×

Ваҳдати миллӣ — пояи сулҳ, субот ва рушди Тоҷикистон

Бозгашт ба мавод

Ваҳдати миллӣ — пояи сулҳ, субот ва рушди Тоҷикистон

ИОМДОА Таърих 24-06-2026 ш.Душанбе
Ваҳдати миллӣ — пояи сулҳ, субот ва рушди Тоҷикистон

Ҳар сол 27-уми июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии кишвар — Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин сана барои мардуми тоҷик на танҳо як ҷашни давлатӣ, балки рамзи пирӯзии сулҳ бар низоъ, ҳамдигарфаҳмӣ бар ихтилоф ва ваҳдат бар парокандагӣ мебошад.

Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги сиёсӣ ва таърихии миллати тоҷик аст, ки дар натиҷаи талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба сарнавишти давлат ва миллат хатари ҷиддӣ таҳдид мекард, маҳз иродаи қавӣ ва тадбирҳои сулҳпарваронаи роҳбарияти давлат тавонистанд роҳи наҷоти кишварро муайян созанд.

Дар он айём Тоҷикистон ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида, хатари аз байн рафтани давлатдории миллӣ воқеӣ буд. Дар чунин шароити мураккаб гуфтушунидҳои сулҳ оғоз ёфта, баъди талошҳои зиёд 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои барқарор гардидани сулҳ, суботи сиёсӣ ва рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор фароҳам овард.

Таҷрибаи солҳои баъдӣ нишон дод, ки сулҳу ваҳдат барои пешрафти ҳар як давлат муҳимтарин шарти рушд мебошад. Маҳз дар фазои орому устувори ҷомеа Тоҷикистон тавонист марҳилаи нави созандагиро оғоз намояд. Дар тамоми минтақаҳои кишвар садҳо иншооти иҷтимоӣ, роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бунёд гардида, сатҳи зиндагии аҳолӣ тадриҷан беҳтар шуд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро таҳким бахшидааст. Пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, саноат, маориф, илм ва фарҳанг самараи бевоситаи сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа мебошанд.

Нақши Ваҳдати миллӣ дар тарбияи насли ҷавон низ басо муҳим аст. Ҷавонони имрӯза дар фазои орому осуда ба камол мерасанд ва вазифадоранд, ки ин неъмати бузургро ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ ҳифз намоянд. Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди давлату ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Имрӯз, вақте ба роҳи тайкардаи Тоҷикистони соҳибистиқлол назар меафканем, равшан эҳсос мегардад, ки ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихи навини давлатдории тоҷикон аст. Ин арзиши муқаддас кафили сулҳу субот, рушди устувор ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.

Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ тамоми мардуми кишварро бо ин ҷашни муқаддас табрик гуфта, орзу менамоем, ки сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша дар Тоҷикистони азиз пойдор бошад.

 

РАҲИМОВ Анваршо
ходими калони илмии шуъбаи ИДМ -и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