×

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР ДАР ШАРОИТИ МУОСИР:ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНӢ

Бозгашт ба мавод

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР ДАР ШАРОИТИ МУОСИР:ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНӢ

ИОМДОА Технология 07-09-2026 ш.Душанбе
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР ДАР ШАРОИТИ МУОСИР:ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНӢ

(Дар ҳошияи қабули ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати эълон гардидани 31 август ҳамчун Рузи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод)

          Дар ибтидои асри XXI яке аз хусусиятҳои асосии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рақамикунонӣ ва паҳншавии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ вобаста гардидааст. Имрӯз зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун, аз он ҷумла, соҳаи маориф, тиб, хизматрасонӣ, барномасозӣ, таҳлили маълумот ва автоматикунонӣ истифода мешавад. Масалан, дар соҳаи маориф он барои таҳлили натиҷаҳои омӯзиш, дастгирии омӯзгорон ва мутобиқсозии таълим  дар раванди илмомӯзии донишҷӯён истифода мегардад. Дар самти илм ва таҳқиқот, метавонад дар ҷустуҷӯи манбаъҳо, таҳлили аввалияи маълумот ва санҷиши услубии матнҳо кӯмак расонад. Дар ҳаёти ҳаррӯза истифодаи он барои тарҷумаи матн, маслиҳатҳои рақамӣ, хизматрасонии онлайн ва низомҳои идоракунии иттилоот хеле маъмул шудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷӯ, ташаббускор ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ тариқи дипломатия ва муколамаи созанда шинохта шудааст. Дар ин замина, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ ва умумибашарӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ назаррас мебошад. Дар баробари таваҷҷӯҳи доимӣ ба масъалаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои муосир ва рақамикунонии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Дар шароити пешрафти босуръати илм, технология ва рушди технологӣ, истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав ба омили калидии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва пешрафти маориф, илм, тандурустӣ ва истеҳсолот табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, роҳбарияти олии кишвар ба рушди иқтидори технологӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос барои рушди ҷомеаи рақамӣ ва таъмини рушди устувори кишвар дар ҷаҳони имрӯза тамаркуз мекунад.

Дар ин марҳилаи таърихӣ рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, ташаббуси охирини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, боэътимод ва боэътимод  аҳамияти байналмилалӣ ва илмӣ пайдо мекунад. Ин ташаббус бо зарурати тақвияти равиши масъулиятнок ба рушди зеҳни сунъӣ, таъмини истифодаи бехатари технологияҳои рақамӣ ва тақвияти эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба системаҳои зеҳни сунъӣ мувофиқат мекунад. Он инчунин ҳамкориҳои бисёрҷонибаро барои истифодаи самаранок ва бехатари технологияҳои нав тарғиб мекунад. 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ба баъд 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад. Қабули ин қатънома барои Тоҷикистон дастоварди муҳим арзёбӣ мешавад, зеро ин ташаббус тавонист мавзӯи зеҳни сунъиро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ ворид кунад. Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон дар ин самт шумурда мешавад, зеро аввалин маротиба аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2024 ба рӯзномаи Маҷмаи СММ пешниҳод гардида буд, ки 25 июли соли 2025 Қатънома таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид, ки ҳамчун замина зикр мешавад. Бо пешниҳоди чунин иқдом Тоҷикистон худро ҳамчун ҷонибдори истифодаи инсонмеҳвар, бехатар ва боэътимоди зеҳни сунъӣ муаррифӣ намуд.

