Ҷомеаи байналмилалии муосир имрӯз бо таҳдидҳо ва чолишҳои бесобиқа дар самти ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ рӯ ба рӯ мебошад. Низоъҳои мусаллаҳона, терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, таҳдидҳои киберӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои гуманитарӣ ба устувории низоми байналмилалии ҳуқуқӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Дар чунин шароит ҷустуҷӯи механизмҳои нави байналмилалӣ-ҳуқуқии пешгирии низоъҳо ва таҳкими сулҳ аҳаммияти махсус касб менамояд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими солҳои охир дар ин самт қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ташаббус муносибати сифатан навро нисбат ба мафҳуми сулҳ пешниҳод намуда, сулҳро на танҳо ҳамчун ҳолати набудани низои мусаллаҳона, балки ҳамчун низоми мураккаби муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, ки ба рушди устувори инсоният равона гардидаанд, арзёбӣ менамояд.
Пешниҳоди ташаббус оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036 бо таҷрибаи нодири таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии баъд аз низоъ алоқамандии зич дорад. Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи душвори эҳёи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устуворро тай намуд. Дар ин раванд нақши ҳалкунанда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, ки таҳти роҳбарии ӯ тадбирҳои зиёд оид ба расидан ба оштии миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар амалӣ гардиданд.
Таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҳалли мусолиматомези низоъҳои дохилӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардида, ба заминаи пешниҳоди ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳкими сулҳ, эътимоди мутақобила ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ табдил ёфт.
Дар ин замина ташаббуси қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» идомаи мантиқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таҳкими амнияти байналмилалӣ ва рушди фарҳанги сулҳ равона шудааст.
Пешниҳоди ин ташаббус аз густариши саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Нақши махсус дар пешбурди ин ташаббус ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, ки пайваста ҷонибдори таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо, рушди муколамаи байни тамаддунҳо ва таъмини сулҳи устувор мебошад.
Консепсияи пешниҳодшуда ба ақидае асос меёбад, ки сулҳ на танҳо категорияи сиёсӣ, балки арзиши умумии башарият мебошад. Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ бояд ҳамчун стратегияи дарозмуддати рушди ҷомеаи байналмилалӣ баррасӣ гардад, ки ба ҳифзи манфиатҳои наслҳои имрӯзаву оянда нигаронида шудааст.
Хусусияти асосии ин қатънома дар самтгирии пешгирикунандаи он зоҳир мегардад. Дар муқоиса ба механизмҳои анъанавии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ, ки бештар ба танзими низоъҳои мавҷуда нигаронида шудаанд, ташаббуси мазкур ба пешгирии таҳдидҳо ба сулҳ тавассути ташаккули фарҳанги ҳамзистии осоишта, рушди муколамаи байналмилалӣ ва таҳкими эътимоди мутақобила байни давлатҳо диққати махсус медиҳад.
Қатънома тамоюлҳои муосири рушди ҳуқуқи байналмилалиро инъикос менамояд, ки дар доираи онҳо масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда аҳаммияти бештар пайдо мекунанд. Ташаккули стратегияҳои дарозмуддати сулҳ на танҳо вазифаи сиёсӣ, балки уҳдадории ҳуқуқии давлатҳо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Аз нуқтаи назари байналмилалӣ-ҳуқуқӣ, ин ташаббус ба чунин равандҳо мусоидат менамояд:
- таҳкими принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид;
- рушди консепсияи сулҳи устувор;
- такмили механизмҳои дипломатияи пешгирикунанда;
- густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирии низоъҳо;
- ташаккули фарҳанги сулҳ ҳамчун самти мустақили сиёсати байналмилалӣ;
- баланд бардоштани нақши ҳуқуқи байналмилалӣ дар таъмини амнияти ҷаҳонӣ.
