×

СИЁСАТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

Бозгашт ба мавод

СИЁСАТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

ИОМДОА Сиёсат 24-06-2026 ш.Душанбе
СИЁСАТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

Терроризм яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати муосир буда, дар доираи илми сиёсӣ ва таҳқиқоти таърихӣ низ мавқеи назаррас дорад. Терроризми муосир аз низоъҳои анъанавии низомӣ бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад. Аз ҷумла, сохтори шабакавии созмонҳои террористӣ мафҳуми «душмани ягона»-ро то андозае аз байн мебарад. Дар чунин шароит гурӯҳҳои террористӣ на танҳо тавассути амалҳои зӯроварона, балки бо истифода аз воситаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ низ ба афкори ҷомеа таъсир мерасонанд. Ҳадафи онҳо ҳам шаҳрвандон ва мақомоти давлатҳое мебошанд, ки дар қаламрави онҳо ҳамлаҳо анҷом дода мешаванд ва ҳам ҷонибдорони эҳтимолии ин гурӯҳҳо мебошад.

Солҳои охир як қатор ҳамлаҳои террористӣ дар баъзе аз кишварҳои Аврупо, амсоли Олмон, Фаронса, Белгия барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятии давлатҳои аврупоӣ масъалаҳои ҷиддиро ба миён оварданд. Робитаи баъзе аз ин ҷиноятҳо бо гурӯҳҳои ифротгароӣ исломгароӣ баҳсҳои густурдаеро дар бораи мушкилоти муҳоҷират дар Аврупо ва таҳдидҳои нави амниятӣ ба вуҷуд овардааст. Ин ҳамлаҳо самаранокии стратегияҳои мавҷудаи мубориза бо терроризм ва низомҳои идоракунии бӯҳронро ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо зери суол гузоштаанд.

Сиёсати зиддитеррористии Иттиҳоди Аврупо маҷмӯи чорабиниҳоест, ки ба пешгирӣ, ошкорсозӣ, қатъ ва тафтиши фаъолияти террористӣ, инчунин ҳифзи шаҳрвандон ва инфрасохтори муҳими давлатҳои аъзо равона шудааст. Пас аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳамлаҳои минбаъда дар кишварҳои аврупоӣ, Иттиҳоди Аврупо ҳамкории худро дар соҳаи амният ба таври назаррас густариш додааст.

Ҳадафҳои асосии сиёсати зиддитеррористии ИА аз пешгирии ифротгароӣ ва ҷалби афрод ба гурӯҳҳои террористӣ, ҳифзи аҳолӣ ва инфрасохтори муҳим, таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ давлатҳои аъзо, пешгирии маблағгузории терроризм ва вокуниши муассир ба таҳдидҳои террористӣ иборат мебошанд. Ин самтҳо дар Стратегияи зиддитеррористии Иттиҳоди Аврупо, ки соли 2005 қабул гардид, инъикос ёфтаанд. Барои муборизаи муассир бо терроризм Иттиҳоди Аврупо фаъолияти худро дар чор самти асосӣ ба роҳ мондааст, аз ҷумла:

1.            Пешгирӣ. Самти «Пешгирӣ» ба мубориза бо ифротгароӣ ва ҷалби афрод ба гурӯҳҳои террористӣ равона шудааст. Ин ҳадаф тавассути муайян ва безарар гардонидани усулҳо, воситаҳо ва таблиғоте амалӣ мегардад, ки аз ҷониби террористон истифода мешаванд. Гарчанде татбиқи чунин чораҳо асосан ба зиммаи давлатҳои аъзо мебошад, Иттиҳоди Аврупо дар ҳамоҳангсозии сиёсатҳои миллӣ, мубодилаи иттилоот ва паҳн намудани таҷрибаҳои беҳтарин нақши муҳим дорад.

