Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ба аҳаммияти мактаби устод ва шогирд дар рушди илму маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисос таъкид намудаанд, ки «мактаби устод ва шогирдон бояд ба анъанаи нек табдил ёбад». Ин таъкиди муҳим дар заминаи сиёсати давлатӣ оид ба рушди илм, тарбияи насли нави олимон ва ҳифзи пайванди маънавию илмии наслҳо аҳаммияти хосса дорад. Дар ҳақиқат, рушди илм бе идомаи анъанаҳои илмӣ, бе устодони соҳибмактаб ва бе шогирдони идомадиҳандаи роҳи илмӣ тасаввурнопазир аст. Мактаби илмӣ на танҳо маҷмӯи донишҳо, балки муҳити ташаккули ҷаҳонбинӣ, тафаккури таҳлилӣ, фарҳанги илмӣ ва масъулияти шаҳрвандии муҳаққиқ мебошад. Рушди илми фалсафа ва сиёсатшиносӣ дар Тоҷикистони муосир ба ташаккули мактаби илмӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа алоқаманд мебошад. Дар ин раванд фаъолияти олимон, муҳаққиқон ва омӯзгороне, ки дар рушди афкори фалсафӣ ва сиёсатшиносӣ саҳми назаррас гузоштаанд, аҳаммияти махсус дорад. Дар ҳамин замина, зикри номи профессор Абдулвоҳид Абдуллоевич Шамолов ҳамчун яке аз чеҳраҳои шинохтаи илми фалсафа ва сиёсатшиносии муосири тоҷик боиси ифтихор ва арҷгузорӣ ба хидматҳои илмии ин донишманди соҳибтаҷриба мебошад. Абдулвоҳид Шамолов — доктори илмҳои фалсафа, профессор буда, фаъолияти илмӣ ва омӯзгории худро ба масъалаҳои муҳими фалсафа, таърихи афкори фалсафӣ ва масъалаҳои ҷомеашиносӣ пайванд додааст.
Айни замон Шамолов Абдулвоҳид ба ҳайси сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият карда истодаанд.
Таҳлили фаъолияти илмии профессор Абдулвоҳид Абдуллоевич Шамолов нишон медиҳад, ки фаъолияти ӯ дар тӯли беш аз чаҳор даҳсола дорои хусусияти фарогир ва байнисоҳавӣ мебошад. Чор самти асосии таҳқиқоти вай, аз ҷумла таърихи фалсафа, сотсиология, сиёсатшиносӣ ва фалсафаи илм дар маҷмӯъ доираи васеи масъалаҳои таърихӣ, назариявӣ ва амалии ҷомеаи тоҷикро фаро мегиранд ва мактаби илмии вайро асоснок менамояд.
Дар соҳаи таърихи фалсафа ӯ ба бозшиносӣ ва таҳқиқи мероси як қатор мутафаккирони тоҷику форс ва намояндагони мактаби фалсафии Хуросону Мовароуннаҳр мусоидат намуда, таваҷҷуҳро ба арзиши ҷаҳонии мероси фалсафии ниёгон афзудааст.
Дар соҳаи сотсиология таҳқиқоти ӯ ба омӯзиши падидаҳои мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон, аз ҷумла коррупсия, муҳоҷират, мушкилоти ҷавонон ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ равона шудаанд. Дар сиёсатшиносӣ бошад, масъалаҳои идеяи миллӣ, сиёсати ҷавонон, амнияти миллӣ, геополитика ва равандҳои минтақавӣ мавқеи муҳим доранд.
Дар марҳилаи нави фаъолияти илмӣ рӯ овардани ӯ ба фалсафаи илм, нанотехнология, зеҳни сунъӣ, илмҳои когнитивӣ ва конвергенсияи илмҳо нишон медиҳад, ки доираи таҳқиқоти профессор А. А. Шамолов бо масъалаҳои анъанавии таърихи фалсафа маҳдуд нашуда, ба масъалаҳои пешрафтаи илму техника ва дурнамои тамаддуни муосир низ густариш ёфтааст.
