Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рамзҳои асосии давлатдории соҳибистиқлоли тоҷикон аст, дар марҳилаи муҳими ташаккули давлати навин қабул гардид. Дар солҳои аввали истиқлоли ватани азизамон, дар шароите, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тағйироти сиёсии ҷиддӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ буда, қабули ин рамз зарурӣ ва айни муддао мебошад, зеро он ҳамчун воситаи муттаҳидсозии миллати тоҷик аҳамияти махсус дошт. Лозим ба ёдоварист, ки ҳар давраи муайяни таърихӣ парчами хоси худро дошт ва рамзҳои шӯравии қаблӣ низ дигар мувофиқи мақоми нави ҷумҳурӣ набуд, з-ин рӯ барои интихоби тарҳи нави парчам мусобиқа эълон гардида буд, ки дар он зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод шудааст. Дар натиҷа аз байни иштирокчиён, тарҳи рассом Зуҳур Ҳабибуллоев, тарроҳ Анатолий Заневский ва муҳаққиқони санъат Ирина Игнатушина ва Лариса Додхудоева интихоб карда шуданд. Бояд гуфт, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳамияти махсус дошт. Зеро 24 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Бо ҳамин ҳуҷҷат, парчам дар шакли имрӯзааш расман тасдиқ ва ба рамзи давлатии ҷумҳурӣ табдил ёфт.
Агар ба саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик назар андозем мебинем, ки парчам дар се шакл тасвир ёфтааст: парчами давраи қадим ва асримиёнагӣ, парчами давраи шӯравӣ ва парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол. Ҳар яке аз ин шаклҳо бо шароити сиёсӣ, сохтори давлатӣ ва арзишҳои фарҳангии давраи худ фарқ мекунанд.
Дар ривоятҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, парчами Коваи оҳангар ҳамчун яке аз аввалин нишонаҳои муборизаи мардуми эронӣ бар зидди зулму бедодгари Заҳҳок тасвир шудааст. Тибқи ривояти машҳур, Коваи оҳангар пешбанди чармии худро ба сари найза баст ва онро ҳамчун парчам барафшонд, аз ин рӯ, он ҳамчун рамзи қиёми мардумӣ, ҷасорат ва орзуи озодӣ маънидод мешавад.
Мувофиқи маълумотҳои дастрасшуда аз инсклопедияи тоҷик, дар баъзе ривоятҳо ва тасвирҳои таърихӣ, парчами Коваи оҳангар чунин тасвир ёфтааст: матни чоркунҷашакли сурх ё сурхранг, дар маркази он ситораи чоршуоъдор, дар нӯги найза уқоби болкушода ва дар панҷаҳои уқоб тӯпҳои тиллоӣ. Ин тасвир дар баъзе манобеи таърихӣ ва фарҳангӣ ҳамчун “дирафши Ковиён” ёдовар мешавад. Он ба муборизаи эрониён бо сарварии Коваи оҳангар бар зидди Заҳҳок алоқаманд дониста мешавад.
Дар ин радиф таҳлилгари соҳа Раҳмонзода А. дар мақолаи худ, ин нуқтаро чунин овардааст, ки “Дирафши ковиёнӣ - рамзи нахустини давлатдории ориёиён мебошад ва аз он замон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ ва давлату давлатдорӣ дар байни халқу миллатҳои дунё қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифт”.
Ин ривоят нишон медиҳад, ки парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ягонагӣ ва муборизаи мардумӣ арзёбӣ шудааст.
Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи худ, ин матлабро чунин тасвир намудааст:
Чу он пӯст бар найза бардид Кай,
Ба некӣ яке ахтар афканд пай.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳамехондаш “Коваёни Дирафш”
Аз тавсифи Фирдавсӣ маълум мегардад, ки “Дирафши Коваёнӣ” аз пусти шер сохта шуда, баъди пирӯзӣ ба Заҳҳок аз ҷониби Фаридун ба он тағйирот даровард шудааст.
Аз нигоҳи таҳлилӣ, тасвири уқоб дар парчами Коваи оҳангар рамзи қувват, ҷасорат ва ифтихори миллӣ маҳсуб мешавад. Ситораи чоршуоъдор ва тӯпҳои тиллоӣ низ бо мафҳумҳои нур, озодӣ ва сарвати миллӣ алоқаманд дониста мешаванд. Ин тасвир дар таърихи фарҳангии тоҷикон ҳамчун нишонаи мубориза бар зидди зулм ва орзуи озодӣ арзёбӣ мешавад.
Дар даврони Ҳахоманишиниҳо ( 558 - 330 ) низ парчам рамзи хоси худро дошт. Парчами онҳо ранги сурх дошта бо шилшилаҳои сурх, сафед, сабз оро гардида, дар мобайни он уқоби болҳояш кушода тасвир шуда буд. Чи тавре, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ медонем, тасвири расми Уқоб нишонаи қудрату тавоноӣ дошт ва қадимтарин рамзи ориёиҳо ба ҳисоб мерафт.
Дар масири ин гуфтаҳо коршиноси шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Раҳмонзода А. дар мақолаи таҳлилии худ чунин овардаанд, ки “дар таърихи халқи тоҷик ҳанӯз дар асри V то милод дар ҷанги байни юнониёну форсҳои ҳахоманиш, ҳар лашкар парчами худро дошт. Дар ин парчам асосан акси шери болдор нақш баста буд, ки рамзи тавоноӣ, бузургӣ, ҳашамат, матонат, ҷасорат ва ботамкинию хирадмандӣ буд”.
Яъне парчами Ҳахоманишиҳо бо рангу тасвирҳои дар худ овардашуда баёнгари империяи неруманди замонро дорад.
Бо гузашти вақт, шароити сиёсӣ ва сохтори давлатӣ парчам дар даврони Сосониён, ки ба солҳои 224 - 651 рост меояд, шаклан тағйир ёфта, дар қисми болои он парандаи заррин — мурғи ҳумо таҷасум ёфта, дар чангҳояш саққоҳои тиллоӣ дорад. Дар ин маврид коршиноси соҳа дар бахши осорхона Фирдавси Абдулҳамид ба чунин назаранд “агар мо ба гӯшаи Осорхонаи миллӣ назар афканем, намунаҳои дирафши Ҳахоманишиҳо ва Сосониён (шакли бозсозишуда)- ро” дида метавонем, ки ба намоиш гузошта шудаанд.
Ҳамин тавр, дар давраҳои минбаъда низ ниёгони мо дар пайравӣ ба фарҳанги парчамдории ниёгон, ки албатта, решаҳои он ба умқи таърих мераванд, парчами хоси худро доштанд.
ДОСТИЕВА Дилафруз,
ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