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва ҷалби афрод ба терроризмро қабул намуда, онро моҳи июни соли 2014 бо дарназардошти таҳаввулоти нав, аз ҷумла зуҳури террористони инфиродӣ, ҷангиёни хориҷӣ ва нақши рӯзафзуни шабакаҳои иҷтимоӣ дар сафарбаркунӣ ва иртибот, таҷдид намуд. Дар моҳи декабри ҳамон сол вазирони адлия ва корҳои дохилии давлатҳои аъзо як қатор дастурҳоро барои татбиқи ин стратегия қабул карданд.

2. Ҳифз. Ҳадафи самти «Ҳифз» коҳиш додани осебпазирии объектҳо дар баробари ҳамлаҳои террористӣ ва маҳдуд намудани оқибатҳои эҳтимолии чунин ҳамлаҳо мебошад. Дар ин самт ба таҳкими амнияти сарҳадҳо, нақлиёт ва дигар инфрасохтори муҳими фаромарзӣ диққати махсус дода мешавад.

Яке аз ташаббусҳои муҳими Иттиҳоди Аврупо таҳияи қонунгузорӣ оид ба истифодаи маълумоти мусофирон (Passenger Name Record) барои мақсадҳои ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки ба ошкор ва пешгирии фаъолияти террористӣ мусоидат мекунад.

3. Таъқиб. Самти «Таъқиб» ба мубориза бо фаъолияти террористон дар сатҳи фаромиллӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи инсон равона шудааст. Дар доираи ин самт Иттиҳоди Аврупо кӯшиш мекунад, ки:

¾         дастрасии террористонро ба силоҳ, маводи тарканда ва дигар воситаҳои анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ маҳдуд намояд;

¾         фаъолияти шабакаҳои террористӣ ва ҷалбкунандагони онҳоро қатъ кунад;

¾         аз истифодаи ғайриқонунии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барои дастгирии терроризм пешгирӣ намояд.

Самти муҳими дигар мубориза бо маблағгузории терроризм мебошад. Бо ин мақсад тафтишоти молиявӣ гузаронида шуда, дороиҳои гумонбарон масдуд карда мешаванд ва интиқоли маблағҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ мегардад. Дар моҳи майи соли 2015 Шӯро ва Парлумони Аврупо қоидаҳои навро оид ба пешгирии қонунигардонии маблағҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм қабул намуданд.

Ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо кӯшиш мекунад, ки банақшагирии фаъолияти террористӣ тавассути маҳдуд намудани паҳншавии донишҳои техникӣ ва таблиғоти террористӣ, махсусан дар шабакаи интернет, пешгирӣ карда шавад.

4. Вокуниш. Бо вуҷуди тадбирҳои пешгирикунанда, пурра аз байн бурдани хатари терроризм ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо бояд барои вокуниши фаврӣ ва самаранок ба ҳамлаҳои террористӣ омода бошанд.

Механизмҳои вокуниш ба ҳамлаҳои террористӣ аксаран ба низомҳое шабоҳат доранд, ки барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳои техногенӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода истифода мешаванд. Барои ин аз сохторҳои мавҷуда ва механизмҳои аврупоии ҳифзи шаҳрвандӣ истифода бурда мешавад. Дар пойгоҳи иттилоотии Иттиҳоди Аврупо захираҳо ва воситаҳое сабт гардидаанд, ки давлатҳои аъзо метавонанд ҳангоми рух додани ҳамлаҳои террористӣ сафарбар намоянд.

Ҳамин тариқ, ки сиёсати зиддитеррористии Иттиҳоди Аврупо ба равиши ҳамаҷониба асос ёфта, тадбирҳои амниятӣ, ҳамкории байналмилалӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва пешгирии ифротгароиро дар бар мегирад. Самаранокии ин сиёсат аз ҳамкории зичи давлатҳои аъзо, ниҳодҳои аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вобаста буда, дар шароити таҳдидҳои доимо тағйирёбандаи терроризм аҳамияти бештар пайдо мекунад. Таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ барои стратегия кунонунии сиёсати зиддитеррористии давлатҳои Осиёи Марказӣ инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ва  саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

 

ВОҲИДОВА Санавбарбону

мудири шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ваАврупои АМИТ,

доктори илмҳои таърих, профессор