Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муҳимтарини ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Барои мардуми тоҷик ваҳдат рамзи сулҳ, субот ва пешрафт буда, пас аз ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ шуд, аммо Ваҳдати миллӣ кишварро аз бӯҳрон наҷот дод.
Ваҳдати миллӣ рамзи муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошад. Дар Тоҷикистон, ин мафҳум пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ аҳамияти хоса пайдо намуда, имзои созишномаи сулҳ заминаи барқароршавии ҳаёти орому осударо гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот нақши калидӣ бозида, бо шарофати талошҳои ӯ, Тоҷикистон тавонист ба як давлати сулҳҷӯ ва рӯ ба инкишоф табдил ёбад. Ваҳдат на танҳо набудани ҷанг, балки эҳтиром ба фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ низ мебошад. Он шароити мусоидро барои рушди иқтисодӣ, маориф ва фарҳанг фароҳам меорад.
Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои асосии таърихи навини кишвар ва шарти муҳими рушди устувори он ба ҳисоб меравад. Истиқрори сулҳу осоиштагӣ дар ҷомеа имкон дод, ки тартиботи ҷамъиятӣ барқарор карда шавад, иқтисодиёт тақвият ёбад, соҳаи иҷтимоӣ рушд ёбад ва Тоҷикистон ҳамчун шарики устувор ва боэътимод эътирофи байналмилалӣ пайдо кунад.
Пас аз давраи душвори солҳои 1990-ум, маҳз идеяи ваҳдати миллӣ мардуми кишварро муттаҳид кард ва имкон дод, ки ба давраи сохтмони осоишта гузарем. Ин раванд бо иродаи сиёсӣ ва стратегияи пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид.
Имрӯз Ваҳдати миллӣ дар муттаҳидсозии талошҳо ба манфиати ҷомеа, дар иштироки шаҳрвандон дар лоиҳаҳои аҳамияти иҷтимоӣ, дар тақвияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар ҳифзи мероси фарҳангӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ зоҳир мешавад. Он новобаста аз забон, дин ё минтақаи истиқомат арзиши муттаҳидкунанда аст.
Бояд гуфт, ки ваҳдати миллӣ ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон саҳифаҳои ибратбахшу арзишманди таърихи давлатдории кишвар буда, чунин иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан барои наслҳои ояндаи халқи тоҷик, ки дар ин рӯзҳо таҷлил мегардад, хоҳад буд.
Сарфи назар аз комёбиҳои бадастоварда кишвар бо мушкилоте ба мисли таҳдидҳои беруна, равандҳои муҳоҷират ва дигаргуниҳои ҷаҳонии иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯбарӯ аст. Барои ҳифзи ваҳдати миллӣ таҳкими ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, такмили таҳсилот, ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар минбаъд низ зарур аст.
Ваҳдати миллӣ ҳадафи якдафъаина нест, балки раванди доимист, ки иштироки ҳар як шаҳрвандро тақозо мекунад. Љумњурии Тољикистон бо душворї ва озмоишњо тоб оварда, дарк намуд, ки танњо бо эњтироми њамдигар, тањаммул ва њамкории дастаљамъона давлати тавоно ва мустаќил бунёд кардан мумкин аст.
Муҳим аст, ки насли ҷавон ғояи сулҳ ва ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи фарҳанг ва тафаккури миллӣ қабул кунад ва барои таҳкими он тамоми кӯшишро ба харҷ диҳад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчунон чароғе боқӣ мемонад, ки мардуми тоҷикро ба қуллаҳои нави пешрафт, таҳкими боварии он ба фардо ва эътимод ба нерӯи худ равшан менамояд.
Давлатзода Фарида
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