Дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон,
8- 9 октябри 2026
Тағйироти босуръат дар сохтори муносибатҳои байналмилалии муосир ва геосиёсии минтақавӣ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳкими пайвастаи муколама, таҳияи самтҳои ягонаи стратегӣ ва амиқтар кардани интегратсияи бисёрҷонибаро тақозо мекунанд. Ифодаи равшани сиёсати хориҷии фаъол ва пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон мебошад, ки 8 октябри соли 2026 ба вуқуъ пайваст.
Ҳадафи аслии ин сафар иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҳаштумин Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар Минтақаи миллии сайёҳии «Аваза» мебошад.
8 октябри 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов барои меҳмоннавозӣ ва созмондиҳии хуби кори ҳамоиш арзи сипос карда, Туркманистони дӯстро бо раёсати муваффақона дар Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон табрик гуфтанд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарфиятҳои назарраси Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар гузариш ба ҳамкории наздиктари иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ тамаркуз карда, таъкид доштанд, ки минтақа барои ин захираҳои фаровон дорад.
Рушди равандҳои интегратсионӣ дар минтақа мавзӯи марказии саммитҳои дар «Аваза» гузашта истода мебошанд. Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ҳангоми кушодани Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон изҳор дошт, ки «Дар шароити тағйирёбии босуръати вазъияти ҷаҳонӣ ва даъватҳои нав нақши идоракунии самаранок ва устувории муносибатҳо афзоиш меёбад».
Дар баробари ин, рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва ҳамкориҳои технологӣ ба пешбурди вазифаҳои бузурги стратегӣ нигаронида шудаанд. Ин ҳадафҳо таҳкими мавқеи минтақаро ҳамчун маркази муҳими логистикӣ ва энергетикии дорои аҳамияти байналмилалӣ таъмин мекунанд.
Масъалаҳои об ва экология дар кори саммит мақоми хоса доштанд. Дар доираи форум мулоқоти сатҳи баланди кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои оби ҳавзаи дарёҳои Амударё ва Сирдарё баргузор гардид. Натиҷаи амалии музокирот тасдиқи меъёрҳои (лимитҳои) гирифтани об аз ҳавзаи Амударё ва Сирдарё барои солҳои 2026-2027 гардид.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин самт аҳамияти стратегӣ дорад. Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028) ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), барои таҳияи механизмҳои муштараки идоракунии муштараки захираҳои обӣ-энергетикӣ заминаи устувор мегузоранд. Дар умум, сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон бори дигар афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таҳкими ҳамсоягии нек, амният ва шукуфоии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, муайян намуд.
Ин сафар дӯстӣ ва шарикии стратегиро миёни кишварҳо боз ҳам устувор карда, ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба такони тоза мебахшад.
ДАВЛИЁРОВА Сафаргул Тешаевна,
ходими пешбари илмии ШуъбаиИДМ - и
Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент