×

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — НАМОДИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ МИЛЛАТ

Бозгашт ба мавод

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — НАМОДИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ МИЛЛАТ

ИОМДОА Сиёсат 24-08-2026 ш.Душанбе
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — НАМОДИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ МИЛЛАТ

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат яке аз муҳимтарин заминаҳои рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ ба ҳисоб меравад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин арзиши таърихӣ дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ ба омили муҳими таҳкими давлатдорӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа табдил ёфтааст. Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бознигарии аҳамият ва нақши он дар пешрафти давлату ҷомеа аҳамияти махсус касб менамояд. Таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдат ва ҳамгироӣ дар ин давра барои рушди тамаддуну фарҳанг, раванди созандагиву ободонӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, Истиқлоли давлатӣ ҳамчун яке аз пояҳои асосии пешрафт ва пояндагии давлатдории миллӣ арзёбӣ мегардад.

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдод ва санаҳое мавҷуданд, ки аҳамияти таърихӣ ва сиёсии онҳо бо гузашти вақт бештар эҳсос гардида, ҳамчун ҷузъи арзишҳои миллӣ мавриди ҳифз ва арҷгузорӣ қарор мегиранд. Барои халқи Тоҷикистон Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои муҳим ва тақдирсоз ба ҳисоб мераванд. Ба даст овардани ин арзишҳо дар таърихи сиёсӣ ва фарҳангии миллати тоҷик марҳалаи нави давлатдориро оғоз намуд.

Сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва озодӣ аз омилҳои муҳими таъмини суботи ҷомеа, некуаҳволии аҳолӣ ва рушди созандагиву ободонӣ ба ҳисоб мераванд. Ин арзишҳо барои миллати тоҷик аҳамияти таърихӣ касб намудаанд. Равандҳо ва ҳодисаҳои ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки ҳифз ва таҳкими ваҳдату оромӣ дар шароити кунунӣ аҳамияти махсус дорад. Сулҳу ваҳдат ҳамчун пояҳои устувории давлат ва ҷомеа барои рушду тараққиёт ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум замина фароҳам меоранд.

Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи талошу заҳмат ва иродаи халқи тоҷик ба даст омадаанд, дар раванди эҳёи давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа аҳамияти таърихӣ доранд. Имрӯз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, раванди мусолиҳа, иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ мавриди омӯзиши доираҳои гуногун ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имкониятҳои таърихии миллати тоҷикро дар самти барқарор намудани субот ва таҳкими ҳамбастагии миллӣ нишон дода, дар шароити ҷаҳони муосир аҳамияти хос касб намудааст.

Ваҳдати миллӣ, истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими амнияти пойдор барои мардуми Тоҷикистон аҳамияти махсус доранд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки низоъро метавон бо роҳи осоишта, аз ҷумла тавассути музокира ва гуфтушунид, ҳаллу фасл намуд. Аз ин рӯ, омӯзиши чунин таҷриба дар заминаи ҳифзи сулҳу оромӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ аҳамияти муҳим дорад.

Имрӯз дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ҷангу низоъ идома дошта, пайомадҳои онҳо ба хунрезӣ, харобӣ ва нооромии иҷтимоиву сиёсӣ оварда мерасонанд. Сарфи назар аз музокироту гуфтушунидҳо ва талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор намудани сулҳ дар баъзе кишварҳо ҳамоно мушкил боқӣ мемонад. Дар чунин шароит аҳамияти сулҳу субот барои ҷомеа бештар эҳсос мегардад. Мардуми Тоҷикистон низ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта чунин марҳилаи душворро паси сар намудааст ва таҷрибаи таърихии мазкур аҳамияти сулҳу ваҳдатро барои ҷомеаи кишвар боз ҳам бештар нишон медиҳад.

Маҳз ташаккули давлати миллӣ, соҳибистиқлол, озод ва демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки андешаи ваҳдати миллӣ ташаккул ёфта, роҳу равиши минбаъдаи рушди ҷомеа муайян карда шавад. Андешаи мазкур, ки ба принсипҳои адолат ва пеш аз ҳама адолати иҷтимоӣ асос меёбад, метавонад ба таҳкими ваҳдат ва фаъолияти созандаи ҷомеа мусоидат намояд. Он аз арзишҳои фарҳангиву маънавии таърихии миллат сарчашма гирифта, робитаи имрӯзу фардои давлатро таъмин намуда, мавриди қабули қисми зиёди ҷомеа қарор мегирад.

Дар шароити мураккаб ва тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳидояти ҷавонони Тоҷикистон ба дарки амиқи арзишҳои истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, давлатдории миллӣ ва ҳамгироии ҷомеа аҳамияти махсус касб менамояд. Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҳифз ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ боз ҳам бештар мегардад. Дарки дурусти моҳият ва арзиши истиқлолият метавонад ба таҳкими суботи ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва тақвияти ваҳдати миллӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи муҳими пояндагии давлатдорӣ, рушди устувори ҷомеа ва таъмини ояндаи кишвар аҳамияти калидӣ дорад.

НУРИДДИНОВА Муниса

ходими илмии шуъбаи  Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳоидавлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои таърих