Дар шароити ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ такмили механизмҳои татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти махсус касб менамоянд. Яке аз воситаҳои муҳимтарини таъмини принсипи инсондӯстӣ дар сиёсати давлатӣ институти авф мебошад, ки ба давлат имкон медиҳад то ҳангоми татбиқи таъсири ҳуқуқи ҷиноятӣ байни принсипҳои адолат ва раҳму шафқат мувозинатро нигоҳ дорад. Дар амалияи байналмилалӣ авф ҳамчун санади махсуси давлат эътироф мегардад, ки ба озод намудани гурӯҳҳои муайяни шахсон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё ҷазо равона шудааст. Бар хилофи бахшиш, ки хусусияти инфиродӣ дорад, авф нисбат ба доираи васеи шахсон, ки бо қонун муайян гардидаанд, татбиқ мешавад.
Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 давлат вазифаи барқарор намудани на танҳо институтҳои давлатӣ, балки эътимоди ҷамъиятӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоиро низ ба зимма дошт.
Дар чунин шароит сиёсати давлатӣ ба ҳамоҳангсозии принсипҳои қонуният, адолат ва инсондӯстӣ асос ёфт. Дар ин раванд ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷамъиятӣ нақши калидӣ доранд.
Таҷрибаи қабули қонунҳои авф дар давраи истиқлолият яке аз намунаҳои барҷастаи чунин сиёсат мебошад. Авф на танҳо ҳамчун институти ҳуқуқи ҷиноятӣ, балки ҳамчун воситаи татбиқи вазифаи иҷтимоии давлат арзёбӣ мегардад.
Дар солҳои истиқлолият авф борҳо ҳамчун воситаи муҳими татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати таҳкими ризоияти ҷамъиятӣ, рушди принсипи инсондӯстӣ дар қонунгузорӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ истифода шудааст.
Дар рушди сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли 2026 ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйдоди муҳим мебошад.
Ташаббускори қабули ин қонун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешниҳоди Сарвари давлат аз талоши идомаи сиёсати инсондӯстона, таҳкими суботи иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироии иҷтимоии шаҳрвандоне, ки роҳи ислоҳро пеш гирифтаанд, шаҳодат медиҳад.
Ин санади қонунгузорӣ яке аз бузургтарин иқдомҳои инсондӯстона дар сиёсати давлатӣ дар солҳои охир буда, ба рушди низоми ҳуқуқӣ ва механизмҳои мутобиқшавии иҷтимоии шахсони озодшаванда таъсири назаррас мерасонад. Ин санади қонунгузорӣ таҷассуми равшани сиёсати инсондӯстӣ, ризоияти миллӣ ва адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таҷрибаи татбиқи авф нишон медиҳад, ки қонунгузор ба ҳифзи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Маъмулан занон, ноболиғон, шахсони калонсол, маъюбон ва шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин ва миёнавазнин содир намудаанд, таҳти амали авф қарор мегиранд.
Авф аҳамияти калони иҷтимоӣ дошта, на танҳо ба муносибатҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ, балки ба доираи васеи равандҳои ҷамъиятӣ таъсир мерасонад.
Пеш аз ҳама, авф ба таҳкими институти оила мусоидат менамояд. Бозгашти маҳкумшудагон ба назди оилаҳои худ имкон медиҳад робитаҳои иҷтимоии вайроншуда барқарор гардида, дастгирии фарзандони ноболиғ таъмин ва арзишҳои оилавӣ таҳким ёбанд.
Ҷанбаи иқтисодии авф низ муҳим мебошад. Озод шудани шахсони қобили меҳнат барои бозгашти онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ замина фароҳам оварда, ба баланд гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ ва кам шудани сарбории иҷтимоӣ ба давлат мусоидат мекунад.
Ғайр аз ин, авф боиси кам шудани сарборӣ ба муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мегардад. Кам шудани шумораи маҳкумшудагон имконият медиҳад, ки шароити нигоҳдории шахсони боқимонда беҳтар гардид.
Аҳамияти махсуси авф дар таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат зоҳир мегардад. Бо фароҳам овардани имконияти ислоҳ ва бозгашт ба ҳаёти муқаррарӣ давлат садоқати худро ба принсипҳои инсондӯстӣ ва эҳтироми шаъну шарафи инсон нишон медиҳад.
