×

УЗВИЯТИ ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШӮРОИ АМНИЯТИ СММ: МАРҲАЛАИ ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ

Бозгашт ба мавод

УЗВИЯТИ ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШӮРОИ АМНИЯТИ СММ: МАРҲАЛАИ ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ

ИОМДОА Сиёсат 05-10-2026 ш.Душанбе
УЗВИЯТИ ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШӮРОИ АМНИЯТИ СММ: МАРҲАЛАИ ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави сиёсати хориҷии худ қадами муҳимро барои тақвияти иштироки фаъол дар низоми бисёрҷонибаи байналмилалӣ гузошта, бори аввал номзадии худро барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2028-2029 пешниҳод намуд. Иқдоми мазкурро метваон ҳамчун идомаи мантиқии иштироки фаъоли Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва пешбурди ташаббусҳои глобалии кишвар арзёбӣ кард.

26 сентябри соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк номзадии Тоҷикистонро барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амният эълон намуд. Изҳор намуд, ки барои таҳкими СММ масъулияти бештар зарур аст ва Тоҷикистон омодагии худро барои ба зимма гирифтани чунин масъулият изҳор мекунад. Ин мавқеъ аз он шаҳодат медиҳад, ки Душанбе масъалаи узвият дар Шӯрои амниятро на танҳо ҳамчун ҳадафи дипломатӣ, балки ҳамчун имкони иштироки бештар дар равандҳои қабули қарорҳои марбут ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ баррасӣ менамояд. Шӯрои амнияти СММ яке аз ниҳодҳои асосии низоми байналмилалии амният ба ҳисоб меравад. Он аз 15 узв иборат буда, 5 узви доимӣ ва 10 узви ғайридоимӣ  мебошад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Фаронса узви доимии Шӯро буда, дорои ҳуқуқи вето мебошанд. Даҳ узви ғайридоимӣ аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ ба муҳлати ду сол интихоб мешаванд. Барои интихоб шудани номзад, гирифтани се ду ҳиссаи овозҳои давлатҳои иштироккунандаи овоздиҳӣ зарур аст. Узвияти ғайридоимӣ барои кишвари мо имкон медиҳад, ки дар баррасӣ ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои муҳими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мустақиман иштирок намояд. Аз ин рӯ, пешниҳоди номзадии Тоҷикистон барои солҳои 2028–2029 барои сиёсати хориҷии кишвар аҳамияти назарраси дипломатӣ дорад. Тибқи мавқеи эълоншудаи роҳбарияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон, фаъолияти кишвар дар сурати интихоб шудан ба Шӯрои амният ба як қатор самтҳои афзалиятнок равона хоҳад шуд.

Пеш аз ҳама таҳкими сулҳ буда, яке аз самтҳои асосии фаъолияти СММ ва, ҳамзамон, яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлол дар масъалаҳои таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо ва рушди ҳамкории минтақавӣ мавқеи худро ташаккул додааст. Дар сурати интихоб шудан ба Шӯрои амният, кишвари мо таҷриба ва дидгоҳҳои худро дар масъалаҳои пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимод ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар доираи ин ниҳод пешниҳод намояд.

Рушди дипломатияи об мебошад, ки масъалаи об яке аз самтҳои муҳимми “неруи нарми”-и Тоҷикистон ба шумор меравад. Тоҷикистон дар доираи СММ як қатор ташаббусҳои байналмилалиро дар самти ҳифзи захираҳои об, истифодаи оқилонаи онҳо ва баланд бардоштани нақши об дар рушди устувор пешбарӣ кардааст. Бо назардошти аҳамияти рӯзафзуни тағйирёбии иқлим, норасоии захираҳои об ва таъсири онҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба обро дар робита бо масъалаҳои амният, суботи иҷтимоӣ ва пешгирии низоъҳо бештар матраҳ намояд.

Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ аз самтҳои муҳими сиёсати амниятии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷойгиршавии кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва наздикии он ба Афғонистон аҳамияти ин масъалаҳоро барои сиёсати хориҷии Душанбе бештар мекунад. Дар сурати узвият дар Шӯрои амният, Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм, пешгирии паҳншавии идеологияҳои ифротӣ ва таҳкими механизмҳои байналмилалии муқовимат ба таҳдидҳои террористиро пайгирӣ намояд.

Зеҳни сунъӣ дар солҳои охир ба яке аз масъалаҳои нави рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Рушди босуръати технологияҳои зеҳни сунъӣ ҳам имкониятҳои нав барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам меорад ва ҳам масъалаҳои марбут ба амнияти байналмилалӣ, идоракунии технологияҳо ва истифодаи масъулонаи онҳоро ба миён мегузорад. Ба рӯзномаи афзалиятноки Тоҷикистон ворид намудани масъалаи зеҳни сунъӣ  нишон медиҳад, ки Душанбе мехоҳад масъалаҳои нави технологиро низ дар доираи муҳокимаҳои байналмилалӣ матраҳ намояд.

Номзадии Тоҷикистон барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амният дар заминаи фаъолияти кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ пеш бурда мешавад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, номзадии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дастгирӣ шудааст.

Ҳамин тариқ, аз нигоҳи мо узвият дар Шӯрои амният барои Тоҷикистон имкони бештар фароҳам оварад, ки мавқеъ ва ташаббусҳои худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Аз ҷумла, чунин узвият барои кишвари мо имкони фаъолтар ва иштирок кардан дар муҳокимаҳои марбут ба сулҳу амният, терроризм, тағйирёбии иқлим, масъалаҳои об ва технологияҳои навро диҳад. Ҳамзамон, узвияти ғайридоимӣ масъулияти назарраси дипломатиро тақозо мекунад ва Тоҷикистон дар масъалаҳои мураккаби байналмилалӣ мавқеи худро бо дарназардошти Оинномаи СММ, манфиатҳои сулҳу амнияти байналмилалӣ ва зарурати ҳамкориҳои байнидавлатӣ муайян намудааст. Заминаи таҷрибаи иштироки фаъоли Тоҷикистон дар фаъолияти СММ ва пешбурди ташаббусҳо дар масъалаҳои об, сулҳ, амният ва рушди устувор сурат мегирад. Дар сурати интихоб шудан, Тоҷикистон бо имкони нави иштироки мустақим дар муҳокимаҳои Шӯрои амният рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Барои кишвари мо ин ҳамзамон имкони муаррифии ташаббусҳои миллӣ ва масъулияти иловагӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ хоҳад буд.

Соҳиби Баҳруло,

ходими калони илмии шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