Кишвари Покистон яке аз аввалинҳо буд,ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ҳамзамон дар ибтидои ҳамон солҳо сафораташро дар Душанбе боз кард. Ҳар ду кишвар тамаддуну фарҳанги муштарак дошта, равобити дипломатии ҳасана доранд
Тибқи иттилои манобеъ, аз 6 моҳи июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд. Ҳарду давлат дорои сафирони худ мебошанд. Аввалин маротиба соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурӯъ гардид. Ҳамин тавр, 23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва ҳар ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расонданд.
Бо омадани моҳи август кишварҳои Покистону Ҳиндустон омодагӣ ба ҷашни истиклоли давлатӣ мегиранд, ки неъмати бебаҳо мебошад. Нуктаи муҳим он аст, ки барои ин озодихоҳӣ роҳбарони хирадманди ин кишварҳо саҳми беназир гузошта, миллатсозиро эҷод кардаанд, ки имсол 80 солагиро ҷашн менамоянд.
Кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Ҳиндустон ва Покистон солиёни дароз зери султаи Британияи Кабир қарор дошта, барои озодӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ҷидду ҷаҳд кардаанд.Бо қарори ҳукумати Британия ва талошу муборизаи мардуми ин сарзамин соли 1946 дар ин кишвар тағйирот ба амал омад. Котиби давлатии Британия Петик Лоренс тасмим гирифт, ки қораи Ҳиндро ба минтақаи алоҳида тақсимбандӣ намояд, ки шомили се гурӯҳанд. Гурӯҳи аввал- минтақаҳои Бомбай, Мадрас, Биҳор, Орисса, ки дертар чун давлати Ҳиндустон шинохта шуданд, гурӯҳи дуввум Панҷоб, Синд, вилоятҳои Шимолу Ғарб ва Балуҷистон, ки дертар чун кишвари Покистон арзи вуҷуд кард ва гурӯҳи сеюм- қисмати Бангола, ки дертар чун Бангладеш ба вуҷуд омад. Кишварҳо манфиатҳои қавмиву миллиро ба назар гирифта, барои доштани ҳукумати дилхоҳ розигӣ дода, бо машварати намояндагони Британия 14 август ва 15 августи 1947 ба ду давлати ҷудогона тақсимбандӣ шудаанд, ки яке бо номи Покистон ва дигаре бо номи Ҳиндустон пазируфта шуданд. Ҳамин тавр, 23 марти соли 1956 Покистон аввалин маротиба Сарқонуни худро қабул кард ва чун мамлакати мустақил расман эътироф шуд.
Ҳамасола Рӯзи истиқлолияти Покистон ҳар сол бо шавқу завқ ва ватандӯстӣ баҳри шукуфоии диёру Ватан таҷлил гардида, парчами кишвар дар саросари кишвар шиору банерҳо бо мавзӯи ватандӯстӣ оро дода мешаванд, ки хостем маълумти кутоҳе ба парчами кишвар,чӣ гуна пайдо шудани он ва аҳамияти ранг ва рамзҳои он дода шавад.
Тибқи маълумоти дарёфтшуда Навобзода Лиёқат Алӣ Хон (тав.1 октябр 1895 – ваф.16 октябр 1951) нахуствазири Покистон парчами миллиро дар Маҷлиси муассисони Покистон санаи 11 августи соли 1947 муаррифӣ кард.Парчами миллии кишвар шомили ранги сабзи тира буда, дар тарафи чап хати амудии сафед, дар марказ ҳилоли сафед ва ситораи панҷгӯша дорад. Парчамро Амируддин Кидвай тарҳрезӣ кард, ки бар пояи парчами Лигаи мусалмонони Ҳинд сохта шудааст. Ҳамин тариқ, аввалин парчами Покистон дар моҳи июни соли 1947 аз ҷониби чеварон Афзал Ҳусайн ва бародари хурдиаш Алтаф Ҳусайн, ки касбашон дӯзандагӣ буда, дӯхта шуда,бародари калонӣ бо унвони “Бобои Парчам” сарфароз гардид.
Тибқи илми Vexillology ё парчамшиносӣ ранги сафед ба ақаллиятҳо ва ранги сабз ба аксарияти аҳолии кишвар ишора шудааст.Ҳилол дар парчам рамзи пешрафту пешсафро аккосӣ намуда, ситораи панҷнурӣ нишони нуру сафо ва илму донишро ифода мекунад.
Ҳамин тавр, парчами ин кишвар дар ҷашни Истиқлолият (14 август), Рӯзи Покистон (23 март), Санаи таваллуди аввалин бунёдгузори миллат Қоиди Аъзам Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ (25 декабр) ва рӯзҳои дигари миллӣ, ки аз ҷониби ҳукумат огоҳ карда шуда, барафрохта шуда, дар Солгарди марги Қоиди Аъзам (11 сентябр), Солгарди марги Лиёқат Алӣ Хон (16 октябр) санаҳои дигаре, ки аз ҷониби ҳукумат огоҳ карда мешаванд, барафрохта нахоҳад шуд.Дар ин ҷо қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи маъуломотҳо парчам бори аввал соли 1906 ҳамчун парчами Лигаи мусулмонони тамоми Ҳинд бе доштан рахи сафед дар тарафи чап пазируфта шуда буд.
Хулосаи калом, Покистон бо ҷойгиршавии стратегӣ дорои имконот ва иқтидори зиёд буда,мардумони ин сарзамин бо доштани забону фарҳанги муштарак ба мардуми Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон пайванди ногусатанӣ доранд, ки дар даврони 35 соли истиқлоли давлатӣ рушд ёфтааст.
РАҲМОНОВ Мирсаид,
ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