Дар шароити муосир сиёсати хориҷии давлат торафт бештар на танҳо ҳамчун соҳаи амалияи дипломатӣ, балки ҳамчун омили ташаккули афзалиятҳои таҳқиқотӣ, самтҳои мавзӯӣ ва талаботи экспертию таҳлилӣ баромад менамояд. Барои давлатҳое, ки дар равандҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд, рушди самтҳои махсуси кишваршиносӣ ва минтақашиносӣ ба яке аз шартҳои муҳими таъмини зеҳнӣ ва илмии равиши сиёсати хориҷӣ табдил меёбад. Дар ин замина, америкашиносӣ мавқеи хосса дорад, зеро Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҳамчунон яке аз бозигарони калидии сиёсати ҷаҳонӣ боқӣ монда, ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ниҳодҳои глобалӣ, рӯзномаи иқлимӣ, равандҳои молиявию иқтисодӣ ва моделҳои рушди сиёсӣ таъсири назаррас мерасонад. [5]
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка на танҳо бо мақоми ҷаҳонии он, балки бо вазифаҳои амалии дипломатияи миллӣ низ алоқаманд мебошад. Бо таҳкими давлатдории Тоҷикистон густариши робитаҳои байналмилалӣ ва пешбурди ташаббусҳои миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ зарурати омӯзиши низоммандтар ва ҳамаҷонибаи самти америкоӣ афзоиш ёфт. Дар ин замина, рушди америкашиносӣ дар Тоҷикистонро на танҳо ҳамчун раванди сирф дохили илмӣ, балки ҳамчун натиҷаи ҳамкории омилҳои сиёсӣ, институтсионалӣ ва байналмилалӣ бояд баррасӣ намуд. Дар миёни ин омилҳо мароми сиёсати хориҷии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи муҳим дошта, параметрҳои асосии мавқеъгирии байналмилалии кишварро муайян намуда, доираи масъалаҳоеро, ки барои таҳқиқоти сиёсатшиносӣ ва таҳлили байналмилалӣ аҳаммияти хос доранд, восеъ кардааст.[1]
Мубрамияти мавзӯи мазкур ба он вобаста аст, ки дар илми сиёсии ватанӣ масъалаи робитаи мутақобилаи фаъолияти сиёсати хориҷии давлат ва рушди самтҳои махсусгардонидашудаи илмӣ ҳанӯз ба таври кофӣ мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор нагирифтааст. Дар айни замон, маҳз сиёсати хориҷӣ аксар вақт ба он фазое табдил меёбад, ки дар он дархостҳои нави таҳқиқотӣ ба миён омада, афзалиятҳои мавзӯӣ ташаккул ёфта, рӯзномаи эқспертӣ-таҳлилӣ муайян карда мешавад. Дар мавриди Тоҷикистон ин робитаи мутақобила махсусан дар мисоли рушди америкашиносӣ ба таври возеҳ зоҳир мегардад. Рушди ин самти илмӣ ба таври объективӣ бо тавсеаи робитаҳои Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокимаҳои глобалӣ ва таҳкими институтсионалии ҷомеаи илмии ватанӣ алоқаманд мебошад. [6]
Мо мақсад гузоштем, ки курси сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун яке аз омилҳои рушди америкашиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тавсиф намоем. Барои ноил шудан ба ин мақсад вазифаҳои зерин пешбинӣ шудаанд: муайян намудани заминаҳои сиёсию институтсионалии рушди америкашиносӣ; нишон додани аҳаммияти фаъолияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар густариши таваҷҷуҳи таҳқиқотӣ ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка; ошкор намудани нақши суханрониҳои байналмилалӣ, сафарҳои расмӣ ва ташаббусҳои глобалӣ ҳамчун заминаи эмпирикӣ барои таҳлили сиёсатшиносӣ; асоснок намудани зарурати таҳкими минбаъдаи таъминоти илмӣ- таҳлилӣ ва экспертии фаъолияти сиёсати хориҷии давлат.
Асоси методологии мақоларо равишҳои институтсионалӣ, масъалаҳои аналитикӣ, сиёсӣ ва тавсифӣ ташкил медиҳанд. Равиши институтсионалӣ имкон медиҳад, ки америкашиносӣ ҳамчун самти ташаккулёбандаи дониши илмии ватанӣ баррасӣ гардида, робитаи он ба фаъолияти воҳидҳои махсусгардонидашудаи таҳқиқотӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ ва ҷамъоварии маводи таҳлилӣ муайян карда шавад. Равиши масъалаҳои аналитикӣ имконият фароҳам меорад, ки муайян карда шавад, чӣ гуна амалияи сиёсати хориҷии давалт ба объекти омӯзиши илмӣ табдил меёбад. Равиши сиёсӣ-тавсифӣ барои тафсири амалҳои мушаххаси байналмилалӣ, суханрониҳо ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омилҳои тавсеаи майдони таҳқиқотӣ истифода мешавад.
Аз ҷиҳати назариявӣ, таҳқиқот ба он мавқеъ такя мекунад, ки фаъолияти байналмилалии давлат метавонад ба ташаккули самтҳои нави дониши экспертӣ мусоидат намояд. Дар ин маврид сухан на дар бораи “эҷод”-и мустақими самти илмӣ тавассути қабули қарорҳои сиёсӣ, балки дар бораи ба вуҷуд омадани таваҷҷуҳи устувори илмӣ дар натиҷаи тавсеаи амалияти дипломатӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва мураккаб гардидани рӯзномаи сиёсати хориҷӣ меравад.[5] Маҳз дар ҳамин замина дар мақола мароми сиёсати хориҷии Пешвои миллат Эмомали Раҳмон мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Заминаи сарчашмавии таҳқиқотро маводи расмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи расмии Созмони Милали Муттаҳид, инчунин асарҳои классикони назарияи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Заминаҳои институтсионалии рушди америкашиносӣ дар Тоҷикистон. Рушди ҳар як самти илмӣ на танҳо ба талаботи зеҳни, балки ба мавҷудияти заминаи мувофиқи ташкилӣ ва институтсионалӣ низ вобаста мебошад. Дар Тоҷикистон яке аз марказҳои калидии омӯзиши масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Институт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 466 аз 28 октябри соли 2016 таъсис дода шуда, аз соли 2023 дар сохтори он шуъбаи ШМА ва Канада фаъолият мекунад. Мавҷудияти чунин воҳиди сохторӣ худ аз он шаҳодат медиҳад, ки самти омӯзиши кишварҳои Америкаи Шимолӣ дар фазои илмии ватанӣ заминаи институтсионалии худро пайдо намудааст. [1]
Аҳаммияти ин ҳолат аз доираи як ҷузъиёти одии ташкилӣ берун меравад. Институтсионалӣ гардидани америкашиносӣ тавассути таъсиси шуъбаи махсусгардонидашудаи илмӣ ба пайдоиши майдони устувори таҳқиқотӣ мусоидат менамояд, ки дар доираи он омӯзиши низомманди сиёсати дохилӣ ва хориҷии ШМА, муносибатҳои дуҷониба, ташаббусҳои глобалии Вашингтон, инчунин таҳлили муқоисавии таҷрибаи кишварҳои Америкаи Шимолӣ имконпазир мегардад. Ба ибораи дигар, америкаишиносӣ дар шароити Тоҷикистон тадриҷан хусусиятҳои на маҷмӯи тасодуфии мақолаҳо оид ба мавзӯъҳои алоҳида, балки самти нисбатан ташаккулёфтаи дониши сиёсатшиносӣ ва таҳлили байналмилалиро касб менамояд.
Дар баробари ин, заминаи институтсионалӣ худ аз худ ва дар фазои холии сиёсӣ ба вуҷуд намеояд. Таҳкими он бо афзалиятҳои умумии сиёсати давлатӣ, аз ҷумла сиёсати хориҷӣ, робитаи зич дорад. Ҳар қадаре ки давлат дар равандҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намояд ва доираи робитаҳои хориҷии он васеъ гардад, ҳамон қадар талабот ба таъминоти экспертӣ-таҳлилии самтҳои дахлдор меафзояд. Аз ин нуқтаи назар, рушди америкашиносӣ дар Тоҷикистонро бояд дар доираи сиёсати васеътари фаъолгардонии иштироки байналмилалии кишвар, ки таҳти роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмон пайгирона амалӣ мегардад, баррасӣ намуд.
Сафарҳои байналмилалӣ, робитаҳои дипломатӣ ва густариши рӯзномаи таҳқиқотӣ ба яке аз объектҳои асосии таҳқиқоти мақолаи мазкур табдил ёфтаанд. Яке аз омилҳои муҳиме, ки ба рушди америкашиносӣ мусоидат намудааст, робитаҳои воқеии сиёсӣ ва дипломатии Тоҷикистон бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка мебошанд. Тибқи маълумоти воҳиди сохтории Департаменти давлатии ШМА, ки барои таҳия ва нашри таърихи расмии ҳуҷҷатии сиёсати хориҷии Штатҳои Муттаҳида масъул аст, Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 8–10 декабри соли 2002 бо сафари корӣ ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка ташриф овардааст. Ҳамчунин, 21 сентябри соли 2023 ӯ дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи Ҳафтаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Саммити президентии «C5+1» бо Президенти ШМА Ҷозеф Байден иштирок намуд.[6] Ин далелҳо на танҳо аз нуқтаи назари дипломатӣ аҳаммияти муҳим доранд. Онҳо нишон медиҳанд, ки самти америкоӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дорои мазмуни мушаххаси таърихию сиёсӣ буда, аз ин рӯ, барои таҳлил ва омӯзиши илмӣ заминаи муҳим фароҳам меорад. [1]
Хабари расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорк дар моҳи сентябри соли 2023 тасдиқ менамояд, ки барномаи сафари мазкур ба иштироки ӯ дар Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар чорабиниҳои байналмилалии марбут ба он иртибот дошт.[3] Чунин сафарҳо доираи таҳқиқоти америкашиносиро дар ду самт васеъ менамоянд.
Якум, онҳо масъалаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро ба рӯзномаи мубрами таҳқиқотӣ ворид менамоянд. Дуюм, онҳо Штатҳои Муттаҳидаро ҳам ҳамчун майдони дипломатияи байналмилалӣ ва ҳам ҳамчун яке аз бозигарони марказии дипломатияи бисёрҷониба муаррифӣ мекунанд, ки дар доираи он Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалии худро пеш мебарад. Аз ин рӯ, сафарҳо ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва иштироки роҳбарияти Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ дар шаҳри Ню-Йорк бояд ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муҳими эмпирикӣ барои таҳқиқоти сиёсатшиносии ватанӣ баррасӣ карда шаванд. [2,3]
Аз нигоҳи сиёсатшиносӣ, махсусан муҳим он аст, ки робитаҳои сатҳи баланди сиёсати хориҷӣ мавзӯи америкаро аз доираи абстрактии кишваршиносии умумӣ ба сатҳи таҳлили амалӣ интиқол медиҳанд. Дар ин ҳолат Штатҳои Муттаҳидаи Америка на танҳо ҳамчун объекти таваҷҷуҳи академӣ, балки ҳамчун самти амалии сиёсати хориҷӣ баромад менамояд, ки ҳамкорӣ бо он дарки амиқтари мантиқи институтсионалӣ, услубҳои дипломатӣ, манфиатҳои стратегӣ ва механизмҳои қабули қарорҳоро тақозо мекунад. Маҳз дар ҳамин замина зарурати табиии рушди америкашиносӣ ҳамчун шакли таъминоти зеҳнӣ ва илмии сиёсати хориҷӣ ба миён меояд.
Минбари СММ ва ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон ҳамчун заминаи муҳтавоии америкаишиносӣ мебошад. Дар масъалаи мавриди таҳқиқ иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар муҳокҳои сатҳи баланд дар минбари Созмони Милали Муттаҳид ҷойгоҳи махсус дорад. Маводи мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ дар иҷлосияҳои Маҷмаи Умумии СММ нишон медиҳанд, ки дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, амнияти обӣ, рушди устувор ва зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ пайваста мавқеи муҳим доранд. Ҳамин тавр, дар суханронӣ дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ моҳи сентябри соли 2024 таъкид гардид, ки аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон беш аз 1000 пирях пурра об шудааст. Ҳамзамон, ба пешбурди ташаббус оид ба ташаккул ва рушди рӯзномаи глобалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.[9] Дар суханронӣ дар Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ моҳи сентябри соли 2025 ин самти сиёсати байналмилалии Тоҷикистон идома ёфта, таъкид гардид, ки беш аз 1300 пирях пурра аз байн рафтааст. [10]
Аз нигоҳи илмӣ, чунин суханрониҳо бо чанд сабаб аҳаммияти махсус доранд. Якум, онҳо ҳувияти устувори сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамчун давлате инъикос менамоянд, ки масъалаҳои об, иқлим ва пиряхҳоро пайваста ҳамчун самтҳои афзалиятноки рӯзномаи байналмилалӣ пеш мебарад. Дуюм, онҳо Тоҷикистонро ба фазои муколамаи фаъоли байналмилалӣ бо марказҳои асосии қудрати ҷаҳонӣ, аз ҷумла Муттаҳидаи Америка, ворид менамоянд, зеро маҳз дар минбари СММ ташаббусҳои миллӣ, манфиатҳои давлатҳои пешсаф ва механизмҳои ҳамоҳангсозии қарорҳои байналмилалӣ бо ҳамдигар пайваст мешаванд. Сеюм, онҳо доираи мавзӯии америкашиносиро васеъ менамоянд: муҳаққиқе, ки Штатҳои Муттаҳидаро меомӯзад, ногузир мавқеи Америкаро нисбат ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, дипломатияи об, рушди устувор ва идоракунии байналмилалӣ низ ба инобат мегирад. Ҳамин тариқ, минбари СММ на танҳо макони муаррифии дипломатии кишвар, балки сарчашмаи муҳими ташаккули мавзӯъҳои таҳқиқоти илмӣ низ ба ҳисоб меравад. [9]
Нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим инчунин дар қатъномаҳои худи Созмони Милали Муттаҳид тасдиқи худро ёфтааст. Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ №77/158 аз 14 декабри соли 2022 соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуда, ҳамзамон Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳоро таъсис дод, ки ҳамасола 21 март таҷлил карда мешавад.[8] Баъдан, зимни ифтитоҳи Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе 30 майи соли 2025 муовини Дабири кулли СММ Тоҷикистонро барои даъват ва баргузории ин конфронс бевосита табрик намуда, нақши кишварро дар пешбурди ин рӯзномаи байналмилалӣ таъкид кард.[11] Ин ҳуҷҷатҳо ва изҳоротҳо на танҳо аҳаммияти сиёсати хориҷӣ, балки аҳаммияти методологӣ низ барои рушди америкашиносӣ доранд. Онҳо нишон медиҳанд, ки мавзӯи америкашиносӣ дар Тоҷикистон метавонад ва бояд на танҳо тавассути омӯзиши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка, балки дар заминаи равандҳои глобалӣ низ таҳқиқ карда шавад, ки дар онҳо Штатҳои Муттаҳида ҳамчун яке аз иштирокчиёни марказӣ баромад менамояд.[10]
Ҳамин тариқ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ва пайгирона пеш бурда мешаванд, дар амал доираи маъноӣ ва муҳтавои америкашиносиро васеъ намудаанд. Америкашиносӣ тадриҷан на танҳо таҳлили Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҳамчун давлат, балки омӯзиши робитаи сиёсати ШМА, ниҳодҳои байналмилалӣ ва минбарҳои музокироти глобалиро бо манфиатҳои Тоҷикистон низ дар бар мегирад. Чунин гузоштани масъала арзиши сиёсатшиносӣ ва аҳаммияти амалии америкашиносиро дар фазои академии ватанӣ ба таври назаррас тақвият медиҳад. [10]
Мо мароми сиёсати хориҷии Президент Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ангезандаи рушди экспертизаи амалии сиёсатшиносӣ баррасӣ менамоем. Курси сиёсати хориҷии Эмомалӣ Раҳмонро пеш аз ҳама ҳамчун омили рушди америкашиносӣ бояд баррасӣ кард, зеро он барои таҳлили илмӣ ва экспертии Штатҳои Муттаҳидаи Америка талаботи устувор ва пайваста такроршавандаро ба вуҷуд овардааст. Ин талабот на ба таври декларативӣ, балки дар натиҷаи амалияи мушаххаси сиёсати хориҷӣ ташаккул ёфтааст: иштироки Тоҷикистон дар форумҳои байналмилалӣ, робитаҳо бо ҷониби Америка, пешбурди ташаббусҳо дар минбари Созмони Милали Муттаҳид, инчунин иштироки фаъоли Тоҷикистон дар муҳоки масъалаҳои глобалӣ. Дар натиҷа, дар фазои илмии ватанӣ зарурати омӯзиши низоммандтари сиёсати хориҷии Штатҳои Муттаҳидаи Америка, нақши ШМА дар Осиёи Марказӣ, механизмҳои таъсири глобалии он ва хусусиятҳои рафтори сиёсӣ ва дипломатии ШМА бештар гардид.
Дар ин замина, дурусттар аст, ки маҳз дар бораи таъсири омилӣ сухан гуфта шавад, на дар бораи таъсири мустақими сабабию маъмурӣ. Курси сиёсати хориҷие, ки Эмомалӣ Раҳмон пайгирона амалӣ менамояд, ба таври объективӣ заминаи муҳтавои рушди америкашиносиро васеъ кардааст. Ба ибораи дигар, амалияи сиёсати хориҷӣ ба манбаи далелҳо, мавзуъҳо, масъалаҳо ва мушоҳидаҳои муқоисавие табдил ёфтааст, ки таваҷҷуҳи таҳқиқотиро ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва дар маҷмӯъ ба самти омӯзиши Америкаи Шимолӣ тақвият медиҳанд. Чунин тафсир аз лиҳози илмӣ саҳеҳтар буда, ба мантиқи воқеии ташаккули дониши махсусгардонидашуда бештар мувофиқат менамояд. [1]
Бо назардошти нақши Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва татбиқи курси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, америкашиносӣ дар Тоҷикистон аз нуқтаи назари амалӣ метавонад на танҳо вазифаи академӣ, балки вазифаи экспертиву тавсеавиявӣ ва амалӣ низ дошта бошад. Он метавонад ҳамчун механизми таҳлили пешакӣ, таъминоти зеҳнӣ ва илмии қарорҳои сиёсати хориҷӣ, таҳияи маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ташаккули дарки амиқтари равандҳои байналмилалие хизмат намояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо иштирок мекунад. Дар шароити мураккаб гардидани низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши омилҳои геополитикӣ аҳаммияти чунин вазифаи америкашиносӣ ногузир меафзояд. Аз ин рӯ, рушди минбаъдаи америкашиносиро бояд на танҳо ба фаъолияти интишоротӣ, балки ба таҳкими робитаи он бо ниёзҳои амалии сиёсати хориҷии давлат низ алоқаманд намуд.
Таҳлили анҷомдодашуда имкон медиҳад хулоса бароварда шавад, ки курси сиёсати хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз омилҳои муҳими рушди америкашиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таъсири он на дар «таъсис» додани мустақими институтсионалии ин соҳаи дониш, балки дар ташаккули муҳити устувори сиёсати хориҷӣ ва таҳлили байналмилалӣ зоҳир гардидааст, ки дар он омӯзиши Штатҳои Муттаҳидаи Америка ба таври объективӣ мавриди талабот қарор гирифтааст. Сафарҳо ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка, иштироки Тоҷикистон дар мулоқотҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, суханрониҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, инчунин пешбурди пайвастаи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо заминаи муҳими эмпирикӣ ва проблемавиро барои таҳқиқоти сиёсатшиносӣ фароҳам овардаанд.
Америкашиносӣ дар Тоҷикистон ҳамчун самти илмӣ ташаккул меёбад, ки бо вазифаҳои таъминоти таҳлилӣ ва илмии сиёсати хориҷӣ робитаи зич дорад. Дар ин замина, дурнамои рушди он на танҳо бо мантиқи дохилии тахассусёбии академӣ, балки бо динамикаи умумии фаъолияти байналмилалии давлат низ муайян карда мешавад. Ҳар қадар иштироки Тоҷикистон дар муҳокимаҳои глобалӣ пурмазмунтар ва доираи робитаҳои сиёсати хориҷии он васеътар гардад, ҳамон қадар талабот ба экспертизаи тахассусии сиёсатшиносӣ оид ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Канада меафзояд.
Дар оянда ба мақсад мувофиқ аст, ки масъалаи ҷалби фаъолтари ҷомеаи илмӣ ва экспертии ватанӣ ба таъминоти таҳлилӣ ва илмии робитаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Канада ва давлатҳои Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Аз ҷумла, иштироки олимон ва муҳаққиқони Шуъбаи ШМА ва Канада-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳияи маводи иттилоотию таҳлилӣ, арзёбиҳои экспертӣ ва таъминоти илмии сафарҳои дахлдори давлатӣ, мулоқотҳо ва музокирот аз ҷиҳати илмӣ ва амалӣ асоснок ба назар мерасад. Чунин муносибат, бешубҳа, на танҳо ба баланд бардоштани сифати таъминоти экспертии фаъолияти сиёсати хориҷии давлат, балки ба рушди минбаъдаи америкашиносӣ ва Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мусоидат хоҳад кард.
ДОРОНШОЕВА Некбахт
мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои сиёсӣ
ЮСУФҶОНОВ Фаридун
ходими калони илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои сиёсӣ
РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
1. Институт изучения проблем стран Азии и Европы Национальной академии наук Таджикистана. Официальная страница: структура и направления деятельности. [Электронный ресурс]. URL: https://www.osiyoavrupo.tj/en/about (дата обращения: 16.04.2026).
2. Каримов Ш.Т. Роль Президента Эмомали Рахмона в становлении и развитии Таджикского Американоведения. [Электронный ресурс]. https://old.osiyoavrupo.tj/tg/post/rol-prezidenta-emomali-rahmona-v-stanov lenii-i-razvitii-tadzhikskogo-amerikanovedeniya (дата обращения: 16.03.2026).
3. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан. Рабочий визит в город Нью-Йорк Соединённых Штатов Америки. 19 сентября 2023 г. [Электронный ресурс]. URL: https://mfa.tj/ru/ashgabat/view/13376 /rabochii-vizit-v-gorod-nyu-iork-soedinennykh-shtatov-ameriki (дата обращения: 16.04.2026).
4. Keohane R.O. After Hegemony: Cooperation and Discord in the World Political Economy. Princeton: Princeton University Press, 1984. 320 p.
5. Nye J.S. Soft Power: The Means to Success in World Politics. New York: PublicAffairs, 2004. 191 p.
6. Office of the Historian, U.S. Department of State. Visits by Foreign Leaders of Tajikistan. [Электронный ресурс]. URL: https://history.state.gov /departmenthistory/visits/tajikistan (дата обращения: 16.04.2026).
7. United Nations Department of Economic and Social Affairs. Tajikistan statement at the General Debate on the SDGs. [Электронный ресурс]. URL:https://tajikistan.un.org/en/295471-deputy-secretary-generals-remarks-opening-session-international-conference-glaciers (дата обращения: 16.04.2026).
8. United Nations General Assembly. Resolution A/RES/77/158 “International Year of Glaciers’ Preservation, 2025”. [Электронный ресурс]. URL: https://docs.un.org/en/a/res/77/158 (дата обращения: 16.04.2026).
9. United Nations General Debate. Statement by Tajikistan at the 79th session of the UN General Assembly. 24 September 2024. [Электронный ресурс]. URL: https://mfa.tj/ru/ashgabat/view/13376/rabochii-vizit-v-gorod-nyu-iork-soedinennykh-shtatov-ameriki (дата обращения: 16.04.2026).
10. United Nations General Debate. Statement by Tajikistan at the 80th session of the UN General Assembly. 23 September 2025. [Электронный ресурс]. URL: https://gadebate.un.org/en/80/tajikistan (дата обращения: 16.04.2026).
11. United Nations in Tajikistan. Deputy Secretary-General’s remarks at the Opening Session of the International Conference for Glaciers’ Preservation. 30 May 2025. [Электронный ресурс]. URL:https://tajikistan.un.org/en/ 295471-deputy-secretary-generals-remarks-opening-session-international-conference-glaciers (дата обращения: 16.04.2026).