×

КОРРУПСИЯ ДАР ФАЗОИ РАҚАМӢ: ШАКЛҲОИ НАВ ВА СТРАТЕГИЯҲОИ МУҚОВИМАТ

Бозгашт ба мавод

КОРРУПСИЯ ДАР ФАЗОИ РАҚАМӢ: ШАКЛҲОИ НАВ ВА СТРАТЕГИЯҲОИ МУҚОВИМАТ

ИОМДОА Дигар 06-10-2026 ш.Душанбе
КОРРУПСИЯ ДАР ФАЗОИ РАҚАМӢ: ШАКЛҲОИ НАВ ВА СТРАТЕГИЯҲОИ МУҚОВИМАТ

Дар шароити рақамикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ ва иқтисодиёт масъалаи таҳқиқи тағйирёбии коррупсия ва омилҳои он аҳамияти муҳим пайдо намуда истодааст. Зеро, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки трансформатсияи рақамӣ на танҳо воситаҳои нави пешгирӣ ва ошкор намудани коррупсияро ба вуҷуд меорад, балки ҳамзамон имкониятҳои сифатан нави содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро низ фароҳам месозад.

Бинобар ин,  шаклҳои муосири коррупсия дар фазои рақамӣ, аз ҷумла суистифода дар хариди электронии давлатӣ, таъсири ғайриқонунӣ ба низомҳои алгоритмии қабули қарорҳо, истифодаи хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, истифодаи шахсиятҳои рақамии сохта, автоматикунонии тарҳҳои қаллобӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ, хавфҳои коррупсионӣ дар соҳаи платформаҳои рақамӣ, инчунин истифодаи шабакаҳои рақамӣ барои миёнаравии пинҳонӣ ва интиқоли подоши ғайриқонунӣ яке аз масъалаҳои мубрами таҳқиқи илмӣ ба шумор мераванд.

Зарурати таҳқиқи масъалаи мазкур ҳамчунин аз он бармеояд, ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рушди ҳукумати электронӣ, технологияҳои инноватсионӣ, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва коҳиш додани омилҳои коррупсиониро бо сиёсати муосири зиддикоррупсионӣ бевосита алоқаманд менамояд.

Трансформатсияи рақамӣ яке аз равандҳои муҳимтарини рушди муосири давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Тавсеаи ҳукумати электронӣ, хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, хариди электронӣ, идентификатсияи рақамӣ, маълумоти калон, технологияҳои абрӣ ва зеҳни сунъӣ механизмҳои анъанавии ҳамкории давлат, соҳибкорӣ ва шаҳрвандонро ба таври куллӣ тағйир медиҳанд.

Дар баробари ин, рақамикунонӣ на танҳо раванди технологӣ мебошад. Он ҳамзамон муносибатҳои ҳуқуқӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро тағйир медиҳад ва дар натиҷа на танҳо усулҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, балки шаклҳои рафтори ғайриқонунӣ низ дигаргун мешаванд.

Коррупсия дар чунин шароит хусусиятҳои нав пайдо мекунад. Агар тарҳи анъанавии коррупсионӣ тамоси мустақими шахси мансабдор ва шахси манфиатдор, додани подоши ғайриқонунӣ ва истифодаи ваколатҳои хизматиро дар доираи расмиёти мушаххаси маъмурӣ пешбинӣ мекард, муҳити рақамӣ имкон медиҳад, ки чунин амалҳо ба таври фосилавӣ, пинҳонӣ ва тавассути платформаҳои электронӣ, миёнаравҳои рақамӣ, низомҳои иттилоотӣ ва механизмҳои алгоритмӣ амалӣ карда шаванд.

Дар робита ба ин, мутхассисон ба ин назаранд, ки масъалаи усулан нави илмӣ ва амалӣ ба миён меояд: рақамикунонӣ ҳамзамон баъзе хавфҳои коррупсиониро коҳиш дода, хавфҳои дигарро ба вуҷуд меорад.

