×

БАЁНИЯИ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба: ҳолат ва дурнамо» Душанбе, 29 сентябри соли 2026

Бозгашт ба мавод

БАЁНИЯИ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба: ҳолат ва дурнамо» Душанбе, 29 сентябри соли 2026

ИОМДОА Дигар 29-09-2026 ш.Душанбе
БАЁНИЯИ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ  таҳти унвони «Мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба: ҳолат ва дурнамо» Душанбе, 29 сентябри соли 2026

Конференсияи илмӣ-амалии «Мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба: ҳолат ва дурнамо» дар таърихи 29 сентябри соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ баргузор гардид.

 Дар кори конференсия беш аз 43 нафар олимону муҳаққиқон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, дар атрофи масъалаҳои мухталифи марбут ба авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик суханронӣ намуданд.

Дар суханрониҳо масъалаҳои зерин мавриди баҳс қарор дода шуданд: Эрони муосир дар матни бозиҳои геопалитикии Шарқи Наздик ва Миёна; Асосҳои назариявӣ ва методологии таҳқиқоти масоили таъмини сулҳу субот дар Шарқи Наздик; Фарҳанги хотира ва мақоми он дар сиёсати кишварҳои арабии Шарқи Наздик; Мавқеи геофарҳангии Шарқи Наздик ва Миёна дар доираи ҷаҳони бисёрқутба: ҳолат ва дурнамо; Фарҳанг ҳамчун омили ҳамгироӣ ва ҳамкории тамаддунҳо дар Шарқи Шарқи Наздик ва Миёна; Ховари Миёна дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар шароити ҷаҳони бисёрқутба: омилҳои геосиёсии бесуботӣ ва низоъҳо; “Паймони Иброҳим” ва таҳаввулоти Шарқи Наздик ва Миёна: таҳлили хронологӣ-геополитикӣ; Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар фазои геофарҳагии ҷаҳони бисёрқутба; Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ дар шароити ҷаҳони бисёрқутба; Таҳаввулоти стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Шарқи Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳони бисёрқутба; Робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Қатар дар замони соҳибистиқлолӣ: ҷанбаҳои геофарҳангӣ ва дурнамои ҳамкорӣ; Рақобати абарқудратҳо ва муҳандисии геостратегӣ дар Шарқи Наздик; Имконоти бисёрқутбӣ дар муносибатҳои иқтисодии ҷаҳони муосир; Мафҳуми ҷаҳони бисёрқутба дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ; Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: дар мисоли иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО); Дипломатияи рақамӣ ва тағирёбии механизмҳои “қудрати нарм”-и ШМА ва Канада дар шароити ҷаҳони бисерқутба; Хусусиятҳои раванди муҳоҷират дар Шарқи Наздик ва Миёна ва таъсири он ба амнияти минтақавии Осиёи Марказӣ дар шароити ҷаҳони бисёрқутба ва ғайра мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи суханрониҳо дар конфронси мазкур дар иртибот ба масоили конфронс якчанд пешниҳодҳо ворид гардиданд:

1.            Густариши таҳқиқотҳои муқоисавӣ ва таҳлилии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Шарқи Наздик ва Миёна, аз ҷумла Эрон, Қатар ва дигар кишварҳои минтақа, бо таваҷҷуҳ ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва гуманитарӣ.

2.            Тақвият бахшидани таҳқиқоти илмии байнисоҳавӣ оид ба равандҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ, геофарҳангӣ ва амниятии Шарқи Наздик ва Миёна ва таъсири онҳо ба Осиёи Марказӣ, бо ҷалби олимон, коршиносон ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар.

3.            Таҳияи тавсияҳои илмӣ-таҳлилӣ оид ба таъсири равандҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақаи Шарқи Миёна ба амнияти Осиёи Марказӣ, аз ҷумла масъалаҳои муҳоҷират, амнияти минтақавӣ, ифротгароӣ, тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ ва таъсири омилҳои нави геостратегӣ.

