×

ТАКМИЛИ СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: САБАҚҲО АЗ ТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бозгашт ба мавод

ТАКМИЛИ СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: САБАҚҲО АЗ ТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ИОМДОА Дигар 05-10-2026 ш.Душанбе
ТАКМИЛИ СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: САБАҚҲО АЗ ТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ буда, дар шароити муосир ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба рушди устувори давлат ва ҷомеа табдил ёфтааст. Ин падида на танҳо ба фаъолияти мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад, балки метавонад ба иқтисод, муҳити соҳибкорӣ, низоми адолати иҷтимоӣ, сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои (институтҳои) давлатӣ таъсир расонад. Дар сурати паҳн гардидани муносибатҳои корруптсионӣ меъёрҳои қонунӣ ва ахлоқии фаъолияти ҷамъиятӣ заиф гардида, манфиатҳои хусусӣ метавонанд бар манфиатҳои ҷамъиятӣ бартарӣ пайдо намоянд. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия бояд ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва рушди ниҳодҳои (институтҳои0 муосири идоракунӣ баррасӣ шавад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи корруптсия аҳамияти фаромиллӣ низ касб намудааст. Рушди муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, афзоиши гардиши сармоя, фаъолияти ширкатҳои фаромиллӣ, татбиқи пружаҳои муштараки сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ зарурати ташаккули стандартҳои муосири шаффофият ва масъулиятро бештар менамояд. Коррупсия метавонад на танҳо дар дохили як давлат, балки дар муносибатҳои иқтисодии миёни давлатҳо низ ба вуҷуд омада, ба муҳити рақобат ва эътимоди байни шарикони байналмилалӣ таъсир расонад. Аз ин ҷиҳат омӯзиши таҷрибаи давлатҳое, ки дар ҷодаи эҷоди созукорҳои (механизмҳои) пешгирӣ ва назорати корруптсия таҷрибаи ғанӣ доранд, барои такмили сиёсати миллӣ аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар давраи соҳибистиқлолӣ барои ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба корруптсия тадбирҳои муайянро амалӣ кардааст. Қабули санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ, таъсиси мақомоти махсусгардонидашуда, таҳияи барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ, ҷорӣ намудани созукорҳои (механизмҳои) назорати молиявӣ ва тадбирҳои дигари пешгирикунанда аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати зиддикорруптсионӣ мебошанд. Дар ин раванд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба корруптсия» ва Стратегияи миллии муқовимат ба корруптсия то соли 2030 аҳамияти махсус доранд. Фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруптсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қисми муҳими низоми институтсионалии муқовимат ба корруптсияро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки мавҷудияти заминаи ҳуқуқӣ ва мақомоти махсусгардонидашуда худ аз худ кафолати пурраи самаранокии сиёсати зиддикоррупсионӣ шуда наметавонад. Самаранокии чунин сиёсат, пеш аз ҳама, аз он вобаста аст, ки қонунҳо то чӣ андоза дар амал татбиқ мешаванд, созукорҳои (механизмҳои) назорат чӣ гуна фаъолият мекунанд, хавфҳои корруптсионӣ то кадом дараҷа пешакӣ муайян карда мешаванд ва дар дохили мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо то чӣ андоза фарҳанги масъулият ва риояи қонун ба мушоҳида мерасад.

Аз ин нигоҳ барои давлати муосири Тоҷикистон масъалаи гузариш аз модели асосан вокунишӣ ба модели бештар пешгирикунанда аҳамияти махсус пайдо мекунад. Модели вокунишӣ бештар ба ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва татбиқи чораҳои ҷавобгарӣ баъд аз содир шудани он такя мекунад. Модели пешгирикунанда бошад, кӯшиш мекунад, ки пеш аз ба вуҷуд омадани ҳуқуқвайронкунӣ хавфҳо муайян, сабабҳо таҳлил ва созукорҳои (механизмҳои) пешгирӣ ҷорӣ карда шаванд. Ин равиш дар таҷрибаи як қатор кишварҳо тадриҷан мавқеи муҳим пайдо кардааст.

