×

НИГОҲЕ БА ТАЪРИХ, ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ МУҒУЛИСТОН

Бозгашт ба мавод

НИГОҲЕ БА ТАЪРИХ, ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ МУҒУЛИСТОН

ИОМДОА Сиёсат 21-07-2026 ш.Душанбе
НИГОҲЕ  БА ТАЪРИХ, ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ МУҒУЛИСТОН

(Дар ҳошияи сафари давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Муғулистон  20 -22 июли 2026)
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳалаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод ва равобити байналмилалиро бо дигар кишварҳо барқарор намуд. Ҷумҳурии Муғулистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 1992 муносибатҳои дуҷонибаи дипломатии худро оғоз намуд ва ҳамкориҳо дар ҳоли густариш қарор доранд.

Аз ҳамон давра ҷонибҳо барои густариши муколамаи сиёсӣ, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва роҳандозии муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, энергетика, фарҳанг ва маориф тадбирҳои муайянро амалӣ менамоянд. Бо вуҷуди он ки робитаҳои тиҷоратии ду кишвар дар давраҳои гузашта дар сатҳи маҳдуд ва нокифоя қарор дошт, имрӯз марҳила ба марҳила ба сатҳи баландтар баромадааст.  Тоҷикистон ва Муғулистон  дорои захираҳои табиӣ, таҷрибаи рушди бахши кишоварзӣ ва чорводорӣ, инчунин манфиатдор ба таҳкими нақши худ дар равандҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Мавқеи Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ва ҷойгоҳи Муғулистон дар Осиёи Шарқӣ барои рушди робитаҳои нав, ташкили роҳҳои ҳамкории иқтисодӣ ва наздикшавии доираҳои соҳибкории ду кишвар заминаҳои муносиб фароҳам меорад.

Дар ин замина нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳкими робитаҳо бо Муғулистон муҳим арзёбӣ мегардад. Нахустин сафари давлатии Пешвои миллат ба Муғулистон дар соли 2009 ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихи муносибатҳои ду кишвар ба ҳисоб меравад, зеро он барои ташаккули робитаҳои дуҷонибаи байналмиллалӣ замина гузошт.

Марҳилаи дигари ҳамкорӣ пас аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои 23–26 июли соли 2025 анҷом шуд, шурӯъ мегардад. Зимни музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе сарони давлатҳо масъалаҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳонро  баррасӣ  намуданд. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки дар давоми зиёда аз се даҳсола муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Муғулистон ташаккул ёфтаанд, вале имкониятҳои амалишуданашудаи ҳамкорӣ ҳанӯз фаровон мебошанд. Аз ин рӯ, роҳбарони ду кишвар омодагии худро барои ғанӣ гардондани муносибатҳо бо мазмуни нав, афзоиши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ ва дастгирии ташаббусҳои муштарак баён намуданд. Ҳамчунин, зарурати мутобиқ сохтани самтҳои ҳамкорӣ бо ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла, барномаи «Дидгоҳи 2050»-и Муғулистон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳамчун масъалаи муҳим арзёбӣ гардид. Чунин мувофиқати ҳадафҳо метавонад барои ба роҳ мондани тарҳҳои нави муштарак дар бахшҳои иқтисоди сабз, рақамӣ, кишоварзии устувор, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам оварад.

Дар доираи ин сафари анҷомшуда 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд,  аз ҷумла дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг, варзиш, сиёсати ҷавонон, рақамикунонӣ, технологияҳои инноватсионӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, илми академӣ ки ба раванди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такони нав бахшид. Санадҳои қабулшуда соҳаҳои дипломатия, энергетика, кишоварзӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳамкории осорхонаҳои миллиро дар бар мегиранд.

Имзои чунин санадҳо нишон медиҳад, ки тарафҳо муносибатҳои худро танҳо бо масъалаҳои сиёсӣ маҳдуд накарда, барои ташкили фазои мусоиди ҳамкорӣ дар самтҳои муҳимми иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тадбирҳои амалӣ меандешанд. Аз ҷумла, ҳамкории байни академияҳои илмҳо метавонад ба густариши таҳқиқоти муштарак, табодули олимону донишҷӯён, омӯзиши таҷрибаи ду кишвар ва татбиқи корҳои илмӣ дар соҳаҳои дорои аҳамияти амалӣ мусоидат намояд.

20 июли соли ҷорӣ сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба Ҷумҳурии Муғулистон сурат гирифт, ки ин мулоқот марҳалаи муҳим дар болоравии сатҳу сифати муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад.

Ҳамзамон санаи 21 июл дар доираи ин сафари давлатӣ дар шаҳри Улан- Батор Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи миллии савдо ва саноати Муғулистон  баргузор гардид. Дар ҷараёни форум  мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорон дар қолаби B2B баргузор гардида, масъалаҳои мубраму саривақтӣ густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, тавсеаи содироту воридот ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардид.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Нахуст Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон қабул ва эълон гардид. Ва баъдан бо иштироки Сарони давлатҳо 12 санад ба имзо расид.

Умед бар он дорем, ки бо имзои санадҳои нави ҳамкорӣ робитаҳои дуҷониба тақвият меёбад ва уфуқҳои васеъро барои  робитаҳои дипломатии ҳар ду  ҷониб  бозкушоӣ  менамояд.

ДОСТИЕВА Дилафруз,

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