Бояд таъкид намуд, ки консепсияи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда бо Рӯзномаи рушди устувори СММ то соли 2030 мутобиқати комил дошта, пеш аз ҳама ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҳадафи 16), ки ба бунёди ҷомеаҳои сулҳҷӯ, фарогир ва одилона равона шудааст, мусоидат менамояд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» он аст, ки ин ҳуҷҷат ба ҳифзи манфиатҳои на танҳо насли имрӯз, балки наслҳои ояндаи башарият низ равона шудааст. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки қатъномаи мазкур ҳамчун марҳилаи муҳими ташаккули консепсияи нави байналмилалӣ-ҳуқуқии ҳуқуқи наслҳои оянда ба сулҳ арзёбӣ карда шавад.
Сарфи назар аз он ки мафҳуми «наслҳои оянда» танҳо дар даҳсолаҳои охир ба объекти танзими мукаммали байналмилалӣ-ҳуқуқӣ табдил ёфтааст, асосҳои меъёрии он дар як қатор санадҳои бунёдии Созмони Милали Муттаҳид таҷассум ёфтаанд. Пеш аз ҳама сухан дар бораи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид (соли 1945) меравад, ки бо ҷумлаи машҳури зерин оғоз мегардад: «Мо, халқҳои Созмони Милали Муттаҳид, азми қавӣ дорем, ки наслҳои ояндаро аз офатҳои ҷанг наҷот диҳем...». Ҳанӯз дар муқаддимаи Оиннома андешаи муҳими байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар бораи он ифода гардидааст, ки ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ на танҳо вазифаи давлатҳо нисбат ба шаҳрвандони имрӯза, балки масъулияти онҳо дар назди наслҳои ояндаи инсоният низ мебошад.
Дар ин замина Қатъномаи СММ «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ҳамчун марҳилаи мантиқии рушди минбаъдаи консепсияи байналмилалӣ-ҳуқуқии сулҳ арзёбӣ мегардад. Қатъномаи мазкур муқаррароти асосии Оинномаи СММ, Эъломияи ҳуқуқи халқҳо ба сулҳ, Эъломияи фарҳанги сулҳ ва Паймони ояндаро дар як низоми ягонаи арзишӣ ва ҳуқуқӣ муттаҳид намуда, ба таҳкими сулҳи дарозмуддат ва амнияти устувори байналмилалӣ равона шудааст.
Навгонии илмӣ ва байналмилалӣ-ҳуқуқии ин ташаббус пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки сулҳ на танҳо ҳамчун ҳуқуқи наслҳои имрӯза ва уҳдадории давлатҳо, балки ҳамчун арзиши умумии башарӣ ва неъмати глобалӣ арзёбӣ мегардад, ки бояд барои наслҳои оянда низ ҳифз ва таъмин карда шавад. Агар санадҳои қаблан қабулшуда асосан ба таъмини сулҳ барои ҷомеаи муосир нигаронида шуда бошанд, қатъномаи мазкур масъулияти давлатҳоро дар назди наслҳои оянда ҳамчун ҷузъи муҳими низоми амнияти байналмилалӣ муқаррар менамояд. Бо ҳамин, заминаҳои ташаккули доктринаи нави байналмилалӣ-ҳуқуқии масъулияти байнинаслӣ барои сулҳ ба вуҷуд меоянд, ки тибқи он давлатҳо на танҳо субъектони ҳуқуқи байналмилалӣ, балки ҳомиён ва кафилони ҳифзи сулҳи ҷаҳонӣ барои инсонияти оянда низ мебошанд.
Дар ин иртибот метавон таъкид намуд, ки Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» оғози марҳилаи нави рушди ҳуқуқи байналмилалиро ифода менамояд. Дар доираи ин марҳила ҳуқуқи наслҳои оянда ба сулҳ тадриҷан хусусияти принсипи мустақили байналмилалӣ-ҳуқуқиро касб намуда истодааст. Чунин таҳаввулот ба равандҳои муосири рушди ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла таҳкими низоми амнияти дастаҷамъӣ, татбиқи консепсияи рушди устувор, ҳамбастагии байналмилалӣ ва масъулияти давлатҳо дар назди инсоният пурра мувофиқат менамояд.