Саҳми профессор Абдулвоҳид Шамоловро дар рушди илми фалсафа, сиёсатшиносӣ, геопалитика ва ҷомеашиносии Тоҷикистон метавон ҳамчун пайванди мероси фалсафии миллӣ бо масъалаҳои муосири илм, сиёсат ва ҷомеа арзёбӣ кард. Осори илмӣ, фаъолияти омӯзгорӣ, роҳбарии муассисаҳои илмӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, иштироки фаъол дар ҳамкориҳои байналмилалӣ ва саҳм дар нашри мероси фалсафии ниёгон мавқеи ӯро дар фазои илмии муосири Тоҷикистон муайян менамоянд.
Дар соҳибмактаби устод пеш аз ҳама машғулӣ омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ мебошад, ки тибқи маълумоти мавҷуда, то имрӯз таҳти роҳбарии илмии вай 10 нафар доктори илм ва 34 нафар номзади илм аз Тоҷикистон, Россия, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон рисолаҳои илмии худро таҳия ва ҳимоя намудаанд. Ин нишондиҳанда аз идомаи фаъолияти илмӣ ва таъсири ӯ ба ташаккули насли нави муҳаққиқони соҳаи илмҳои гуманитарӣ шаҳодат медиҳад.
Шамолов Абдулвоҳид Абдуллоевич 29-уми сентябри соли 1958 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №7-и шаҳри Кӯлоб соли 1975 ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил гардид. Таҳсил дар факултаи шарқшиносӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва таваҷҷуҳи ӯ ба масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои Шарқ заминаи мусоид фароҳам овард. Хусусан, шиносоии амиқ бо таърих ва фарҳанги минтақаи Шарқ дар минбаъда барои фаъолияти касбии ӯ аҳаммияти муҳим пайдо намуд.
Солҳои 1979–1981 Шамолов Абдулвоҳид тавассути Сарраёсати 10-уми Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба ҳайси афсар адои хидмат намуд. Пас аз бозгашт таҳсилро идома дода, донишгоҳро хатм кард. Солҳои 1982–1987 дар сафари хидматӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон дар Дастгоҳи мушоварати иқтисодии Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Кобул фаъолият намуд. Таҷрибаи бевоситаи зиндагӣ ва фаъолият дар муҳити иҷтимоӣ ва сиёсии Афғонистон ба ташаккули донишу таҷрибаи ӯ дар масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати минтақавӣ ва равандҳои иҷтимоию сиёсӣ таъсири муҳим расонд.
Марҳилаи муҳими ҳаёти илмии Шамолов Абдулвоҳид ба таҳсил дар аспирантура ва таҳқиқоти илмӣ вобаста мебошад. Солҳои 1987–1990 дар аспирантураи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Соли 1992 рисолаи номзадии худро дар соҳаи таърихи фалсафаи Шарқ ҳимоя намуд. Соли 1994 ба докторантураи ҳамин институт дохил шуда, соли 2002 рисолаи доктории худро ҳимоя кардааст.
Фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва омӯзгории ӯ дар шароите сурат гирифт, ки Тоҷикистон дар марҳилаи тағйироти куллии сиёсӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт. Гузариш ба низоми нави сиёсӣ ва иҷтимоӣ зарурати таҳқиқи масъалаҳои нави фалсафӣ, сиёсатшиносӣ, давлатдорӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муносибатҳои иҷтимоиро ба миён овард. Дар чунин шароит рушди илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла фалсафа ва сиёсатшиносӣ, аҳаммияти махсус касб намуд. Фаъолияти илмӣ ва ташкилотчигии профессор Шамолов низ дар заминаи ҳамин равандҳо ташаккул ёфтааст. Яке аз марҳилаҳои муҳимми фаъолияти ӯ роҳбарӣ ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2008–2015 мебошад. Дар ин давра фаъолияти илмӣ дар самтҳои фалсафа, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ ва илмҳои иҷтимоӣ ба таҳқиқи масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон нигаронида шуд. Роҳбарӣ ба муассисаи илмӣ масъулияти на танҳо илмӣ, балки ташкилотчигӣ ва кадриро низ тақозо менамояд. Аз ин ҷиҳат, фаъолияти профессор Шамолов дар таҳкими муҳити илмӣ, дастгирии таҳқиқоти гуманитарӣ ва омодасозии муҳаққиқони ҷавон аҳаммияти хос дорад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти профессор Шамолов Абдулвоҳид ба сиёсатшиносӣ ва таҳлили равандҳои сиёсӣ алоқаманд мебошад. Таҷрибаи фаъолияти ӯ дар сохторҳои давлатӣ ва таҳлилӣ барои ташаккули муносибати илмӣ ба омӯзиши масъалаҳои сиёсии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овардааст. Солҳои 2004–2009 ӯ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори раёсат фаъолият намуд. Маркази мазкур ҳамчун ниҳоди таҳлилӣ дар омӯзиши равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии кишвар нақши муҳим дорад. Фаъолият дар чунин ниҳод ба профессор имкон фароҳам сохт, ки масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, равандҳои минтақавӣ, масъалаҳои амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалиро аз нуқтаи назари таҳлилӣ ва илмӣ баррасӣ намояд. Таҷрибаи фаъолияти сиёсӣ ва давлатӣ инчунин ба таҳкими робитаи илм бо амалияи идоракунии давлатӣ мусоидат намуд. Ин робита барои рушди сиёсатшиносии амалӣ аҳаммияти муҳим дорад, зеро сиёсатшиносӣ танҳо омӯзиши назарияҳои сиёсӣ набуда, балки таҳлили равандҳои воқеии сиёсӣ ва пешниҳоди заминаҳои илмӣ барои қабули қарорҳоро низ дар бар мегирад.
Дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ масъалаҳои идеяи миллӣ, сиёсати давлатии ҷавонон, амнияти фарҳангӣ, амнияти зеҳнӣ, сиёсати кадрӣ, амнияти ҷуғрофӣ, равандҳои геополитикӣ, рақобати геополитикии абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ, масъалаҳои амнияти Афғонистон, таҳдидҳои сиёсӣ ва давлатӣ, инчунин механизмҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон қарор доранд.
Фаъолияти профессор Шамолов танҳо бо муассисаҳои илмӣ маҳдуд нашуда, дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ идома ёфтааст. Солҳои 1997–2002 ӯ сардори раёсати Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин давра масъалаҳои марбут ба сиёсати ҷавонон, тарбияи шаҳрвандӣ ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Саҳми ӯ дар таъсис ва ташаккули сохтору фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1997, таҳияи ҳуҷҷатҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ қобили зикр мебошад. Вай муаллифи «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон» ва 16 зербарномаҳои он буда, дар таҳияи маҷмуаҳои «Ҷавонон ва илм», «Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ба номи Исмоили Сомонӣ», ташаккули рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», баргузории чорабиниҳои марбут ба ҷавонон, фестивалҳо ва татбиқи «Барномаи меҳнатии ҷавонон» иштирок намудааст. Инчунин солҳои 2016–2019 вазифаи муовини раиси Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Ин таҷриба робитаи фаъолияти илмӣ бо фаъолияти қонунгузорӣ ва идоракунии давлатӣ мебошад. Фаъолияти профессор А. А. Шамоловро метавон намунаи пайванди илм, таҳлил, сиёсат ва хизмати давлатӣ арзёбӣ намуд. Чунин таҷрибаи фарогир ба олим имкон медиҳад, ки масъалаҳои ҷомеаро на танҳо аз диди назариявӣ, балки дар заминаи таҷрибаи амалии давлатдорӣ низ таҳлил намояд.
Ҷанбаи дигари муҳимми фаъолияти профессор Шамолов Абдулвоҳид фаъолияти омӯзгорӣ мебошад. Ӯ ҳамчун мудир ва профессор дар кафедраи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе фаъолият намуд, ки ин фаъолияти омӯзгорӣ ба вай имкон фароҳам овард, ки дар рушди илми фалсафа ва сиёсатшиносӣ саҳми басозо гузорад. Зеро идомаи суннатҳои илмӣ ва ташаккули мактабҳои илмӣ пеш аз ҳама тавассути омодасозии насли нави муҳаққиқон ва мутахассисон таъмин мегардад. Омузонидани илму дониш дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба олим имконият медиҳад, ки таҷрибаи илмӣ ва таҳлилии худро ба донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон расоида, ҳамчун мутахассис ва кадри боистеъдод дар рушди илм равона созад. Аз ин рӯ, фаъолияти омӯзгории профессор Шамоловро метавон яке аз воситаҳои муҳими саҳми ӯ дар рушди илми гуманитарии кишвар арзёбӣ кард.
Натиҷаҳои ин таҳқиқот дар беш аз 700 мақолаи илмӣ инъикос ёфтаанд, ки дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Эрон, Туркия, Олмон, Белгия, Кореяи Ҷанубӣ, Шветсия, Бразилия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ба табъ расидаанд.
