×

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Бозгашт ба мавод

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

ИОМДОА Дигар 17-08-2026 ш.Душанбе
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2025 таҳти №83 “Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар муассисаҳои илмии АМИТ барои соли 2026” бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 сентябри соли 2026 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба: ҳолат ва дурнамо” баргузор менамояд.

Дар конференсия низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва вазъи ҷаҳони бисёрқутба дар марҳалаи муосир, инчунин масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

● Мафҳуми ҷаҳони бисёрқутба дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ;

●  Мавқеи кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик дар вазъи ҷаҳони бисёрқутба;

●    Нақши ҷавонон дар раванди ташаккули ҷаҳони бисёрқутба;

●   Ҳамкориҳои кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик дар тақвияти ҷаҳони бисёрқутба;

●  Вазъи ҷаҳони бисёрқутба ва нақши қудратҳои минтақавӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ;

●    Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ дар вазъи ҷаҳони бисёрқутба;

●  Ҳолат ва дурнамои низоми муносибатҳои байналмилалии муосир дар вазъи ҷаҳони бисёрқутба;

●  Хусусиятњои асосии раванди муҳоҷират дар минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик дар шароити ҷаҳони бисёрқутба.

Дар кори конференсия иштироки олимон, муҳаққиқону коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар назар дошта шудааст.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботи техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

-       саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи рост 2,5 см, аз тарафи чап 1,5 см, боло ва поён 2 см;

-       ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Tj бо андозаи 14;

-       сатри якум ҳарфи аввали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор (таҳсил);

-       сатри дуюм номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар мобайни саҳифа;

-       сатри сеюм матни асосӣ, ки дар таҳриргари матни MS Word ҳуруфчинӣ шудааст, фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳнои саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин аст;

-       рӯйхати адабиёти истифодашуда дар охири матн оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда шавад;

-       ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [намуна: 3, с.25] омода карда шавад, ки дар он ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он бояд бошад;

-       ҳаҷми матни маърӯза бо расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёт набояд аз 6 саҳифа кам бошад;

-         хароҷоти рафтуомад ба зиммаи иштироккунанда мебошад.

Интихоб ва қабули мақолаҳо ба уҳдаи ҳайати илмии конференсия аст.

Нишони электронӣ барои ирсол кардани мақолаҳо: davlatova.farid@gmail.com

Муҳлат барои қабули матни маърӯзаҳо – то 10.09.2026 с.

Макони баргузории конференсия: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.

Вақти баргузории конференсия: соати 09:00.

Маводи  конференсия дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ мерасад.

Суроғаи мо: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо.

Телефонҳо барои тамос: 221-04-77, 92-704-09-08, 919-34-38-94