×

РОБИТА БО ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бозгашт ба мавод

РОБИТА БО ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИОМДОА Сиёсат 08-09-2026
РОБИТА БО  ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» 7 августи соли 2026)
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдорӣ марҳилаи нави ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналмилалии кишварро ба вуҷуд овард. Дар баробари таҳкими соҳибихтиёрии давлатӣ, ташаккули низоми нави ҳуқуқӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ, масъалаи муносибати давлат бо тоҷикони берун аз кишвар истиқоматдошта ва ҳамватанони бурунмарзӣ низ аҳаммияти махсус пайдо намуд.

Тавре ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» 7 августи соли 2026 зикр намуданд: «Дар замоне, ки ҷаҳони муосир ба раванди пуршиддати рақобати ҳувиятҳо, забонҳо, арзишҳо ва манфиатҳо ворид гардидааст, барои мо – мардумони форсизабон иттиҳоду ҳамбастагии маънавӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти бузург дорад».

Дар ин муддат маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии робита бо диаспораҳои тоҷик дар хориҷа ва ҳамватанони бурунмарзӣ гузошта шуданд. Нигоҳ доштани робитаи доимӣ бо ҳамватанон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, нигоҳдории забон ва фарҳанги миллӣ, инчунин истифодаи иқтидори касбӣ, зеҳнӣ ва иқтисодии онҳо ба манфиати рушди Тоҷикистон ба ҳайси яке аз самтҳои фаъоли робитаҳои берунии давлати навини Тоҷикистон ташаккул ёфт.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати муносибатҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ  мафҳуми диаспора аз доираи танҳо як падидаи этникӣ берун баромада, ба яке аз институтҳои муҳими муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати давлатӣ ва дипломатияи муосир табдил ёфтааст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти хос дорад, зеро дар давраи истиқлол шумораи зиёди шаҳрвандони кишвар бо мақсадҳои кор, таҳсил, соҳибкорӣ ва дигар сабабҳо ба давлатҳои хориҷӣ сафар намуда, дар кишварҳои гуногун ҷамоаҳо ва созмонҳои тоҷиконро ташкил намудаанд.

Дар ин замина, рушди институти диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар 35 соли истиқлолро метавон ҳамчун раванди ташаккули низоми ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва дипломатии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тоҷикон ва ҳамватанони берун аз кишвар арзёбӣ намуд. Ин раванд аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ оғоз гардида, тадриҷан ба ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ ва ҷалби иқтидори диаспораҳо ба рушди кишвар густариш ёфтааст.

Заминаи асосии ҳуқуқии рушди институти диаспораҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро Конститутсияи кишвар ташкил медиҳад. Эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарӣ дар назди қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва кафолати муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон барои ташаккули сиёсати давлатӣ нисбат ба ҳамватанони бурунмарзӣ  заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Ин меъёрҳо барои ташаккули мафҳуми васеътари робитаи ҳуқуқии давлат бо шаҳрвандон ва ҳамватанони бурунмарзӣ аҳаммияти муҳим доранд.

Дар солҳои аввали истиқлол масъалаи асосӣ ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа ва фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои нигоҳ доштани робитаи онҳо бо Ватан буд. Бо рушди диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои хориҷӣ, ин масъала ба самти мустақили сиёсати давлатӣ табдил ёфт.

Дар ин раванд танзими масъалаҳои мазкур бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи шаҳрвандӣ, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фарҳанг, муҳоҷират, муносибатҳои хориҷӣ ва фаъолияти консулӣ  аҳаммияти махсус пайдо намуданд.

Рушди минбаъдаи сиёсати давлатӣ нишон дод, ки танҳо ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон барои танзими муносибатҳои давлат бо диаспораҳо кофӣ нест. Зарурати ташаккули сиёсати махсуси ҳамкорӣ бо тоҷикон ва ҳамватанони берун аз кишвар ба миён омад.

Яке аз муҳимтарин марҳилаҳои ташаккули сиёсати ҳуқуқӣ нисбат ба диаспораҳо қабули Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №277 мебошад. Ҳуҷҷати мазкур сиёсати давлатро аз муносибати танҳо муҳофизатӣ ба муносибати ҳамкорӣ ва шарикӣ тағйир дод.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, аҳаммияти асосии Консепсияи мазкур дар он мебошад, ки ҳамватанони бурунмарзӣ на танҳо ҳамчун объекти ҳимоя ва дастгирӣ, балки ҳамчун субъекти ҳамкорӣ ва шарики рушди Ватан баррасӣ мешаванд.

Ин тағйироти консептуалӣ барои рушди минбаъдаи сиёсати давлатӣ аҳаммияти калон дошт. Ҳамватанони бурунмарзӣ имкон пайдо намуданд, ки дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, маориф, илм, фарҳанг, технология, сайёҳӣ, фаъолияти хайриявӣ ва дигар соҳаҳо саҳмгузорӣ намоянд.

Мавриди зикр аст, ки  мафҳуми «ҳамватанони бурунмарзӣ» васеъ буда, ба он аз ҷумла, зодагони Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки худро аз ҷиҳати этникӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ бо тоҷикон вобаста медонанд ва мехоҳанд робитаҳои гуногунҷанбаи худро бо Тоҷикистон нигоҳ доранд, дохил мешаванд.

Тибқи ин консепсия, созмонҳои ҳамватанон метавонанд марказҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳои донишҷӯён, мактабҳо, фондҳо ва сохторҳои соҳибкорӣ бошанд, ки дар асоси қонунгузории давлатҳои иқомат, меъёрҳои байналмилалӣ ва санадҳои таъсисии худ фаъолият мекунанд.