4.            Ташкили минбаъдаи конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва таҳқиқотҳои муштарак бо иштироки муассисаҳои илмӣ, таҳлилӣ ва коршиносони Тоҷикистон ва кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна, инчунин таҳияи нашрияи илмӣ-таҳлилӣ дар асоси натиҷаҳои чорабиниҳои илмӣ барои пешниҳоди хулоса ва тавсияҳои илмӣ ба сохторҳои дахлдор.

5.            Минтақаи Шарқи Наздик ва Миёна бо назардошти фарҳанги қадимаи Эрон ҳамчун яке аз маркази тамаддуни ҷаҳонӣ аст. Аз ин рў, кишварҳои минтақа метавонанд бозёфтҳои фарҳангӣ, мероси ғайримоддии худро, доир ба масоили ахлоқӣ, зебоишинохтӣ, танзими оила ва муносибатҳои оилавӣ, риояи одоби муошират ва ғайра дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ намоянд.

6.            Ҳамзамон кишварҳои мазкур барои густариши раванди муколамаи фарҳангҳо метавонанд нақши боризи худро гузоранд. Платформа дар он сурат муваффақ хоҳад шуд, ки талош варзад то низоъҳои динӣ, мазҳабӣ ва фарҳангиро тавассути риояи усулҳои таҳаммулпазирӣ, муколамаи байнидинӣ ва байнифарҳангӣ ҳаллу баррасӣ намуда, ваҳдати кишварҳои минтақаро устувор гардонанд.

7.            Рушди соҳаҳои туризми фарҳангӣ, санъати кино, мусиқӣ, мероси фарҳангӣ ва воситаҳои рақамӣ метавонанд воситаҳои таъсиргузор барои рушди соҳаи фарҳанги минтақа гарданд. Махсусан, платформаҳои рақамӣ шароит ба вуҷуд меорад, то мероси фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихӣ, расму анъанаҳо ба аудиторияи байналмилалӣ дастрас гарданд.

8.            Тақвият ва таҳкими самти рақамисозӣ ва дипломатияи рақамии фарҳангӣ ва дар ин замина эҷоди платформаи ягонаи мероси фарҳангии тоҷик. Аз ҷумла, рӯи кор гирифтани портали мултимедиявии бисёрзабона бо истифода аз ҳуши маснуӣ (AI) барои тарҷумаи фаврӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва дастрасии глобалӣ ба китобхонаи классикони адабиёт кӯмак хоҳад намуд. Ҳамчунин, таъсиси фонд ё грантҳои давлатӣ барои таҳияи бозиҳои видеоӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ дар асоси қиссаҳои «Шоҳнома», Авасто ва таърихи бостон шароит муҳайё хоад намуд.

9.            Ташкили сафарҳои олимон, фарҳангшиносон ва эҷодкорон ба ноҳияҳои дурдаст ҷиҳати баргузории мулоқотҳо ва боло бурдани сатҳи ҳуввияти маҳаллӣ-миллӣ.

10.       Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамкорӣ бо “брендинги байналмилалӣ”: Табдил додани атлас, адрас, чакан ва кандакориҳо ба “брендҳои ҷаҳонӣ” тавассути ҷалби тарроҳони машҳури хориҷӣ ба ифтихори ҳамоҳангии рангҳои миллӣ ва муди муосир. Дар ин замина бунёди марказҳои ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби сайёҳон (эко-туризм ва этно-туризм) талаботи рӯз аст.

11.       Баргузории форуми доимоамалкунандаи олимони ҷаҳонӣ, ки таърих, забон ва тамаддуни тоҷиконро меомӯзанд. Дар ин ҳошия, баргузории рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хело зарур аст.

Бандҳои асосии маводи конфронс, ки ҳамчун масъалаҳои меҳварӣ  барои барраси пешниҳод гардида буданд, метавонанд дар солҳои оянда дар самти ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Шарқи Наздик ва Миёна густариш дода шаванд.