Яке аз унсурҳои муҳими модели пешгирикунанда низоми “комплаенс” мебошад. “Комплаенс” дар маънои васеъ маҷмуи қоидаҳо, расмиёт ва созукорҳои (механизмҳои) дохилии ташкилотро фаро мегирад, ки ба таъмини риояи қонунгузорӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва талаботи дохилии ташкилот равона шудаанд. Дар доираи чунин низом хавфҳои эҳтимолии корруптсионӣ муайян гардида, барои коҳиш додани онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. “Комплаенс” метавонад дар мақомоти давлатӣ, ширкатҳои давлатӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва бахши хусусӣ мавриди истифода қарор дода шавад.

Таҷрибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин самт таваҷҷуҳи махсусро ҷалб менамояд. Қонуни ИМА оид ба амалҳои корруптсионӣ дар хориҷи кишвар — Foreign Corrupt Practices Act (FCPA), ки соли 1977 қабул шудааст, яке аз санадҳои маъруфи ҳуқуқӣ дар арсаи мубориза бо ришваситонӣ ба ҳисоб меравад. Ин қонун, аз ҷумла, додани пора ба мансабдорони хориҷиро манъ намуда, масъалаҳои шаффофияти ҳисоботи молиявӣ ва назорати дохилии ширкатҳоро низ фаро мегирад. Хусусияти муҳими ин равиш дар он мебошад, ки таваҷҷуҳ на танҳо ба худи амали додани пора, балки ба созукорҳое (механизмҳое) равона карда мешавад, ки метавонанд барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо дар дохили ширкат истифода шаванд.

Қонуни Сарбейнс–Оксли, ки соли 2002 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабул гардид, низ дар ҷодаи таҳкими назорати дохилӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарияти ширкатҳо ва таъмини шаффофияти ҳисоботи молиявӣ нақши муҳим дорад. Таҷрибаи татбиқи чунин созукорҳо (механизмҳо) нишон медиҳад, ки мубориза бо корруптсия на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Худи ташкилотҳо низ бояд дар муайян кардан ва пешгирӣ намудани хавфҳои корруптсионӣ масъулияти муайян дошта бошанд.

Масъулияти ширкатҳо барои амалҳои кормандон, намояндагон ва миёнаравон низ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Дар фаъолияти иқтисодии муосир ширкатҳо аксар вақт аз хизматрасонии намояндагон, мушовирон ва миёнаравон истифода мебаранд. Аз ин рӯ, мавҷудияти чунин миёнаравон набояд ба воситаи канорагирӣ аз талаботи зиддикорруптсионӣ табдил ёбад. Ҷорӣ намудани созукорҳои (механизмҳои) санҷиши шарикон, баҳодиҳии хавфҳо ва назорати муносибатҳои молиявӣ метавонад дар ин самт аҳамияти калон дошта бошад.

Таҷрибаи Британияи Кабир низ аз нуқтаи назари ташаккули низоми пешгирикунандаи муқовимат ба корруптсия қобили омӯзиш мебошад. Қонуни Британияи Кабир оид ба мубориза бо ришваситонӣ — UK Bribery Act, ки соли 2011 қабул шудааст, доираи васеи муносибатҳои марбут ба ришваситониро фаро мегирад. Яке аз ҷанбаҳои муҳими он масъулияти ташкилот барои андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии ришваситонӣ мебошад. Ин муносибат масъулияти роҳбарияти ташкилотро дар эҷоди муҳити дохилии шаффоф ва қонунӣ бештар менамояд.

Дар доираи чунин равиш ташкилот бояд на танҳо пас аз ошкор шудани ҳолати корруптсионӣ вокуниш нишон диҳад, балки қаблан хавфҳои эҳтимолиро муайян ва барои коҳиш додани онҳо тадбирҳо андешад. Ин тадбирҳо метавонанд арзёбии хавфҳои корруптсионӣ, таҳияи сиёсати дохилӣ, омӯзиши кормандон, назорати муносибатҳои молиявӣ, санҷиши шарикони тиҷоратӣ ва роҳандозии созукорҳои (механизмҳои) хабардиҳӣ дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии корруптсияро дар бар гиранд.

Таҷрибаи Федератсияи Россия низ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо дарназардошти наздикии сохтори ҳуқуқӣ ва баъзе хусусиятҳои низоми идоракунӣ, аҳамияти муайяни муқоисавӣ дорад. Қонуни федералии №273-ФЗ «Дар бораи муқовимат ба корруптсия», Нақшаи миллии муқовимат ба корруптсия ва барномаҳои минтақавӣ заминаи асосии фаъолияти зиддикорруптсиониро ташкил медиҳанд. Декларатсияи даромадҳо ва молу мулки шахсони мансабдор, чораҳои пешгирии бархӯрди манфиатҳо ва созукорҳои (механизмҳои) назорати дохилӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими ин низом мебошанд.

