(бахшида ба Рӯзи Иқбол -9 ноябр)
Кишварy мамлакатҳои дунё бо тамаддуну фарҳанг, саноату захираҳои табии, минтақаву шаҳрҳои таърихӣ ва таммудунӣ ифтихор мекунанд, ки тавассути чунин хусусиятҳо миёни халқҳои олам шӯҳрат пайдо кардаанд. Ҳамин тавр, шаҳру маконҳои таърихӣ дар тӯли садсолаҳо бунёд гашта рушд мекунанд, ки заминаи асосии онро ҷонфидоиву қурбониҳои соҳибхирадону донишмандон мегузоранд.
Дар ин бахш чанд хотироту мулоқотҳои нодири ду адибро меорем, ки аз шахсиятҳои машҳури адабию сиёсӣ, ходимони давлатӣ ва файласуфи Шарқ аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ таъсирпазир гаштаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он сарфарозу ифтихор мекунад, ки шаҳрҳои хурду калон ин сарзамин ба хусус Ҳисору Хатлон, Хуҷанду Панҷрӯд ё Панҷакенти имрӯза турбати бузургону адабу сиёсат ба мисли устод Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакӣ чун сардафтари назми адабиёти форсу тоҷик мебошад, ки тамоми оламро ба сӯи хирадмандӣ ва дӯстӣ роҳнамоӣ мекунад.
Ҳамин тавр, кишвари Покистон аз он ифтихор менамояд, ки дар шаҳру деҳоти ин ҷо ба хусус шаҳри бостонии Лоҳур саршор аз олимону адибон ва шоирону орифон буда, аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) аз зумраи онҳо мебошад, ки тавассути афкору андешаҳои созанда инсонҳоро ба суи худшиносӣ ва худогоҳӣ роҳнамоӣ намудааст.
Дар ҳақиқат ҳамин шахсиятҳо мебошанд, ки тавассути корнамоиҳи адабии онҳо номи ин маконҳо то ба имрӯз машҳуру маъруфи ҷаҳон гаштааст. Шахсиятҳои бузурги адабу фарҳанг ба мисли Рӯдакӣ, Саъдӣ, Бедил, Хайёму Иқбол меоянду мераванд, аммо осору афкори созандаи онҳо боқӣ монда, наслҳоеро ба воя мерасонанд, ки пайрави аз онҳо менамоянд. Ҳамин орзу ва нияти нек ва турбати поки ҳамин бузургон буд, ки дар минтақаи Панҷрӯди бостонии Тоҷикистон, зодгоҳи пири хираду адаб-устод Рӯдакӣ фарзанде ба дунё омад, ки мояи ифтихори мо тоҷикон ва тамоми аҳли адаби дунё гардид. Устод равоншод Аълохон Афсаҳзод аз зумраи нафароне мебошанд, санаи 10-уми ноябри 1935 дар деҳаи Ворӯи Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон тавваллуд шуда, ифтихор аз ҳамшаҳрӣ будани устод Рӯдакӣ пайваста ифтихор мекунанд.
Мирзо Адиб 4-уми апрели соли 1914 дар шаҳри Лоҳур, ки дар музофоти Панҷоби Покистони имрӯза воқеъ аст, дар оилаи косиб ба дунё омада, обову аҷдодаш аз минтақаи Осиёи Миёна ба сарзамини Ҳинд омадаанд. Тибқи маълумоти муҳаққиқи покистонӣ доктор Фавзия Табассум бобои нависанда олим ва донандаи хуби забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ буд ва Мирзо Адиб аз китобҳои ӯ хуб истифода карда бо ҳифзу мутолиаи ин сарчашмаҳои нодир аз дараҷаи ному насаби Сайид Диловар Ҳусайн Алй ба Мирзо Адиби ҳақиқӣ табдил ёфта, чун ситораи дурахшон ном баровард.
Мирзо Адиб нисбат ба зиндагии худ китоберо бо номи “Чароғи гилин” (“Mati кa diya”, “The earthen lamp”) навишта, он ҷо ба таври муфассал ҳаёту саргузашташро баён намудааст. Худи нависанда дар китоби “Чароғи гилин”-аш овардааст, ки дар афкору кирдорҳои шахсиаш афроду ашхоси муҳим таъсир расониданд, ки чунин баён кардааст: “ Дар ин ҷо тазкира аз чанд шахсиятҳоест, ки дар ҳаёту фаъолияти эҷодии ман хело таъсир расонида, бароям хело муҳтарам шуморида мешаванд.”
Мирзо Адиб мулоқоти нодиру хотирмони худро бо шоир ва файласуфи Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ низ дар ин китоб оварда, чун ёддошти тарърихии ибратомӯз бо забони возеҳ ошкоро баён намудааст. Ба қавли худи нависанда дар замони мактабхониаш ашъори аллома Иқболро мутолиа карда аз мазмуну мавзуъҳои мубрами онҳо таъсирпазир мегашт.
Ба андешаи Мирзо Адиб аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз бузургтарин мутафаккирони нимаи аввали қарни ХХ нимҷазираи Ҳинд мебошад, ки бо осори ғановатманду пурмазмун ва саршор аз ғояҳои олии инсондўстӣ ва худшиносӣ адибони зиёдеро шефтаи каломи худ гардонидааст. Ҳамин тариқ, нависанда ба мисли ҳар шахси солиму созанда орзу менамояд, ки бо ин чунин шоирону файласуфони машҳур ҳамсуҳбат шуда, аз таҷрибаҳои илмиву маърифатии ӯ баҳравар гардад.
Бо чунин орзуву ҳавас Мирзо Адиб мулоқоти нодир, аммо пурармони худро бо файласуфу шоири машриқзамин аллома Муҳаммад Иқбол дар китоби “Чароғи гилин”-и худ чунин баён мекунад: “Воқеаи имрӯз хоби хушгувореро мемонад, ки ман на фақат дар хидмати шоири машҳури замони худ аллома Муҳаммад Иқбол будам, балки бо шоири бузурги насли оянда фурсат пайдо карда, чанд дақиқа мулоқот намоям” .
Нависанда даврони мактабиашро ба хотир оварда, ишора мекунад, ки замоне дар синфи шашум ё ҳафтум таҳсил кардан, аллома Иқбол бо номи «доктор сэр Муҳаммад Иқбол” машҳур ва маъруф буд. Бо тавсияи роҳбарияти мактаб ӯро барои иштирок ва суханронӣ ба анҷумани коллеҷи шаҳри Лоҳур сабти ном мекунанд. Мирзо Адиб нақл мекунад, ки дар рӯзҳои анҷуман ба тамошои намоиши фурӯши китоб ба сайругашт баромада ногаҳон чашмаш ба китоби «Бонги даро»-и аллома Иқбол меафтад. Мирзо Адиб китобро варақгардонӣ карда, мехоҳад баъди дастрасӣ ба пул онро харидорӣ кунад. Китобфурӯш шавқу рағбати ӯро пайхас карда, бо табассум аз ӯ чунин савол мекунад:
- Дарс мехонӣ? Бале, мехонам.
- Ин китобро хондан мехоҳӣ?
-Бале, мехоҳам.
- Бигир, барои ту чор арзиш камтар медиҳам, -гуфта, қимати аслии онро барояш фаҳмонд. Нависанда нақл мекунад, ки ӯ фавран китобро гирифта, дар гӯшаи махсус гузоштанӣ мешавад, вале фурӯшанда бо табассум ба вай ишора карда, амр мекунад то дар ҷояш гузорад.
Он замон назмҳои кӯдаконаи аллома ба хусус “Шиволаи нав” (Naya shiwala), “Фарёди паранда” (Parande ke faryad), “Таронаи ҳиндӣ”, “Ҳиндустонӣ”, “Ҷагну” ва “Шиква” вирди забони ҳама буда, шомили китоби “Бонги диро” мебошанд, ки насли ҷавон онро бештар меписанданд.
Ҳамин тариқ, Мирзо Адиб бо як шавқу завқ ба хона баргашта, аз модараш чунин талаб мекунад: “Модарҷон ман бояд “Бонги диро”-ро харидорӣ кунам”.
Модар бо тааҷҷуб аз ӯ пурсид, ки ин чӣ ҳаст.
- Мирзо Адиб гуфт: Китоб.
Модар бо ғамму ғусса ба ӯ чунин хитоб мекунад:
- Сумкаат пур аз китоб аст-ку, боз ҳам китоб мехоҳӣ?
