Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"
Коррупсия яке аз падидаҳои мураккаби иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба шумор рафта, таъсири он ба сатҳи рушди давлат, фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва муносибати ҷомеа ба низоми идоракунӣ эҳсос мегардад. Ин мушкилӣ дар минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик низ аҳаммияти хос дошта, дар баробари омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба масъалаҳои шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва самаранокии идоракунии давлатӣ алоқаманд мебошад.
Дар кишварҳои минтақа мубориза бо коррупсия танҳо ба фаъолияти мақомоти махсуси зиддикоррупсионӣ маҳдуд намешавад. Пешгирии ин падида тақвияти заминаи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ, таъмини шаффофият дар истифодаи маблағҳои давлатӣ, назорати хароҷоти давлатӣ ва таҳкими иштироки ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд. Дар ин замина, фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти давлатӣ низ ҳамчун унсурҳои муҳими назорати ҷамъиятӣ аҳаммият пайдо мекунанд.
Мавҷудияти коррупсия метавонад ба тақсимоти самараноки захираҳои давлатӣ таъсири манфӣ расонида, имкониятҳои рушди иқтисодиро маҳдуд созад ва эътимоди шаҳрвандонро ба ниҳодҳои давлатӣ коҳиш диҳад. Аз ин рӯ, омӯзиши хусусиятҳои паҳншавии коррупсия, омилҳои ба вуҷуд омадани он ва механизмҳои муқовимат ба ин падида дар кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик барои дарки равандҳои муосири иҷтимоию иқтисодии минтақа аҳаммияти илмӣ ва амалӣ дорад.
Гарчанде ки кишварҳои араб дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидаанд, вале масъалаи фасоди молӣ ҳамоно яке аз нигарониҳои ҷиддии давлату ҷомеа гардида ва таваҷҷуҳ ба он рӯз ба рӯз дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ бештар мегардад. Зеро фасоди молӣ дар кишварҳои араб ба яке аз мушкилоти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфта, дар тӯли солҳои зиёд ба фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва рушди ҷомеа таъсири манфӣ расонидааст. Ин падида, ки шаклҳои гуногуни фасоди молиявӣ, идорӣ ва дигар намудҳои суиистифода аз ваколатҳои давлатӣ ва мансабиро дар бар мегирад, метавонад ба равандҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ таъсири манфӣ расонад. Дар баробари ин, густариши фасод ба коҳиши самаранокии идоракунии давлатӣ, маҳдуд шудани имкониятҳои рушди иқтисодӣ ва заиф гардидани эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ мусоидат менамояд.
Тибқи таҳлилҳо, фасоди сиёсӣ, идорӣ ва молиявӣ аз ҷумлаи омилҳое ба шумор меравад, ки ба ноустувории сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишварҳои араб таъсир мерасонанд. Ин масъала дар заминаи рӯйдодҳои маъруф ба «Баҳори араб», ки аз охири соли 2010 ва аввали соли 2011 оғоз гардид, бештар мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирифт. Дар ин давра дар як қатор кишварҳои араб, аз ҷумла Тунис, Миср, Либия, Яман ва Сурия эътирозҳои густурдаи мардумӣ ба амал омаданд. Яке аз талаботи асосии эътирозгарон беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини адолат, коҳиши фасод ва баланд бардоштани сатҳи шаффофият дар идоракунии давлатӣ унвон мешуд.
Дар байни омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ба вуҷуд омадани ин эътирозҳо масъалаи фасод ва нобаробарии иҷтимоӣ низ ҷойгоҳи муҳим дошт. Ҳодисаи худсӯзии Муҳаммад Буазизӣ дар Тунис, ки дар моҳи декабри соли 2010 рух дод, ба оғози мавҷи эътирозҳои мардумӣ дар ин кишвар мусоидат намуда, баъдан ба дигар кишварҳои минтақа таъсир расонид. Дар натиҷаи ин таҳаввулот дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла Тунис, Миср, Либия ва Яман баъдан Сурия низоми сиёсии мавҷуда тағйир ёфт[2].
Рӯйдодҳои «Баҳори араб» ҳамзамон масъалаҳои фасод, шаффофияти идоракунӣ, адолати иҷтимоӣ ва масъулияти мақомоти давлатиро бештар ба маркази таваҷҷуҳи ҷомеа баровард. Дар натиҷа, дар кишварҳои минтақа талабот ба тақвияти механизмҳои назорати давлатӣ, баланд бардоштани шаффофият ва муборизаи муассиртар бар зидди фасод бештар гардид.
