×

ИНЪИКОСИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАСОНАҲОИ КИШВАРҲОИ ХОВАРИ МИЁНА

Бозгашт ба мавод

ИНЪИКОСИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАСОНАҲОИ КИШВАРҲОИ ХОВАРИ МИЁНА

ИОМДОА Сиёсат 19-11-2026 ш.Душанбе
ИНЪИКОСИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАСОНАҲОИ КИШВАРҲОИ ХОВАРИ МИЁНА

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносии мардум ва муаррифии рамзҳои давлатдорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Яке аз чунин рамзҳои муҳими давлатдорӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки таҷассумгари истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти таърихии халқи тоҷик ба шумор меравад.

Ҳамасола 24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана ба қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, алоқаманд аст. Аз ин рӯ, Парчами давлатӣ на танҳо рамзи расмии кишвар, балки ифодагари марҳилаи муҳими ташаккули давлатдории навини тоҷикон мебошад.

Ин рӯйдоди муҳим дар баъзе воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои араб низ инъикос ёфта, барои шиносоии хонандагони арабзабон бо таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии Тоҷикистон замина фароҳам овардааст.

Аз ҷумла, рӯзномаи мисрии «Ал-Хабар ал-Явм» 24 ноябри соли 2024 мақолаеро таҳти унвони «Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» нашр кардааст. Муаллифи мақола Фотима Бадавӣ, дар он баргузории роҳпаймоии идона дар шаҳри Душанберо бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони сохторҳои давлатӣ инъикос намудааст. Муаллиф ҳамчунин ба аҳамияти таърихии Парчами давлатӣ, қабули он дар соли 1992 ва нақши ин рамзи миллӣ дар ифодаи ваҳдату ҳувияти миллии тоҷикон таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Ҳамчунин, рӯзномаи мисрӣ дар гузориши худ аз ҷараёни чорабинӣ, ки миллати сарбаланду куҳанбунёди тоҷик беш аз чор ҳазор сол боз соҳиби парчам буда, онро ҳамчун рамзи вафодорӣ, дӯстӣ ва шараф гиромӣ медорад, таъкид кардааст. Ба навиштаи рӯзнома, Парчам дар тӯли таърих таҷассумгари ифтихори миллӣ, ҳувият, ваҳдат ва тамомияти арзии кишвар ба шумор рафта, халқи тоҷик таҳти ин рамз барои ҳифзи ягонагӣ, шараф, забон ва фарҳанги худ талош кардааст ва ин рисолатро минбаъд низ идома хоҳад дод.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, барои мардуми кишвар ҷашни нодиру арзишманд ба шумор меравад. Сокинони Тоҷикистон ҳар сол ин рӯзро бо дастовардҳои нав ва муваффақиятҳои пайдарпай истиқбол мегиранд. Ҷанбаи дигари инъикоси Рӯзи Парчами давлатӣ дар расонаҳои арабӣ ба муаррифии хусусиятҳои таърихӣ ва рамзии он алоқаманд аст. Иттиҳоди хабаргузориҳои Созмони ҳамкории исломӣ (UNA), ки қароргоҳаш дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷойгир аст, 24 ноябри соли 2014 гузоришеро таҳти унвони «Тоҷикистон Рӯзи Парчами миллиро бо сутуни парчами баландии 165 метр таҷлил мекунад» нашр кардааст. Дар иттилои Иттиҳоди хабаргузориҳои Созмони ҳамкории исломӣ омадааст, ки аз соли 2009 дар Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад. Ин сана бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни кишвар «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардида, аз ҷониби Парлумон тасдиқ шудааст. Дар гузориши ин созмон ҳамчунин ба бунёди яке аз сутунҳои баландтарини парчам дар ҷаҳон дар соли 2011 дар назди Қасри миллат дар шаҳри Душанбе ишора шудааст. Дар идомаи гузориш зикр мегардад, ки ба муносибати ин ҷашн дар пойтахт, шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар роҳпаймоиҳо ва ҷамъомадҳои ҷашнӣ баргузор гардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиати телевизионӣ мардумро табрик менамояд. Инчунин дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки Парчами миллӣ таърихи бой ва чандҳазорсола дошта, яке аз рамзҳои муҳими шаъну шараф ва давлатдории тоҷикон мебошад. Ҳамчунин, дар гузориши UNA андешаи як донишҷӯи тоҷик оварда шудааст, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ, ҳамон гуна ки эҳтиром ба Нишон ва Суруди миллӣ аст, нишонаи эҳтиром ба давлат ва соҳибихтиёрии он мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ин се рамзи давлатӣ аз муқаддасоти арзишманди миллӣ ба шумор рафта, ҳифзу гиромидошти онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Имрӯз парчамҳо дар майдонҳову кӯчаҳо парафшон буда, дар қалби мардум муҳаббат ба Ватан ва ифтихори шаҳрвандиро бедор мекунанд. Ҳамзамон муаллифи гузориш Парчами миллиро ҳамчун рамзи шаъну шараф, истиқлолият ва ифтихори шаҳрвандӣ муаррифӣ намуда, аз эҳтироми мардум ба ин муқаддасоти давлатӣ ёдовар шудааст.

