Ниёгони хирадманду рӯзгордидаи мо донишро беҳуда «қутбнамои зиндагӣ», «чароғи равшан», «ҷавшани тан», «парчами зафармандӣ» ва «устоди беминнат» нагуфтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.
Сарзамини тоҷикон аз азал маскани илму адаб, фарҳангу маърифат ва андешаи созанда буд. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябр ба ҳайси «Рӯзи дониш» ва бо баргузории оғози соли таҳсил — «Дарси сулҳ» таҷлил мегардад. Ин рӯз танҳо оғози як соли нави таҳсил нест, балки рамзи пайванди нокандании маориф ва амнияти кишвар, омили асосии ваҳдати миллӣ ва пойдевори ояндаи дурахшони насли ҷавон ба шумор меравад. Таҷлили ҳамоласолаи 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва баргузории «Дарси сулҳ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як чорабинии анъанавии маориф набуда ин падида асбоби стратегии сиёсати давлатӣ барои таҳкими шакли муайяни шуури ҷамъиятӣ, сиёсати пешгирии таҳдидҳо ва тарҳрезии ояндаи сиёсии кишвар мебошад. Баргузории «Дарси сулҳ» дар нахустин рӯзи солаи таҳсил дорои маънои амиқи рамзӣ аст. Вай ба мо хотиррасон мекунад, ки бидуни сулҳу устуворӣ ваҳдати миллӣ, Истиқлолият ҳеҷ як пешрафт дар соҳаи илму маориф, иқтисодиёт ва фарҳанг имконпазир нест. Худи калимаи Сулҳ мафҳумест, ки барои муайян кардани ҳаёти осошта, ором ва бидуни низоъ хидмат мекунад. Дар таърихи навин кишвари мо, арзиши сулҳ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва паси сар кардани машаққатҳои ҷанги шаҳрвандӣ дучанд гардид. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки соли 1997 ба имзо расид, оғози марҳилаи нави созандагӣ ва ободӣ буд.
Танҳо дар ҷомеае, ки суботи сиёсӣ ва амният ҳукмрон аст, мактабҳо ва донишгоҳҳо метавонанд бехатар ва босифат фаъолият кунанд. Сохтмони мактабҳои нави муҷаҳҳаз, озмоишгоҳҳо ва пешниҳоди технологияҳои муосир танҳо дар муҳити ором имконпазир мегардад. Сулҳ ба насли ҷавон имкон медиҳад, ки озодона андеша кунад, ҷаҳонбинии хешро васеъ созад ва ба таҳқиқоти илмӣ пардозад. «Дарси сулҳ» танҳо як соати дарсӣ ё маҷлиси тантанавӣ нест, балки як раванди муҳими тарбиявӣ ва ғоявӣ мебошад. Дар ин дарс ба донишомӯзон ва донишҷӯён арзишҳои бунёдии зерин омӯзонида мешаванд: ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, омӯзиши таърихи ниёгон ва фаҳмидани масъулияти худ дар баробари ҳифзи соҳибихтиёрии ватан, эҳтиром ба афкори дигарон, пешгирӣ аз эҷоди низоъҳо ва муколамаи озод, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ, яъне дарки он, ки сулҳи пойдор танҳо бо меҳнати содиқона ва дониши амиқи ҳар як шаҳрванд ҳифз мешавад. Донишмандону донишомӯзон ва дар умум кулли мардами ин сарзамин бояд дарк кунанд, ки ҳифзи сулҳ танҳо вазифаи давлат ё мақомоти низомӣ нест, балки масъулияти ҳар як фарди ҷомеа аст.
Дар асри XXI ҷаҳон бо таҳдидҳо ва хатарҳои нав, аз ҷумла радикализм, экстремизм, нияти нопоки бархе аз гурӯҳҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ рӯбарӯ аст. Дар чунин шароит дониш ва маърифат беҳтарин сипар дар баробари ин хатарҳо мебошанд. Донишомӯзони муосир бояд қобилияти таҳлили танқидии иттилоотро дошта бошанд, то ба доми ташвиқоти носолим наафтанд.
Дар ин росто ҷоиз ба таъкид аст,ки омӯзиши дақиқи фанҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва технологияҳои навин омили асосии рақобатпазирии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Забондонӣ ва муоширати ҷаҳонӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, ки фарҳанги тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кунанд ва аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ баҳра баранд.
1 сентябр «Дарси сулҳ» рамзи оғози роҳи нав ба сӯи дониш, камолот ва созандагӣ мебошад. Сулҳу ваҳдат ва донишу маърифат ду бол алоҳидаи як парвоз мебошанд, ки кишварро ба сӯи пешрафт ва шукуфоӣ мебаранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз минбари СММ ба намояндгони кули кишварҳо, роҳбарон ва дигар корпусҳои дипломати Даҳсолаи байналмилалмии таҳкими сулҳро барои наслҳои ояндаро эълон намуданд. Ин пешниҳод бароии рушди кишварҳо, дар самти илм, маориф, фарҳанг, иқтисод ва дигар самтҳои тақдирсоз равона шудааст. Ҳар як донишманд, донишомӯз ва донишҷӯ бояд аз ин фурсати тиллоии таҳсил истифода бурда, бо дониши амиқ, рафтори намунавӣ ва муҳаббат ба Ватан саҳми худро дар ҳифзи сулҳ ва рушди Тоҷикистони азиз гузорад. Танҳо насли олим, маърифатнок ва ватандӯст метавонад сулҳи пойдорро таъмин ва ояндаи дурахшони кишварро кафолат диҳад.
МАХМЕДОВ Муҳаммадҷон,
ходими хурди илмии шубаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