×

ҶОЙГОҲИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Бозгашт ба мавод

ҶОЙГОҲИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

ИОМДОА Сиёсат 23-06-2026 ш.Душанбе
ҶОЙГОҲИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати низоми муносибатҳои байналмилалӣ масъалаи таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатҳо табдил ёфтааст. Дар ин раванд, ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳимми таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори ҷомеа ва пешбурди сиёсати хориҷии муваффақ нақши калидӣ мебозад. Таҷрибаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки бидуни мавҷудияти ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ғайриимкон мебошад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи Ваҳдати миллӣ аҳамияти махсуси таърихӣ ва сиёсӣ дорад. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ кишвар ба буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Маҳз ба даст омадани сулҳ ва Ваҳдати миллӣ заминаи асосии барқарорсозии сохти давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақилро фароҳам овард. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 марҳалаи нави рушди давлатдории тоҷикон ва густариши муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оғоз намуд.

Дар натиҷаи таҳкими ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мавқеи худро ҳамчун субъекти фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ мустаҳкам намуда, бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва ҷонибдори ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла масоили обу иқлим, амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ саҳми назаррас мегузорад.

Дар ин замина омӯзиши ҷойгоҳ ва нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳимми назариявӣ ва амалӣ дорад. Таҳлили таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ на танҳо омили суботи дохилӣ, балки заминаи муҳимми таҳкими нуфуз ва мавқеи байналмилалии давлат низ ба ҳисоб меравад.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва шуруи ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи бисёр ҳассоси таърихӣ қарор гирифт. Дар ин марҳала, ки вазъият на танҳо аз ҷиҳати сиёсӣ, балки аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ мураккаб буд, ниёзи ҷомеа ба муттаҳидӣ ва ягонагии миллӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардид. Ваҳдати миллӣ имконият дод, ки ҷомеа ва давлат аз буҳрони сиёсӣ берун омада, барои ташаккули муносибатҳои устувори дохилӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам гардад.

Дар ин замина, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи сиёсӣ барҷаста мебошад. Иқдомҳо ва сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо фазои оромиву суботро дар дохили кишвар таъмин намуд, балки имконият фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, муносибатҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои ҷаҳон барқарор намояд.

Имрӯз Ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи иттиҳоду сарҷамъии ҷомеа, балки омили асосии таҳкими нуфуз ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, таҳлили нақши ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи рушди робитаҳои байналмилалии кишвар аҳамияти назаррас дорад. Ин мавзуъ барои омӯзиши равандҳои давлатсозӣ, таҳкими сиёсати хориҷӣ ва таҳияи стратегияҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ манбаи муҳим ва боэътимод мебошад.

Ҳадафи асосии ин таҳқиқот омӯзиши нақши Ваҳдати миллӣ дар густариши муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили омилҳои таъсиррасон ба сиёсати хориҷии кишвар ва арзёбии таҷрибаи миллии сулҳофаринӣ мебошад. Таҳқиқот инчунин имкон медиҳад, ки заминаи назариявӣ барои таҳия ва қабули қарорҳои стратегии сиёсати хориҷӣ дар шароити ҷаҳони муосир фароҳам оварда шавад.

Дар марҳалаи муосири тараққиёти давлат кишварҳо ҳангоми интихоби самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ дар асоси омилҳои гуногун амал мекунанд, ки онҳо қарорҳои дахлдори роҳбарияти давлатро муайян менамоянд. Маҳз таҳлили омили Ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки равишҳои назариявии дарки фаъолияти давлат дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардида, барои қабули қарорҳои сиёсати хориҷӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод шаванд.

Дар баробари ин, ба масъалаи муайян намудани омилҳои таъсиррасон ба сиёсати хориҷӣ шумораи зиёди асарҳо ва таҳқиқотҳо бахшида шудаанд, зеро маҳз ҳамин омилҳо заминаи асосии ташаккули сиёсати хориҷии давлатро ташкил медиҳанд. Умуман, миёни муҳаққиқон дар муайян намудани ин омилҳо тафовути куллӣ вуҷуд надорад, вале онҳо дар муайян кардани нақши омилҳо дар ташаккули сиёсати хориҷии давлат дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавқеъҳои гуногунро ҷонибдорӣ менамоянд.