Дар натиҷаи чунин муколимаҳо нависанда бо далелу санадҳо модарашро қонеъ гардонида, пули китобро дарёфт намуда, харидорӣ мекунад.
Нависанда нақл мекунад, ки бо вуҷуде ки падараш одатан баъд аз тановули хӯроки шом чароғҳоро хомӯш мекард, аммо ӯ аз хушнудӣ хоби ширинашро тарк намуда, бо завқу шавқ китоби “Бонги диро”-ро то дери шаб мутолиа менамуд. Модари нависанда пайваста ӯро садо карда мегуфт, ки“Писарам худатро эҳтиёт намо то аз сардӣ бемор нашавӣ”. Ӯ ба сухани модар гӯш дода, бо завқу шавқ китобро мутолиа мекард, вале чашмонаш кайҳо аз хоб дур шуда буданду гоҳу ногоҳ назмҳоро такрор ба такрор мехонд. Ӯ ҳатто дар хоб ҳамаи хондаҳояшро ба мисли он ки тавассути онҳо хусусан назми «Ҷагну» ба осмон парвоз карда бошад, замзама мекард. Ӯ медонист, ки аллома Иқбол дар шаҳри Лоҳур зиндагӣ мекунад ва пайваста орзу дошт, ки рӯзе ба дидори ӯ мушарраф хоҳад гашт.
Идораи маҷаллаи «Шабоби урду» дар наздикии дарвозаи Бҳотӣ қарор дошта, мудирият ва муҳаррири он ба дӯши Хон Аҳмад Ҳусайнхон буд. Гоҳ-гоҳе шеъру ҳикояҳои Мирзо Адиб дар ин рисола чоп мешуданд ва бо ин восита ӯ бо писараммаи Хон Аҳмад Ҳусайнхон, ки Насир Ҳусайнхон ном дошт, шинос шуда, дӯст мешавад.
Мирзо Адиб мулоқоти нодиру хотирмонашро бо Аллома Муҳаммад Иқбол дар дафтари хотираҳояш нақл мекунад, ки бо ҳамроҳии дӯсташ Насир Ҳусайнхон ба сайругашт баромада, рӯзе аз назди масҷиди Унчи гузашта, назарашон ба як лавҳаи эълон меафтад, ки дар он бо ҳарфҳои возеҳу равшан чунин навишта шуда аст: “Коллеҷ барои омӯзиши шоирӣ” ва дар зери он бо ҳуруфоти хурду борик чунин ишора шудааст: “Мудир Ҳаким Музаффар Ҳусайн Азҳари Деҳлавӣ”.
Мирзо Адиб бо ин ном кайҳо шинос буда чанд ҳикояву ғазалро бо ин ном дар маҷаллаи «Оламгир» мутолиа кардааст. Тибқи маълумоти нависанда ду зина болотар дар тахтаи дигар “Назм ё ғазал бар ивази пардохт ислоҳ карда мешавад, лутфан вақти мудирро зоеъ накунед”- навишта буд. Бо маслиҳати дӯсташ ҳар ду ба ҳавлии Ҳаким Музаффар Ҳусайн Азҳари Деҳлавӣ мераванд, ки марди лоғаре онҳоро дида чунин садо мекунад:
-Дароед!.
Баъд аз ворид шудан он мард аз Мирзо Адиб сабаби омаданашонро мепурсад.
Ҳикояҳои Шуморо дар маҷаллаи «Оламгир» хондаам”, - иброз мекунад Мирзо Адиб.
- Каломи маро нахондӣ”-чӣ?
- Бале, хондаам.
Ӯ фикр мекард, ки ман вайро ситоиш мекунам, аммо ман хомӯширо ихтиёр кардам. Вале ӯ инро написандида дар ҷавоб гуфт:
- Мақсади омадан чӣ бошад?
Нависанда дар идома нақл мекунад, ки “ӯ аз ҷайбаш варақро бароварда, ба тарафи вай дароз карда, гуфт, ки лутфан ин ғазалро аз назар гузаронад”. Вале он мард варақро кушода, ба шеърҳо назар карда, чунин савол мекунад:
-Ин ҷо хатоҳои зиёд буда шеърҳоят вазн надорад, оё онҳоро дар назди касе ислоҳ кардӣ ё на?