Аз як тараф, идоракунии электронии давлатӣ метавонад тамоси бевоситаи шаҳрвандонро бо шахсони мансабдор коҳиш диҳад, салоҳдиди маъмуриро маҳдуд намояд, бақайдгирии автоматии амалҳоро таъмин кунад, шаффофияти расмиётро баланд бардорад ва изи рақамии қабули қарорҳоро ташаккул диҳад. Аз ҳамин сабаб, ҳукумати электронӣ яке аз воситаҳои муосири пешгирии коррупсия ба ҳисоб меравад.

Аз ҷониби дигар, муҳити рақамӣ метавонад барои дастрасӣ ба иттилоот, алгоритмҳо ва низомҳои рақамӣ, пинҳон намудани баҳрабарандагони воқеӣ, ташкили шахсиятҳои рақамии сохта, автоматикунонии амалиёти қаллобӣ ва канорагирӣ аз механизмҳои анъанавии назорат истифода шавад.

Ҳамин тариқ, сиёсати муосири зиддикоррупсионӣ бояд хусусияти дуҷонибаи рақамикунониро ба назар гирад: технология метавонад ҳамзамон воситаи муқовимат ба коррупсия ва воситаи содир намудани он бошад.

Аҳаммияти таҳқиқи масъалаи мазкур махсусан дар робита ба паҳншавии босуръати зеҳни сунъии тавлидкунанда меафзояд. Технологияҳои муосир метавонанд ҳаҷми бузурги маълумотро таҳлил намуда, амалиёти ғайримуқаррариро ошкор созанд, вале ҳамин технологияҳо метавонанд аз ҷониби субъектҳои ғайриқонунӣ барои таҳияи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, шахсиятҳои синтетикӣ, автоматикунонии ҳамлаҳои муҳандисии иҷтимоӣ ва дигар схемаҳо истифода шаванд. Таҳқиқоти байналмилалии солҳои охир зарурати ба назар гирифтани чунин хусусияти дуҷонибаи зеҳни сунъиро дар сиёсати зиддикоррупсионӣ тасдиқ менамоянд.

Фаҳмиши назариявию ҳуқуқии коррупсия дар фазои рақамӣ. Дар адабиёти ҳуқуқӣ коррупсия ба таври анъанавӣ тавассути мафҳуми сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани манфиати ғайриқонунӣ баррасӣ мегардад. Аммо трансформатсияи рақамӣ тақозо менамояд, ки усули таҳлили мафҳуми мазкур васеъ карда шавад. Зери мафҳуми коррупсия дар фазои рақамӣ маҷмӯи амалҳои коррупсиониеро фаҳмидан мувофиқ аст, ки тавассути технологияҳои рақамӣ содир карда мешаванд, ба тағйир додан, истифода ё ба даст овардани ғайриқонунии маълумоти рақамӣ равона шудаанд, бо истифода аз низомҳои иттилоотии бахши давлатӣ ё хусусӣ амалӣ мешаванд, бо истифодаи алгоритмҳо ва равандҳои автоматикунонидашудаи қабули қарорҳо алоқаманданд, ба пинҳон намудани робитаҳои коррупсионӣ тавассути воситаҳои рақамӣ равона шудаанд, ё инфрасохтори рақамиро барои ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва маблағгузории схемаҳои коррупсионӣ истифода мебаранд.

Ин таъриф имкон медиҳад, ки аз фаҳмиши маҳдуди коррупсияи рақамӣ танҳо ҳамчун «коррупсия тавассути Интернет» берун баромад. Коррупсияи рақамӣ падидаи мураккабтар буда, ҷузъи рақамии коррупсияи анъанавӣ ва шаклҳои нави рафтори коррупсиониеро, ки бевосита аз муҳити рақамӣ ба вуҷуд меоянд, дар бар мегирад. Дар ин замина мутахассисон се сатҳи трансформатсияи рақамии коррупсияро ҷудо менамоянд:

Якум, рақамикунонии коррупсияи анъанавӣ. Дар ин сатҳ модели анъанавии коррупсионӣ нигоҳ дошта мешавад, вале технологияҳои рақамӣ ҳамчун воситаи иртибот, интиқоли иттилоот ё пинҳон намудани изи амалҳо истифода мешаванд. Масалан, масъалаи додани подоши ғайриқонунӣ метавонад тавассути каналҳои электронии ҳифзшудаи иртибот баррасӣ шуда, амалиёти молиявӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт анҷом дода шавад.

Дуюм, коррупсия тавассути низомҳои рақамӣ.  Дар ин ҳолат объекти таъсир бевосита низомҳои иттилоотӣ мегарданд. Амалҳои коррупсионӣ метавонанд дар тағйир додани маълумоти рақамӣ, дасткорӣ дар феҳристҳои электронӣ, ғайриқонунӣ пешниҳод намудани дастрасӣ ба низомҳои иттилоотӣ, тағйир додани натиҷаҳои расмиёти электронӣ ё ба таври сунъӣ фароҳам овардани афзалият барои субъектҳои муайян ифода ёбанд.

Сеюм, коррупсияи алгоритмӣ. Шакли мураккабтарин истифодаи алгоритмҳо ва низомҳои зеҳни сунъӣ барои ба даст овардани натиҷаи коррупсионӣ мебошад. Дар чунин ҳолат хавфи коррупсионӣ метавонад на танҳо дар натиҷаи қарори шахси мансабдори мушаххас, балки дар натиҷаи қасдона тағйир додани маълумоти ибтидоӣ, меъёрҳои алгоритм, параметрҳои низоми автоматикунонидашуда ё шартҳои фаъолияти он ба вуҷуд ояд.

Аз ин рӯ, коррупсияи рақамӣ талаб менамояд, ки категорияи анъанавии «сӯиистифода аз ваколат» бознигарӣ карда шавад, зеро дар муҳити рақамӣ бартарии коррупсионӣ метавонад тавассути назорат бар маълумот, алгоритмҳо, платформаҳои рақамӣ ва инфрасохтори иттилоотӣ ба вуҷуд оварда шавад.

Шаклҳои нави коррупсия дар фазои рақамӣ. Яке аз самтҳои осебпазир дар фазои рақамӣ бахши хариди давлатӣ боқӣ мемонад. Гузариш аз расмиёти коғазӣ ба хариди электронӣ шаффофиятро ба таври назаррас баланд бардошта, имконияти тамоси бевоситаи фармоишгар ва иштирокчии харидро коҳиш медиҳад. Аммо, худи рақамикунонӣ хавфҳои коррупсиониро пурра бартараф намекунад. Коррупсияи рақамӣ метавонанд тавассути як қатор амалҳо тарҳрезӣ ва амалӣ карда шавад.

Мушкилоти махсус дар ҳолате ба миён меояд, ки расмиёт аз ҷиҳати шакл электронӣ ва шаффоф мебошад, вале натиҷаи коррупсионӣ ҳанӯз то ҷойгир намудани эълони харид ташаккул меёбад.

Аз ин рӯ, назорати зиддикоррупсионӣ бояд на танҳо худи тендери электрониро, балки тамоми давраи харидро аз ташаккули талабот ва таҳияи супориши техникӣ то иҷро ва пардохти шартнома  фаро гирад.

Бо назардошти чунин махсусияти коррупсия дар фазои рақамӣ тадбирҳои муосири байналмилалӣ бештар ба ҳамгироии маълумот дар бораи харидҳо, манфиатҳои молиявии шахсони мансабдор ва баҳрабарандагони ниҳоии таъминкунандагон нигаронида мешаванд.

Коррупсия ва зеҳни сунъӣ. Зеҳни сунъӣ ҳамзамон яке аз воситаҳои ояндадори муқовимат ба коррупсия ва манбаи нави хавфҳои коррупсионӣ мебошад. Низоми зеҳни сунъӣ метавонад барои таҳлили хароҷоти давлатӣ, ошкор намудани амалиёти ғайримуқаррарӣ, арзёбии хавфҳои коррупсионӣ, таҳлили эъломияҳо, муқоисаи маълумот дар бораи моликият, ошкор намудани алоқамандии иштирокчиёни харид, аудити автоматикунонидашуда; пешгӯии хавфҳои коррупсионӣ истифода шавад. Аммо, зеҳни сунъӣ метавонад баръакс низ истифода гардад. Низомҳои муосир метавонанд ҳуҷҷатҳои қалбакии боварибахш эҷод намоянд, тасвирҳо ва сабтҳои аудиоии синтетикӣ тавлид кунанд, шахсиятҳои рақамии сохта ташаккул диҳанд, ҳаҷми бузурги иттилоотро барои муайян намудани нуқтаҳои заъфи низомҳои давлатӣ таҳлил намоянд ва гузаронидани амалиёти қаллобиро суръат бахшанд.

Аз ин ҷо чунин принсипи муҳим бармеояд: зеҳни сунъӣ набояд ҳамчун ҷойгузини мустақили назорати зиддикоррупсионӣ баррасӣ гардад, он бояд ҳамчун воситаи дастгирии қарори касбии инсон истифода шавад.

Миёнаравии рақамӣ ва шабакаҳои коррупсионӣ. Технологияҳои рақамӣ имконият медиҳанд, ки шабакаҳои тақсимшудаи коррупсионӣ ташкил карда шаванд. Дар модели анъанавӣ муайян намудани робитаи мустақим байни ришвадиҳанда ва ришвагиранда зарур буд. Дар модели рақамӣ байни онҳо метавонанд чунин субъектҳо ва воситаҳо ҷой дошта бошанд: платформаҳои электронӣ, миёнаравон, соҳибони номиналӣ, ҳамёнҳои рақамӣ, суратҳисобҳои виртуалӣ, ҳисобҳои рақамии сохта, платформаҳои хориҷӣ, воситаҳои автоматикунонидашудаи пардохт.

Дар натиҷа шабакаи коррупсионӣ метавонад хусусияти фаромиллӣ пайдо кунад. Ин ҳолат тақвияти ҳамкории байналмилалиро тақозо менамояд, зеро салоҳияти миллии давлат метавонад барои муайян намудани тамоми занҷираи иштирокчиёни тарҳи коррупсионии рақамӣ кофӣ набошад.

Рақамикунонӣ ҳамчун воситаи пешгирии коррупсия. Бо вуҷуди хавфҳои нав, рақамикунонӣ иқтидори назарраси зиддикоррупсионӣ низ дорад. Пеш аз ҳама, он имкон медиҳад, ки тамоси мустақими шаҳрвандон ва соҳибкорон бо шахсони мансабдор коҳиш дода шавад. Хизматрасонии давлатии электронӣ метавонад зарурати якчанд маротиба шахсан ба муассисаи давлатӣ муроҷиат намудани шаҳрвандро бартараф карда, салоҳдиди маъмуриро коҳиш диҳад ва амалҳои иштирокчиёни расмиётро ба таври автоматӣ сабт намояд.

Дар ин замина, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рушди технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани шаффофияти мақомоти давлатӣ ва ҷорӣ намудани ҳукумати электрониро ҳамчун воситаи коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ пешбинӣ менамояд.

Зеҳни сунъӣ ва таҳлили маълумот ҳамчун воситаҳои ошкор намудани коррупсия. Яке аз самтҳои ояндадори сиёсати зиддикоррупсионӣ гузариш аз вокуниш ба ҳуқуқвайронкунии коррупсионии аллакай содиршуда ба ошкорсозии барвақтии он мебошад. Бо ин мақсад низомҳои таҳлили маълумотро истифода бурдан мумкин аст, ки қобилияти ошкор намудани чунин ҳолатҳоро доранд: амалиёти ғайриоддии молиявӣ, тағйирёбии якбораи арзиши харид, шартномаҳои такрорӣ бо як таъминкунанда,  ҳиссаи ғайримуқаррарии ғолибиятҳои як иштирокчӣ, муҳлатҳои ғайримуқаррарии бастани шартномаҳо, мувофиқати маълумоти тамосии таъминкунандагони гуногун, роҳбарон ё баҳрабарандагони умумӣ, номувофиқии даромад ва хароҷот ва тамаркузи шубҳаноки шартномаҳои давлатӣ.