Марҳалаи муосири тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ, ки аз солҳои 90-уми асри ХХ оғоз гардидааст, аз ҳамаи марҳалаҳои қаблӣ фарқияти ҷиддӣ дорад. Ин марҳала ҳамчун идомаи табиии занҷири таърихии рӯйдодҳо ва падидаҳо то имрӯз муҳтавои пурра ва шакли ниҳоии худро пайдо накардааст. Пеш аз ҳама, хусусияти ғайриодии он дар давомнокӣ ва суръати тағйирёбии равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ ифода меёбад. Имрӯз низ ин раванд дар ҳоли ташаккул ва таҳаввул қарор дорад.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ омилест, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлат ва саодати зиндагии мардум аз он ибтидо мегирад. Гарчанде пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар бархе аз ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ Истиқлоли давлатӣ бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад, аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала ранги дигар гирифт. Баъзе неруҳои хориҷӣ ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии кишварро баҳона намуда, гурӯҳҳои мухолифинро ба шуриш таҳрик доданд. Қувваҳои иртиҷоии дохилӣ фароҳам овардани тартиботи демократиро шиори худ қарор дода, маҳалгароиро пеш гирифтанд. Дар натиҷа гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки аҳолии кишварро аз рӯйи мансубияти миллӣ ва маҳаллӣ бар зидди ҳамдигар барангехтанд.

Ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо истифода аз фурсати мусоид дар он айёми ҳассос ҳадафи асосии ин гурӯҳҳои ихтилофангез буд ва онҳо дар ин роҳ аз ҳеҷ гуна восита рӯй намегардониданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, сар зад. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр вазнин гардида, кишвар ба буҳрони амиқи душворҳал гирифтор шуд. Таҳдиди дастаҳои мусаллаҳ ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе равона гардид. Вакилони мардумии Шурои Олии Тоҷикистон хатари неруҳои ихтилофангез ва мусаллаҳро эҳсос намуда, дигар фаъолияти худро идома дода наметавонистанд. Ҳукумат тамоман фалаҷ гардида буд ва на аз уҳдаи роҳбарӣ ба кишвар ва на аз уҳдаи ҳимояи худ мебаромад.

Саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин рушди буҳронии воқеаҳо ба амал омад. Посухи инро метавон дар ғайричашмдошт ва ногаҳон зуҳур намудани муносибатҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пайдо кард. Дар марҳалаҳои аввал иддае аз мардум чунин тағйирёбии вазъи сиёсиро таҳаммул карда наметавонистанд. Вазъи иқтисодӣ бошад, бо халалдор гардидани низоми ҳафтодсолаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар муддати кӯтоҳ фурӯ рехта, нобасомониҳои зиёдеро ба миён овард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати хусусиятҳои геосиёсӣ нисбат ба дигар давлатҳои пасошуравӣ фарқ мекард, аз ин раванд бештар осеб дид.

Мувофиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27 январи соли 2015, №332), бо назардошти мавқеи геосиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои табиӣ ва демографӣ, инчунин сатҳи тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии он, сиёсати хориҷии кишвар ба таври воқеъбинона ва амалгароёна амалӣ мегардад. Ин сиёсат бо эҳтиёҷоти иқтисодии давлат робитаи зич дошта, таҳким ва густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва дастгирии сиёсию дипломатии манфиатҳои иқтисодии кишвар ҳадафи асосии худ қарор медиҳад.

Дар таърихи башарият Ваҳдати миллӣ дар бунёди давлат ва ташаккули халқияту миллатҳо ҷойгоҳи махсус дорад. Инсоният борҳо дар масири таърих ба ҷангҳои қавмӣ, дохилӣ ва байнидавлатӣ рӯ ба рӯ гардида, талафоти зиёди ҷонӣ ва моддӣ дидааст. Аммо ягона омиле, ки ба хотима ёфтани ҷангҳо мусоидат намуда, инсонҳоро аз талафот ва шаҳрҳоро аз харобӣ наҷот додааст, маҳз ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ гарчанде дар зоҳир як ибораи оддӣ намояд ҳам, дар асл мафҳуми созанда, офарандаи сулҳу субот, пайвандгари инсонҳо ва васлкунандаи саҳифаҳои таърих аст.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки роҳи бозсозӣ ва ободонии Ватанро дилпурона пеш баранд. Дар ин замина дар ҷумҳурӣ як қатор қонунҳо ва қарорҳои муҳиме қабул гардиданд, ки ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат намуданд. Аз ин рӯ, санаи 27 июни соли 1997 на танҳо рӯзи имзои Созишномаи сулҳ, балки рамзи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳисоб меравад:

-     ақли солим бар тафаккури ифротӣ пирӯз гардид;

-     ягонагӣ устувор шуда, ҷудоӣ бартараф гардид;

-     низоми давлатдории миллӣ ва тоҷикӣ таҳким ёфт;

-     ҷанги шаҳрвандӣ боиси парокандагӣ ва тағйири марзу ҳудуд нагардид, балки миллатро муттаҳид сохт;

-     Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо робитаҳои судмандро бо кишварҳои хориҷӣ барқарор намояд, балки бо ташаккули дипломатияи хоси худ, ки бар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун кишвари фаъол ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад.