Ба қавли худи нависанда ӯ шеърҳояшро қаблан назди яке аз ҳамсабақонаш ислоҳ карда буд, аммо ба ин мард дурӯғ гуфта: “не” ҷавоб додааст.
Мирзо Адиб рӯзи дигар ҳамроҳи Насир Ҳусайнхон ба назди он мард рафта дӯсташро бо ӯ шинос мекунад. Он мард номи Хон Аҳмад Ҳусайнхонро шунида, дар ҳайрат монда, каме хомӯш истода, нописандона иброз мекунад: -Ғазалро ислоҳ кардем, хатоҳои зиёде дошт.Мирзо Адиб нақл мекунад, ки ӯ ғазали ислоҳшудаи ӯро дар варақаи алоҳида дарёфт карда, баъд аз табодули назар аз ҷайби худ 8 руппия бароварда, чун ҳаққи хизмат ба ӯ медиҳад.
Ба қавли худи нависанда ирзо Адиб ҷаноби Азҳар ба ҷуз як мисраъ, дигар ҳамаро ба таври зайл иваз намудааст:
Garchi rahi zindagi hamwar hee, shadab he,
Lekin ek ek phul ke parde me su su khaar he.
Агар чӣ роҳи зиндагӣ ҳамвору шодоб ҳаст,
Лекин дар ҳар як пардаи гул ҳазорҳо хор аст.
(тарҷумаи таҳтуллафзӣ)
Нависанда дар идома ишора кардааст, ки дар болои варақаи мазкур «Иттифоқ» навишта, дар саҳифаи дигари он як мақола бо номи: «Иқбол сиялкутӣ ки ғалатиян», дар зери он номи муаллиф «Гӯшанишин Вазирободӣ» дарҷ шудааст.
Ба қавли Мирзо Адиб ӯ ҳамроҳи дӯсташ мақоларо мутолиа карда, норизогии худро ба таври зайл баён мекунанд: “Доктор сэр Муҳаммад Иқбол дар Ҳиндустон машҳуртарин шоир буда, Вазирободӣ як марди девонае мебошад. Ҷаноби Шумо ин мақоларо чоп карда, шахсияти алломаро тавҳин намудед, лутфан аз ӯ бахшиш ва маъзархоҳӣ талаб кунед».
Мирзо Адиб ишора мекунад, ки номаи эътирозиашонро ба ҷаноби Азҳар Деҳлавӣ ирсол намуда, баъд аз дарёфти шумораи тозаи маҷаллаи «Иттифоқ» мақолаи ҷавобиро пайдо мекунанд, ки муаллифи он онҳоро “азизони бадтамиз” хитоб кардааст.
Мирзо Адиб ва дӯсташ баъд аз мутолиаи мақола бо талошҳои зиёд хонаи аллома Иқболро пайдо карда барои мулоқот ба наздаш мераванд. Вале дидаи нависандаро ҳайрату эҳсос фаро мегирифт ва ҳар лаҳза тапиши дили ӯ боз ҳам зиёдтар мешуд.
Ӯ лаҳзаҳои хотирмони мулоқоти хело кутоҳ, аммо хело хотирмонашро бо донишманди бузург аллома Иқбол ба хотир оварда, ишора мекунад, ки замони ворид шудан ба хона шахсе онҳоро дида чунин савол мекунад:
- Шумо барои мулоқот бо ҷаноби доктор аз коллеҷи Боғбонпура ташриф овардаед”? Нависанда ишора мекунад, ки дертар маълум шуд, ки ин шахс Алӣ Бахш ёрдамчии аллома буд ва он замон донишомӯзони коллеҷи Боғбонпура пайваста барои машварату муколама ба назди Муҳаммад Иқбол меомаданд.
-“Не”, гуфта ҷавоб мегардонад Мирзо Адиб. Он шахс зуд ба назди аллома даромада, баъди чанд дақиқа омада: “Марҳамат, дароед, ҷаноби доктор дар дохил нишастаанд”-гуфта онҳоро роҳнамоӣ мекунад.
Ҳамин тариқ, Мирзо Адиб бо ҳамроҳии дӯсташ ворид утоқ шуда, дафъатан Муҳаммад Иқболро мебинанд, ки дорои муйлаби зебо, тан зерпироҳани шинам, дар наздаш чандто китобу маҷалла дар болои нимкат нишастааст.