Дар самти сиёсатшиносӣ монографияҳои зерин низ ба табъ расидаанд:
1. Масъалаҳои ташаккули “Идеяи миллӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳаммуаллифӣ). Фонди Фридрих Эберт, 2006. — 260 с.;
2. Абӯҳанифа ва эҳёи худшиносии миллии тоҷикон. Душанбе: Дониш, 2009. — 320 с.;
3. Суннатҳои мардумӣ ва раванди демократикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе: Дониш, 2010. — 173 с.;
4. Бозиҳои геополитикӣ. Душанбе: Дониш, 2015. — 133 с.;
5. Ҷашнномаҳо. Душанбе: Дониш, 2015. — 102 с.;
6. Равандҳои муҳоҷират: назария, методология ва амалияи таҳқиқоти сиёсӣ. Душанбе: Сифат-Офсет, 2025. — 459 с.; ва дигар асарҳо.
Самти дигари фаъолияти илмии профессор А. А. Шамоловро таҳқиқоти сотсиологӣ ташкил медиҳад. Дар ин бахш диққати асосӣ ба омӯзиши падидаҳои мубрам ва рӯзмарраи ҷомеаи муосири Тоҷикистон равона шудааст. Аз ҷумла, масъалаҳои коррупсия ва роҳҳои мубориза бо он, мушкилоти иҷтимоии ҷавонон, густариши зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ дар байни наврасон, хариду фурӯши кӯдакон ва занон, шаффофияти идорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва паёмадҳои иҷтимоии он, инчунин вазъи иҷтимоии минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон ва Ӯзбекистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Аз ҷумлаи асарҳои профессор А. А. Шамолов дар ин самт метавон чунин корҳои илмиро ном бурд:
1. Масъалаҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе: Дониш, 1998. — 244 с. (ба забони русӣ);
2. Коррупсия дар Тоҷикистон. Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, 2005. — 89 с.;
3. Коррупсия дар Тоҷикистон: афкори ҷомеа. Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, 2006. — 192 с.;
4. Коррупсия в Таджикистане. Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, 2006. — 158 с.;
5. Corruption in Tajikistan: Public Opinion. Dushanbe: UNDP, 2006. — 112 p.; ва ғайра.
Дар маҷмӯъ, дар самти сотсиология беш аз 40 мақолаи илмии профессор А. А. Шамолов ба табъ расидааст. Аҳаммияти таҳқиқоти мазкур дар он аст, ки онҳо кӯшиши омӯзиши эмпирикии падидаҳои иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро тақвият бахшида, ба масъалаҳои иҷтимоӣ на танҳо аз дидгоҳи назариявӣ, балки бо такя ба афкори ҷомеа ва натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ муносибат менамоянд.
Бо назардошти аҳаммияти таҳқиқоти анҷомдода дар мавриди коррупсия ва оқибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии он, профессор А. А. Шамолов солҳои 2005 ва 2006 ҳамчун «Олими сол» пазируфта шудааст.
Самти нахустини фаъолияти илмии профессор А. А. Шамолов ба таҳқиқи таърихи фалсафаи тоҷику форс бахшида шудааст. Дар ин самт ӯ ба омӯзиш ва таҳлили осор, таълимот ва низоми фалсафии як қатор мутафаккироне рӯ овардааст, ки то он замон дар Тоҷикистон ба таври кофӣ ё аз нигоҳи илмӣ-интиқодӣ мавриди таҳқиқ қарор нагирифта буданд. Аз ҷумла, таълимоти фалсафии Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ, Аҳмад Ғазолӣ, Абӯмансури Мотуридии Самарқандӣ, Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ (асри IX), Абулмуъин ибни Муҳаммади Насафӣ, Абумутеъ Махул ибни Фазли Насафӣ, Боқилонӣ, Ҷувайнӣ ва дигар намояндагони ҳикмати асримиёнагии Хуросону Мовароуннаҳр аз ҷониби ӯ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Муҳаққиқ тавассути омӯзиши сарчашмаҳои аслӣ ва муқоисаи манбаъҳои таърихию фалсафӣ кӯшиш намудааст, ки номи ин мутафаккирон ва мероси илмии онҳоро ба фазои таҳқиқоти фалсафии Тоҷикистон бозгардонад. Дар натиҷа, саҳми мутафаккирони Хуросону Мовароуннаҳр дар ташаккул ва рушди тафаккури фалсафӣ, илмӣ ва фарҳангии аҳли башар бештар мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор гирифт.
