×

АЛЛОМА ИҚБОЛ ҲАМЧУН ПАЙВАНДГАРИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГИИ ШАРҚУ ҒАРБ

Бозгашт ба мавод

АЛЛОМА ИҚБОЛ ҲАМЧУН ПАЙВАНДГАРИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГИИ ШАРҚУ ҒАРБ

ИОМДОА Сиёсат 11-11-2026 ш.Душанбе
АЛЛОМА ИҚБОЛ ҲАМЧУН ПАЙВАНДГАРИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГИИ ШАРҚУ ҒАРБ

 Аллома Иқбол  пайвандгари дипломатияи фарҳангии  Шарқу Ғарб буда, ўро ҳамчун «падари маънавии Покистон» дар Шибҳқораи Њиндустон меҳисобанд. Осори Муҳаммад Иқбол ба забонҳои мухталифи дунё, аз ҷумла ба забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, испонӣ, арабӣ ва русӣ тарҷума ва чоп шудааст.  Аллома Иқболи Лоҳурї соли 1294 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1877 мелодӣ дар шаҳри Сиёлкути музофоти Панҷоби имрӯзаи Покистон чашм ба олами ҳастї кушодааст. Ниёкони ӯ, падараш Нурмуҳаммад, марди фозилу доно ва модараш Имом Бибӣ ном дошта, аз занони покизаву оқила будааст ва дар қироати Ќуръон саъйи комил доштааст. Ниёкони Муҳаммад Иқбол аз насли қадимаи бараҳманони Кашмир – Сапру буда, дар қарни XVI дини мубини исломро қабул намудаанд. Дар осори Аллома Иқбол ишораҳои зиёде ҳастанд, ки аз бараҳманзодагӣ ва Кашмири-ул-асл будани ӯ шаҳодат медиҳанд:

 Маро бингар, ки дар Њиндустон дигар намебинї,

 Бараҳманзодае рамзошнои Руму Табрез аст.

 Ва ё:

 Танам гиле зи хиёбони ҷаннати Кашмир,

 Дил аз ҳарими Њиҷозу наво зи Шероз аст.

 Ӯ маълумоти ибтидоии политехникиро дар зодгоҳаш Сиёлкут ба даст овардааст. Дар ҳамин давра дӯсти падараш донишманди намоёни ҳамонвақта шамсу-л-уламо Мавлавї Мир Ҳасан  Муҳаммад Иқбол таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва Иқбол ӯро устоди худ хонда, дар наздаш нозукиҳои забони арабӣ, форсӣ, урду ва таърихи адабиёти Шарқро аз бар менамояд. Соли 1899 Муҳаммад Иқбол Коллеҷи давлатии шарќшиносии Лоҳурро бо медали тилло ба итмом расонда, ба унвонии «магистри фалсафа» шарафёб мешавад. Дар синни 22 солагӣ Муҳаммад Иқбол дар Коллеҷи ховаршиносии Донишкадаи давлатии Панҷоб ҳамчун устоди фалсафа ва ҳуқуқ ба фаъолият шурӯъ менамояд.

 Қобили зикр аст, ки Муҳаммад Иқбол дар давоми таҳсил бо профессори кафедраи фалсафа Сэр Томас Арнолди инглис шиносоии наздик пайдо мекунад. Соли 1904 профессор Томас Арнолд ба ватани хеш ба Инглистон бармегардад. Дар Донишгоҳи Кембриҷ Муҳаммад Иқбол бо чеҳраҳои намоёни илми шарқшиносӣ, ховаршиносони маъруф Э. Браун, Р. Николсон, М. Теггерт ва дигарон шиносої пайдо мекунад. Муҳаммад Иқбол дар Лондон бо асарҳои файласуфони Шарқ ал-Киндӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ ва Ибни Рушд ва дигар мутафаккирони асримиёнагї, ки асарҳояшон ҳам ба забони форсию тоҷикӣ ва ҳам арабӣ ба нашр расида буд, мутолиа мекунад. Аллома Иқбол дар Кембриҷ аз таърихи адабиёти араб барои донишҷўён дарс мехонд.

