Дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон,
8- 9 октябри 2026
9 октябри соли 2026 дар Туркманистон ба муносибати 35-умин солгарди таъсисёбии ИДМ нишасти сарони ин иттиҳод баргузор мешавад. Рӯзномаи ҷаласа доираи васеи масъалаҳоро дар бар мегирад: хулосаи натиҷаҳои пешакии раёсати Туркманистон дар ИДМ, нақшаҳои Ӯзбекистон барои раёсат дар ИДМ дар соли 2027, масоили таъмини суботу амният ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ғайриузв. Ҳамчунин ҷоиз ба таъкид аст, ки Президенти Эрон Мақсуд Пизишкиён, ки кишвараш аз моҳи феврал таҳти фишори бузурги низомии ШМА қарор дорад, бори аввал дар ин нишаст ширкат хоҳад кард.
Имрӯз, Осиёи Марказӣ ягона минтақае дар дохили ИДМ мебошад, ки бештар ба ҳифзи заруратҳои ҳамгироӣ тамаркуз мекунад. Ҳар панҷ давлати минтақаи мо дар нишастҳои солонаи ин ИДМ иштирок мекунанд ва аз равандҳои ҳамгироӣ дар ин созмон фаъолона пуштибонӣ мекунанд.Ҳамзамон минтақаи Осиёи Маркази кушиш мекунад,ки мавқеъи худро ҳамчун субъекти минтақавӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ таҳким бахшад.
Афзоиши субъективияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз омилҳои сершумори марбут ба равандҳои сиёсии дохилӣ дар баъзе кишварҳо ва шароити беруна, бахусус ташаннуҷи геополитикӣ, ки дар соли 2022 авҷ гирифтанд, вобаста аст. Сардшавии муносибатҳои Русия бо кишварҳои Ғарб рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагидориро, ба монанди технологияҳои иттилоотӣ ,лоиҳаҳои нақлиётӣ ва логистикиро дар Осиёи Марказӣ суръат бахшид. Дар шароити афзоиши рақобат байни долонҳои нақлиётӣ, Осиёи Марказӣ барои табдил ёфтан ба маркази бузурги минтақавӣ барои ҷараёни транзитӣ аз Шарқ ба Ғарб мавқеи хуб пайдо намудааст .
Қобили зикр аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ солҳои пешин ва дар соли оянда раёсати ИДМ-ро ба уҳда хоҳанд дошт. Масалан, Тоҷикистон дар соли 2025, Туркманистон дар соли 2026 ва Ӯзбекистон дар соли 2027 раёсати ИДМ-ро ба ӯҳда гирифтаанд.
Дар давраи раёсати Тоҷикистон, Созмони Ҳамкории Шанхай мақоми нозирро дар ИДМ гирифт ва худи ҳамон сол формати ИДМ+ таъсис дода шуд, ки ҳамкории Иттиҳод ва дигар давлатҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои байналмилалиро пешбинӣ мекунад.
Таҳти раёсати Туркманистон, ки узви комилҳуқуқи Иттиҳод нест, балки узви шарик мебошад, якчанд ташаббусҳои муҳим пешниҳод карда шуданд ва доираи васеи чорабиниҳо баргузор шуданд. Рӯзномаи раёсати Туркманистон дар ИДМ масъалаҳоеро ба монанди густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, лоиҳаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар бар мегирифт. Аз ҷумлаи ташаббусҳои намоёнтарини Туркманистон- эълони соли 2027 ҳамчун "Соли пайвастагии нақлиётии ИДМ", баргузории Форуми дуюми экологӣ дар Каспий дар соли 2026 ва як қатор чорабиниҳои байналмилалии тандурустӣ дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар тирамоҳи соли 2026 мебошанд. Ташаббуси пайвастагии нақлиётӣ аз таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти Туркманистон бурхурдор аст, зеро кишвар барои табдил шудан ба маркази бисёрмодалии нақлиётӣ дар минтақа кушиш ба харҷ дода истодааст.
Узбекистон нақша дорад, ки ба "пайвастагии ташаббусҳои ҳамгироӣ ва татбиқи қарорҳои стратегии қаблан қабулшуда" тамаркуз кунад. Ин амал татбиқи "Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2030"-ро дар бар мегирад, ки дар давраи раёсати қаблии Ӯзбекистон дар соли 2020 қабул шудааст.Дар ин ҳуҷҷат инчунин рушди иқтисодиёти миллӣ ва афзоиши устуворӣ, амиқтар кардани ҳамкории саноатӣ ва технологӣ, тақвияти амният (дар иқтисодиёт, энергетика ва муҳити зист) ва дигар соҳаҳоро ҳамчун ҳадафҳо барои давраи муайяншуда муайян кардааст.
Таваҷҷӯҳи доимии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ИДМ на танҳо дар ташаббусҳои сиёсӣ инъикос ёфтааанд. Омори расмии ИДМ тамоюлҳои мусбатро дар гардиши тиҷорати дохилиминтақавӣ тасдиқ мекунад, ки сарфи назар аз мавҷудияти платформаҳои ҳамгироии мувозӣ, ҷолибияти муайяни ИДМро барои панҷгонаи Осиёи Марказӣ маҳфуз медорад. “Маълумотҳо аз афзоиши гардиши тиҷорати дохилиминтақавӣ шаҳодат медиҳанд: тиҷорати Қазоқистон бо кишварҳои ИДМ дар нимаи аввали соли 2026 ба 23,05 миллиард доллари ШМА (+10% нисбат ба ҳамин давраи соли 2025), Ӯзбекистон 18,3 миллиард доллари ШМА (+23%), Тоҷикистон 3,609 миллиард доллари ШМА (+24%), Қирғизистон 3 миллиард доллари ШМА (+10%) ва Туркманистон 1,8 миллиард доллари ШМА дар семоҳаи аввал (+30%) баробар шудааст”[1].
Ҳамин тариқ, ҳамгироии дар даврони соҳибистиқлоли дар дохили ИДМ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷолиб боқӣ мемонад. Кишварҳои минтақа дар чорабиниҳои асосии ИДМ фаъолона иштирок мекунанд ва аҳамияти ин созмонро муддавом таъкид мекунанд.
ҲАЙДАРЗОДА Рустам,
директори
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёти истифодашуда:
1.Е.Махмутова СНГ в постсоветской интеграции Центральной Азии.Электронный источник: https:// russiancouncil.ru/analytics-and-comments/analytics/sng-v-postsovetskoy-integratsii-tsentralnoy-azii/ [Дата посещения:08.10.2026]