Хусусияти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли 2026 самти равшани иҷтимоии он мебошад. Қонун озод намудан ё сабук намудани ҷазоро барои шумораи зиёди шаҳрвандон, аз ҷумла ноболиғон, занон, маъюбон, шахсони калонсол ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пешбинӣ менамояд.
Таваҷҷуҳи махсус ба маҳкумшудагони ноболиғ зоҳир гардида, зарурати таъмини бозгашти пурраи онҳо ба таҳсил, тарбия ва рушди муқаррарии иҷтимоӣ пеш меояд.
Аҳамияти иҷтимоии ин қонун дар он зоҳир мегардад, ки давлат ба ҳазорон шаҳрвандон имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргарданд, фаъолияти меҳнатиро барқарор намоянд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок кунанд ва ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд.
Қабули қонун ҳамчунин ба таҳкими ризоияти ҷамъиятӣ, паст намудани шиддати иҷтимоӣ ва рушди минбаъдаи принсипҳои инсондӯстӣ дар низоми ҳуқуқии миллӣ мусоидат менамояд.
Институти авф дар ташаккули модели миллии инсонгароии сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. Ин модел аз он бармеояд, ки ислоҳи инсон танҳо тавассути ҷазо имконнопазир аст. Барои ин ба шахс бояд имконият дода шавад, ки робитаҳои иҷтимоии худро барқарор намояд, ба фаъолияти меҳнатӣ баргардад ва дубора узви комилҳуқуқи ҷомеа гардад.
Дар ин росто Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз соли 2026 идомаи мантиқии сиёсати оштии миллӣ, таҳкими ризоияти ҷамъиятӣ ва рушди давлати иҷтимоӣ мебошад.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарини татбиқи авф таъмин намудани мутобиқшавии иҷтимоии шахсони аз ҷазо ва ҷавобгарӣ озодшуда мебошад. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки самаранокии авф на танҳо аз шумораи шаҳрвандони озодшуда, балки аз дараҷаи ҳамгироии минбаъдаи онҳо ба ҷомеа вобаста аст.
Дар ин самт нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ махсусан муҳим мебошад. Ҳама ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ бояд дар ҳамгироии шахсони авфшуда ва бозгашти онҳо ба ҳаёти солиму осоишта мусоидат намоянд. Муҳимтарин масъалаҳо дар ин раванд ин бо шуғл таъмин намудани шаҳрвандони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ озодшуда мебошад. Барои касбомузӣ ва бозомӯзии малакаву маҳорати касбӣ ба онҳо бояд мусоидат карда шавад. Табиист, ки қисми зиёди онҳо ба машваратҳои ҳуқуқӣ, барқарорсозии равонӣ ва дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд. Биноан, дар ин раванд нақши махсус ба мақомоти маҳаллӣ тааллуқ дорад, ки метавонанд ба ҳамгироии собиқ маҳкумшудагон ба ҷомеа мусоидат намуда, аз канормонии иҷтимоии онҳо пешгирӣ намоянд.
Нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фарҳангӣ низ барои баргардонидани маҳкумшудагон ба ҳаёти осоишта муҳим аст. Арзишҳои анъанавии ахлоқии ҷомеаи Тоҷикистон метавонанд ба ислоҳи шахсият ва ташаккули рафтори қонунмеҳвар таъсири мусбат расонанд.
Воситаҳои ахбори омма низ бояд дар ташаккули муносибати мусбати ҷомеа барои бозҳамгироии иҷтимоии шахсони озодшуда ва бартараф намудани қолабҳои манфӣ нисбат ба онҳо саҳми фаъол гузоранд.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатӣ татбиқи барномаи гуногуни мутобиқшавии иҷтимоии шахсони аз рӯи тибқи қонуни авф аз ҷазо озодшуда зарур мебошад, ки ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин менамоянд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки институти авф дар Тоҷикистон на танҳо аҳамияти ҳуқуқӣ, балки аҳамияти калони иҷтимоӣ низ дорад. Он ба таҳкими оила, коҳиш додани сарбории низоми иҷрои ҷазо, таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди механизмҳои ҳамгироии ҷамъиятии шахсони аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озодшаванда мусоидат менамояд.
Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.