 Аллома Иқбол ба ҷамъияти машњури ҳуқуқшиносони Лондон аъзо гардида, бо ҷаҳду талош ба омўхтани ин фан машғул мешавад ва дар моҳи июли соли 1908 ба гирифтани дараҷаи «додгустари мустақил» ноил мегардад. Барои гирифтани ин унвон устодаш профессор Сэр Томас Арнолд раҳнамоӣ ва кўмак карда будааст.

Ногуфта намонад, ки ӯ барои шаш моҳ сафари хидматї дар Аврупо дошт, ба ҷои устодаш уҳдадории таълиму тадриси забону адабиёти арабро ба донишҷўён њам дошт. Миллатгароии Аврупо барояш нақши манфӣ гузошта бошад ҳам, аммо, аз тарафи дигар, барои рушду тафаккури Муҳаммад Иқбол сабаб шуд, ки ҳисси меҳанпарастии эшон рӯз аз рӯз афзунтар мешуд. Ў андешаҳояшро чунин ҷамъбаст кардааст:

Мардумї андар ҷаҳон афсона шуд,

Одамї аз одамї бегона шуд.

Рӯҳ аз тан рафту ҳафт андом монд,

Одамият гум шуду ақвом монд.

Моњи ноябри соли 1907 М. Иќбол майли наќши хешро дар илм гузоштан мекунад. Бинобар ин ў рисолаи хешро дар Донишгоњи Мюнхен тањти рањбарии олими маъруфи олмонї Ф. Ҳоммел бомуваффаќият дар мавзўи «Такомули илми моваро-ут-табиа дар Эрон» дифоъ кард.

Ногуфта намонад, ки Муҳаммад Иқбол солҳои 1905-1908 ҳам дар Кембриҷ, Мюнхен, Ҳейделберг барои такмили ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва фалсафа таҳсил кардааст. Муҳаммад Иқбол дар рисолаи хеш роҷеъ ба таърихи дин аз Зардушт то Баҳої ибрози ақида намудааст. Мавзӯи асосии фалсафии ӯ «Ман», табиат ва мушаххасоти он, муносибат ба муҳит мебошад. Ба андешаи Иқбол, аз сарнавишти худ ба тафаккури метафизикї мутамоил буда, ба он шавқу рағбати зиёд доштааст.

Қобили қайд аст, ки иқболшиноси олмонӣ, диншинос Аннемарии Шиммел фармудааст: «Иқбол ҳамчун паямбари шеъру фалсафа буда, эҷоди ӯ сӯфиёна ва орифона аст.»

Аннемарии Шиммел қариб тамоми асарҳои Муҳаммад Иқболро ба забони олмонӣ тарҷума кардааст, амсоли «Паёми Машриқ», «Зиндагиномаи Муҳаммад Иқбол», «Муҳаммад Иқбол - Сафири шарқ», «Асарҳои мунтахаб», «Муҳаммад Иқбол – паямбари шеъру фалсафа», «Ҷовиднома», «Мутафаккири дин дар ислом» ва ғайраҳо.

Қобили қайд аст, ки осори лирикии Муњаммад Иќбол ашъори дар солҳои 1908-1912 эҷод кардаашро дар бар мегирад. Ин маҷмӯаи ашъори шоир посух ба «Девони ғарбиву шарқї»-и шоири олмонӣ Иоганн Волфганг Гёте мебошад. Зарур ба таъкид аст, ки аз байни мутафаккирин ва шуарои Ғарб беш аз ҳама Гётеро меписандад ва ба ӯ эҳтироми хоса дошта, ӯро ҳамтирози Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хондааст. Сафҳаи аввали ин осор ба ҳузури аълоҳазрат амир Амонуллоҳхон, фармонравои давлати мустақили Афғонистон эҳдо мешавад.

