×

АҲАМИЯТИ ОЛАМШУМУЛИ ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027- 2036»

Бозгашт ба мавод

АҲАМИЯТИ ОЛАМШУМУЛИ ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027- 2036»

ИОМДОА Сиёсат 26-06-2026 ш.Душанбе
АҲАМИЯТИ  ОЛАМШУМУЛИ ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027- 2036»

Сулҳу ваҳдати миллӣ, осоишу суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ пойдевори асосии мавҷудияти ҳар як давлат ва шарти аввалини рушди устувор ва пешрафти ҳаматарафа маҳсуб меёбад. Барои кишвари тозаистиқлоли мо, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст,  ин арзишҳо аҳамияти хос доранд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷӯ, ташаббускор ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ тариқи дипломатия ва муколамаи созанда шинохта шудааст. Дар ин замина, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ ва умумибашарӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ назаррас буда, то имрӯз зиёда аз панҷ ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои аъзои  Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дастгирӣ ёфта, бо қабули қатъномаҳои махсуси Маҷмааи Умумии СММ мақоми байналмилалӣ касб намудаанд. Ин иқдомҳо бозгӯи онанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла идоракунии захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ мавқеи устувор ва эътирофшуда дорад.

Дар баробари таваҷҷуҳи пайваста ба масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ низ аҳамият хосса зоҳир менамоянд. Дар суханрониҳои худ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус СММ, Пешвои миллат пайваста ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамкориҳои созанда, густариши муколамаи сиёсӣ, эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳалли мусолиҳатомези ихтилофу низоъҳо даъват менамоянд. Ба андешаи Пешвои миллат, танҳо тавасутии ҳамбастагӣ, эътимоди мутақобила, ҳамгироии талошҳои давлатҳо ва татбиқи иқдомҳои муштараки созанда меватон сулҳу суботи пойдорро таъмин намуда, барои наслҳои имрӯз ва оянда ҷаҳони амну осоишта бунёд намуд.

Ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» бо ҷонибдории васеи давлатҳои аъзои СММ пазируфта шуда, бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин рӯйдоди муҳим на танҳо нишонаи эътирофи сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои байналмилалии он мебошад, балки саҳми арзишманди кишварро дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ, таҳкими амният, рушди дипломатияи пешгирикунанда ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ инъикос менамояд.

Ин пешниҳоди стратегӣ ва инсонмеҳвар аввалин маротиба 24 сентябри соли 2024 дар Иҷлосияи 79- уми Маҷмаи Умумии СММ  дар шаҳри Ню- Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико садо дода буд. Лозим ба ёдоварист, ки ин нишаст, барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи саломатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ равона шуда буд. Баъдан бори дуюм дар Иҷлосияи 80 – уми Маҷмаи Умумии СММ ва ҳамзамон ба муносибати 80- солагии таъсисёбии СММ ба кишварҳои узви созмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз минбари баланди СММ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд.

Қабули ин иқдом дар шароити хеле ҳассос ва мураккаби ҷаҳонӣ,  зарурӣ ва айни муддао буд, зеро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мусаллаҳшавии бошитоб, ҷангҳои харобиовар ва буҳронҳои экологӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки мустақиман ба ҳаёту сарнавишти наслҳои оянда таҳдид мекунад.

Дар чунин шароит ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳое ниёз дорад, ки кишварҳоро атрофи арзишҳои умумӣ сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ муттаҳид намоянд. Аз ин нигоҳ, ташаббуси Тоҷикистон танҳо як санади сиёсӣ набуда, балки барномаи амал барои таҳкими сулҳи пойдор дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Коршиноси соҳа, таҳлилгар Маҳмадуллозода Н. дар мақолаи илмии таҳлили худ зикр намудаанд, ки  “Пешниҳоди ташаббус оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» бо таҷрибаи нодири таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии баъд аз низоъ алоқамандии зич дорад. Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи душвори эҳёи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устуворро тай намуд. Дар ин раванд нақши ҳалкунанда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, ки таҳти роҳбарии ӯ тадбирҳои зиёд оид ба расидан ба оштии миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар амалӣ гардиданд».

Такя ба гуфтаҳои болозикр ташаббуси мазкур давоми мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон мебошад, ки баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар бомуваффақият амалӣ гардид ва ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳсозӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст.

 

 

Достиева Д.М.

Ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