Коррупсия барои ҳар як давлат ва рушди устувори ҷомеа мушкилоти ҷиддӣ эҷод намуда, яке аз таҳдидҳои муҳим ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими идоракунии самараноки давлатӣ ба ҳисоб меравад. Миқёси густариши ин падидаи иҷтимоӣ метавонад самаранокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва иқтисодии давлатро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва муқовимати саривақтӣ ба омилҳои коррупсионӣ, ки ба яке аз мушкилоти мураккаби замони муосир табдил ёфтаанд, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ аксари давлатҳо бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи коррупсия стратегияҳо ва барномаҳои гуногуни зиддикоррупсиониро таҳия ва амалӣ менамоянд. Ин раванд дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Канада, Олмон, Ҷопон, Сингапур, кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо ба мушоҳида мерасад. Таҷрибаи давлатҳои мазкур нишон медиҳад, ки мубориза бо коррупсия танҳо тавассути татбиқи чораҳои ҷазодиҳӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, балки муносибати маҷмӯӣ, аз ҷумла тадбирҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва иҷтимоиро тақозо менамояд.
Тибқи маълумоти мавҷуда, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар байни 180 давлат дар рейтинги байналмилалии дарки коррупсия мавқеи 76-умро ишғол намуда, дар доираи Нақшаи 15-уми панҷсола барои солҳои 2026–2030 таҳкими чораҳои зиддикоррупсиониро пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла, ба соҳаҳое таваҷҷуҳи махсус дода мешавад, ки дар онҳо ваколатҳои васеи давлатӣ, ҷараёнҳои бузурги молиявӣ ва захираҳои муҳим мутамарказ шудаанд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи январи соли ҷорӣ зимни мулоқотҳои марбут ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия таъкид намуд, ки вазъият дар ин самт ҳамоно мураккаб ва душвор боқӣ мондааст. Ба андешаи ӯ, бартараф намудани шароиту омилҳое, ки ба густариши коррупсия мусоидат мекунанд, вазифаи душвор ва бисёрҷанба мебошад. Дар ин замина зарурати решакан намудани коррупсия ва маҳдуд сохтани имкониятҳои мансабдорони фасодкор барои пинҳон шудан ва идомаи фаъолияти ғайриқонунӣ таъкид мегардад.
Ҳангоми баррасии низоми мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бояд ба хусусиятҳои хоси модели мазкур таваҷҷуҳ зоҳир кард. Аз ҷумла, дар низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии ин кишвар нақши Ҳизби Коммунистии Чин хеле назаррас буда, механизмҳои ҳизбӣ ва давлатӣ дар муқовимат ба қонуншиканиҳои коррупсионӣ нақши муҳим доранд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин низом нақши тафтишоти дохилиҳизбӣ дар ошкор намудани қонуншиканиҳои интизомӣ ва ҷамъоварии маълумоти марбут ба ҳолатҳои коррупсионӣ мебошад. Ҳамзамон, механизмҳои давлатӣ ва судӣ барои таъмини ҷавобгарии ҳуқуқии шахсони гунаҳкор истифода мешаванд.
Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки татбиқи тадбирҳо ва стратегияҳои ҳамаҷонибаи зиддикоррупсионӣ барои бартараф намудани омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба чунин тадбирҳо метавон баланд бардоштани сатҳи шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, васеъ намудани имкониятҳои муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаҳои қонунҳо ва қарорҳои маъмурӣ, пешгирӣ ва ҳалли ҳолатҳои бархурди манфиатҳо дар байни хизматчиёни давлатӣ, таҳияи кодексҳои ахлоқии хизматчиёни давлатӣ, такмили низоми адолати маъмурӣ ва дигар механизмҳои институтсионалиро дохил намуд.
Аксари стратегияҳои давлатии мубориза бо коррупсия ба маҷмӯи принсипҳои умумӣ асос ёфта, татбиқи онҳо ҳам ба бахши давлатӣ ва ҳам ба бахши хусусӣ дахл дорад. Дар байни чунин принсипҳо ошкороӣ, назорат, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофияти фаъолияти субъектҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷойгоҳи муҳим доранд.
Принсипи назорат ва ҳисоботдиҳӣ на танҳо нисбат ба мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои давлатӣ, балки ба ширкатҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ низ татбиқ мегардад. Ин принсип тавассути механизмҳои гуногун, аз ҷумла талаботи ҳисоботдиҳӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти роҳбарият, интихоб ва ивазшавии ҳайати роҳбарикунанда, инчунин татбиқи чораҳои ҳуқуқӣ ва таҳримҳо нисбат ба шахсони гунаҳкор амалӣ карда мешавад.
Таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки давлатҳое дар мубориза бо коррупсия ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, ки муносибати ҳамаҷонибаро ба ин масъала пеш гирифтаанд. Татбиқи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ барои пешгирии коррупсия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳадафи асосии чунин тадбирҳо бартараф намудани сабабҳо ва омилҳои аслии коррупсия, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти дастгоҳи давлатӣ, таъмини ошкорсозӣ, пешгирӣ, боздошт ва тафтиши амалҳои коррупсионӣ, коҳиш додан ё рафъ намудани оқибатҳои манфии онҳо, инчунин таҳкими ҳамкории давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шаҳрвандон мебошад.
Стратегияи пешгирикунандаи мубориза бо коррупсия, ки бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ, такмили низоми хариди давлатӣ ва стандартизатсияи чораҳои зиддикоррупсиониро дар доираи хизмати давлатӣ дар бар мегирад, метавонад ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ гардад. Бо вуҷуди ин, муносибати пешгирикунанда набояд ба маънои даст кашидан аз татбиқи чораҳои ҳуқуқӣ нисбат ба шахсони содиркунандаи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ бошад. Баръакс, таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки истифодаи ҳамзамони механизмҳои пешгирикунанда, назоратӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ метавонад самаранокии сиёсати зиддикоррупсиониро ба таври назаррас баланд бардорад.