Интихоби 31 август аҳаммияти таърихӣ дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955,  пешниҳоди  лоиҳаи  таҳқиқотии  Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуда буд. Муҳақиқи амрикоӣ Пабло Стаффоринӣ дар мақолаи худ, ки дар сомонаи илмӣ нашр гардидааст,  чунин овардааст, ки “ин санад аз ҷониби Ҷон Маккартӣ, Марвин Минский, Натанил Рочестер ва Клод Шеннон таҳия шуда, дар он бори аввал барномаи тадқиқотӣ барои омӯзиши «зеҳни сунъӣ» ҳамчун самти мустақил пешниҳод гардид.  То он замон, тадқиқоти марбут ба мошинҳо, мантиқ ва автоматикунонии фикр бештар пароканда буданд ва номи ягонаи соҳа вуҷуд надошт. Ҳамин тавр муаллифон пешниҳод карданд, ки бо усулҳои ҳисоббарорӣ ва рамзӣ моделсозии раванди автоматикунонии фикрро коркард кунанд. Лоиҳаи пешниҳодшуда баъдан ба конфронси машҳури тобистонаи Дартмут дар соли 1956 пешниҳод гардид, ки имрӯз онро оғози расмии соҳаи зеҳни сунъӣ мешуморанд. Арзиши ин сана дар он аст, ки он гузариш аз андешаҳои пароканда ба барномаи илмии мушаххасро нишон дод. Аз ин лиҳоз  интихоби 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилали зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод аҳамияти калидӣ пайдо кард. Қабули қатъномаи СММ бо сиёсати дохилии Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ ҳамоҳанг аст. Аз ҷумла, дар кишвар «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул шудааст. Ин маънои онро дорад, ки ташаббуси байналмилалӣ танҳо иқдоми рамзӣ нест, балки ба хати сиёсати миллӣ такя мекунад. Дар натиҷа, Тоҷикистон ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ кӯшиш дорад, заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии ин соҳаро таҳким бахшад. Аз нигоҳи дипломатӣ, чунин мавқеъ обрӯи байналмилалии давлатро боло бурда, шароити мусоид барои ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва сармоягузорони соҳавиро фароҳам меоварад. Ҳамзамон ин таҷриба ба таҳкими ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ низ таъсир мерасонад, зеро масъалаҳои рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ танҳо бо кӯшишҳои як давлат ҳалли пурра намеёбанд. Ҳамин тавр, қатъномаи мазкур на танҳо натиҷаи як ташаббуси дипломатӣ, балки оғози як марҳалаи нави муносибат бо технология дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мебошад. Қабули қатъномаи зеҳни сунъӣ дар СММ дар оянда метавонад барои кишварҳо, бахусус барои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ судманд бошад. Кишварҳо метавонанд дар доираи як чорчӯбаи умумии таҷриба, дониш ва роҳҳои ҳалли онро мубодила кунанд. Аз он ҷумла, аз нигоҳи иқтисодӣ, чунин қатънома метавонад ба рушди лоиҳаҳои рақамӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат мекунад. Вақте ки масъалаи зеҳни сунъӣ дар сатҳи СММ эътироф мешавад, давлатҳо барои сохтани инфрасохтори рақамӣ ва омӯзиши мутахассисон асоси қавитар мегиранд. Барои Тоҷикистон ин метавонад маънои татбиқи босамари Стратегияи то соли 2040 ва дастгирии ҳадафи саноатикунонии босуръатро дошта бошад. Дар чунин шароит технология метавонад ба идоракунии беҳтари давлат, хизматрасонии босифат ва рушди соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ, кумак расонад.

Аз нигоҳи сиёсати байналмилалӣ, қабули қатънома обрӯи дипломатии кишварҳои ташаббускорро боло мебарад ва онҳоро ба бозигарони фаъолтар дар муҳокимаҳои ҷаҳонӣ табдил медиҳад. Ин гуна иқдом ба давлатҳо имкон медиҳад, ки дар ташаккули меъёрҳои ояндаи истифодаи зеҳни сунъӣ саҳм гиранд, на ин ки танҳо қабулкунандаи қоидаҳои таҳияшуда бошанд. Ҳамин ҳолат барои кишварҳои рӯ ба рушд муҳим аст, зеро онҳо метавонанд манфиатҳои худро дар масъалаҳои амният, адолати рақамӣ ва дастрасии баробар ба технология ҳифз кунанд. Бинобар ин, арзиши аслии чунин қатънома на танҳо дар ҳуҷҷат, балки дар имконияти таъсир расонидан ба самти рушди ҷаҳонии технология мебошад.

Аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва илмӣ, ин қатънома метавонад ба таҳкими маориф, таҳқиқот ва омодасозии кадрҳои нав мусоидат кунад. Агар давлатҳо дар асоси он барномаҳои мушаххаси омӯзишӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва платформаҳои ҳамкорӣ таъсис диҳанд, пас зеҳни сунъӣ ба манбаи афзоиши дониш ва навоварӣ табдил меёбад. Ин омил махсусан барои ҷавонон муҳим аст, зеро онҳо зудтар ба технологияҳои нав мутобиқ мешаванд ва метавонанд нерӯи асосии татбиқи он бошанд. Аз ин рӯ, қабули қатънома дар оянда метавонад на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки оғози марҳалаи нави рушди рақамӣ ва ҳамкории байналмилалӣ гардад.

ДОСТИЕВА Дилафруз,

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