Дар ин замина, таҳияи низоми ҳамгироии якчанд маҷмӯаи маълумот муҳим мебошад, аз ҷумла хариди давлатӣ, маълумоти андоз, феҳристи шахсони ҳуқуқӣ, маълумот дар бораи баҳрабарандагон, эъломияҳои шахсони мансабдор ва пардохтҳои буҷетӣ. Маҳз муқоисаи ин маълумотҳо имкон медиҳад, ки робитаҳои коррупсионӣ ошкор карда шаванд, ки ҳангоми дар алоҳидагӣ таҳлил намудани ҳар як пойгоҳи маълумот ошкор намудани онҳо ғайриимкон аст.

Бо назардошти ин зарур аст, ки стратегияҳои асосии муқовимат ба коррупсия дар фазои рақамӣ ба низоми маҷмӯии рақамии идоракунии хавфҳои коррупсионӣ гузарад. Стратегияи мазкур масъалаҳои зайлро бояд дар бар гирад:

 1) Шаффофияти рақамӣ. Дар ин бахш зарур аст, ки дастрасии ҳадди аксар ба маълумот дар бораи хариди давлатӣ, хароҷоти буҷетӣ, дороиҳои давлатӣ, иҷозатномаҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, баҳрабарандагони ниҳоӣ, бархӯрди манфиатҳо ва натиҷаҳои аудити давлатӣ таъмин карда шавад. Маълумоти дастрас ва шаффоф имкон медиҳад, ки на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва муҳаққиқон низ назорати берунаро дар ин самт анҷом диҳанд.

2) Пайгирии рақамӣ. Ҳар як амали муҳими шахси мансабдор дар низоми рақамӣ бояд изи рақамии санҷидашаванда боқӣ гузорад. Ҳамзамон зарур аст, ки идентификатсияи истифодабаранда; сабти вақти амал; бақайдгирии тағйироти маълумот; нигоҳдории таърихи амалиёт; ғайриимкон будани несткунии пинҳонии маълумот таъмин карда шавад.

3) Истифодаи зеҳни сунъии ба хавф нигаронидашуда. Зарур аст, ки низомҳои автоматикунонидашудаи ошкорсозии нишондиҳандаҳои коррупсионӣ таҳия карда шаванд. Аммо, қарори ниҳоии дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ бояд аз ҷониби шахси ваколатдор қабул карда шавад.

4) Ҳамгироии низомҳои иттилоотии давлатӣ. Яке аз мушкилоти асосӣ мавҷудияти «ҷазираҳои иттилоотӣ» мебошад, ки дар он мақомоти гуногун дорои маълумоти зарурӣ ҳастанд, вале механизми самараноки муқоисаи онҳо вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, мутобиқати техникию иттилоотии низомҳои давлатӣ дар баробари риояи талаботи ҳифзи маълумоти шахсӣ зарур мебошад.

5) Назорати рақамии хариди давлатӣ. Зарур аст, ки чунин нишондиҳандаҳои автоматикунонидашудаи хавфҳо ташаккул дода шаванд: набудани рақобат; тамаркузи аз ҳад зиёди харидҳо; ғолибони такрорӣ; таъминкунандагони ба ҳам алоқаманд; тағйироти ғайриоддии нарх; муҳлатҳои кӯтоҳи пешниҳоди дархостҳо ва истифодаи зуд-зуди расмиёти ғайрирақобатӣ.

6) Назорати алгоритмҳо.  Мақомоти давлатӣ бояд механизмҳои зайлро ташаккул диҳанд: аудити алгоритмҳо, арзёбии хавфҳо, санҷиши сифати маълумот, шарҳпазирии қарорҳои автоматикунонидашуда, назорати мустақил; санҷиши даврии низомҳои алгоритмӣ.

7) Ҳифзи иттилооти рақамӣ. Зарур аст, ки каналҳои электронии бехатар барои хабар додан дар бораи ҳолатҳои коррупсионӣ инкишоф дода шаванд. Чунин низомҳо бояд махфият, ҳифзи шахсияти хабардиҳанда,  имконияти пешниҳоди хабар ба таври беном дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, пайгирии электронии раванди баррасии муроҷиат ва ҳифз аз таъқиби рақамиро таъмин намоянд.