Нависанда дар идома нақл мекунад, ки аллома Иқбол бо дидани онҳо дарҳол китоби дар дасташ бударо як тараф гузошта, ҷавоби саломро дода, онҳоро ба курсӣ мешинонад. Ба қавли нависанда, алломаи Иқбол бо Насир шинос шуда, аз ҳолу аҳволи Хон Аҳмад Ҳусайнхон низ пурсон мешавад.
Нависанда нақл мекунад, ки дар чунин лаҳзаҳои хотиромону фараҳманд ӯ ва дӯсташ дар фикри он буданд, ки аз аллома чӣ савол бояд кунанд. Ҳамин тавр, бо маслиҳати якдигар аз аллома Муҳаммад Иқбол савол мекунанд, ки “Оё Ҳаким Музаффар Ҳусайн Азҳар Деҳлавӣ ба вай мактуби ирсолкардаи онҳоро барои мутолиа расонида бошад ё на”?. Нависанда ишора мекунад, ки “Не ҳеҷ мактуб ба ман нарасидааст”-ҷавоб додааст аллома Иқбол.
Мирзо Адиб нақл мекунанд, ки ӯ ҳамаи воқеаро барояш муфассал нақл мекунад ва аллома Иқбол бо шунидани он табассум карда чунин ҷавоб медиҳад: “Як нафар майлу хоҳиши зиёд пайдо мекунад, то шахсияту номаш дар тамоми ҷаҳон машҳур гардад. Аз майлу хоҳиши ӯ Сер Сайид Аҳмадхон хабардор шуда ӯро ба назди худ даъват карда, пешниҳод мекунад, ки бар хилофи ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳо мақолаҳо дарҷ намояд, то бо ин васила маъруфият пайдо кунад”.
Нависанда ишора мекунад, ки ба андешаи аллома Муҳаммад Иқбол баъзе аз одамон фақат ташнаи таърифу шуҳратбаландӣ мебошанд, ва “Гӯшанишини Вазирободӣ”-и бечора низ аз зумраи ҳамин одамонаст, чунин амалро анҷом медиҳад.
Мирзо Адиб бо чунин дарси ибратбахшу омӯзанда мулоқоти нодирашро бо алломаи бузург замони худ зикр карда нақл менамояд, ки барояш ифтихору шараф аст, ки фурсат пайдо кард, то дар назди аллома Иқбол тақрибан 5 дақиқа нишаста, аз наздик мулоқот намояд.
Нависанда дар ёддошҳои худ нақл мекунад, ки дар чунин лаҳзаҳои хотирмон ёрдамчии аллома Алӣ Бахш ба таври ногаҳонӣ вориди утоқ шуда, ба аллома гӯшакӣ кард. Ҳамин тариқ, Мирзо Адиб ва дӯсташ бо аллома Иқбол худоҳофизӣ намуда, мераванд. Дар беруни хона мошини дарозшаклро меистод ва шахси ношиносе баромада барои мулоқот вориди хонаи аллома Иқбол мешавад .
Ин мулоқоти аввалину охирини Мирзо Адиб бо аллома Иқбол буд, ки хело кӯтоҳ, аммо пурфайзу пурармону хотирмон дар ҳаёти нависанда чун сармояи гаронбаҳои умр боқӣ мондааст.
Мирзо Адиб бо як орзуву ормону ҳасрат худашро пайваста сарзаниш намуда, чунин ҳасрату надомат мекард: “аллома Иқбол дар шаҳри Лоҳур умр ба сар мебурд ва ман низ дар ин шаҳр зиндагӣ мекардам, аммо чаро фурсат наёфт то бо ӯ мулоқотҳо дошта, аз ҳузураш мустафид гардам...
Ҳамин тариқ, дидори нодиру пурармон дар зеҳни Мирзо Адиб чун нақше дар санг бо забони “қолу ҳол” дар китоби “Чароғи гилин” баён шудааст, ки ҳамаи таассуроти ӯ, аз ҷумла, нимкати оддӣ, дар тан як зерпироҳан, дар даст китоби қадима аз шоирони форсу тоҷик ва ё ба қавли худи Муҳаммад Иқбол:
Ба рӯям баста дарҳоро кушояд,
Ду байт аз Пири Рӯмӣ ё зи Ҷомӣ..., дар зеҳну хотираи нависанда то охири ҳаёташ боқӣ мондааст.