Дар марҳалаи муосир принсипҳо ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардидаанд. Ваҳдати миллӣ инчунин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати «дарҳои боз»-ро роҳандозӣ намуда, барои ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муносибатҳои баробар ва мутақобилан судмандро ба роҳ монад.

Сиёсати “дарҳои боз” ва сиёсати бисёрсамтӣ самаранокии худро нишон доданд, ки дар натиҷа сармоягузорони зиёде ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳхоҳона, созанда ва беғараз буда, дар доираи татбиқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик бар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва манфиатҳои муштарак муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро густариш диҳад.

Моҳи сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 52-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, дар ҳузури намояндагони беш аз 180 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои зиёди байналмилалӣ оид ба натиҷаҳои фараҳбахши истиқрори сулҳи пойдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ҷомеаи ҷаҳониро ба омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва татбиқи он дар минтақаҳои доғи ҷаҳон даъват намуданд. Воқеан, раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Аз ин рӯ, коршиносон ва аҳли илми кишварҳои гуногун таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омӯхтанду меомӯзанд ва ба корномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ баҳои баланд медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандаи худ нуфуз ва мавқеи байналмилалии худро мустаҳкам нигоҳ медорад. Бо назардошти вусъати рӯзафзуни равандҳои ҳамгироии сиёсиву иқтисодии бисёрҷониба ва гуногунсатҳ дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ равона гардидааст, то ба ин васила Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот ва ҳамкориву муколамаи созандаи байналмилалӣ саҳм гузошта, имкониятҳои созмонҳои мазкурро барои рушди устувори кишвар истифода намояд.

Ваҳдати миллӣ дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих низ таъсири бузурги худро расонидааст. Дар ин давра олимону муҳаққиқон ба пажӯҳиши баъзе саҳифаҳои норавшани таърих рӯ оварда, асару мақолаҳои бунёдӣ таълиф намуданд. Алалхусус, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши таърихро қарзи фарзандӣ ва рисолати роҳбарии худ дониста, як силсила асарҳои бузургҳаҷм, аз ҷумла “Аз Ориён то Сомониён”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Забон – ҳастии миллат” ва даҳҳо асари таърихии дигарро таълиф намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои пурмуҳтавои худ исбот намуданд, ки тоҷикон миллати дорои таърихи куҳан буда, нақши онҳо дар рушди тамаддуни башарӣ ва ташаккули низоми муносибатҳои байналмилалӣ беназир мебошад.

Имрӯз бо шарофати Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои амнтарини ҷаҳон шинохта шуда, мардуми он ҳамчун миллати сулҳдӯсту инсонпарвар муаррифӣ мегарданд. Маҳз ваҳдатсолорӣ ва ваҳдатдории тоҷикон боис гардидааст, ки имрӯз сайёҳону ҷаҳонгардон аз тамоми ҷаҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии он дидан намоянд ва ба таърихи куҳан ва фарҳанги ғании тоҷикон бовар ҳосил кунанд.

Ҳамин тариқ, ҷойгоҳи Ваҳдати миллӣ дар рушди муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор дода шуда, ба чунин хулоса расидем:

-     Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳимми суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар рушд ва таҳкими муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ҳамкориҳои худро бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ густариш дода, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад;

-     Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот аз ҷумлаи дастовардҳои арзишманд ва муқаддаси даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Ваҳдат ифодагари иттиҳод ва сарҷамъии мардум буда, сулҳу оромӣ, ободӣ ва пешрафти давлат аз мавҷудияти ваҳдату ҳамдилӣ вобастагии калон доранд;

-     Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии таҳкими муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон суботу устувории ҷомеаро таъмин намуда, Истиқлоли давлатӣ ва мавқеи давлатро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Он яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар таҳкими давлатдорӣ, суботи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши муассир мебозад;

-     таҷрибаи сулҳофарӣ ва барқарорсозии сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки танҳо дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамгироии ҷомеа ва таҳкими ягонагии миллӣ метавон барои рушди устувори давлат ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам овард;

-     маҳз баъд аз барқарор гардидани Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки сиёсати хориҷии фаъол ва мутавозинро роҳандозӣ намуда, муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ густариш диҳад;

-     Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷӯ, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои созанда дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид;

-     Ваҳдати миллӣ барои таҳкими обрӯ ва нуфузи байналмилалии кишвар заминаи устувор гузошта, ба рушди дипломатияи муосир, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатӣ мусоидат намудааст;

-     ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои башардӯстона низ маҳз дар фазои сулҳу суботи дохилӣ ва Ваҳдати миллӣ амалӣ гардидаанд;

-     дар шароити мураккаби муносибатҳои байналмилалии муосир ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ яке аз шартҳои асосии ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

РАҲМОНЗОДА Азимҷон

ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.т., дотсент