×

ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ: ВОХӮРИИ САРОНИ ДАВЛАТҲО ДАР ТУРКМАНИСТОН

Бозгашт ба мавод

ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ: ВОХӮРИИ САРОНИ ДАВЛАТҲО ДАР ТУРКМАНИСТОН

ИОМДОА Сиёсат 08-10-2026
ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ: ВОХӮРИИ САРОНИ ДАВЛАТҲО ДАР ТУРКМАНИСТОН

Дар ҳошияи  сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон,

8- 9 октябри 2026

Дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваза” – и Туркманистон рӯзҳои 8– 9 октябри соли 2026 як силсила чорабиниҳои байналмилалӣ ва мулоқотҳои сатҳи баланд баргузор мешаванд. Чорабиниҳо дар доираи раёсати Туркманистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 доир гардида, иштироки роҳбарони давлатҳои минтақа ва кишварҳои узви ИДМ – ро фаро мегирад.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими барномаи “Аваза” Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шумор меравад, ки 8 октябр баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва минтақавӣ, инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Вохӯриҳои машваратӣ аз соли 2017 баргузор гардида, формати мазкур имкон медиҳад, ки масъалаҳои транзитӣ, истифодаи инфрасохтор, расмиёти марзӣ ва кооператсияи истеҳсолӣ, ки иштироки чанд кишварро талаб мекунад, ба таври муштарак ҳал карда шаванд.

Дар ҳафтумин вохӯрӣ, ки 16 ноябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, қарор дар бораи иштироки Озарбойҷон ҳамчун узви комилҳуқуқи вохуриҳои машваратӣ қабул шуд. Ин имконият фароҳам меорад, ки рушди истеҳсолот дар Осиёи Марказӣ бо инфрасохтори нақлиётии Қафқози Ҷанубӣ ва масирҳои баромад ба бозорҳои Туркия ва Аврупо ҳамоҳанг карда шаванд. Ҳамзамон, барои соҳибкорон мувофиқа намудани шароити ҳамлу нақл дар тамоми масир аҳамияти муҳим дорад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъол дар чунин мулоқот аҳамияти хос дорад, зеро робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои тақкими суботи минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои обӣ заминаи муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар баробар ин, рӯзи 9 октябри соли 2026 дар Туркманистон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ доир мегардад. Дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ роҳибарони олимақом натиҷаҳои ҳамкориҳои кишварҳои иштирокдорро ба муносибати 35 – солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки соли ҷорӣ таҷлил мегардад, натиҷагирӣ намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаро муайян намуда, оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар хоҳанд кард.

Ёдрас менамоем, ки аз 1 январи соли 2026 раёсат дар мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Тоҷикистон ба Туркманистон гузашт. Соли 2026 барои ИДМ соли муҳим ба ҳисоб меравад: Иттиҳоди мазкур 35 – солагии худро таҷлил мекунад ва Стратегияи аз нав таҳияшудаи рушди ИДМ барои давраи то соли 2030 самтҳои нави ҳамкории кишварҳои иштирокдорро муайян хоҳад кард. Туркманистон раёсати худро бо такя ба мақоми бетарафии байналмилалии худ ҳамчун узви ассотсионии ИДМ амалӣ менамояд. Танҳо дар тӯли панҷ моҳи аввали соли 2026 раёсати Ашқобод фаъолияти густурдаеро ба роҳ монд. Аз ҷумла, ҷаласаи Комиссия оид ба масаъалаҳои иқтисодӣ назди Шурои иқтисодии ИДМ моҳи январ дар Москва, ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ моҳи апрел дар Москва, ҷаласаи 84 – уми Шуро оид ба нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокдори ИДМ моҳи май дар Ашқобод ва Форуми II байналмиллалии ҳуқуқии ИДМ моҳи май дар Минск баргузор шуданд. Дар маҷмуъ барои соли ҷорӣ гузаронидани 25 чорабиниҳои расмӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла ташаббусҳои калидии Туркманистон эълон намудани соли 2027 ҳамчун “Соли пайвастагии нақлиёти ИДМ”мебошад.

Қобили қайд аст, ки дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваза” мулоқоти сатҳи баланди расмӣ оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обии ҳавзаҳои дарёҳои Амударё ва Сирдарё санаи 9 октябри соли 2026 баргузор мешавад. Дар он намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва коршиносон иштирок менамоянд. Иштирокдорон масъалаҳои амнияти обии минтақаро дар шароити тағийрёбии иқлим, хушксолӣ ва коҳиш ёфтани пиряхҳо баррасӣ мекунанд. Дарёҳои Амударё ва Сирдарё барои таъмини аҳолӣ бо об, соҳаи кишоварзӣ, энергетика ва ҳифзи экосистемаҳо аҳамияти муҳим доранд.

Барои Туркманистон истифодаи оқилонаи захираҳои обии Амударё аҳамияти хос дорад, зеро кишвар дар поёноби дарё ҷойгир буда, оби Амударёро барои обёрӣ истифода мебарад. Соли 2022 миёни Ашқобод ва Тошканд созишнома оид ба идоракунӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обии Адударё ба имзо расид. Туркманистон ҳамчунин инфрасохтори хоҷагии обро навсозӣ намуда, технологияҳои сарфакунандаи обро ҷорӣ мекунад ва чораҳои заруриро ҷиҳати коҳиш додани талафоти об амалӣ менамояд. Боиси зикр аст, ки масъалаҳои истифодаи об инчунин, бо вазъи экологии баҳри Арал алоқаманд мебошад. Сарфаи об, мутобиқшавӣ ба тағийрёбии иқлим ва барқарорсозии баҳри Арал аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи Вохурии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки дар минтақаи “Аваза” баргузор мешавад, маҳсуб меёбанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои об ва иқлим фаъол буда, муколамаи созанда миёни кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун яке аз роҳҳои ҳалли масъалаҳои муштараки обӣ ҷонибдорӣ менамояд. Мулоқоти “Аваза” аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи об барои кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо масъалаи истифодаи захираҳои табиӣ, балки ҷузъи муҳими рушди устувор, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад.Ёдовар мешавем,ки баррасии масоили  марбут ба  об дар минтақаи мо дар қаринаи  ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба  истифодаи самараноки захираҳои оби дар ҷаҳон ва ҳифзи пиряхҳо  амалӣ мегарданд. Иштироки Тоҷикистон дар чунин платформаҳо барои идомаи муколамаи сатҳи минтақавию байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обии Амударё ва Сирдарё замини мусоид фароҳам меоварад.

ҚУРБОНЗОДА Фарида

ходими илмии шуъбаи ИДМ – и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