Дар воқеъ инсон аз равишу роҳнамоиҳои дуруст ва китобу навиштаҷоти муфиду пурасрор ҳамеша рушду такомул меёбад. Барои расидан ба ин зинаҳои олӣ ба инсон талошҳои пай дар пай лозим меояд, то ба натиҷае бирасад. Мирзо Адиб мебошад барои расидан ба мақсади аслии худ мукотиба ва таассуроташро аз шахсиятҳои замонаш баён кардааст. Ба қавли нависанда то соли 1947 шаҳри Лоҳури вилояти Панҷоб мисли дигар қисматҳои Ҳиндустон мустамликаи Англия буд. Дертар санаи 14-уми августи соли 1947 таҳти мудирияти Покистон қарор гирифт. Он замонҳо нависандагони сарзамини Ҳиндустон чун дар як минтақаи воҳид бо ҳам зиндагӣ ва кор мекарданд.
Мавриди зикр аст, ки Мирсаид Миршакар шоир ва нависандаи машҳури Тоҷикистон аввалин касе мебошад, ки Муҳаммад Иқболро ба шинос намуд. Донишманди зиндаёди тоҷик Аълохон Афсаҳзода яке аз авваллинҳоест, ки Абдураҳмони Ҷомиро муаррафӣ намуда, яке аз дӯсторони адабу фарҳанг ва ҳомиёни он, аз ҷумла аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мебошад.
Шоёни зикр аст, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият дарвозаҳои фарҳангии худро боз намуд ва зиёиёни он бо донишмандони ҷаҳон равобити фарҳангиро оғоз намуданд. Кишварҳои зиёди ҷаҳон сафоратхонаҳои худро дар кишвар боз намуда, муносибатҳои диломатӣ ва фарҳангиву иқтисодии худро шуруъ намуданд.
Дар ин асно, Академияи Иқболи Покистон робитаҳои фарҳангияшро бо кишварамон шуруъ намуд. Бояд қайд кард, ки Бинои Академияи Иқбол ҳаштошёна буда, ба шакле нодир ва камёб сохта шудааст, ки ҳамасола, рӯзи 9 ноябр ва 21 апрел дар он симпозиюму маҳфилҳо доир ба осору фаъолияти Иқбол бо ширкати меҳмонони дохиливу хориҷӣ баргузор мегардад, ки бо неруи сухану корнамоиҳои гаронбаҳояшон онро файз мебахшанд.
Боиси шараф аст, ки шодравон Аълохон Афсаҳзод низ аз зумраи беҳтаринҳо буданд, ки дар чунин бинои муҳташам ва маркази илму адаб дар рӯзҳои сеюмин конфронси байналмилалӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Аллома Иқбол ҳамчун меҳмони олиқадр даъват шуда, дар мавзӯи “Иқбол ва бедории ҷавонони тоҷик” сӯханронӣ намоянд.
Устод оиди афкори инсондӯстии Аллома Иқбол суханҳои ҳакимонаву орифона намуда, робитаи адабӣ, исломӣ, ирфонӣ ва тамаддуну фарҳангии Тоҷикистону Покистонро мавриди тавсифу таҳсин қарор доданд.
Шодравон А.Афсаҳзод таассуроти сафарашро дар яке аз мақолаҳои худ зери унвони "Дар ватани Иқбол" дар китоби "Иқболшиносӣ" (Душанбе. Дониш. 2016) тавонистанд чандин паҳлуҳои таърих, фарҳанг, ҳунар ва забону адабиёти Покистонро барои хонандаи тоҷик муаррифӣ кунанд, ки дӯст доштем дар ин поварақ ба чанде аз он андешаву назар андозем.
Ҳарфи аввал ё нуқтаи муҳим дар онаст, шодравон дар муқаддимаи мақола шаҳри Лоҳурро, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст, аз марказҳои муҳими илмиву адабӣ тавсиф карда, қайд кардаанд, ки он парварандаи Масъуди Саъди Салмон, Сайид Алии Ҳуҷверӣ (аз бунёдгузори фирқаи Чиштия), Муҳаммад Иқбол, Ҳафиз Ҷоландарӣ (халлоқи суруди миллии Покистон ва дӯсти Сотим Улуғзода) ва Файз Аҳмад Файз (аз дӯстони устод Турсунзода) мебошад, ки аз беҳтарин аҳли адаби шибҳиқора буданд.
