Мо – мардуми Тоҷикистон арзиши бебаҳои неъмати сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро замоне дарк кардем, ки мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидем.
Эмомалӣ Раҳмон
Сулҳ арзиши бузургтарини инсоният ва заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таърихи башар нишон медиҳад, ки танҳо дар шароити сулҳу субот давлатҳо метавонад рушд ёбанд. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни давлатҳо яке вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки сулҳ бояд ҳамчун арзиши олӣ ва асоси рушди ҷомеа ҳифз карда шавад.
Таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, тақвияти таҳаммулпазирии байниҳамдигарӣ, фаҳмиш ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки дар қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид муайян шудаанд. Аз ин рӯ, ташаббуси навбатии Пешвои миллат таҳти унвони “Даҳсолаи байналлмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда,солҳои 2027-2036” дар таъмини сулҳ дар ҷаҳон мақоми меҳварӣ дорад.
Боиси ифтихори бузург аст, ки 25-уми июни соли 2026 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” барои солҳои 2027-2036 қабул гардид. Ин руйдод бори дигар собит намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуданд.
Барои Тоҷикистон қабули ин қатънома на танҳо дастоварди бузурги сиёсати хориҷӣ, балки фурсати муносиб аст, то таҷрибаи гаронбаҳои сулҳсозии худро ба ҷаҳониён пешниҳод кунад. Аммо дар амал татбиқ кардани хадафҳои ин Даҳсола танҳо аз як давлат вобаста нест. Он саъю кӯшиши муштараки давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, олимон, омӯзгорон ва пеш аз ҳама, ҷавононро тақозо менамояд Таҷрибаи сулҳ ва ваҳдатӣ миллӣ дар Тоҷикистон исбот кард, ки ҳатто дар душвортарин шароит низ бо роҳи гуфтугӯ, гузашт ва эътимоди мутақобила ба сулҳ расидан мумкин аст. Ин таҷрибаи имрӯз барои дигар кишварҳои ҷаҳон низ омӯзанда аст. Илова бар ин, Даҳсолаи байналмилалӣ имконияти хубест, ки таҷрибаи насли калонсол ва қуввату дониши насли ҷавонон ба ҳам пайваста шаванд. Ҳамкории пайвастаи ин насл метавонад барои сохтани ояндаи босубот ва обод заминаи устувор гузорад. Ҳар як инсон орзу дорад, ки дар муҳити орому осуда зиндагӣ кунанд, кор кунад ва фарзандонашро ба воя расонанд. Сулҳ бузургтарин неъмат ва заминаи асосии пешрафти ҳар як ҷомеа аст. Танҳо дар сурати мавҷуд будани сулҳу субот кишвар рушд мекунанд, мактабу корхонаҳо обод мешаванд ва ояндаи нек таъмин мегардад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо паси сар кардани марҳилаҳои душвори таърихӣ арзиши воқеии сулҳ, ваҳдат ва осоиштагиро бо тамоми ҳастӣ эҳсос намудааст. Қабул шудани қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” солҳои 2027-2036 бо ташаббуси Тоҷикистон ва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва исботи он аст, ки Тоҷикистон барои ояндаи насли имрӯзаю оянда таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Иқдоми мазкур ҳар як кишвари ҷаҳонро вазифадор месозал, ки дар фикри сулҳу суботи ҷаҳон бошанд ва аз низоъҳои сиёсӣ даст кашанд,то он ки ҷавонон имрӯзу фардо оромона зиндагӣ намоянд. Аз нигоҳи мо, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои глобалӣ равона шудааст, то он ки коҳиши бархӯрдҳои мусаллаҳона ва муколамаи тамаддунҳоро ба вуҷуд орад. Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки кишвари мо ҷонибдори роҳи муколамаи созанда дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
ИБРАГИМОВА Мадина,
ходими хурди илмии шуъбаи ШМА ва Канада,
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон