×

НИГОҲЕ БА РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Бозгашт ба мавод

НИГОҲЕ БА РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ИОМДОА Сиёсат 14-08-2026 ш.Душанбе
НИГОҲЕ БА РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ДАР  35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

(дар ҳошияи рӯнамоии китоби «Cи Ҷинпин дар бораи идоракунии давлатӣ» дар шаҳри Душанбе,2026)

 Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз дарёфти истиқлоли давлатӣ равобиташро бо кишварҳои ҷаҳон оғоз карда, дар доираи мактаби сулҳофаринӣ ва ташаббусҳои созанда онро тақвият бахшид. Мавҷудияти Истиқлоли давлатӣ барои рушд ва тавсеаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва  иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои муштарак шарти асосӣ ба шумор меравад. Дар ин масир Тоҷикистон бо таҳияи  барномаҳои афзалиятнок робитаҳои ду ҷонибаву сеҷониба ва  муштараки худро бо кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ карда, пайваста  амалӣ месозад.

Дар ин зимн, муносибатҳои дипломатӣ байни ҳамсоякишварҳо  ба хусус Тоҷикистон ва Чин мавриди таваҷҷуҳи бештар қарор гирифта, санаи  4 январи 1992 равобит ба таври расмӣ барқарор шуд. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели 1997 фаъолиятро оғоз карданд.

Ҳамин тавр, санаи 13 августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардида,  таҳкими робитаҳои дӯстиву ҳамсоягӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор  гирифт.

Дар илми ҷомеашиносӣ ва фарҳангшиносӣ истилоҳи “неруи нарм” ва “дипломатияи фарҳангӣ” хело роиҷ гардида, кишварҳои пешрафта бо истифода аз он ба комёбиҳои назаррас ноил шудаанд. Мафҳуми неруи нарм шомили оромона амалисозии  иқтидорҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ буда, дар маҷмуъ ҳамчун  қувваи ба ҳам овардани халқҳо ва миллатҳо бо истифода аз арзишҳои фарҳангӣ дониста мешавад. Ба қавли муҳаққиқони соҳа маънои “неру” асосан ба ҳокимият алоқаманд буда, “нарм” фарогири фарҳангу маънавиёт мебошад, ки тавассути он маҳорати баланди ҷалби чеҳраҳои фарҳангӣ барои боло бурдани имиҷи кишварҳо  роҳандозӣ мегарад.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи назарсанҷии маркази таҳлилии “Pew Research” дар раванди шаклгирии ҷаҳони чандқутбӣ робитаҳои давлатҳо бо кишвари Чин нисбат ба ИМА нармтару гармтар гаридааст. Тибқи манбаъҳо давлати Чин дар соҳаҳои гуногун пешрафтҳои назаррасе ба даст оварда, дар солҳои охир дастрасии он бо кишварҳои босуръат рушдкунандаи Ҷануби глобаӣ ба таври назаррас  рушд ёфтааст.

Ба андешаи сиёсатшиноси амрикоӣ Ҷозеф Най  маънову мафҳуми “қудрати нарм” қобилияти таъсир расонидан ба рафтори беруна тавассути водор карданро ифода мекунад. Давлат ё шахс тавассути он метавонад ба ҷойи истифодаи иҷбории иқтидори низомӣ, иқтисодӣ ё таъсири сиёсӣ амал кардан аз неруи нарм кор гирифта, бо роҳандозии эҳсоси дарку фаҳми муштарак ва ҳамкориву ҳамгироии  мутақобил барои эҷоди мубодилаи мақсаду маромҳо ва муносибатҳои хубу ҳасана онро роҳандозӣ намояд. Дар китоби  "Қудрати нарм: Воситаҳои муваффақият дар сиёсати ҷаҳонӣ", “қудрати нарм” қобилияти ба даст овардани он чизест, ки тавассути ҷалб, на тавассути иҷбор ё пардохтҳо, муайян гардидааст, ки  аз ҷолибияти фарҳанг, идеалҳои сиёсӣ ва сиёсати кишвар бармеояд"[1].

Ҳамин тариқ, дар даврони 35 соли Истиқлол равобити гуногунсамтаи  Тоҷикистону Чин  тақвият ёфта, пайваста таҳкиму тавсеа меёбад. Ҳар ду кишвар чун шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ дар таҳкиму тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва бисёрҷониба  талош  меварзанд, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин даврҳо солҳои истиқлолият ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд ва  роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сафарҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Дар нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти соли 1993 ҳамкориҳои дуҷониба мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор гирифта, заминаҳои хубро  дар равобити  ду кишвари ҳамсоя гузошт. Зимни сафарҳои роҳбарони кишвар санадҳо ба имзо расида, сатҳи ҳамкориҳо  ба  шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расид. Бо рафту омади роҳбарони ҳар ду кишвар, моҳи августи соли 2023 ҳайати нави Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаласаи умумичинии намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шуд.

Маврид ба зикр аст, 5 августи соли 2026 дар чорабинии таҳти унвони «Ҳамқадам ба сӯи модернизатсия» муаррифии китоби нави Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин — «Си Ҷинпин: Дар бораи идоракунии давлатӣ» (ҷилди панҷум бо забони русӣ) дар шаҳри Душанбе рӯнамо гардид.

Дар рӯнамоии китоби мазкур ходимони давлатию дипломатӣ, намояндагони  созмонҳои байналмилалӣ, ва олимону муҳаққиқони тоҷик , аз ҷумла ходимони илм аз Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиёи ва Аврупои АМИТ иштирок ва суханронӣ намуданд. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Го Чжитсзюн низ суханронӣ намуда, муаррифии чунин китобҳоро, ки дар фазои дӯстию бародарии байни ду давлат баргузор мешавад, нишонаи ҳамкориҳои неки фарҳангии ду кишвар арзёбӣ кард.

Бояд қайд кард, ки  пеш аз ин дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили китобдӯстони Тоҷикистону Чин таҳти унвони «Си Ҷинпин дар бораи идоракунии давлатӣ» баргузор гардида буд, ки иштирокдорон бо китобҳои дигар нависандагони чинӣ, ки ин ҷо ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос гардиданд. Ҷилди аввали нашри тоҷикии китоби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ» муаррифӣ гардид, ки бо 41 забон тарҷума ва нашр шуда, ба 180 давлати ҷаҳон паҳн шудааст. Китоби мазкур барои хонандагон ҷиҳати пайдо намудани маълумот дар бораи сиёсати пешгирифтаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва стратегияи Ҳизби коммунистии Чин мусоидат менамояд. Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст, ки фаъолона амалӣ гардида, ҳар  ду давлати ҳамсоя ҳадафҳои рушди ба ҳам наздикро амалӣ месозанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷилди 1-уми китоби Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ» дар тарҷумаи тоҷикӣ 79 мавод, аз ҷумла суханронӣ, суҳбат, тезиси маъруза, мусоҳиба, қайду хулоса, паёмҳои шодбошӣ ва аксҳои давраҳои гуногунро фаро мегирад, ҷамъ оварда шуданд.

Ба қавли намояндаи Чин Юй Юнчуен кишвари Чин таҳти роҳбарии Си Ҷинпин стратегияи миллии рушди илму маориф, неруи инсонӣ, навоварӣ ва рушди иқтисоди сифатан нави истеҳсолӣ ва босифатро суръат бахшида, дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ низ саҳм мегузорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки нашри чунин китобҳо заминаи хубро дар таҳкими робитаҳои фарҳангии кишварҳо фароҳам оварда, барои аз наздик шинос шудани хонандагон бо пешрафт ва усулҳои муосири идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд.

Китоби Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ», ки ба забони тоҷикӣ ва русӣ тарҷума ва нашр шуда, муждаи муҳим маҳсуб шуда, хонандагонро бо таърихи пурғановати гузаштаю имрӯза, орзуву омоли наҷиби мардуми Чин, муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дурнамои ин мамлакат ва миллати соҳибтамаддун, ки дар арсаи олам аз зумраи пешсафтаринҳост, ошно месозад.

Ба андешаи нигорандаи сатрҳо нашри китобу мақолаҳо ва маҳфилу маҷлисҳои муштарак, идомаи мантиқии робитаҳои фарҳангӣ буда,нашру тарҷумаи китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони чинӣ барои хонандагони чинӣ имкон фароҳам меоварад, ки дар бораи фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик маълумот пайдо намоянд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон нашри чунин китобҳоро муҳим арзёбӣ намуда,  ёдовар шудааст, зимни муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Мо Чинро ҳамчун дӯсти боэътимод ва шарики самимии худ мешуморем»[2].

Ҳамин тавр, шоирону нависандагони Тоҷикистон ба ин назаранд, ки чунин  асарҳо омӯзанда буда, сиёсати давлатӣ ва байналмилалӣ, умуман мавзуъҳои гуногуни давлатро фаро гирифта, барои ҳар як хонанда сарчашмаи маълумоти саҳеҳ маҳсуб мешаванд. Дар ин зимн, дӯстиву равобити мардуми тоҷику чин аз дӯстии беғаразона ва бародаронаи сарварони ду мамлакат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин маншаъ гирифта, равобити фарҳангии ин ду давлат таърихи хело бостонӣ дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ бештар густариш ёфта, мустаҳкам гардидаст.

Ба назари нигорандаи сатрҳо  дар сурати нашру тарҷумаи китобҳои муфид хонандагони ҳар ду кишвар аз таърихи халқҳои якдигар хуб воқиф гардида,заминаи хубро дар таҳкими дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ фароҳам хоҳад овард.

Ёдовар бояд шуд, ки нашри китоби Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин Си Ҷинпин аз соли 2014 оғоз шуда, дар мудати кутоҳ ба бисёр забон нашр гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилди аввали китоби мазкур соли 2019 аз ҷониби нашрияи «Адиб»-и Вазорати фарҳанги мамлакат бо теъдоди ду ҳазор нусха тарҷума ва нашр гардид.

Мавриди  зикр аст, ки  байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар механизми машваратҳои сиёсӣ хело хуб ба роҳ монда шуда, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 200 ҳуҷҷатҳоро ба имзо расониданд. Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 май соли 2013 ва Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014 чун санадҳои асосӣ таҳия шуда, пазируфта шуданд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни ин ду кишвар муҳим арзёбӣ шуда, Чин аз калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷоиз  ба таъкид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи ҳамкориҳоро дар роҳи рушди робитаҳои Тоҷикистону Чин ва расидан ба сатҳи шарикии стратегӣ муҳим шуморида, татбиқи лоиҳаҳои судманди иқтисодии минтақавӣ, аз ҷумла “Як камарбанд — як роҳ”-ро муносиб  ба манфиати кишварҳо арзёбӣ кардааст.

Робитаҳои фарҳангии кишварҳо низ хеле муҳим арзёбӣ шуда, воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радиову телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ нақш бозида, синамову саноати филмсозии фаъолиятро ба роҳ мондаанд. Санаи 3 август соли 2023 маҳфили“Мавсими намоишгоҳҳои хориҷии филмҳо ва драмаҳои телевизионии барҷаста дар Пекин” дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки нигорандаи сатрҳо низ иштирок намуда, дар мақолае онро мавриди натиҷагирӣ қарор дод. Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафта аз ҷумла Чин  бояд хубтар ба роҳ монда шуда, имкониятҳои истифода аз таҷрибаомӯзӣ ва давраҳои омӯзиши кормандони соҳа бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шуда, муаррифии маконҳои сайёҳии ҳар ду кишварҳо тавассути эҷоди филмҳои муштарак бештар ба роҳ монда шавад .Тоҷикистону Чин  пайваста ҳамкориро дар доираи созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла СҲШ идома дода, бо табодули андешаҳои созанда, роҳандозии фестивалу филмҳо ва  рафту омади мардумон, тиҷорату иқтисод ва туризмро рушд хоҳанд бахшид.

РАҲМОНОВ Мирсаид,

ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёт

1. Dr Murad Ali. Soft power: US vs China.https://www.geo.tv/latest/676674-soft-power-us-vs-china .[Санаи муроҷиат: Августи 08  2026.]

2.«СИ ҶИНПИН ДАР БОРАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ»https://khovar.tj/2024/06/si-inpin-dar-borai-idorakunii-davlat-ma-fili-kitobd-stoni-to-ikistonu-chin-dar-dushanbe-ba-in-mavzu-bahshida-shud/.[Санаи муроҷиат: 22 июни 2024]