Ибрози андеша ин аст, ки рубоиёти Муҳаммад Иқбол аз тарафи донишманди хеле маъруфи инглис А. У. Арберри рӯи чоп омадааст. Ба қавли А. У. Арберри, ишқ ба ҳамаи инсонҳо марбут аст. Ишқ ҳам қавму миллат ва тафриқаи нажоду ирқро намедонад. Худи аллома Муњаммад Иқбол ҳам дарк кардааст, оламе, ки ҷудои рангу бў дорад, он ҷо давоми ҳастї нест.

 Ман бандаи озодам, ишқ аст имоми ман,

 Ишқ аст имоми ман, ақл аст ғуломи ман.

 Ҳангоми ин маҳфил аз гардиши ҷоми ман,

 Ин кавкаби шоми ман, ин моҳи тамоми ман.

Барои Иқбол ишқи инсонї заминаи инсонпарварию инсондӯстӣ аст. Ишқи бузурги инсонӣ, дар ҷаҳон «банӣ Одам зи як гавҳаранд» барои Иқбол тафовути милливу мазҳабї вуҷуд надорад. Ў инсон ва инсониятро дӯст медорад, бетафовут кофир аст ё мусулмон.

 На афғонему на турку тоторем,

 Чаманзодему аз як шохсорем,

 Тамизи рангу бў бар мо ҳаром аст,

 Ки мо парвардаи як навбаҳорем!

 Ситоиши ишқ, муҳаббати илоҳӣ ва заминї, ишқи оламгири эҷодкор аст, ки ҷаҳонро пойдор ва обод медорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ишқ дар назми форсӣ, дар фалсафаи Шарқ дар асарҳои Ибни Сино, дар назми Румию Ҳофиз аз ҳар ҷиҳат таҳлилу тасвир шудаанд. Аммо аллома Иқбол ба ин мавзӯъ ҳам нафаси тоза, рӯҳи рангу бӯи замони навинро дохил намуд. Зеро ҷаҳони нав, инсони нав, суруди нави ишқро ба вуҷуд овардааст:

   Ишқ он нест, ки инсонро ба бешуурию фаромӯшї оварда расонад, ишқ он аст, ки дар тинати инсони фаъол бояд ҳиссиёти бино намудани ҷаҳони нави аз зулму ситам озодро барангезад.

  Қобили қайд аст, ки дар Аврупо ховаршиноси маъруфи инглис Р. А. Николсон бори нахуст ба забони инглисӣ «Асрор худї»-ро рӯи чоп овард, ки аз афзалтарини осори аллома Иқбол ба ҳисоб меравад. Ин асар аз ду маснавӣ: «Асрори худї» ва «Румузи бехудї» иборат аст. «Асрори худї» маснави форсї-тоҷикист, ки соли 1915 навишта шудааст. Ин ду асар пайванди мантиқї дошта, муҳтавои асосии ҳаёти иҷтимоии мусулмонон аз диду назари тоза дар замони нав таҳқиқ шудааст.

 Арабшиноси олмонӣ Иоњаннес Ҳелл тарҷумаи осори насриро рӯи чоп овард, ки то ҳамин давра муҳаққиқи дигаре ин пажӯҳишро анҷом надодааст. Баъдтар тарҷумаи туркӣ ва арабӣ рӯи чоп меояд. Ќисман ба забони чехї ҳам ин асар соли 1961 рӯи чоп меояд. Матни «Назми Урду»-ро ховаршиноси намоёни олмонӣ Кристоф Бюргел рӯи чоп овардааст. Дар маҷмӯаи ашъори урдуи Иқбол «Зарби калим» як бахши ҷудогонае зери унвони «Аврат» («зан») ҷой дорад, ки силсилаи шеърҳои ба зан бахшидаи шоирро дар бар мегирад.

 Аллома Иқбол ба бузургии зан ҳамчун нерўи офарандагӣ хеле арҷгузорї кардааст.

 Аз вуҷуди зан бувад ҳар рангу коинот

 Маҳз аз ӯ соз гирад зиндагиву сўзи дарун.