Аз ин рӯ, дар марҳилаи муосир институти диаспораҳо  ҳамчун шабакаи бисёрсатҳии иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, тоҷикони бурунмарзӣ, ҳамватанон ва ташкилотҳои онҳо, мақомоти давлатӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад.

Рушди институти диаспораҳо бо сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи мустақим дорад. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷӣ муайян шудааст. Ҳамчунин мусоидат ба фаъолияти созанда ва қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар давлатҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ин замина дипломатияи муосири Тоҷикистон на танҳо дипломатияи классикии байнидавлатӣ, балки дипломатияи фарҳангӣ-гуманитарӣ ва дипломатияи диаспорӣ низ мебошад.

Дипломатияи диаспорӣ маҷмӯи чораҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, консулӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки тавассути онҳо давлат робитаҳои худро бо шаҳрвандон, тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ нигоҳ медорад, ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад ва иқтидори онҳоро барои таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди кишвар истифода мебарад. Дар ин самт намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ нақши муҳим доранд.

Яке аз вазифаҳои муҳими институти диаспораҳо нигоҳ доштани забон, фарҳанг, таърих, анъанаҳо ва ҳувияти миллии тоҷикон дар хориҷ мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» 7 августи соли 2026 ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, таъкид доштанд, ки «Шумо – тоҷикони бурунмарзӣ ва форсизабонон, ки сафирони фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳастед, дар муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастовардҳо ва густариши эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ саҳми шоиста мегузоред».

Бо назардошти ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»  ҳамкории давлатро бо ҳамватанон ва тоҷикони муқими хориҷ, баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, мусоидат ба таъсиси марказҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, фондҳои махсус ва рушди фарҳанги миллӣ дар хориҷ пешбинӣ мекунад. Қонун инчунин масъалаи ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва робита бо  ҳамватанон дар хориҷро фаро мегирад. Ин меъёрҳо нишон медиҳанд, ки ҳифзи фарҳанги миллӣ барои сиёсати давлат нисбат ба диаспораҳо танҳо вазифаи фарҳангӣ нест. Он ҳамзамон ҷузъи ҳифзи ҳувияти миллӣ, таҳкими робитаи маънавии шаҳрвандон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бо Тоҷикистон ва воситаи рушди дипломатияи фарҳангӣ мебошад.

Яке аз чунин ниҳодҳои муҳими робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» мебошад, ки намояндагони тоҷикон ва форсизабонони аҳли фарҳанг ва маънавиетро аз давлатҳои гуногуни дунё мутаҳид намуда, рисолати ҳифзи арзишҳои тамаддуни ориёӣ ва фарҳанги миллиро иҷро менамояд.

Иқтидори диаспораҳо ҳамчунин метавонад дар рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, интиқоли дониш ва технология, ташкили ҷойҳои корӣ, рушди маориф ва илм, сайёҳӣ ва густариши муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Тоҷикистон истифода шавад.

Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар  маҳз ба истифодаи иқтидори инсонӣ ва моддии муҳоҷирон ва диаспораҳо барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори кишвар равона шудааст.

Аз ин нуқтаи назар, ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун сармояи инсонӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии миллии берунмарзӣ маҳсуб мешаванд. Ин муносибат ба консепсияи муосири «дипломатияи иқтисодӣ» низ мувофиқ буда, намояндагони муваффақи диаспора ҳамчун сармоягузор, соҳибкор, олим, омӯзгор ва шарики рушди муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон баромад менамоянд.

Дар маҷмӯъ, чунин самтҳои асосии рушди институти диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзиро  дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон ҷудо намуд:

Якум, ташаккули заминаҳои қонунгузорӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ.

Дуюм, ташаккули заминаи консептуалӣ ва сиёсӣ барои ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ.

Сеюм, рушди дипломатияи консулӣ ва дипломатияи диаспорӣ тавассути намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа.

Чорум, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ бо тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ.

Панҷум, ҷалби иқтидори диаспораҳо ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон.

Шашум, рушди робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва касбӣ бо олимон, мутахассисон ва ҷавонони тоҷик дар хориҷ.

Ҳафтум, таҳкими нақши диаспораҳо дар муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ.

Агар дар солҳои аввали истиқлол масъалаи асосӣ ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ ва нигоҳ доштани робитаи онҳо бо Ватан бошад, дар марҳилаи минбаъда сиёсати давлатӣ ба ташаккули ҳамкории низомнок бо диаспораҳо ва истифодаи иқтидори онҳо ҳамчун шарикони рушди кишвар равона гардид.

Дар шароити муосир диаспораи тоҷикон  на танҳо ҳамчун объекти ҳимояи давлатӣ, балки ҳамчун субъекти иҷтимоии ҳамкорӣ, захираи рушди миллӣ ва пайванди табиии Тоҷикистон бо ҷомеаи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Мақоми махсуси ҳамватанони бурунмарзӣ дар он ифода меёбад, ки онҳо ҳамзамон ҳомили фарҳанги миллӣ, шарики рушди иқтисодӣ, намояндаи илм ва маориф, субъекти дипломатияи фарҳангӣ ва иқтисодӣ ва воситаи таҳкими робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Дар ин замина, таҷрибаи 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки диаспораи қавӣ - ин на танҳо ҷамъияти шаҳрвандон дар хориҷ, балки пули ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва дипломатӣ байни Тоҷикистон ва ҷаҳони берун мебошад.

Ҳамин тавр, бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз як падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ниҳоди муҳими ҳуқуқӣ, сиёсӣ, дипломатӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ табдил ёфтааст.

Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