×

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА (СОЛҲОИ 2027–2036): ПАРАДИГМАИ НАВИ СУЛҲОФАРИНИИ ҶАҲОНӢ ВА ПЕШОҲАНГИИ ДИПЛОМАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ВОКУНИШИ ИЛМӢ-АКАДЕМӢ)

Бозгашт ба мавод

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА (СОЛҲОИ 2027–2036): ПАРАДИГМАИ НАВИ СУЛҲОФАРИНИИ ҶАҲОНӢ ВА ПЕШОҲАНГИИ ДИПЛОМАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ВОКУНИШИ ИЛМӢ-АКАДЕМӢ)

ИОМДОА Сиёсат 08-07-2026 ш.Душанбе
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА (СОЛҲОИ 2027–2036): ПАРАДИГМАИ НАВИ СУЛҲОФАРИНИИ ҶАҲОНӢ ВА ПЕШОҲАНГИИ ДИПЛОМАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ВОКУНИШИ ИЛМӢ-АКАДЕМӢ)

Қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 26 июни соли 2026 оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (солҳои 2027–2036), ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсати байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалии муосир ба шумор меравад.

Аз лиҳози муҳтаво, ин қатънома марҳалаи сифатан нави таҳаввули низоми ҷаҳонии сулҳро ифода менамояд. Он ба таври мантиқӣ ва пайваста фалсафаи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид-ро идома медиҳад, ки ҳанӯз дар муқаддимаи он ҳадафи асосии ҷомеаи байналмилалӣ чунин баён гардидааст: «Наслҳои ояндаро аз офатҳои ҷанг эмин нигоҳ дорем». Маҳз ҳамин ғоя нуқтаи ибтидоии тамоми меъмории муосири амнияти байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Сулҳ ҳамчун категорияи рушди ҷаҳонӣ

Низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ имрӯз давраи таҳаввули амиқро аз сар мегузаронад. Муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризми байналмилалӣ, тағйирёбии иқлим, камбуди захираҳои об, буҳронҳои муҳоҷират, таҳдидҳои рақамӣ, густариши истифодаи зеҳни сунъӣ ва коҳиши сатҳи эътимод байни давлатҳо мазмуну муҳтавои мафҳуми сулҳро ба таври назаррас дигаргун сохтаанд.

Агар дар нимаи дуюми қарни ХХ сулҳ асосан ҳамчун набудани ҷанг маънидод мегардид, пас дар асри XXI он ба категорияи фарогири рушди устувори инсоният табдил ёфтааст.

Бори аввал чунин равиш дар Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаи A/RES/53/243 аз 13 сентябри соли 1999 қабул гардида буд, инъикоси ҳуқуқӣ пайдо намуд. Дар ин санад таъкид шудааст, ки фарҳанги сулҳ бар эҳтироми ҳуқуқи инсон, демократия, таҳаммулпазирӣ, ҳамбастагӣ, муколамаи байнифарҳангӣ, маориф, рушди устувор ва ҳалли осоиштаи муноқишаҳо асос меёбад. Бо ҳамин Созмони Милали Муттаҳид контсепсияи нави умумиҷаҳонии амниятро пешниҳод намуд, ки на танҳо ба боздоштани муноқишаҳо, балки пеш аз ҳама ба фароҳам овардани шароите равона шудааст, ки пайдоиши онҳоро аз оғоз истисно менамояд.

Аз ин рӯ Даҳсолаи байналмилалии солҳои 2027–2036 идомаи мантиқии контсепсияи фарҳанги сулҳ буда, онро аз сатҳи эъломияҳои сиёсӣ ба сатҳи стратегияи дарозмуддати байналмилалӣ интиқол медиҳад.

Масъулияти байнинаслӣ ҳамчун меъёри нави ҳуқуқи байналмилалӣ

Аҳамияти махсуси ибтикори нав, пеш аз ҳама, дар иртиботи зичи он бо натиҷаҳои Саммити Ояндаи Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2024 баргузор гардида буд, ифода меёбад.

Паймони ба хотири оянда (Pact for the Future), ки аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ қабул гардид, инчунин Эъломия дар бораи наслҳои оянда (Declaration on Future Generations), ки ба он замима шудааст, бори аввал чунин принтсипро муқаррар намуданд: давлатҳо на танҳо дар назди насли имрӯза, балки дар назди онҳое низ, ки баъд аз мо зиндагӣ хоҳанд кард, масъулият доранд.

Дар амал ҳуқуқи байналмилалӣ тадриҷан аз контсепсияи ҳифзи манфиатҳои наслҳои мавҷуда ба модели идоракунии дарозмуддати рушди инсоният мегузарад.

Маҳз ба ҳамин сабаб Даҳсолаи нави байналмилалӣ на танҳо аҳамияти сиёсӣ, балки мазмуни амиқи фалсафӣ ва ҳуқуқӣ низ касб менамояд.

Он меъёри нави рафтори байналмилалиро таҳким мебахшад, ки мутобиқи он ҳар як давлат уҳдадор аст сулҳро ҳамчун муҳимтарин шарти ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда арзёбӣ намояд.

Сулҳ ҳамчун неъмати ҷамъиятии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ

Дар назарияи муосири муносибатҳои байналмилалӣ сулҳ беш аз пеш ҳамчун неъмати ҷамъиятии ҷаҳонӣ (Global Public Good) арзёбӣ мегардад.

Ин равиш маънои онро дорад, ки таъмини сулҳи устувор танҳо бо талошҳои як давлат имконнопазир аст.

Ҳифзи он масъулияти муштараки тамоми ҷомеаи байналмилалиро тақозо менамояд.

Аз ҳамин лиҳоз қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид хусусияти умумиҷаҳонӣ дорад.

Он ба ҳамаи давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи илмӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидааст.

Чунин тарзи масъалагузорӣ ба контсепсияи муосири «Сулҳи устувор» (Sustaining Peace), ки аз соли 2016 инҷониб аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар асоси қатъномаҳои Маҷмаи Умумӣ ва Шурои Амният рушд дода мешавад, комилан мувофиқ мебошад. Дар ин санадҳо зарурати пешгирии муноқишаҳо тавассути таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, рушди маориф, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ махсус таъкид шудааст.

Аз таҷрибаи миллӣ ба ташаббуси универсалии байналмилалӣ

Аҳамияти махсуси ин қатънома аз он иборат аст, ки ташаббускори он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи равшани гузариши муваффақ аз низои мусаллаҳонаи дохилӣ ба сулҳи устувор, оштии миллӣ ва давлатсозӣ мебошад.

Аз ин рӯ ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ на ҳамчун як изҳороти сиёсӣ, балки ҳамчун пешниҳоде бар мабнои таҷрибаи амалии сулҳофаринӣ арзёбӣ мегардад.

Дар давоми ду даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз ташаббускорони фаъол ва пайгири иқдомҳои башардӯстонаи сатҳи ҷаҳонӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфтааст.

Даҳсолаҳои байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», «Об барои рушди устувор», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва акнун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ модели нави пешоҳангии дипломатиро ташаккул медиҳанд, ки на бар истифодаи неру, балки бар пешниҳоди ғояҳои умумибашарии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ асос ёфтааст.

Ташаккули фарҳанги нави сулҳ

Даҳсолаи байналмилалии солҳои 2027–2036 барои ташаккули фарҳанги нави сулҳ имконҳои фароху васеъ фароҳам меоварад.

Сухан дар бораи низоми фарогири арзишҳо меравад, ки унсурҳои зеринро дар бар мегирад:

– тарбияи ҷавонон дар руҳияи сулҳ;

– рушди муколамаи байнифарҳангӣ;

– эҳтироми шаъну каромати инсон;

– пешгирии муноқишаҳо;

– ҳамбастагии байналмилалӣ;

– дипломатияи илмӣ;

– рушди маориф;

– пешбурди рушди устувор.

Бо ҳамин, сулҳ на танҳо ба ҳайси як категорияи сиёсӣ, балки ҳамчун принтсипи ахлоқии рушди ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

Хулоса

Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 26 июни соли 2026 оғози марҳалаи нави рушди ҳуқуқи байналмилалиро ифода менамояд.

Агар асри ХХ давраи ташаккули ниҳодии (институтсионалии) амнияти байналмилалӣ маҳсуб гардад, пас қарни XXI тадриҷан ба давраи ташаккули институтсионалии фарҳанги сулҳ ва масъулият дар назди наслҳои оянда мубаддал мешавад.

Дар ин замина ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз доираи дипломатияи миллӣ фаротар меравад.

Он ба ҷузъи таркибии фалсафаи нави идоракунии ҷаҳонӣ табдил меёбад, ки бар эътирофи сулҳ ҳамчун олитарин арзиши умумибашарии тамаддуни инсонӣ асос ёфтааст.

Санадҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид

1.      Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид. Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ. Қатъномаи A/RES/53/243. Ню-Йорк, 13 сентябри соли 1999.

2.      Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид. Паймон ба хотири оянда (Pact for the Future). Қатъномаи A/RES/79/1. Ню-Йорк, 22 сентябри соли 2024 (Замимаи II — Эъломия дар бораи наслҳои оянда).

3.      Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид. Сан-Франсиско, 26 июни соли 1945.

4.      Созмони Милали Муттаҳид. «Тағйир додани ҷаҳони мо: Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030». Қатъномаи A/RES/70/1, соли 2015.

5.      Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид. Қатъномаи 70/262 «Баррасии меъмории сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид» (2016) ва Қатъномаи дахлдори Шӯрои Амният № 2282 (2016), ки консепсияи «Сулҳи устувор» (Sustaining Peace)-ро таҳким бахшидаанд.

САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ,

мудири шуъбаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фиристодаи фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.