Дар асари буҳрони назми либералӣ – гузариш ба неомеркантилизм ва пайдоиши биполяризми транзаксионии соягӣ (G2) байни Вашингтон ва Пекин минтақаи Осиёи Марказӣ ба яке аз муҳимтарин ва ҳассостарин ҳалқаҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони муосир мубаддал гаштааст. Ташаккул ва такомули назми байналмилалӣ дар нимаи даҳсолаи дуюми асри XXI боиси он гардид, ки Осиёи Марказӣ аз як минтақаи канории сиёсати ҷаҳонӣ ба маркази (узел) манфиатҳои стратегии абарқудратҳои глобалӣ ва минтақавӣ — Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои «дараҷаи дуюм», аз қабили Туркия ва Эрон табдил ёбад.
Таҳлили сиёсии қазияи мазкур имкон медиҳад, ки омилҳои калидии табдил ёфтани Осиёи Марказиро ба маркази рақобати геополитикӣ ба чанд самти асосӣ ҷудо намоем:
§ Мубориза барои назорати деглобализатсионии логистикӣ: Коҳиш ва заъиф гаштани транзити шимолӣ тавассути ҳудуди Россия аз сабаби низоъҳои геополитикӣ аҳамияти стратегии Даҳлези фарокаспийии байналмилалӣ (Транскаспийский международный транспортный маршрут – Срединный коридор) ва иқдомҳои Чин дар доираи стратегияи «Як камарбанд, як роҳ»-ро ба таври бесобиқа боло бурд. Дар натиҷа минтақаи Осиёи Марказӣ хусусияти махсуси геополитикӣ ба худ касб намуда, дар асл ба васила//купруки ягонаи заминии пайвасткунандаи Шарқ ва Ғарб мубаддал гашт.
§ Амнияти захиравию энергетикӣ: Дар шароити буҳрони энергетикии ҷаҳонӣ, ки дар асари низоъҳо ва чолишҳои шадиди Шарқи Наздик ва Эрон шиддат гирифт, захираҳои азими уран, газ, нафт ва металлҳои нодири Осиёи Марказӣ диққати махсуси ШМА, Иттиҳоди Аврупо ва Чинро ба худ бештар ҷалб намуданд.
§ Пешгирии таҳдидҳои фаромарзии ҷанубӣ: Наздикии ҷуғрофӣ ба Афғонистон ва хавфҳои паҳншавии экстремизм, терроризми фаромарзӣ ва наркотрафик абарқудратҳоро маҷбур месозад, ки Осиёи Марказиро ҳамчун сипари асосии амнияти АвруОсиё баррасӣ кунанд.
Падидаи дигари нодир ва яке аз омилҳои калидии тағйироти куллии фазои минтақа ва мақоми геополитикии Осиёи Марказӣ ин раванди рушди босуръати субъектнокии худи Осиёи Марказӣ мебошад [1]. Кишварҳои минтақа (Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон) дигар намехоҳанд танҳо ҳамчун «объекти пассиви» бозиҳои бузурги абарқудратҳо баромад намоянд. Имрӯз дар асари таъсири буҳронҳои ҷаҳонӣ равандҳои созандаи ҳамгироӣ ва пайвастагии ногусастании дохилиминтақавӣ такони ҷиддӣ ва суръати нав ба худ касб кардааст.
Корпояи марказии ин субъектнокии нав Конфронсҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ гардид, ки дар доираи онҳо панҷ кишвари минтақа кӯшиш мекунанд мавқеи ягона ва тамаркуздодашудаи худро дар баробари фишорҳои геополитикии хориҷӣ тарҳрезӣ намоянд. Ин ҳамгироӣ ва пайванди геополитикӣ имкон дод, ки корпояи дипломатии «С5+1» (Осиёи Марказӣ + як абарқудрат) ҳамчун дипломатияи минтақавӣ барои таъмини амният, суботи сиёсӣ ва рушди устувор сифати нав пайдо кунад. Имрӯз саммитҳои формати «С5+1» на танҳо бо ШМА ва ИА, балки бо Чин, Россия, Ҳиндустон, Япония ва кишварҳои Халиҷ баргузор мешаванд, ки дар онҳо панҷгонаи Осиёи Марказӣ ҳамчун як иттиҳоти муташаккили прагматикӣ ва соҳибсубъект бо усули транзаксионӣ муколамаҳоро бо назардошти манфиатҳои миллии худ собитқадамона пеш мебарад [2].
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванди рушди субъектнокии минтақавӣ мақоми калидии худро дорад. Тавассути татбиқи сиёсати прагматикии «дарҳои боз» ва пешбурди ташаббусҳои глобалии обу иқлим ва сулҳофарӣ (ба мисли “Даҳсолаи об барои амал”, “Даҳсолаи байналмилалии таъмини сулҳ барои наслҳои оянда) Душанбе ба такрор ва хастанопазирона собит месозад, ки устувории геополитикии Осиёи Марказӣ бе иштироки фаъоли Тоҷикистон ҳамчун кафили амнияти марзҳои ҷанубӣ ва маркази гидроэнергетикии минтақа имконпазир нест.
Ҳамин тариқ, метавон натиҷагирӣ намуд, ки табдил ёфтани Осиёи Марказӣ ба гиреҳи марказии геополитикии абарқудратҳо дар нимаи даҳсолаи дуюми асри XXI дар асл ба поён расидани марҳилаи "объект” будани минтақаро дар низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир шаҳодат медиҳад. Буҳрони назми либералӣ ва гузариш ба неомеркантилизм собит менамояд, ки устувории ояндаи давлатҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон на ба созмонҳои байналмилалии собиқ, балки ба рушди "субъектнокии минтақавӣ" ва маҳорати баланди роҳбарияти сиёсии кишварҳои минртақаи мазкур ва таъмини тавозуни сиёсӣ вобаста аст. Дар ин қарина татбиқи прагматикии сиёсати "дарҳои боз" ба Душанбе имкон медиҳад, ки дар ин гиреҳи ҳассоси рақобати G2 ташаббусҳои глобалии худро оид ба об, иқлим ва таъмини сулҳу суботи саросарӣ ҳамчун абзори муассири таъмини истиқлоли сиёсии хеш муаррифӣ намуда, манфиатҳои миллии худро дар муносибат бо Россия, Чин ва ШМА ба таври мутавозин ва устувор таъмин намояд
КАРИМОВ Шамсиддин,
сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои сиёсӣ
САРЧАШМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
1. Документы и Декларации Консультативных встреч глав государств Центральной Азии (2024–2025 гг.).; Аналитические материалы Евразийского банка развития (ЕАБР) о логистических коридорах Центральной Азии (2025–2026 гг.).
2. Каримов Ш. Нишасти С5+1: дипломатияи минтақавӣ барои рушд. Душанбе, 2026. – 168с.