Таҳқиқоти профессор А. А. Шамолов дар ин самт, пеш аз ҳама, хусусияти таърихӣ ва муқоисавӣ дорад. Дар онҳо масъалаҳои ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ, инсоншиносӣ, ахлоқ, ирфон, муносибати дин ва фалсафа, инчунин ҷойгоҳи мероси фалсафии мутафаккирони Шарқ дар таърихи афкори башарӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
Аз муҳимтарин монографияҳои ӯ дар самти таърихи фалсафа метавон асарҳои зеринро ном бурд:
1. Фалсафаи ахлоқи Абӯҳомид Ғазолӣ ва Насириддин Тусӣ: таҳлили интиқодӣ-муқоисавӣ. Душанбе: Ирфон, 1994. — 180 с. (ба забони русӣ);
2. Ҳуҷҷатулислом Ғазолӣ: андешаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ. Душанбе: Дониш, 1996. — 332 с.;
3. Машҳади Ризо». Хуҷанд, 1998. — 182 с.;
4. Ҳикмати назми ниёгон. Авасто. 1999. — 98 с.;
5. Фалсафаи Мотуридии Самарқандӣ. Душанбе: Авасто, 2000. — 286 с.;
6. Фалсафаи Абӯҳомид Ғазолӣ. Душанбе: Пайванд, 2008. — 476 с. (ба забони русӣ);
7. Фалсафаи сиёсии Ғазолӣ. Душанбе: Пайванд, 2008. — 169 с.;
8. Таълимоти фалсафии Абӯҳомид Ғазолӣ. Душанбе: Дониш, 2009. — 318 с. (ба забони русӣ);
9. Каломи Мовароуннаҳр. Душанбе: Дониш, 2013. — 569 с.; ва дигар асарҳо.
Дар баробари монографияҳои мазкур, профессор А. А. Шамолов дар самти таърихи фалсафаи тоҷику форс беш аз 300 мақолаи илмӣ ба табъ расонидааст. Ин мақолаҳо дар Тоҷикистон, Россия, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо нашр гардида, ба таҳқиқи масъалаҳои мубрами фалсафии осори Абӯбакр ар-Розӣ, Абӯҳомид Ғазолӣ, Насириддини Тӯсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Алии Ҳамадонӣ, Имом Бухорӣ, Шавкати Бухороӣ, Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Ваҳшии Бовқӣ, Фирдавсии Тӯсӣ, Ироншаҳрӣ, Абубакри Розӣ ва дигар мутафаккирон бахшида шудаанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми ин таҳқиқот дар он аст, ки муаллиф мероси фалсафию маънавии ниёгонро на танҳо аз мавқеи таърихӣ, балки дар робита бо масъалаҳои муосири фалсафа ва фарҳанг баррасӣ менамояд. Ҳадаф аз ин таҳқиқот, ба андешаи муаллиф, теологикунонии афкори ҷомеа нест, балки пур кардани фазои илмии байни фалсафа ва илм ва нишон додани нақши мероси фалсафии гузашта дар ташаккули тафаккури илми муосир мебошад.
Дар ин самт масъалаҳои нанотехнология, фалсафаи нано, муносибати фалсафа ва дастовардҳои навини илму техника, дурнамои илми тоҷик дар шароити таҳаввулоти илмӣ-техникӣ ва маориф, зеҳни сунъӣ, мошинҳои «бохирад», илмҳои когнитивӣ, инноватсия ҳамчун объекти тафаккури фалсафӣ, конвергенсияи илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ, муносибати фалсафаи Шарқ ва Ғарб, инчунин ирфон ҳамчун падидаи фарҳангӣ ва маърифатӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Дар ин самт профессор А. А. Шамолов як монография ва беш аз 70 мақолаи илмӣ ба табъ расонидааст. Соли 2023 монографияи ӯ таҳти унвони (Фалсафаи нано. Душанбе: Дониш, 2023. — 121 с.) ба нашр расид. Муаллиф дар ин асар масъалаҳои кашфиётҳои навини илмҳои дақиқ, нанотехнология, муносибати инсон ва технологияҳои нав ва таъсири онҳо ба ҷомеаи башариро аз мавқеи фалсафӣ таҳлил намудааст. Нашри чунин асарҳо аз кӯшиши ворид намудани масъалаҳои илм ва технологияҳои муосир ба доираи таҳқиқоти фалсафии тоҷик шаҳодат медиҳад.
Дар баробари таҳқиқоти мустақими илмӣ профессор А. А. Шамолов дар тарҷума, таҳия ва нашри осори фалсафию илмии ниёгон низ саҳми назаррас гузоштааст. Дар давраи фаъолияти ӯ ва олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилдҳои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 10, 11, 12, 13, 14, 15 ва 16-уми осори Ибни Сино (Душанбе: Дониш, 2010–2016) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр гардидаанд.
Ҳамчунин бо иштироки ӯ дар нашри осори зерин саҳм гузошта шудааст:
1. Алии Ҳамадонӣ. «Захиратул-мулук». Душанбе: Ирфон, 1994;
2. Носири Хусрав. «Рисолаҳои фалсафӣ». Душанбе: Ирфон, 2004. — 407 с.;
3. Хоҷа Аҳрори Валӣ ва пайравони ӯ. Душанбе: Дониш, 2004;
4. Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. «Эҳё улумиддин», «Кимиёи саодат»,. Душанбе: Дониш, 2008; ва ғайра.
Дар байни ин нашрияҳо «Китоби шифо»-и Ибни Сино ҷойгоҳи махсус дорад. Тарҷума ва нашри ин асари бузурги фалсафию илмӣ ба забони тоҷикӣ ва русӣ барои дастрасии васеи хонандагон ба мероси фалсафии Ибни Сино аҳаммияти муҳим дошт. Бо иштироки бевоситаи профессор А. А. Шамолов инчунин баргузории ҷашнҳои бузургдошти 950 солании Абӯҳомид Ғазолӣ, 1300 солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ ва Мотуридии Самарқанди дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва давлатӣ роҳандозӣ гардидааст.
Яке аз дастовардҳои муҳими давраи роҳбарии профессор А. А. Шамолов дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашри асари бунёдии «Таърихи фалсафаи тоҷик» мебошад. Ин асар бо иштироки олимони маъруфи соҳаи таърихи фалсафа таҳия шуда, ба забони русӣ дар се ҷилд ва ба забони тоҷикӣ дар шаш ҷилд ба табъ расидааст.
Нашри ин асари чандҷилда барои таҳқиқ ва муаррифии таърихи афкори фалсафии тоҷик аҳаммияти калидӣ дошта, ба низом даровардани донишҳои мавҷуда дар бораи рушди тафаккури фалсафии тоҷик аз давраҳои қадим то замони муосир мусоидат кардааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, нашри сеҷилдаи «Таърихи фалсафаи тоҷик» соли 2013 дар озмуни китобҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми аввалро соҳиб гардидааст.
Фаъолияти илмии профессор А. А. Шамолов бо доираи илмии Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Ӯ дар конференсияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ дар Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Чин, Хорватия, Шветсия, Олмон, Фаронса, Белгия ва дигар кишварҳо маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намудааст. Иштирок дар чунин чорабиниҳо ба густариши робитаҳои илмӣ, муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба бо муҳаққиқони хориҷӣ мусоидат кардааст.
Барои фаъолияти илмӣ, ҷамъиятӣ ва хизматҳои шоиста профессор А. А. Шамолов ба як қатор ҷоизаҳо ва мукофотҳо сазовор гардидааст.
Аз ҷумла:
1. Барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — соли 1998.
2. Барандаи ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон барои дастовардҳои илмӣ — соли 2007.
3. Барандаи ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ — соли 2013.
Барои далерӣ ва шуҷоат дар иҷрои вазифаи башардӯстона дар Афғонистон низ бо як қатор ордену медалҳо, аз ҷумла ордени «Ситораи сурх», «Барои осудагии шоиста», «Барои мардонагӣ ва ҷасорат» ва 24 медалу дигар нишонҳои фахрӣ сарфароз гардидааст. Ҳамчунин ӯ бо ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҳизби халқии демократии Афғонистон, Бунёди Ҷорҷ Маршал (Олмон) ва дигар ташкилоту муассисаҳо қадрдонӣ шуда, барои такмили ихтисос дар кишварҳои хориҷӣ сафар гардидааст, аз ҷумла ба:
1. Академияи идоракунии назди Шӯрои вазирони Федератсияи Россия (соли 1990);
2. Курсҳои Маркази аврупоии омӯзиши масъалаҳои амният ба номи Ҷ. К. Маршалл, Ҷумҳурии Федеративии Олмон (соли 2006);
3. Курсҳои омӯзишӣ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва масъалаҳои оила, шаҳри Сеул, Ҷумҳурии Корея (солҳои 2004, 2005, 2006, 2007 ва 2010);
4. Курсҳои Донишкадаи такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии Россияву Тоҷикистон (РТСУ) дар мавзӯи «Мубориза бо хариду фурӯши одамон ва ҳимояи қурбониёни хариду фурӯши одамон». (16 январи соли 2023).
Яке аз хусусиятҳои асосии фаъолияти профессор Шамолов Абдулвоҳид фарогирии доираи васеи масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фалсафӣ мебошад. Таҷрибаи корӣ дар соҳаҳои гуногун ба ӯ имконият фароҳам овардааст, ки масъалаҳои ҷомеаро дар пайванди назария ва амалия баррасӣ намояд. Дар шароити муосир масъалаҳои давлатдорӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, амнияти миллӣ, равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими таҳқиқоти илмҳои гуманитарӣ мебошанд. Омӯзиши ин масъалаҳо аз нигоҳи фалсафӣ ва сиёсатшиносӣ барои дарки равандҳои рушди ҷомеаи Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.
Хулоса. Хусусияти муҳими фаъолияти профессор А. А. Шамолов дар пайванди илм бо таҷрибаи сиёсӣ ва давлатӣ зоҳир мегардад. Ин таҷриба барои омӯзиши воқеъбинонаи равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва таҳкими робитаи илм бо ниҳодҳои давлатӣ аҳаммияти назаррас дорад. Роҳбарии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти таҳлилӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз муҳимтарин марҳилаҳои фаъолияти касбии ӯ ба шумор мераванд.
Бо дарназардошти фаъолияти чандинсолаи илмӣ, омӯзгорӣ, таҳлилӣ ва давлатӣ, профессор Шамолов Абдулвоҳид Абдуллоевичро метавон аз намояндагони фаъоли насли олимон ва мутахассисоне донист, ки дар рушди илмҳои фалсафӣ ва сиёсатшиносии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд.
Устод А. А. Шамолов аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки дар баробари донишу таҷрибаи ғании илмӣ, хислатҳои неки инсонӣ, аз ҷумла хоксорӣ, хушмуомилагӣ ва фарҳанги баланди муоширатро доро ҳастанд. Ӯ ба рушди илми тоҷик ва махсусан ба илмдӯстиву фаъолияти таҳқиқотии мо ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Устод таҷрибаи чандинсолаи илмӣ ва касбии худро аз муҳаққиқони ҷавон дареғ намедоранд. Дар суҳбат бо профессор ҳар яки мо худро озод эҳсос мекунем. Маслиҳату андешаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва таҷрибаи бойи ӯ ба мо дар таҳкими мавқеи илмӣ, такмили ҷаҳонбинӣ ва пешбурди корҳои таҳқиқотӣ кумак мерасонанд. Маҳз чунин муносибати самимӣ ва устодонаи профессор моро водор месозад, ки аз доштани чунин шахсияти илмӣ ҳамчун устод, роҳнамо ва ҳамкор ифтихор намоем.
Ба муносибати зодрӯзашон профессори арҷманд Шамолов Абдулвоҳид Абдуллоевичро аз самими қалб муборакбод намуда, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри дароз, хотири ҷамъ, рӯзгори обод, саодати зиндагӣ ва неруи тоза барои корҳои минбаъдаи илмӣ орзу менамоем.
Бигзор қалами устод ҳамеша сабз, андешаашон созанда ва фаъолияти илмияшон пурмаҳсул бошад. Орзумандем, ки таҷрибаи ғанӣ, донишу маърифати баланд ва фаъолияти пурсамари профессор солҳои дароз барои рушди илми тоҷик, тарбияи муҳаққиқони ҷавон ва пешрафти ҷомеа хизмат намояд.
Соҳиби Баҳруло,
ходими калони илмии шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