Тибқи назари бархе аз таҳлилгарон, паҳн гардидани баъзе маълумоти байналмилалӣ ба монанди викиликс ва гузоришҳо дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сатҳи фасод дар кишварҳои араб ба шиддат гирифтани хезиш ва ҳаракатҳои мардумӣ мусоидат намуд. Бо вуҷуди ин, бояд ба назар гирифт, ки қисме аз чунин маълумот метавонад хусусияти таблиғотӣ дошта, дар баъзе ҳолатҳо вазъи воқеиро муболиғаомез инъикос карда бошад. Чунки фасод ҷузъи аз омилҳои асосии эътирозҳои мардумӣ дар бархе аз кишварҳои араб ба шумор мерафт, ин эътирозҳо дар кӯтоҳмуддат ба бартараф гардидани мушкилоти фасод оварда нарасонданд. Бо вуҷуди ин, афзоиши огоҳии ҷомеа ва фишори шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ барои ба роҳ мондани тағйироти муайян дар соҳаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва идорӣ замина фароҳам овард [5].
Азбаски фасод шаклҳои гуногун дошта, дар сатҳҳои мухталиф зуҳур мекунад, он то имрӯз ҳамчун яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ боқӣ мондааст. Дар кишварҳои араб низ доимо барои пешгирӣ ва коҳиш додани ин падида тадбирҳои гуногун андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар баъзе кишварҳо ислоҳоти ҳуқуқӣ ва маъмурӣ амалӣ гардида, масъалаи таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки шаҳрвандон дар назорати ҷамъиятӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Ҳолати мубориза бо фасод дар кишарҳои Шарқи Миёна ва Наздик бахусус кишварҳои арабро инчунин метавон тавассути нишондиҳандаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Индекси дарки коррупсия» (Corruption Perceptions Index — CPI), ки ҳамасола аз ҷониби созмони байналмилалии Transparency International нашр мешавад, арзёбӣ намуд [3]. Натиҷаҳои ин шохис нишон медиҳанд, ки мавқеи кишварҳои араб аз ҳамдигар фарқ мекунад: бархе аз онҳо нишондиҳандаҳои нисбатан баландтар дошта, дар баъзе кишварҳо бошад, сатҳи дарки коррупсия ҳанӯз ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ин вазъ зарурати идомаи ислоҳоти институтсионалӣ, таҳкими механизмҳои назоратӣ ва баланд бардоштани шаффофияти идоракунии давлатиро дар минтақа нишон медиҳад.
Муҳим он аст, ки ҳамоно дар кишварҳои араб фасод ҳамчун яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими идоракунии самараноки давлатӣ арзёбӣ гардида, барои коҳиш додани ин падида чораҳои зарурӣ андешида шуда, мубориза бо он идома дорад. Чунки паҳншавии ин падида метавонад ба талафоти назарраси иқтисодӣ оварда, истифодаи самараноки захираҳои давлатӣ ва имкониятҳои рушди кишварҳоро маҳдуд созад. Дар сурати заиф будани иродаи сиёсӣ, механизмҳои назорати давлатӣ ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма, пешгирӣ ва коҳиш додани фасод мушкилтар мегардад.
Ҳамзамон, густариши фасод метавонад ба коҳиши эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ ва афзоиши фосилаи байни ҷомеа ва мақомоти давлатӣ мусоидат намояд. Дар кишварҳои минтақа ин падида дар баробари омилҳои дигар метавонад ба ноустувории сиёсӣ таъсир расонида, раванди рушди иҷтимоию иқтисодиро халалдор созад [3].
Кишварҳои араб дар доираи талошҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо фасод ҳамкориҳои минтақавиро низ густариш медиҳанд. Ин раванд дар доираи ташаббусҳои муштарак оид ба такмили идоракунии давлатӣ ва рушди механизмҳои мубориза бо фасод ба назар мерасад. Ҳамкориҳои минтақавӣ яке аз самтҳои муҳими ташаккули муносибати ҳамоҳангшуда ба масъалаи пешгирии фасод дар кишварҳои араб ба ҳисоб мераванд.
Иродаи кишварҳои араб барои тақвияти мубориза бо фасод, аз ҷумла дар конфронси минтақавие, ки 21–23 январи соли 2008 дар минтақаи Баҳри Маййити Урдун баргузор гардид, инъикос ёфт. Дар доираи ин конфронс лоиҳае барои дастгирии татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи коррупсия дар кишварҳои араб оғоз гардид. Дар чорабинӣ вазирони адлия, намояндагони мақомоти давлатӣ ва 19 кишвари араб, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва бахши хусусӣ иштирок намуданд. Яке аз натиҷаҳои муҳими конфронс таҳкими ҳамоҳангсозии минтақавӣ ва таъсиси шабакаи муштарак барои дастгирии татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи коррупсия дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ буд. Ин иқдом барои мубодилаи таҷриба, ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои араб ва таҳкими механизмҳои муштараки муқовимат ба фасод замина фароҳам овард [6].