Маводҳои мазкури нашршуда нишон медиҳанд, ки расонаҳои арабӣ ҳангоми инъикоси чунин санаҳои муҳими таърихӣ на танҳо ба худи чорабиниҳои идона, балки ба паҳлуҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва рамзии онҳо низ таваҷҷуҳ мекунанд. Аз ҷумла, дар гузориши UNA масъалаи робитаи Парчами давлатӣ бо таърихи давлатдории тоҷикон ва анъанаҳои қадимаи парчамдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар ин раванд, Нодир ал-Васир - нависандаи кувайтӣ дар мақолаи худ таҳти унвони «Тоҷикон дар тамаддуни башарӣ ва исломӣ» ба масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва мероси таърихии мардуми тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид мекунад: «Агар халқҳои зинда таърихи худро фаромӯш накунанд ва барои ҳифзи ҳувияти худ талош варзанд, пас миллати бузург худро танҳо гурӯҳе аз шаҳрвандоне намедонад, ки дар сарзамини худ зиндагӣ мекунанд, балки худро ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии он мешуморад. Онҳо мисли кӯҳанд, ки сарзамини худро устувор ва хуни онҳо монанди обҳои равон дар қаъри он кӯҳҳост». Муаллиф дар идомаи андешаҳои худ мардуми тоҷикро ҳамчун миллате муаррифӣ мекунад, ки ба пояҳои ҳувияти миллӣ устувор буда, мероси ғании таърихию фарҳангии худро ҳифз менамояд ва ҳамзамон ба рушди давлат, пешрафти илм ва ҳамқадамӣ бо тамаддуни ҷаҳонӣ аҳаммияти хосса медиҳад, чунки илова мекунад «Мардуми тоҷик чунин миллатест, ки то имрӯз ба пояҳои ҳувияти худ устувор буда, мероси куҳанбунёди худро ҳифз менамояд ва ҳамзамон ба рушди давлат, пешрафти илм ва ҳамқадамӣ бо тамаддуни ҷаҳонӣ эътиқоди қавӣ дорад». Инчунин нависандаи кувайтӣ дар идомаи сухан таъкид мекунад, ки «Решаҳои миллати тоҷик дар умқи таърих нуҳуфтаанд ва фарҳанги он дар хотираи таърихӣ шохаҳои гуногун ва густурда дорад. Аҷдодони ин миллати куҳанбунёд аз қадимтарин давраҳо дар ин сарзамини бостонӣ зиндагӣ кардаанд. Тибқи гузоришҳои экспедитсияҳои бостоншиносии Русия, инсон аз оғози таърих дар ин минтақа маскун гардидааст». Ин арзёбӣ, ки аз ҷониби нависандаи кувайтӣ баён шудааст, на танҳо аз қадимӣ будани таъриху фарҳанги миллати тоҷик, балки аз таваҷҷуҳи расонаҳо ва қаламкашони араб ба ҳувияти миллии он низ шаҳодат медиҳад. Чунин таваҷҷуҳ барои дарки ҷойгоҳи рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ, ҳамчун таҷассумгари соҳибистиқлолӣ, ваҳдат ва худшиносии миллӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.

Дар маҷмӯъ, таҳлили маводҳои нашршуда дар расонаҳои арабизабони хориҷӣ нишон медиҳад, ки инъикоси Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бештар дар се самт сурат гирифтааст: аввал, муаррифии Парчам ҳамчун рамзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ; дуюм, бозтоби таърихи давлатдорӣ ва ҳувияти миллии халқи тоҷик; сеюм, инъикоси чорабиниҳои идона ва иштироки шаҳрвандон дар таҷлили ин санаи муҳим мебошад.

Ҳамин тавр, инъикоси Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расонаҳои арабии хориҷӣ яке аз воситаҳои муаррифии таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон дар фазои иттилоотии кишварҳои араб ба шумор меравад. Чунин мавод барои шиносоии ҷомеаи арабзабон бо рамзҳои давлатии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои иттилоотию фарҳангӣ ва густариши муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон, таҳлили инъикоси ҷашнҳои миллӣ дар расонаҳои хориҷӣ метавонад ҳамчун яке аз самтҳои омӯзиши имиҷи иттилоотии Тоҷикистон дар муҳити байналмилалӣ хизмат намояд.

ОДИНАЕВ Абдуҳалим,

ходими калони илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