8) Саводнокии рақамии зиддикоррупсионӣ. Рақамикунонӣ ташаккули фарҳанги нави поквиҷдониро тақозо менамояд. Хизматчиёни давлатӣ бояд на танҳо дорои донишҳои ҳуқуқӣ, балки дорои салоҳиятҳо дар соҳаҳои ахлоқи рақамӣ, амнияти иттилоотӣ; ҳифзи маълумот, масъулияти алгоритмӣ ва ошкор намудани қаллобии рақамӣ бошанд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон самти рақамии муқовимат ба коррупсия аҳаммияти махсус дорад. Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани шаффофият, рушди ҳукумати электронӣ ва коҳиш додани омили инсонӣ дар расмиёти давлатӣ ва дигар механизмҳои пешгирии омилҳои коррупсиониро пешбинӣ менамояд.

Аз ин рӯ, сиёсати рақамии зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дорад. Бо вуҷуди ин, марҳилаи муосири трансформатсияи рақамӣ рушди минбаъдаи ин самтро тақозо менамояд.

Бо назардошти таҷрибаи пешрафати байналмилалӣ зарур аст, ки маҷмӯи тадбирҳои иловагӣ оид ба муқовимат ба коррупсияи рақамӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд, аз ҷумла:

1. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд меъёрҳое пешбинӣ шаванд, ки содир намудани амалҳои коррупсиониро тавассути низомҳои иттилоотӣ, платформаҳои электронӣ, идентификаторҳои рақамӣ, низомҳои автоматикунонидашуда, алгоритмҳо ва зеҳни сунъӣ ба назар гиранд.

2. Зарур аст, ки низоми нишондиҳандаҳое таъсис дода шавад, ки амалиёт ва ҳолатҳои дорои хавфи баландро ба таври автоматӣ муайян намуда, барои назорати иловагӣ пешниҳод намояд.

3. Бояд ҳамкории иттилоотии байниидоравӣ миёни мақомоти андоз, мақомоти назорати молиявӣ, мақомоти хариди давлатӣ, мақомоти бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  мақомоти хизмати давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ васеъ карда шавад.

4. Эъломияҳои электронӣ набояд танҳо воситаи пешниҳод намудани маълумот бошанд, балки бояд қисми низоми таҳлилӣ гарданд. Зарур аст, ки маълумот дар бораи даромадҳо, молу мулк, иштирок дар фаъолияти корпоративӣ ва дигар ҳолатҳои аз лиҳози ҳуқуқӣ аҳаммиятнок ба таври автоматӣ муқоиса карда шаванд.

5. Зарур аст, ки низоми нишондиҳандаҳои автоматии хавф ва санҷиши минбаъдаи экспертӣ ҷорӣ карда шавад.

6. Бо мақсади танзими ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи зиддикоррупсионӣ зарур аст, ки барои истифодаи ғайриқонунии зеҳни сунъӣ, талабот ба шаффофияти алгоритмҳо, қоидаҳои аудити алгоритмҳо, масъулияти таҳиягарон ва операторҳо, талабот ба сифати маълумоти ибтидоӣ, ҳатмӣ будани назорати инсонӣ дар қабули қарорҳои дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муқаррар карда шавад.

Хулоса,  модели анъанавии коррупсия аз ҳамкории бевоситаи шахси мансабдор ва шахси манфиатдор ба модели ғайримустақим, тақсимшуда ва аз лиҳози технологӣ мураккаби рафтори коррупсионӣ тағйир ёфта истодааст. Бинобар ин, гузариш аз модели асосан репрессивии муқовимат ба коррупсия ба модели рақамии ба хавф нигаронидашуда, ки ба таҳлили маълумот, ҳамгироии байниидоравии низомҳои иттилоотӣ, ошкорсозии хавфҳои алгоритмӣ,  таъмини шаффофияти рақамии хариди давлатӣ, назорати бархӯрди манфиатҳо  ва таъмини назорати инсонӣ ба қарорҳои зеҳни сунъӣ асос меёбад, муҳим мебошад.

МАҲМАДУЛЛОЗОДА Нурулло Раҳматулло,

муовини директори

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,