Хусусияти хоси коррупсия дар замони муосир дар он ифода меёбад, ки ин падида бо вуҷуди доштани хусусиятҳои миллӣ ва минтақавӣ дар кишварҳои дорои сатҳҳои гуногуни рушди иҷтимоию иқтисодӣ паҳн шуда, ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ таъсир мерасонад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ оқибатҳои коррупсия метавонанд аз ҳудуди як давлат берун рафта, ба рушди иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии дигар кишварҳо низ таъсири манфӣ расонанд.
Аз нигоҳи анъанавӣ коррупсия ҳамчун падидаи барои ҷомеа зараровар арзёбӣ шуда, ба вайрон гардидани меъёрҳои ахлоқӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва институтсионалӣ мусоидат менамояд. Бо вуҷуди ин, дар таҳқиқоти муосир нуқтаи назари дигар низ мавҷуд аст, ки коррупсияро ҳамчун падидаи дар доираи муносибатҳои иқтисодӣ, институтсионалӣ ва сохтори васеътари иҷтимоӣ ташаккулёбанда баррасӣ мекунад. Аз ин нуқтаи назар, коррупсияро танҳо ҳамчун рафтори инфиродии шахсони алоҳида арзёбӣ намудан кофӣ нест, зеро барои пайдоиш ва густариши он омилҳои институтсионалӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ таъсир мерасонанд. Инчунин, коррупсия маҳсули муносибатҳои иҷтимоӣ буда, ташаккули он ҳамчун мушкилоти ҷамъиятӣ якчанд марҳиларо дар бар мегирад. Аз ҷумла, мавҷудияти ҳолатҳои такрории ришваситонӣ ва дигар шаклҳои коррупсия дар фаъолияти мансабдорони гуногун, эътирофи ин ҳолатҳо ҳамчун мушкилоти иҷтимоӣ, инчунин ташаккули вокуниши дахлдори мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон аз ҷумлаи чунин заминаҳо мебошанд.
Дар замони муосир коррупсия бо ниҳодҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа робитаи зич дошта, дар баъзе ҳолатҳо ба як амалияи мунтазам табдил меёбад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия бояд на танҳо ба ошкор ва ҷазо додани ҳолатҳои содиршуда, балки пеш аз ҳама ба бартараф намудани шароиту омилҳои мусоидаткунанда равона карда шавад. Дар ин самт зарур аст, ки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо таваҷҷуҳи асосии худро ба таъмини волоияти қонун, иҷрои самараноки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи дурусти ваколатҳои давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона созанд.
Самаранокии сиёсати зиддикоррупсионӣ, пеш аз ҳама, ба мавҷудияти низоми мушаххаси меъёрҳо, нишондиҳандаҳо ва механизмҳои арзёбии натиҷаҳо вобаста мебошад. Аз ин рӯ, таҳия ва татбиқи нишондиҳандаҳои объективӣ барои муайян намудани самаранокии татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва чораҳои пешгирикунандаи коррупсия яке аз самтҳои муҳимми такмили сиёсати зиддикоррупсионӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тариқ, арзёбии муқоисавии моделҳои мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Мардумии Чинро мавриди омӯзиш қарор дода, ба натиҷаҳои зерин расидем:
- муқовимат ба коррупсия дар шароити муосир раванди мураккаб ва бисёрсамта буда, татбиқи маҷмӯи чораҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ, институтсионалӣ ва иҷтимоиро тақозо менамоя;
- таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин нишон медиҳад, ки самаранокии сиёсати зиддикоррупсионӣ ба фаъолияти ҳамоҳангшудаи институтҳои давлатӣ ва назоратӣ, такмили пайвастаи заминаи ҳуқуқӣ, таҳкими интизоми хизматӣ, баланд бардоштани масъулияти мансабдорони давлатӣ ва истифодаи механизмҳои пешгирикунандаву назоратӣ алоқаманд мебошад;
- хусусияти муҳимми модели Ҷумҳурии Мардумии Чин дар пайвастани чораҳои пешгирикунанда, назоратӣ, тафтишотӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ ифода ёфта, ҳамзамон ба бартараф намудани шароиту омилҳое, ки ба пайдоиш ва густариши коррупсия мусоидат мекунанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад;
- арзёбии муқоисавӣ нишон медиҳад, ки дар сиёсати зиддикоррупсионӣ, новобаста аз фарқияти низомҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии давлатҳо, принсипҳои умумии шаффофият, ҳисоботдиҳӣ, назорат, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, такмили хизмати давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа аҳамияти муҳим доранд;
- таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин метавонад ҳамчун яке аз намунаҳои мавриди омӯзиш дар таҳқиқи механизмҳои муосири пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия арзёбӣ гардад, аммо истифодаи таҷрибаи мазкур дар дигар давлатҳо бояд бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва институтсионалии онҳо сурат гирад;
- таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, рушди механизмҳои самараноки назорат ва ҳисоботдиҳӣ, баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, такмили хизмати давлатӣ ва густариши ҳамкории давлату ҷомеа метавонанд ба коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ мусоидат намоянд;
- мубориза бо коррупсия бояд на танҳо ҳамчун вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ ва ҷузъи сиёсати таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ баррасӣ карда шавад.
МУҲАММАДАЛИЗОДА Парвина,
мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои иқтисодӣ