×

ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ МИЛЛӢ ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ

Бозгашт ба мавод

ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ МИЛЛӢ ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ

ИОМДОА Забон 05-10-2026 ш.Душанбе
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ -  МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ МИЛЛӢ ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ  масъалаи забони тоҷикӣ  ањамияти  хоса  пайдо кард ва ба ҳадде мубрам гардид, ки онро имрӯз  метавон яке аз падидаҳои муҳими шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятӣ номид. Таърих гувоҳ аст, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ ва ҳатто дар сахттарин солҳои ҷанги дохилӣ яке аз манфиатњое, ки тамоми гурўҳу табақоти ҷомеаро, сарфи назар аз тамоюлоту самтгириҳои иҷтимоию сиёсӣ,  бо ҳам мепайваст, забон буд. Ба ибораи дигар он як бахши  нигорандаи  таърихи  халќи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фароз инъикос ёфтааст.

Лозим ба зикр аст, ки китоби пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки бо номи «Забони миллат - ҳастии миллат» рӯйи чоп омада буд, фарогири таърихи забони тоҷикӣ аст. Зимни мутолеаи он, яқин мефаҳмем, ки сарчашмаи ин ноби ширин аз куҷо пайдо шудааст. Забонишносон дар боби пайдоиши забон зиёд таҳлилу баррасӣ намуда, фикрҳои худро баён намуданд.

Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат имрӯз миллати тоҷик соҳиби забон, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, урфу одат ва арзишҳои башарӣ  гаштааст. Чуноне,  ки Пешвои миллат ҷое зикр намуданд, «моро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд». Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки забони давлатӣ ҷузъе аз нишони волои давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Мувофиқи таҳлилҳои  забоншиносон дар  ҷаҳон  беш аз ҳафт ҳазор забон вуҷуд дорад, ки дар байни он забонҳо забони модарии мо - забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

       Дар боби 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” оварда шудааст, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ истифодаи забони давлатӣ ба роҳ монда шавад. Мувофиқи боби зикршуда дар муносибатҳои байналмилалӣ тамоми гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бо забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо сурат мегиранд, вале  ҳангоми зарурат дар чунин муносибатҳо истифодаи дигар забонҳо маҳдуд намегардад.

Дар ин раванд забони тоҷикӣ вазифаи дугона иҷро мекунад. Аз як тараф, он забони расмии муаррифии мавқеи Тоҷикистон дар дохили кишвар ва дар муносибат бо шарикони хориҷӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, он ҳамчун воситаи баёни манфиатҳои миллӣ, таҷрибаи таърихӣ ва дидгоҳи фарҳангии давлат дар фазои байналмилалӣ хизмат мекунад.

Ҳангоми суханронӣ, баргузории нишастҳои расмӣ ё нашри маводи дипломатӣ ба забони тоҷикӣ, симои фарҳангӣ ва мустақилияти сиёсии кишвар равшантар ифода меёбад.

Ин омил ба таҳкими дипломатияи давлатӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои забон, таърих ва фарҳанги бою ғанӣ мусоидат мекунад.

Маврид ба тазаккур аст, ки нақши забон дар дипломатияи фарҳангӣ воситаи таъсиррасоне  мебошад, ки тавассути омузиши забони тоҷикӣ,  тарҷумаи осори адабӣ, баргузории рӯзҳои фарҳангӣ ва табодули донишгоҳӣ, дигар ҷомеаҳо метавонанд бо таърих ва арзишҳои миллии Тоҷикистон бештар шинос шаванд. Осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар намояндагони адабиёти классикӣ қисми муҳими мероси муштараки тамаддуни форсизабонро ташкил медиҳад. Пешниҳоди ин мерос дар шакли тарҷума ва таҳқиқоти илмӣ метавонад робитаҳои фарҳангии Тоҷикистонро бо кишварҳои гуногун таҳким бахшад.

Омузиши забони тоҷикӣ дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои дигар метавонад ба рушди таҳқиқоти шарқшиносӣ, таърихшиносӣ ва забоншиносӣ мусоидат кунад. Ҳамзамон, чунин раванд ба густариши робитаҳои мардумӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷомеаҳо таъсири мусбат мерасонад.

Маврид ба қайд аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи донишмандону мутафаккирони ҷаҳон ба омузиши забони форсӣ- тоҷикӣ ва осори бузурги мутаффакирони миллати тоҷик хеле зиёд аст, ки он мавқеи забони тоҷикиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор мегардонад. Аз ин рӯ, дар давраҳои гуногуни таърих забони тоҷикӣ диққати бисёр олимон ва нависандагони оламрро ба худ ҷалб кардааст. Ба мисоли асосгузорони фалсафаи материалистӣ Фридрих Энгелс, шоири немис Гёте, шоири рус Есенин, шарқшиносони маъруфи дунё - Бертелс, Брагинский, Бартолд ва дигарон.

Ин муштаракоти забонӣ имконият фароҳам  меорад, ки Тоҷикистон бо кишварҳои форсизабон, аз ҷумла Эрон ва Афғонистон, робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва адабиро густариш диҳад. Ҳаммонандии захираи луғавӣ ва осори классикии  муштарак барои фаъолияти таҳқиқоти илмӣ, тарҷума ва баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.

 Чуноне, ки осори оламгири Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби мутаффакир, шоир ва адабиётшиноси олмонӣ Иоганн Гёте, ки худро дилбастаи осору пайрави мардуми форсу тоҷик ва шогирди Ҳофиз иброз медошт, мавриди таҳқиқу омузиш қарор гирифта, шуҳрати беандоза пайдо намуд ва дар адабиёти мардуми Олмон  мавқеи хосаро соҳиб гашт. Аз ин ҷост, ки дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи донишмандону мутаффакирони ҷаҳон ба омӯзиши забони форсӣ - тоҷикӣ ва осори бузурги мутаффакирони миллати тоҷик хеле зиёд аст, ки он мавқеи забони тоҷикиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор мегардонад.

Дар оянда забони тоҷикӣ метавонад дар се самти асосӣ: ҳамчун забони дипломатияи давлатӣ, воситаи дипломатияи фарҳангӣ ва ҳамчун забони илмӣ-таълимӣ нақши бештар пайдо кунад. Барои ин зарур аст, ки истифодаи он дар санадҳои расмӣ, таҳқиқоти илмӣ, маҳсулоти рақамӣ ва барномаҳои байналмилалӣ васеъ карда шавад. Ҳамзамон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ набояд ҳамчун рақобат бо забони тоҷикӣ арзёбӣ гардад, баръакс  донистани забонҳои дигар бояд ба муаррифии беҳтари забони тоҷикӣ ва манфиатҳои миллӣ дар хориҷ мусоидат кунад.

 

ДОСТИЕВА Дилафрӯз

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва  Шарқии

Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