Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2025 таҳти №83 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар муассисаҳои илмии АМИТ барои соли 2026» бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 111-солагии тоҷикшиноси маъруфи чех Иржи Бечка, санаи 16 октябри соли 2026 конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Иржи Бечка-поягузори тоҷикшиносӣ дар Чехия» баргузор менамояд.
Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
-зиндагинома, фаъолияти илмӣ ва мероси адабии Иржи Бечка;
-саҳми Иржи Бечка дар ташаккул ва рушди тоҷикшиносӣ дар Ҷумҳурии Чехия;
-омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик дар осори Иржи Бечка;
-саҳми ӯ дар муаррифии адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар Аврупо;
-таҳқиқоти Иржи Бечка дар соҳаи забон ва адабиёти тоҷик;
-фаъолияти тарҷумонии ӯ аз забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ ба забони чехӣ;
-нақши Иржи Бечка дар рушди эроншиносӣ ва шарқшиносӣ дар Чехия;
-робитаҳои илмӣ ва адабии Иржи Бечка бо донишмандони Тоҷикистон;
-инъикоси таърих, фарҳанг ва адабиёти Тоҷикистон дар осори илмӣ ва публисистии ӯ;
-саҳми Иржи Бечка дар омӯзиш ва муаррифии осори нависандагони муосири адабиёти тоҷик;
-таҳқиқи ҷойгоҳи Тоҷикистон ва тоҷикон дар шарқшиносии Чехия;
-осори библиографӣ ва тарҷумаҳои Иржи Бечка ҳамчун манбаи омӯзиши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Чехия;
-аҳамияти мероси илмии Иржи Бечка барои рушди тоҷикшиносии муосир;
-идомаи анъанаҳои тоҷикшиносии чехӣ дар шароити муносибатҳои дипломатӣ, фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия.
Дар кори конференсия иштироки олимон, муҳаққиқону коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар назар дошта шудааст.
Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Хоҳишмандон аз хориҷӣ кишвар метавонанд, тариқи онлайн суханронӣ менамоянд.
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботи техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:
- саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи рост 2,5 см, аз тарафи чап 1,5 см, боло ва поён 2 см;
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Tj бо андозаи 14;
- сатри якум ҳарфи аввали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор (таҳсил);
- сатри дуюм номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар мобайни саҳифа;
- сатри сеюм матни асосӣ, ки дар таҳриргари матни MS Word ҳуруфчинӣ шудааст, фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳнои саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин аст;
- рӯйхати адабиёти истифодашуда дар охири матн оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда шавад;
- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [намуна: 3, с.25] омода карда шавад, ки дар он ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он бояд бошад;
- ҳаҷми матни маърӯза бо расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёт набояд аз 6 саҳифа кам бошад;
- хароҷоти рафтуомад ба зиммаи иштироккунанда мебошад.
Интихоб ва қабули мақолаҳо ба уҳдаи ҳайати илмии конференсия аст.
Нишони электронӣ барои ирсол кардани мақолаҳо: sanajanvohidova@gmail.com
Муҳлат барои қабули матни маърӯзаҳо – то 20.09.2026 с.
Макони баргузории конференсия: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.
Вақти баргузории конференсия: соати 09:00.
Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ мерасад.
Суроғаи мо: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо.
Телефонҳо барои тамос:+992935008732-профессор д.и.т., Воҳидова Санавбарбону. sanajanvohidova@gmail.com