Тибқи ишораҳои шодравон дар инҷо ҳоло адибони зиёде ба монанди Ваҳид Ахтар Ишрат, Рафиддуни Ҳошимӣ, Сайид Акрам Икром, Таҳсин Фироқӣ, Ҷаъфар Балуч, Оғо Муҳаммад Ямин (аз дӯстони Абдуғанӣ Мирзоев) Офтоб Асғар, Муҳаммад Суҳайли Умар ва Салим Мазҳар аз адибони муосир, иқболшиносон ва беҳтарин устодони забон ва адабиёти форсу тоҷик ҳастанд, ки бо мақолаву таснифоташон холигиҳои саҳифаҳои адабиро такомул бахшида, робитаи фарҳангию адабиро байни Тоҷикистону Покистон истеҳком мебахшанд.
Нуқтаи дуввум инаст, ки устод А.Афсаҳзод нақш ва аҳамияти забони моро дар фаҳму дарки ашъори Иқбол муҳим шуморида, таъкид мекунад, ки тибқи санадҳои илмӣ ва таърихӣ форсӣ-тоҷикӣ дар ин сарзамин ҳазор сол ба унвони забони фарҳангӣ, идорӣ, дарборӣ ва сиёсӣ чун қалби мардум ва забони Покистон буда, тамоми уламои инҷо бо он менавиштанд ва ифтихор мекарданд. Он дар тамоми мероси динӣ ва ирфонӣ ва илмӣ мавриди истифода шуда, бидуни донистани он иқболшиносӣ ғайри мумкин аст. Ҳамин нуқтаро муаллифи китоби "Иқбол дар роҳи Мавлавӣ", устоду мубаллиғи фурӯғи забон ва адаби форсӣ-тоҷикӣ Сайид Акрам Икром таъкид мекунанд, ки аллома Иқбол забони форсӣ-тоҷикиро дар Шибҳиқора ба қадре муҳкам кард, ки заволнопазир шудааст.То кунун шаш-ҳафт ҳазор ҷилд китоб бо забонҳои мухталиф дар бораи афкор ва ҳунарҳои Иқбол навишта шудаанд. Ҳоло ҳеҷ кас наметавонад афкори Иқболро баррасӣ кунад, ҷуз ин ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ ошно шавад ҳатто агар дар Шарқ ё Ғарб бошад. (маҷаллаи "Симои фарҳангии Лоҳур", 1998, шумораи 9,с.5,6,7).
Устод А.Афсаҳзод коргузориҳои илмӣ ва нақши забони тоҷикиро муҳим арзёбӣ карда, таъкид кардааст, ки форсие, ки Иқбол мегӯяд ва дар Покистон мешиносанд, ин пеш аз ҳама забони тоҷикӣ ва урфу одатҳое, ки покистониҳо, хоса Лоҳуриҳо қабул кардаанд, урфу одати мардуми Бухорову Самарқанд аст. (Иқболшиносӣ, 2016, с.198)
Худи Иқбол ин васли забониро дар яке аз шеърҳояш мояи фурӯғи адаб дониста, чунин таъкид мекунад:
Агарчи зодаи Ҳиндам, фурӯғи чашми манаст,
Зи хоки поки Бухорову Кобулу Табрез.
Нуқтаи дигаре, ки устод А.Афсаҳзод таъкид кардааст, ин симо ва намои биноҳои қадимаи шаҳри Лоҳур мебошанд, ки ҳар девор ва иморати он аз анъанаҳои меъмории Самарқанду, Бухорову Хуҷанду Истаравшану Ҳисору Ҳинд таркиб ёфта, ҳунармандии мардумони моро нишон медиҳад, ки аллома Иқбол онро кашшофона ташхис карда, кайҳо чунин мужда дода аст:
Буд меъморе зи иқлими Хуҷанд,
Аз фани таъмир меҳри ӯ буланд.