Инчунин, кишварҳои арабӣ дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ ва фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо фасод як қатор созмонҳо ва ниҳодҳои махсус таъсис додаанд. Ҳадафи асосии чунин созмонҳо таҳкими шаффофият, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои зиддикоррупсионӣ ва коҳиш додани паҳншавии ин падидаи номатлуб мебошад. Яке аз чунин созмонҳо Созмони арабӣ барои мубориза бо фасод мебошад. Созмони арабӣ барои мубориза бо фасод як созмони мустақил ва ғайритиҷоратии ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дар пайи конфронси он гурӯҳи зиёди зиёиён, муҳаққиқон, иқтисоддонҳо, мушовирон ва мутахассисони воситаҳои ахбори оммаи араб иштирок намуда, масъалаҳои мубориза бо фасод ва таҳкими шаффофиятро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии таъсиси ин созмон таҳкими иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкили шабакаи арабии муассисаҳои махсусгардонидашуда барои мубориза бо фасод мебошад. Фаъолияти он ба дастгирии ниҳодҳои шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва таҳкими ҳамкориҳои арабӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба фасод равона шудааст [6].
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки кишварҳои араб дар самти мубориза бо фасод натиҷаҳои гуногун ба даст овардаанд. Вазъи кишварҳо дар ин самт, аз ҷумла тавассути Индекси дарки коррупсия (Corruption Perceptions Index — CPI), ки аз ҷониби созмони байналмилалии «Шаффофияти байналмилалӣ» (Transparency International) таҳия ва нашр мешавад, арзёбӣ мегардад.
Дар баробари ин, баъзе кишварҳои минтақаи Халиҷ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Арабистони Саудӣ дар муқоиса бо як қатор кишварҳои дигари минтақа нишондиҳандаҳои нисбатан баландтар ба даст овардаанд. Ин фарқиятҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи самаранокии механизмҳои зиддикоррупсионӣ дар кишварҳои минтақа яксон нест. Ҳоло кишварҳо барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб кушиш менамоянд.
ОДИНАЕВ Абдуҳалим,
ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Сарчашмаҳо:
1. Аҳмад Абдулбосит Раҷуб - тадқиқотчӣ ва банақшагирии стратегии урдунӣ. Зулм, камбизоатӣ ва дахолати хориҷӣ: секунҷаи харобкорӣ дар ҷаҳони араб. Рӯзномаи “Раъюул явм”. 25.04.2025. (https://www.raialyoum.com) الاستبداد والفقر والتدخل الخارجي: مثلث الخراب في العالم العربي. أحمد عبد الباسط الرجوب- باحث ومخطط استراتيجي الأردني.
2. Баҳори араб. Имод Фаввоз, Зайнаб Бумдиён, Хадиҷа Баркос ва дигарон.. Маҷаллаи ал-Ватан- Қатар. 25.01.2020. (https://www.al-watan.com) الـــربــيــع الـعــربــي. عماد فواز- زينب بومديان- خديجة بركاس- خديجة الورضي- نادية وردي... مجلة الوطن القطرية. 25.01.2020.
3. Дар рақамҳо.. Коршиносон сабабҳои густариши фасод дар кишварҳои арабӣ ва роҳҳои мубориза бо он дар минтақаро ошкор мекунанд. Манбаъ: Ал-Ҷазира. 28.07.2023. (https://www.aljazeera.net/programs/2023/7/28/) بلغة الأرقام.. خبراء يكشفون أسباب تفشي الفساد في الدول العربية وكيف يمكن محاربته في المنطقة. المصدر : الجزيرة. 28.07.2023.
4. Инфографика: Кишварҳои Халиҷи Форс бо пасттарин холҳои арабӣ дар шохиси фасод дар соли 2024. Сомонаи Ал-Халиҷ онлайн. 13.02.2025. (https://khaleej.online/2oJDrx) إنفوجرافيك: دول الخليج الأقل عربياً في مؤشر الفساد عام 2024
5. “Оё мардуми араб бо иваз кардани ҳокимонашон тағир меёбанд?”. Файсал ал-Қосим. Барномаи “Самти муқобил”-и сомонаи канали ал-Ҷазира. 24.01.2013. Таърихи бардошт 12.07.2024. (https://www.youtube.com/watch?v=yJZL-MddQds&t=753s) هل تتغير الشعوب العربية بتغيير حكامها؟ فيصل القاسم. برنامج "الاتجاه المعاكس" في موقع الجزيرة. 24.01.2013.
6. Фасод дар кишварҳои арабӣ: миёни чолишҳои воқеӣ ва зарурати дармон. Маътуқ Сомия. Алҷазоир. Маҷаллаи омӯзиши иқтисодӣ. Ҷилди 6, нашри 1, 9 июни соли 2019. Саҳ 263. الفساد في الدول العربية: بين مصاعب الواقع وحتمية المعالجة. معتوق سامية. الجزائر. مجلة دراسات اقتصادية. المجلد 6، العدد 1 جوان 9 201.
7. “Шохиси ҷаҳонии фасод” занги ҳушдор медиҳад, ки ин ҳолат дар кишварҳои араб низ ба назар мерасад. Сомонаи - Al Arabiya.net, Дубай. 02.02.2023. (https://www.alarabiya.net/aswaq/special-stories/2023/02/02/-%) "مؤشر الفساد العالمي" يدق ناقوس الخطر.. وهذا ترتيب دول عربية. دبي - العربية.نت