×

ДИПЛОМАТИЯИ ОБИ ТОҶИКИСТОН: НАҚШИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

Бозгашт ба мавод

ДИПЛОМАТИЯИ ОБИ ТОҶИКИСТОН: НАҚШИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

ИОМДОА Сиёсат 08-07-2026 ш.Душанбе
ДИПЛОМАТИЯИ ОБИ ТОҶИКИСТОН: НАҚШИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

Дар шароити муосири рушди муносибатҳои байналмилалӣ масъалаҳои вобаста ба истифодаи оқилона, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обӣ ба яке аз самтҳои муҳимми рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Инчунин, тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои оби ширин, обшавии босуръати пиряхҳо, афзоиши аҳолии ҷаҳон ва рушди босуръати соҳаҳои иқтисодӣ зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ташаккули унсурҳои нави ҳамоҳангсозиро дар самти идоракунии захираҳои об ба миён овардаанд.

Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба обро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ муайян намуда, дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои созанда ва пайваста пешниҳод менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои муҳимми обии кӯҳӣ дар пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об саҳми назаррас мегузорад.

Маврид ба зикр аст, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои об, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026, №1184 “Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои об” асосҳои ҳуқуқии худро пайдо намуда, марҳалаи нави рушди дипломатияи обии кишвар ба ҳисоб меравад. Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об буда, барои эътироф ва дастгирии саҳми шахсони воқеӣ, муассисаҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар субъектҳои фаъол дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об заминаи нави ниҳодӣ фароҳам меорад.

Ҷоизаи мазкур бо аҳаммияти на танҳо рамзӣ, балки сиёсӣ, дипломатӣ ва илмии худ ҳамчун яке аз унсурҳои муҳимми таҳкими дипломатияи об ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт баромад менамояд. Он ба рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба, таҳкими муколамаи байналмилалӣ ва ҷалби иқтидори илмӣ, технологӣ ва касбӣ барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии вобаста ба об мусоидат менамояд.

Дар раванди таҳқиқи нақши Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои об ҳамчун унсури сиёсати хориҷии кишвар маҷмӯи усулҳои илмӣ истифода гардиданд. Аз ҷумла, усули таҳлили ҳуқуқӣ барои омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ, асосҳои ҳуқуқии таъсиси ҷоиза ва ҳуҷҷатҳои марбут ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об татбиқ шудааст.

Усули таҳлили сиёсӣ имкон медиҳад, ки аҳамияти ҷоиза ҳамчун унсури сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими дипломатияи об ва таъсири он ба баланд гардидани мавқеи байналмилалии кишвар мавриди арзёбӣ қарор гирад. Усули муқоисавӣ барои муайян намудани хусусиятҳои фарқкунандаи ҷоиза дар муқоиса бо дигар шаклҳои байналмилалии эътирофи дастовардҳо дар соҳаи об истифода мешавад.

Усули таърихӣ барои омӯзиши раванди ташаккул ва рушди дипломатияи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳалаҳои асосии пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар аҳаммияти муҳим дорад. Усули низомӣ-таҳлилӣ имкон медиҳад, ки ҷоиза ҳамчун унсури ниҳодии сиёсати хориҷӣ ва робитаи он бо унсурҳои байналмилалии ҳамкорӣ баррасӣ гардад. Ҳамзамон, таҳлили ҳуҷҷатҳо барои омӯзиши санадҳои расмии давлатӣ, қарорҳои байналмилалӣ, маводи конфронсҳои сатҳи баланд ва дигар манбаъҳои марбут ба дипломатияи об истифода шудааст.

Натиҷаҳои таҳлил нишон медиҳанд, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои об марҳалаи муосири таҳкими сиёсати хориҷии кишвар дар самти дипломатияи об ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои истифодаи оқилона, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обӣ буда, нақши кишварро ҳамчун иштирокчии фаъоли равандҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият мебахшад.

Ҷоиза ҳамчун воситаи эътирофи дастовардҳои илмӣ, инноватсионӣ ва амалии шахсони воқеӣ, муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи об баромад намуда, ҳамзамон ҳамчун унсури муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешбурди ҳадафҳои рушди устувор аҳамияти стратегӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои вобаста ба обро ба яке аз самтҳои меҳварии сиёсати хориҷии худ табдил додааст. Бо ташаббуси кишвар дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид як қатор ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005–2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018–2028) дастгирӣ гардиданд.

Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо аҳаммияти махсуси байналмилалӣ пайдо намуда, зарурати таҳкими ҳамкории ҷаҳониро дар масъалаҳои омӯзиш, ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои криосфера таъкид намуданд. Ин раванд нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои об ва иқлимро на танҳо ҳамчун масъалаҳои миллӣ, балки ҳамчун масъалаҳои дорои аҳаммияти умумибашарӣ баррасӣ менамояд.

Аз нуқтаи назари сиёсӣ, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои об метавонад ҳамчун яке аз воситаҳои таҳкими “неруи нарм”-и кишвар хизмат намояд. Тавассути ин ташаббус Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо мекунад, ки саҳми олимон, муҳаққиқон, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар иштирокчиёни фаъоли соҳаи обро эътироф намуда, ҳамкории байналмилалиро дар самти истифодаи устувори захираҳои об ташаккул ва густариш диҳад.

Аҳамияти минтақавии Ҷоиза низ назаррас буда, метавонад ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти идоракунии устувори захираҳои об мусоидат намояд. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи об бо рушди иқтисодӣ, таъмини амнияти экологӣ ва хусусияти муносибатҳои байнидавлатӣ робитаи мустақим дорад. Аз ин рӯ, ташаббусҳое, ки ба таҳкими эътимод, густариши муколама ва рушди ҳамкории созанда дар соҳаи об равона шудаанд, метавонанд ҳамчун омили муҳими таъмини суботи минтақавӣ ва таҳкими ҳамгироӣ дар минтақа хизмат намоянд.

Ҳамзамон, эътибори байналмилалии Ҷоиза аз сатҳи шаффофияти расмиёти интихоб, мустақилияти арзёбӣ, иштироки коршиносони соҳибтаҷриба ва риояи принсипҳои беғаразӣ вобаста мебошад. Таъмини чунин меъёрҳо барои табдил ёфтани ҷоиза ба яке аз воситаҳои боэътимоди байналмилалии ҳавасмандгардонӣ дар соҳаи об аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи таҳқиқи дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои об дар сиёсати хориҷии кишвар метавон ба чунин хулоса омад:

¾   дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфта, ҳамчун воситаи муҳимми таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, пешбурди ҳадафҳои рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши муҳим дорад;

¾   ташаббусҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои ҷаҳонии об нишон медиҳанд, ки кишвар метавонад дар ҳалли мушкилоти умумиҷаҳонии вобаста ба захираҳои об саҳми назаррас гузошта, ҳамчун ташаббускори фаъоли рӯзномаи байналмилалии обӣ баромад намояд;

¾   Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои об ҳамчун яке аз унсурҳои муҳимми дипломатияи обӣ на танҳо ба ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ, сиёсӣ ва амалии соҳаи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об мусоидат мекунад, балки барои таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ замина фароҳам меорад;

¾   Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои об ҳамчун рамзи эътирофи аҳаммияти масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули фарҳанги муосири ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии устувори захираҳои обӣ арзёбӣ мегардад;

¾   нақши Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои об дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фароҳам овардани имкониятҳои нави муаррифии мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои дипломатӣ, илмӣ ва сиёсӣ, инчунин таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ зоҳир мегардад.

¾   таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои об идомаи мантиқии сиёсати пайвастаи кишвар дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об буда, ҳамчун воситаи муҳимми ниҳодии рушди дипломатияи об ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва ҷустуҷӯи роҳҳои муштарак барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии вобаста ба захираҳои об мусоидат менамояд;

¾   Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои об яке аз унсурҳои муассири дипломатияи муосири кишвар ба шумор рафта, барои таҳкими мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори фаъоли дипломатияи об, ҷонибдори ҳамкории байналмилалӣ ва саҳмгузор дар ҳалли масъалаҳои умумибашарии вобаста ба захираҳои об заминаи устувор фароҳам меорад;

¾   нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва пешбурди Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои об дар муайян намудани самтҳои стратегии дипломатияи обии кишвар, таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаҳои нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи захираҳои обӣ ифода меёбад;

¾   Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои об ба пешбурди ғояи истифодаи оқилона, самаранок ва устувори захираҳои об ба манфиати наслҳои имрӯз ва оянда хизмат менамояд.

РАҲМОНЗОДА Азимҷон,

ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

дотсент н.и.т.,