Дар баъзе минтақаҳои Федератсияи Россия низ таҷрибаҳои мухталифи ташкили филтрҳои зиддикорруптсионӣ дар соҳаи хариди давлатӣ истифода мешаванд. Таҷрибаи Ҷумҳурии Тотористон, аз ҷумла, метавонад аз нуқтаи назари истифодаи созукорҳои (механизмҳои) иловагии назорат дар раванди тендерҳо мавриди омӯзиш қарор гирад. Албатта, чунин таҷрибаҳо бояд пеш аз татбиқ дар Тоҷикистон, бо дарназардошти қонунгузорӣ ва шароити миллии кишвар, таҳлил карда шаванд.

Яке аз самтҳои муҳими такмили сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Тоҷикистон метавонад таҳкими назорати дохилӣ дар ташкилотҳои давлатӣ ва ширкатҳои дорои иштироки давлат бошад. Дар чунин ташкилотҳо таъсиси воҳидҳои махсуси зиддикорруптсионӣ ё “комплаенс” метавонад барои муайян намудани хавфҳо ва назорати риояи талаботи қонунгузорӣ мусоидат намояд. Вазифаи ин воҳидҳо бояд танҳо гузаронидани санҷишҳои дохилӣ набошад. Онҳо метавонанд ба таҳлили равандҳои корӣ, муайян намудани нуқтаҳои осебпазир, омӯзиши кормандон, таҳияи дастурамалҳои дохилӣ ва ироаи тавсияҳо ба роҳбарият низ машғул шаванд.

Дар ин замина масъалаи масъулияти ташкилотҳо низ аҳамияти муҳим пайдо мекунад. Агар ташкилот хавфҳои маълумро нодида гирифта, созукорҳои (механизмҳои) зарурии пешгириро ҷорӣ накунад ё нисбат ба ҳолатҳои эҳтимолии корруптсионӣ чораҳои муносиб наандешад, зарурати муайян намудани масъулияти ҳуқуқии он метавонад ба миён ояд. Чунин муносибат метавонад роҳбарияти ташкилотҳоро ба ташкили низоми муассири назорати дохилӣ ҳавасманд намояд.

Соҳаи хариди давлатӣ яке аз самтҳои муҳимест, ки дар он шаффофият ва назорати доимӣ зарур мебошад. Ҳаҷми зиёди маблағҳои давлатӣ, теъдоди зиёди иштирокчиён ва мураккабии равандҳои харид метавонанд барои ба вуҷуд омадани хавфҳои гуногун замина фароҳам оваранд. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани филтрҳои зиддикорруптсионӣ дар тендерҳои калонҳаҷм ва истифодаи аудити мустақил метавонад ба баланд бардоштани сатҳи шаффофият мусоидат намояд.

Дар баробари ин, метавон созукорҳои (механизмҳои) муайян намудани бархӯрди эҳтимолии манфиатҳоро дар раванди хариди давлатӣ такмил дод. Масалан, санҷиши маълумот дар бораи иштирокчиёни тендер, сохтори моликияти онҳо, робитаҳои эҳтимолӣ бо шахсони масъули қабули қарор ва дигар омилҳои хавф метавонад пеш аз гирифтани тасмим анҷом дода шавад. Ҳадафи чунин тадбирҳо бояд на маҳдуд кардани рақобат, балки таъмини шароити баробар ва шаффоф барои ҳамаи иштирокчиён бошад.

Масъалаи ҷавобгарӣ барои ният ва пешниҳоди корруптсионӣ низ метавонад мавриди таҳлили минбаъда қарор гирад. Дар баъзе низомҳои ҳуқуқӣ на танҳо натиҷаи ниҳоии амали корруптсионӣ аҳамияти ҳуқуқӣ дорад, балки худи пешниҳоди пора ё ваъдаи додани он низ метавонад боиси ҷавобгарӣ гардад. Омӯзиши чунин таҷрибаҳо барои муайян намудани имконҳои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муфид буда метавонад. Ҳамзамон ҳар гуна тағйирот бояд бо принтсипҳои қонуният, муайянии меъёри ҳуқуқӣ ва кафолатҳои мурофиавӣ мутобиқ бошад.

Масъалаи туҳфаҳо, имтиёзҳо ва дигар манфиатҳои ғайриқонунӣ низ дар низоми пешгирии корруптсия ҷойгоҳи муҳим дорад. Барои шахси мансабдор қабули туҳфа метавонад дар баъзе ҳолатҳо сабаби пайдо шудани бархӯрди манфиатҳо ё шубҳаи асоснок нисбат ба беғаразии қарори қабулшуда гардад. Аз ин рӯ, муқаррар намудани қоидаҳои равшан оид ба қабули туҳфаҳо, меҳмондорӣ ва дигар имтиёзҳо метавонад ба пешгирии чунин хавфҳо мусоидат намояд. Дар мавриди иҷрои вазифаҳои хизматӣ манъи қабули туҳфаҳо, новобаста аз арзиши онҳо, метавонад ҳамчун яке аз имконҳои такмили низоми пешгирикунанда мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дар айни замон меъёрҳои марбут ба туҳфаҳо бояд ба таври дақиқ таҳия  шаванд, то байни муносибатҳои одии иҷтимоӣ ва пешниҳоди манфиати дорои хусусияти корруптсионӣ фарқ гузошта шавад. Мақсади асосӣ бояд пешгирии таъсири манфиатҳои шахсӣ ба қабули қарорҳои хизматӣ ва ҳифзи беғаразии фаъолияти давлатӣ бошад.

Шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеа дар назорати он низ яке аз унсурҳои муҳими сиёсати муосири зиддикорруптсионӣ мебошад. Дастрасии шаҳрвандон ба маълумоти дахлдори давлатӣ метавонад ба баланд шудани сатҳи ҳисоботдиҳӣ мусоидат кунад. Дар ин замина нашри маълумоти зарурӣ дар сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар доираи талаботи қонунгузорӣ маълумоти марбут ба эъломияҳои даромад ва дороиҳои шахсони мансабдори дахлдор, метавонад мавриди рушди минбаъда қарор гирад.

Дар баробари ин, зарурати ҳифзи маълумоти дорои хусусияти шахсӣ ва дигар маълумоти маҳдуд низ бояд ба назар гирифта шавад. Аз ин рӯ, шаффофият бояд бо талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва дигар манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мутобиқ карда шавад. Маҳз тавозуни дурусти миёни шаффофият ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон метавонад ба эътимоди ҷомеа мусоидат кунад.

Таъсиси корпояи (платформаи) бехатар ва махфӣ барои пешниҳоди хабарҳо дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии корруптсионӣ низ метавонад яке аз воситаҳои муосири пешгирӣ бошад. Шахсоне, ки аз ҳолатҳои эҳтимолии корруптсия огоҳ мешаванд, бояд имконият дошта бошанд, ки дар бораи онҳо бо истифода аз василаҳои (механизмҳои) бехатар маълумот пешниҳод намоянд. Барои самаранокии чунин низом зарур аст, ки махфияти шахсияти хабардиҳанда таъмин гардида, ӯ аз фишор ва таъқиби беасос ҳифз карда шавад. Ҳамзамон ҳар як хабар бояд бо тартиби муайян ва бо шеваи объективӣ мавриди санҷиш қарор гирад.

Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди мониторинг низ метавонад самаранокии сиёсати зиддикорруптсиониро баланд бардорад. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, воситаҳои ахбори умум ва коршиносони мустақил метавонанд дар таҳлили барномаҳои давлатӣ, арзёбии сатҳи шаффофият ва омӯзиши мушкилоти амалии мубориза бо корруптсия саҳм бигиранд. Таъсиси Шурои ҷамъиятӣ ё созукорҳои (механизмҳои) машваратии монанд метавонад ҷиҳати ба роҳ мондани муколамаи мунтазам миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеа мусоидат намояд.

Дар баробари чораҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, масъалаи маърифати зиддикорруптсионӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Мубориза бо корруптсия танҳо тавассути ҷазо додани шахсони гунаҳкор ҳалли пурраи масъала буда наметавонад. Зарур аст, ки дар ҷомеа фарҳанги эҳтиром ба қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва муносибати оштинопазирона нисбат ба корруптсия ташаккул ёбад. Ин раванд бояд аз муассисаҳои таълимӣ оғоз гардида, дар муҳити хизматӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ идома ёбад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷорӣ намудани курсҳои махсус ё модулҳои таълимӣ оид ба ахлоқи хизматӣ, пешгирии корруптсия, бархӯрди манфиатҳо ва масъулияти ҳуқуқӣ метавонад ба баланд шудани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мусоидат намояд. Барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ гузаронидани курсҳои мунтазами омӯзишӣ зарур мебошад. Мазмуни чунин курсҳо бояд на танҳо ба омӯзиши қонунгузорӣ, балки ба масъалаҳои воқеии тасмимгирӣ, шинохти хавфҳои корруптсионӣ ва тарзи дурусти вокуниш ба ҳолатҳои эҳтимолии ришваситонӣ равона карда шавад.

Дар сатҳи институтсионалӣ таъсиси Институти комплаенси зиддикорруптсионии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳамчун яке аз пешниҳодҳои дурнамоӣ баррасӣ гардад. Чунин Донишкада (Институт) метавонад ба таҳқиқи таҷрибаи байналмилалӣ, таҳияи стандартҳои миллӣ, омода намудани тавсияҳои методӣ, гузаронидани омӯзишҳо ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи “комплаенс” мусоидат намояд. Ҳамчунин он метавонад барои таҳияи созукорҳои (механизмҳои) арзёбии хавфҳои корруптсионӣ ва мутобиқ намудани таҷрибаи хориҷӣ ба шароити Тоҷикистон заминаи илмӣ ва методӣ фароҳам созад.

Яке аз вазифаҳои чунин сохтор метавонад таҳияи сиёсати намунавии зиддикорруптсионӣ барои мақомоти давлатӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ширкатҳои дорои иштироки давлат бошад. Мавҷудияти сиёсати намунавӣ метавонад ба ташаккули стандартҳои ягона мусоидат намояд. Дар чунин санадҳо масъалаҳои бархӯрди манфиатҳо, туҳфаҳо, муносибат бо шарикони тиҷоратӣ, фаъолияти миёнаравон, пешниҳоди хабарҳо дар бораи ҳолатҳои корруптсионӣ, ҳифзи хабардиҳандагон, омӯзиши кормандон ва гузаронидани санҷишҳои дохилӣ бояд ба таври возеҳ муайян карда шаванд.

Ҷорӣ намудани аудити ба хавфҳо асосёфта дар бахши давлатӣ низ яке аз самтҳои муҳими такмили назорати дохилӣ мебошад. Дар чунин низом захираҳои назоратӣ, пеш аз ҳама, ба он равандҳое равона карда мешаванд, ки дар онҳо хавфи корруптсионӣ бештар арзёбӣ мегардад. Ин метавонад истифодаи самараноки захираҳои инсонӣ ва молиявиро таъмин намуда, имкон диҳад, ки назорат на танҳо пас аз ба вуҷуд омадани мушкилот, балки дар марҳалаи пешгирии онҳо амалӣ карда шавад.

Қабули Кодекси одоби корпоративӣ низ метавонад дар ташаккули фарҳанги нави идоракунӣ нақши муҳим бозад. Кодекси мазкур бояд меъёрҳои рафтори касбӣ, муносибат бо шаҳрвандон ва шарикон, истифодаи захираҳои ташкилот, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, маҳдудияти вобаста ба туҳфаҳо ва дигар масъалаҳои ахлоқиро муайян намояд. Барои муассир гардидани чунин кодекс танҳо қабули он кофӣ нест; иҷрои он бояд тавассути созукорҳои (механизмҳои) омӯзиш, назорат ва арзёбии мунтазам таъмин карда шавад.

Низоми сертификатсияи мутахассисони соҳаи “комплаенс” ва аудити зиддикорруптсионӣ низ метавонад дар оянда мавриди таҳлил қарор гирад. Омодасозии мутахассисони дорои донишҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва идоракунӣ метавонад ба ташаккули низоми касбии “комплаенс” мусоидат намояд. Дар шароити муосир мутахассиси соҳаи зиддикорруптсионӣ бояд на танҳо қонунгузориро хуб донад, балки тавонад хавфҳоро таҳлил намуда, равандҳои дохилии ташкилотро арзёбӣ ва созукорҳои (механизмҳои) пешгирикунандаро таҳия кунад.

Ҳамкории байналмилалӣ низ дар ин ҷода аҳамияти махсус дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бо давлатҳои гуногун метавонад таҷрибаи кишварҳои дигарро дар самти таҳкими шаффофият, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, назорати молиявӣ ва пешгирии корруптсия биомӯзад. Дар баробари ин, ҳамкории байналмилалӣ бояд бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва хусусиятҳои низоми ҳуқуқии кишвар ба роҳ монда шавад.

Рақамикунонии равандҳои давлатӣ метавонад ҳамчун яке аз воситаҳои коҳиш додани баъзе хавфҳои корруптсионӣ баррасӣ шавад. Гузариши хизматрасониҳои давлатӣ ба шакли электронӣ, кам намудани робитаи мустақими шаҳрванд ва мансабдор дар равандҳои муайян, автоматизатсияи қабули қарорҳои маъмурӣ ва рақамикунонии хариди давлатӣ метавонанд шаффофият ва пайгирии амалҳоро баланд бардоранд. Бо вуҷуди ин, рақамикунонӣ бояд бо таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва дастрасии баробар ба хизматрасониҳои электронӣ ҳамоҳанг карда шавад.

Яке аз самтҳои дигари муҳими сиёсати зиддикоррупсионӣ такмили созукорҳои (механизмҳои) ҳифзи шахсони хабардиҳанда мебошад. Агар кормандон ё шаҳрвандон аз хабар додан дар бораи ҳолатҳои корруптсионӣ ба далели эҳтимоли фишор, аз даст додани ҷойи кор ё дигар оқибатҳои манфӣ худдорӣ кунанд, самаранокии созукорҳои (механизмҳои) хабардиҳӣ коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, таҳияи кафолатҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои ҳифзи шахсони хабардиҳанда метавонад ба баланд шудани самаранокии низоми ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳои корруптсионӣ мусоидат намояд.

Дар маҷмуъ, таҷрибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир ва Федератсияи Россия нишон медиҳад, ки сиёсати муосири зиддикорруптсионӣ бояд аз доираи чораҳои ҷазодиҳӣ фарохтар бошад. Қонунгузории равшан, созукорҳои (механизмҳои) пешгирӣ, назорати дохилӣ, “комплаенс”, шаффофияти молиявӣ, аудити мустақил, масъулияти ташкилотҳо, маърифати ҳуқуқӣ, иштироки ҷомеа ва истифодаи технологияҳои рақамӣ бояд ҳамчун унсурҳои бо ҳам алоқаманди як низоми ягона баррасӣ шаванд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи асосӣ на нусхабардории модели ягон кишвари алоҳида, балки омӯзиши унсурҳои самараноки таҷрибаи байналмилалӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба шароити миллӣ мебошад. Ҳар як давлат дорои хусусиятҳои хоси ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, созукоре (механизме), ки дар як кишвар натиҷаи мусбат додааст, метавонад дар кишвари дигар бидуни мутобиқсозӣ натиҷаи ҳамсон ба бор наоварад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми зиддикоррупсионӣ бояд бо дарназардошти сохтори давлатӣ, хусусиятҳои иқтисоди миллӣ, низоми ҳуқуқӣ ва талаботи ҷомеа инкишоф дода шавад.

Дар ин замина метавон якчанд самти афзалиятноки такмили сиёсати зиддикоррупсиониро муайян намуд. Таҳкими созукорҳои (механизмҳои) пешгирӣ, рушди низоми “комплаенс”, такмили назорати дохилӣ, баланд бардоштани шаффофияти хариди давлатӣ, таҳкими василаҳои (механизмҳои) пешгирии бархӯрди манфиатҳо, такмили низоми эъломияи даромадҳо ва дороиҳо, рушди созукорҳои (механизмҳои) хабардиҳӣ ва ҳифзи хабардиҳандагон, ҷорӣ намудани аудити ба хавфҳо асосёфта, густариши маърифати зиддикорруптсионӣ ва таҳкими ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар мебошанд.

Ҳамзамон самаранокии чунин сиёсат бояд бо нишондиҳандаҳои мушаххас арзёбӣ карда шавад. Танҳо шумораи парвандаҳои ошкоршуда ё шахсони ба ҷавобгарӣ кашидашуда наметавонад нишондиҳандаи ягонаи самаранокии сиёсати зиддикорруптсионӣ бошад. Муҳим аст, ки то чӣ андоза хавфҳои корруптсионӣ коҳиш ёфтаанд, созукорҳои (механизмҳои) дохилии назорат чӣ гуна фаъолият мекунанд, сатҳи огоҳии кормандон чӣ гуна тағйир меёбад ва то кадом андоза равандҳои давлатӣ шаффоф ва ҳисоботдиҳанда мешаванд.

Дар ниҳоят, мубориза бо корруптсия бояд ба ҳайси фароянди дарозмуддати институтсионалӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардад. Ин раванд на танҳо зуҳури иродаи сиёсӣ, балки қонунгузории мукаммал, ниҳодҳои (институтҳои) самаранок, мутахассисони касбӣ, созукорҳои (механизмҳои) воқеии назорат ва иштироки фаъолонаи ҷомеаро тақозо мекунад. Барои ноил шудан ба натиҷаҳои устувор зарур аст, ки тадбирҳои зиддикорруптсионӣ дар тамоми сатҳҳои идоракунӣ — аз мақомоти марказии давлатӣ то сохторҳои маҳаллӣ ва аз ташкилотҳои давлатӣ то бахши хусусӣ — пайгирона амалӣ шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии муайян барои муқовимат ба корруптсия мебошад. Вазифаи марҳалаи минбаъда метавонад таҳкими ҷанбаҳои амалии ин низом, баланд бардоштани самаранокии василаҳои (механизмҳои) пешгирикунанда ва эҷоди муҳити идоракунӣ бошад, ки дар он шаффофият, масъулият ва риояи қонун ба меъёрҳои асосии фаъолияти давлатӣ ва корпоративӣ табдил ёбанд.

Омӯзиш ва мутобиқсозии таҷрибаи байналмилалӣ, аз ҷумла таҷрибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир ва Федератсияи Россия, метавонад ба ин раванд мусоидат намояд. Аммо ҳадаф бояд на интиқоли механикии ниҳодҳои (институтҳои) хориҷӣ, балки истифодаи эҷодкоронаи таҷрибаи ҷамъшуда ва мутобиқ намудани он ба воқеияти Тоҷикистон бошад. Танҳо дар сурати пайвастани таҷрибаи байналмилалӣ бо хусусиятҳои миллӣ метавон низоми устувор, мутаносиб ва амалкунандаи муқовимат ба корруптсияро бунёд дод.

Дар маҷмуъ, сиёсати муассири зиддикорруптсионӣ бояд ба эҷоди чунин муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намояд, ки дар он пешгирии корруптсия аз мубориза бо оқибатҳои он афзалият дошта бошад, мақомоти давлатӣ дар назди ҷомеа бештар ҳисоботдиҳанда бошанд, ташкилотҳо барои фаъолияти дохилии худ масъулияти бештар дошта бошанд ва шаҳрвандон барои хабар додан дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии корруптсионӣ василаҳои (механизмҳои) боэътимод ва бехатарро дар ихтиёр дошта бошанд. Дар чунин шароит муқовимат ба корруптсия аз як самти маҳдуди фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба як унсури фарогири сиёсати давлатӣ ва фарҳанги ҷамъиятӣ табдил меёбад.

Ҳамин тариқ, такмили сиёсати зиддикорруптсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамчун яке аз самтҳои муҳими таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ баррасӣ шавад. Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ, рушди созукорҳои (механизмҳои) пешгирикунанда, таҳкими назорати дохилӣ ва “комплаенс”, баланд бардоштани шаффофият ва иштироки ҷомеа метавонанд барои бунёду роҳандозии низоми муосир ва устувори муқовимат ба корруптсия заминаи бобу муносиб фароҳам оваранд. Ҳадафи чунин сиёсат бояд эҷоди муҳити ҳуқуқӣ ва ҷамъиятие бошад, ки дар он зиёни корруптсия барои фаъолияти самараноки давлат ва рушди ҷомеа то ҳадди аксар маҳдуд карда шуда, эҳтиром ба қонун, масъулияти шахсию иҷтимоӣ ва беғаразӣ ба унсурҳои ҷудонашавандаи фарҳанги идоракунӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ мубаддал гарданд.

 

САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ,

мудири шуъбаи кишварҳои ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои таърих