Хусусияти муҳими дигари Қатъномаи мазкури СММ дар он ифода меёбад, ки он консепсияи дар ҳуқуқи байналмилалӣ ташаккулёфтаи «сулҳи мусбат»-ро рушду такмил медиҳад. Мутобиқи ин консепсия сулҳ на танҳо набудани ҷанг ё муқовимати мусаллаҳона, балки ҳолати рушди устувори ҷомеа, адолати иҷтимоӣ, баробарӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ мебошад.
Бар хилофи равишҳои анъанавии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ, ки асосан ба бартараф намудани оқибатҳои низоъҳои баамаломада нигаронида шудаанд, қатъномаи мазкур зарурати ташаккули кафолатҳои дарозмуддати институтсионалӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии сулҳро таъкид менамояд. Бо ҳамин, дар ҳуқуқи байналмилалӣ тағйири муҳим ба амал меояд: аз модели «вокуниш ба низоъ» ба модели «пешгирии низоъ». Ин раванд ба принсипҳои дипломатияи пешгирикунанда, миёнаравии байналмилалӣ ва пешгирии барвақтии таҳдидҳо ба сулҳу амният мутобиқ мебошад.
Аҳамияти махсуси Қатънома дар таҳкими принсипи масъулияти байнинаслии давлатҳо зоҳир мегардад. Агар қаблан аксари санадҳои байналмилалӣ асосан ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли имрӯза нигаронида шуда бошанд, қатъномаи мазкур ба давлатҳо зарурати ба инобат гирифтани манфиатҳои наслҳои ояндаро ҳангоми қабули қарорҳо дар соҳаи амнияти байналмилалӣ, рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии низоъҳо таъкид менамояд.
Аз ин нуқтаи назар, қатъномаи мазкур на танҳо санади сиёсӣ, балки қадами муҳим дар роҳи ташаккули меъёрҳои нави ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Он ба таҳкими ғояи он мусоидат мекунад, ки сулҳ бояд ҳамчун арзиши умумии башарият ва мероси муштараки наслҳои имрӯзаву оянда ҳифз карда шавад. Маҳз ҳамин хусусият ба ташаббуси байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсуси ҳуқуқӣ ва тамаддунӣ бахшида, онро ба яке аз саҳмҳои муҳим дар рушди доктринаи муосири ҳуқуқи байналмилалӣ табдил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки қатъномаи мазкур ва муқаррароти он идомаи мантиқии принсипҳои Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ мебошанд, ки соли 1999 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидаанд. Мутобиқи Эъломияи мазкур, фарҳанги сулҳ маҷмӯи арзишҳо, ҷаҳонбинӣ, муносибатҳо ва намунаҳои рафторе мебошад, ки ба эҳтироми ҳаёт, даст кашидан аз хушунат, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, ҳуқуқи инсон, демократия, таҳаммулпазирӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории байналмилалӣ асос ёфтааст.
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ин принсипҳоро аз доираи муқаррароти сиёсӣ-декларатсионӣ ба сатҳи банақшагирии дарозмуддати байналмилалӣ интиқол медиҳад. Агар Эъломия оид ба фарҳанги сулҳ асосҳои ғоявӣ ва арзишии ҳамзистии осоиштаро муайян намуда бошад, Қатъномаи СММ «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ба татбиқи амалии ин принсипҳо тавассути муттаҳид намудани талошҳои давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидааст.
Қатъномаи мазкур ҳамчун механизми муҳими татбиқи муқаррароти Эъломия оид ба фарҳанги сулҳ дар шароити таҳдидҳо ва чолишҳои муосири ҷаҳонӣ хизмат менамояд.
Аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузариш ба модели нави сулҳофарии пешгирикунандаро ифода менамояд.
Агар консепсияи анъанавии сулҳофарии Созмони Милали Муттаҳид асосан ба барқарорсозии давлатҳо дар марҳилаи баъди низоъ нигаронида шуда бошад, ташаббуси Тоҷикистон аз зарурати бартараф намудани сабабҳои низоъҳо то оғози онҳо сарчашма мегирад.
Дар ин маврид сулҳ ҳамчун арзиши мустақили байналмилалӣ-ҳуқуқӣ баррасӣ мегардад, ки ба ҳифз ва таҳкими доимӣ ниёз дорад. Чунин муносибат ба тамоюлҳои муосири рушди ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ мебошад, ки дар доираи онҳо ба дипломатияи пешгирикунанда, миёнаравии байналмилалӣ, низоми огоҳсозии барвақтӣ аз низоъҳо ва таҳкими эътимод байни давлатҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад.
Аҳамияти махсуси ташаббуси мазкур ҳамчунин дар он ифода меёбад, ки он аз ҷониби давлате пешниҳод гардидааст, ки дорои таҷрибаи нодири оштии миллӣ ва барқарорсозии баъд аз низоъ мебошад. Таҷрибаи амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қатънома на танҳо аҳамияти сиёсӣ, балки арзиши муҳими байналмилалӣ-ҳуқуқӣ низ мебахшад.
Қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» барои ташаккули самти нави танзими байналмилалӣ-ҳуқуқӣ, ки ба таъмини ҳуқуқи наслҳои оянда ба сулҳ ва амният алоқаманд аст, заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Дар оянда муқаррароти ин қатънома метавонанд ҳамчун асос барои:
- таҳияи стандартҳои универсалии байналмилалӣ-ҳуқуқии таҳкими сулҳ;
- такмили механизмҳои дипломатияи пешгирикунандаи СММ;
- васеъ намудани ваколатҳои мақомоти СММ дар соҳаи пешгирии низоъҳо;
- ташаккули консепсияи байналмилалӣ-ҳуқуқии масъулияти байнинаслии давлатҳо;
- эътирофи ҳуқуқи наслҳои оянда ба сулҳ ҳамчун категорияи мустақили байналмилалӣ-ҳуқуқӣ, хизмат намоянд.
Хулоса: Қабули Қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» марҳилаи муҳими рушди консепсияи муосири байналмилалӣ-ҳуқуқии сулҳофарӣ ва таҳкими сулҳи устувор ба шумор меравад. Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули равишҳои нави байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар самти таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мусоидат намуда, ба принсипҳои дипломатияи пешгирикунанда, рушди устувор, масъулияти байнинаслӣ ва ҳамбастагии байналмилалӣ такя менамояд.
Қатъномаи мазкур инчунин ба густариши фаҳмиши анъанавии сулҳофарӣ мусоидат намуда, онро аз марҳилаи барқарорсозии баъдинизоӣ ба сатҳи пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимоди байни давлатҳо ва ташаккули фарҳанги сулҳ ҳамчун омили муҳими рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ интиқол медиҳад. Дар ин замина, сулҳ на танҳо ҳамчун натиҷаи набудани ҷанг, балки ҳамчун шарти асосии рушди устувор, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини амнияти умумии башарият баррасӣ мегардад.
Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди ин ташаббус аз аҳамияти махсуси байналмилалӣ бархӯрдор буда, шаҳодати саҳми фаъол ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ ва рушди ҳуқуқи байналмилалии муосир мебошад. Ин ташаббус ҳамзамон таҷрибаи нодири Тоҷикистонро дар самти таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ ва оштии ҷомеа дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Аз ин рӯ, Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»-ро метавонад ҳамчун саҳми муҳим дар рушди доктринаи байналмилалӣ-ҳуқуқии сулҳ ва таҳкими низоми универсалии амнияти дастаҷамъӣ дар асри XXI арзёбӣ намуд.
МАҲМАДУЛЛОЗОДА Нурулло Раҳматулло,
муовини директори Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.