 Қобили қайд аст, ки зан на фақат сарчашмаи меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ, балки нахустин ҳомии инсонҳои дунё мебошад. Аллома Иқбол ишора мекунад, ки зан агарчи мисли Афлотун ҳакиму донишманд нашуда бошад ҳам, сабабгори ҳастии ҳамаи бузургмардон маҳз зан аст. Ҳамаи бузургони олам зодагони шарори аз меҳру муҳаббати бепоёни вуҷуди зан аст.

Аллома Иқбол олами маънави инчунин дипломатияи фарҳангии Шарқу Ғарбро аз нигоҳи хеш таҳлил намудааст ва ба хулосае омадааст, ки ин ду қисмати тамаддуни ҷаҳонї бояд ба ҳам таъсири мутақобила дошта бошанд.

  «Ҷовиднома»-и Иқбол соли 1932 нашр шудааст. Мафҳуми асосии ин асар ба саёҳати рамзї муроҷиат кардааст. Зиндарӯд дар ин саёҳат рӯҳи Мавлонои Балхро раҳнамоӣ мекунад. Аллома Иқбол кӯшиш кардааст ба масоили ислом ва мавқеи он дар ҷаҳони имрӯза равшанї андозад.

 «Ҷовиднома» (das Buch der Ewigkeit) дар тарҷумаи Аннемарии Шиммел соли 1957 дар Мюнхен ба забони олмонӣ рӯи чоп омадааст.

 Аллома Иқбол ба мутафаккирони аврупої, амсоли Гёте, Фредерик Нитсше, Вилям Шекспир, Карл Маркс, Гегел, Кант, Энштейн, Лев Толстой ихлос доштааст. Шоирон ва нависандагони аврупої Муҳаммад Иқболро хеле хуб эътироф кардаанд. Яке аз нависандаи машҳури Олмон Ҳерманн Ҳессе аст, ки 18 соли умри хешро дар Њинд гузаронда он ҷо бузург шудааст, аз ҷумлаи онҳост. Бобобузургаш ва падараш аз тоҷирони Базел будаанд ва дар Њинд кору фаъолият кардаанд. Ў роҷеъ ба осори илмию адабии Муҳаммад Иқбол ибрози ақида намудааст: «Дар Иқбол се заминаи рӯҳ ва хирадро ба хубӣ пай бурдан мумкин аст. Олами Њинд, ислом ва фалсафаи Аврупо. Ин се сарчашмаи асосие, ки осори ҷовидонаи ӯро оби зиндагӣ мебахшад.»Ногуфта намонад,   ки  дар  соҳили ҷануби дарёи Нектар дар Ҳайделберг, дарозиаш 1200 метр, хиёбоне  ба номи файласуф ва  шоир Муҳаммад Иқбол  гузошта шудааст.  Дар Мюнхени Олмон дар майдони ,,Habsburgerplatz,,  муҷассамаи  шоир  файласуф, сиёсатмадор,  Аллома  Муҳаммад  Иқбол гузошта  шудааст.

Дар фарҷоми сухан ҳусни анҷом бахшида гуфтанї ҳастам, ки аллома Иқбол ҳамчун «Сафири Шарқ» падари маънавии Шибҳқораи Њинду Покистон, паямбари шеъру фалсафа ба ҷаҳониён паёми хеш фиристода, ва баҳри озодӣ ва соҳибистиқлолии меҳанаш мубориза бурдаву, бо асрори хеш мақоми инсонњоро то ба кайҳон расондаву, ба шамсу қамар наздик кардаву, ҳомии ҳуқуқи хонумон ва бонувон шудаву, дар қалбҳо шарари онҳоро ҷой додаву, ҷавононро фардои миллат хондаву, ба Дипломатияи фарҳангии  Шарқу Ғарб таъсири мутақобила гузоштаву, ба қалби қавмҳои гуногун ҳамчун пайвандгари дипломатияи тамаддуни Шарқу Ғарб абадан нақши босазои хешро гузоштааст.

ВОҲИДОВА Санавбарбону,

мудири шӯъбаи Аврупои

Институти    омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои  АМИТ                                                                    

доктори илмҳои таърих