×

«ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА – ИҚДОМИ МУҲИМ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ СУЛҲУ АМНИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ»

Бозгашт ба мавод

«ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА – ИҚДОМИ МУҲИМ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ СУЛҲУ АМНИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ»

ИОМДОА Таърих 26-06-2026 ш.Душанбе
«ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА – ИҚДОМИ МУҲИМ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ СУЛҲУ АМНИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ»

Дар ҷаҳони муосир, ки башарият бо таҳдидҳои рӯзафзуни ҷангҳо, низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ ва дигар хатарҳои амниятӣ рӯ ба рӯ аст, таҳкими сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар чунин шароит ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аҳамияти бузурги сиёсӣ ва башардӯстона дорад.

Ин ташаббус бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2024 пешниҳод гардид. Баъдан, 25 июни соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсусро таҳти ҳамин унвон қабул намуда, солҳои 2027–2036-ро ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон кард.

Қабули қатъномаи зикргардида далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳро ҳамчун шарти асосии рушди устувор ва зиндагии шоистаи инсоният эътироф менамояд. Дар санад давлатҳои узви СММ уҳдадории худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама, ҳамбастагӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон бори дигар таъйид намуданд.

Қатънома ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид такя намуда, пеш аз ҳама иродаи «Наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг»-ро дар меҳвари худ қарор медиҳад. Ҳамзамон, аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ барои тарғиби сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва пешгирии хушунат таъкид шудааст.

Ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» фарогири самтҳои муҳими рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Аз ҷумла:

·        таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ;

·        пешгирии низоъҳо тавассути муколама, дипломатия ва мусолиҳа;

·        рушди фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми гуногунандешӣ;

·        густариши ҳамкории байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти глобалӣ;

·        ҷалби ҷавонон, занон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба равандҳои сулҳофаринӣ;

·        таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо;

·        ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда ҳангоми таҳияи сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳои байналмилалӣ;

·        мусоидат ба рушди устувор ва таъмини зиндагии осоишта барои ҳамаи мардум.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст. Агар ташаббусҳои пешин бештар ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор бахшида шуда бошанд, ташаббуси навбатӣ ба муҳимтарин арзиши башарият – сулҳ равона шудааст.

Ин ташаббус таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ инъикос менамояд. Мардуми тоҷик даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронида, бо талошҳои роҳбарияти давлат ва иродаи мардум ба сулҳу ваҳдати миллӣ ноил гардид. Аз ин рӯ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон метавонад барои дигар кишварҳое, ки бо низоъ рӯ ба рӯ ҳастанд, намунаи ибрат бошад.

Қатъномаи қабулшуда танҳо ба як кишвар марбут нест, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкорӣ барои таҳкими сулҳ даъват менамояд. Хусусан, аз Дабири кулли СММ, ниҳодҳои махсусгардонидашуда, комиссияҳои минтақавӣ, давлатҳои узв, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш шудааст, ки барои татбиқи ҳадафҳои Қатънома саҳм гузоранд.

Қобили қайд аст, ки дар Қатънома ба иштироки ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст. Ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии рушди ҷомеа бояд дар тарғиби фарҳанги сулҳ, пешгирии ифротгароӣ, рушди муколама ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ фаъолона иштирок намоянд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини сулҳи пойдор мебошад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таҷрибаи нодири барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон медиҳад, ки танҳо тавассути муколама, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи сиёсӣ метавон низоъҳоро ҳал намуда, заминаи рушди устуворро фароҳам овард. Аз ҳамин лиҳоз, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша бо ҷонибдорӣ пазируфта мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими сулҳ, ҳамгироӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ тавассути дипломатия даъват менамояд. Ин мавқеи пайгирона Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва масъулиятшинос дар масъалаҳои байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Дар тӯли беш аз 35 соли Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои созандаи байналмилалӣ мавқеи худро ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва ҷонибдори ҳамкории созанда дар арсаи ҷаҳон устувор гардонидааст. Ин ташаббусҳо на танҳо ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, балки ба муаррифии таърих, фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои маънавии миллати тоҷик низ мусоидат намудаанд. Арҷгузорӣ ба мероси орифон, донишмандон ва мутафаккирони тоҷик, инчунин пешбурди ғояҳои сулҳу ваҳдат аз муҳимтарин самтҳои сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

 Қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дастоварди муҳими дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми арзишманди он дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ мебошад. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки шарти асосии рушди устувор, пешрафти иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва зиндагии шоистаи ҳар як инсон аст.

Дар шароите, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошад, татбиқи ҳадафҳои ин Қатънома метавонад ба густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамбастагии байни халқҳо ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои наслҳои имрӯз ва фардо мусоидат намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ин ташаббуси байналмилалӣ бори дигар мавқеи худро ҳамчун кишвари сулҳхоҳ, ҷонибдори муколама ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ саҳми назаррас гузошт.

Фарида Қурбонзода

ходими илмии шуъбаи ИДМ – и

Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