Шакли меъмории биноҳои инҷо аз ҳунари халлоқияту косибгарии мардуми ҳунарманде шаҳодат медиҳад, ки мояи ифтихори мо тоҷикон мебошад, гӯзаштаҳои мо чунин ҳунарманду косибу кашшофкор буданд, ки сарзамини Покистон низ аз онҳо то имрӯз ифтихор менамояд. Ба қавли устод шодравон А.Афсаҳзод покистониҳо хеле боҳунар буда, дар кӯчаву бозор, фурӯшгоҳҳои назди музейҳо корхонаҳои ҳунармандӣ, экспонат ва намоишгоҳҳо дида мешавад, ки ҳунари кандакорӣ, кулолгарӣ, чинисозӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолибофӣ,гулдӯзӣ, муҷассамасозӣ,хушнависӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ хеле моҳир буда, бо асосҳои ҳиндӣ тобишҳои шарқӣ ва тоҷикӣ хеле дилкашу дилрабо омезиш ёфта, бинандаро ба худ ҷазб мукунанд.
Дигар нуқтае, ки тоҷикону покистониҳоро васл мекунад, ҳамномиҳои бисёре аз маконҳову боғҳо аз қабили Лаҳори Покистону дашти Лоҳури Тоҷикистон, Файзобод, Панҷобу Панҷрӯду Ҷоландар, "Иқбол Гулшан порк", "Боғи Ҷиноҳ" ва ғайра мебошанд, ки робитаи забонию адаб ва фарҳангиро байни ҳар ду халқҳо нигоҳ медоранд.
Метавон инҷо ишора кард, ки шодравон бо файзи чунин сафари илмии худ тавонистанд, чанд паҳлуҳои адабию забониро байни тоҷикону покистониҳо равшантар муаррифӣ кунанд, ки тамоми корнамоиҳои илмиву адабияшонро адибони покистонӣ хусусан устодони забон ва адабиёти форсу тоҷик мавриди ситоиш қарор дода, китоби “Камол Хуҷандӣ- устоди ғазал”-ро чун аввалин сарчашмаи илмӣ дар шинохти ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ барои аҳли адаби шибҳи қораи Ҳинд эътироф намуданд.
Барои насли имрӯз ва нигорандаи сатрҳо мояи ифтихору шарафмандӣ аст, ки устод Аълохонро дар ватани Иқбол дар бинои яке аз қадимтарин марказҳои илму маърифати Осиё, Донишгоҳи Панҷоб (соли таъсис 1870) дар арафаи баргӯзории конгресси сеюми байналмилалии аллома Муҳаммад Иқбол аз наздик мулоқот намуда, мушарраф ба дидорашон гашт, ки чеҳраи нурониашон пеши назар меояд, ки чунин ёдоварӣ намуданд:
Дар пушти китоби ту навиштам,
Ин қитъа барои ту навиштам.
Шояд, ки ба ин баҳона рӯзе,
Инро бубинию ба ёдам орӣ.
Ҳамин тариқ, устоди зиндаёд бо як рӯҳия ва отифаи инсонӣ бо дасти мубораки худ мушфиқона насиҳат карда, чунин дарҷ намуданд,
“Ҳувал Вадуд,
Бародари азиз Мирсаид! Рӯзи аввали ба Лоҳур омадан шуморо дидам, хело хушҳол шудам ва гӯё фарзанди падари худро дидам.Алҳақ устод Рӯдакӣ фармудаанд:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон....
Хулосаи калом адибони зиндаёд шодравон Мирзо Адиб ва Аълохон Афсаҳзод яке аз Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар тӯли ҳаёти худ худ тавонистанд мактаби хоси худро эҷод намуда бо асарҳои беҳтарини тавонист холигиҳои саҳифаҳои адабиётро комил ва мукаммал гардониданд. Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ хусусан Ҳиндустону Покистону Бангладеш бо донишмандони бузурги тоҷик чун устоду омӯзгор аз шахсони фозилу равшанзамиру барнодил мебошанд, ки осори онҳо то имрӯз боқӣ мондааст. Бояд таъкид намуд, ки ин ҳама бузургони адабу забон чун муаллими башар дар тарбияи маънавии инсонҳо нақши муассир дошта, боиси эҳтиром ва шаҳомат гардидаанд. Ин ҳама бузургони забону адаб дар фурӯғу равнақи забону адаб ва ҳунару меъморӣ нақши таърихӣ гузоштаанд.
РАҲМОНОВ Мирсаид.
ходими калони илмии
Шуъбаи Осиёи Ҷанубию Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон