ба буҳронҳо, балки самти стратегии сиёсати байналмилалӣ бошад. Аз ин рӯ, «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» на танҳо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки даъват ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва масъулияти муштараки давлатҳо барои бунёди ҷаҳони амну устувор мебошад.
Қатънома ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ такя намуда, зарурати ҳифзи наслҳои ояндаро аз паёмадҳои ҷанг, ҳалли осоиштаи баҳсҳо ва таҳкими фарҳанги сулҳ таъкид мекунад. Ҳамзамон, он аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун заминаи муҳими пешбурди сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва коҳиши зӯроварӣ эътироф менамояд.
Татбиқи муқаррароти ин Қатънома уҳдадориҳои давлатҳои аъзоро дар самти таҳкими сулҳ, адолат, рушди ниҳодҳои самаранок ва густариши ҳамкорҳои байнинаслӣ тақвият бахшида, ҳамзамон ба амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои дарозмуддати наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.
Дар шароите, ки сайёра бо афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои эътимод ва заифшавии механизмҳои амнияти байналмилалӣ рӯ ба рӯ мебошад, аҳамияти дипломатияи пешгирикунанда ва густариши фарҳанги сулҳ боз ҳам меафзояд. Маҳз ҳамин равиш дар меҳвари ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба таҳкими ҳамкорӣ, муколама ва масъулияти муштараки давлатҳо дар назди наслҳои оянда равона гардидааст. Татбиқи чунин ташаббусҳо ба таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон ва густаришу дастгирӣ ва фазои сайёраи ҷаҳон мусоидат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи сулҳофарии худ ва ташаббусҳои байналмилалии пешина дар самтҳои таҳкими сулҳ, об, иқлим ва ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад дар амалисозии ҳадафҳои ин қатънома нақши фаъол ва намунавӣ дошта бошад.
Ҳамин тариқ, қабули Қатъномаи СММ оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва башардӯстона мебошад. Ин ташаббус дар шароите пазируфта шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои нав ба амнияти байналмилалӣ ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст.
Қатъномаи мазкур сулҳро ҳамчун арзиши умумибашарӣ ва шарти асосии рушди устувор муаррифӣ намуда, давлатҳоро ба густариши дипломатияи пешгирикунанда, ҳалли осоиштаи баҳсҳо, таҳкими фарҳанги сулҳ ва баланд бардоштани масъулият дар назди наслҳои оянда ҳидоят менамояд. Моҳияти он дар он ифода меёбад, ки сулҳ бояд на танҳо натиҷаи хотимаи низоъҳо, балки самти стратегии сиёсати байналмилалӣ ва пояи рушди устувори сулҳи сайёра бошад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва таҷрибаи таърихии барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Таҷрибаи кишвар дар роҳи расидан ба оштии миллӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ дар самтҳои таҳкими сулҳ, об, иқлим ва ҳамкориҳои ҷаҳонӣ мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун ҷонибдори муколама ва ҳалли мусолиматомези масъалаҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшидааст.
Дар шароити мураккаби геополитикии ҷаҳони имрӯз, ки паёмадҳои ҷангҳо пеш аз ҳама ба ҷавонон ва кӯдакон таъсир мерасонанд, таҳкими механизмҳои байналмилалии сулҳофарӣ аҳамияти махсус касб менамояд. Насли ҷавон ҳамчун неруи асосии рушди ҷомеа буда, танҳо дар фазои сулҳофарини сайёра метавонад имкониятҳои зеҳнӣ, иҷтимоӣ, технологияи наву навтарин ва эҷодии худро пурра амалӣ намояд.
Аз ин рӯ, ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» на танҳо як ташаббуси сулҳфорини сиёсӣ, муколамаи тамаддунҳо дар фазои сайёраи ҷаҳон бисёр ба маврид ва оқилона буда, даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳамкории муштарак, масъулияти умумӣ ва ҳифзи арзишҳои сулҳ мебошад.
Инчунин иштироки фаъоли давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи ҳадафҳои ташаббуси мазкур метавонад барои бунёди фазои сайёраи сулҳи ҷаҳон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи наслҳои оянда заминаи боэътимод гузорад.
ВОҲИДОВА Санавбарбону,
мудири шӯъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
докториилмҳоитаърих, профессор