(Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия, 10-11 ноябри 2026)
10 ноябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд. Ҳадафи асосии сафар иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) мебошад. Мувофиқи иттилои АМИТ «Ховар» дар ин сафар Пешвои миллатро вазири корҳои хориҷӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири мудофиа, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
11 ноябри соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои давлатҳои узв, таҳкими амнияти минтақавӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосирро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ки дар шароити тағйирёбандаи сиёсати ҷаҳонӣ ва шаклгирии низоми нави олам хеле муҳим ба шумор мераванд, пеш аз ҳама тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо терроризм (1), рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар доираи СААД (2), тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва ҳарбӣ-иқтисодӣ (3), баланд бардоштани омодагии Созмон барои вокунишҳои фаврӣ ба таҳдидҳои эҳтимолӣ (4) ва мустаҳкам намудани амнияти дастҷамъӣ ва суботи минтақавӣ (5). Ҳамчунин аз «қабули Изҳороти Шурои амнияти дастҷамъӣ оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои мубориза бо терроризмро дастгирӣ намуданд» ва «аҳамияти баланди рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъкид гардид».
Бояд ёдовар шуд, ки Федератсияи Русия аз 1 январи соли 2026 раёсати давриро дар СААД ба уҳда дошт. Раёсати Русия таҳти шиори «Амнияти дастҷамъӣ дар ҷаҳони бисёрқутба: ҳадафҳои умумӣ, масъулияти муштарак» амалӣ гардид. Дар ин давра масъалаҳои таҳкими иқтидори ҳарбӣ, такмили низомии амнияти дастҷамъӣ, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин густариши ҳамкориҳои байни давлатҳои узв дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд. Дар давраи раёсати худ Федератсияи Русия як қатор амалҳои бузургро ба сомон расонид, ки барои тақвияти нуфузи созмон таъсир расонид. Пеш аз ҳама барои таҳкими ҳамкориҳои ҳарбӣ ва омодагии ҷангӣ корҳои зеринро анҷом дод: а) татбиқи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани омодагии ҷангии қӯшунҳои миллии давлатҳои узв, б) баргузории машқҳои муштараки низомӣ, аз ҷумла машқҳои сулҳҷӯёнаи «Бародарони шикастнопазир - 2026», в) баррасии масъалаҳои муҷаҳҳазгардонии неруҳои дастҷамъӣ бо техника ва силоҳҳои муосир, г) тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои низомии Созмон.
Мубориза бо терроризм яке аз масъалаҳои калидии Созмон ба шумор рафта, новобаста раёсати Созмон дар кадом кишвар буданаш самти хеле муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Федератсияи Русия дар давраи раёсати худ ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва хунсо намудани амалҳои террористӣ дар дохили созмон талошҳои муштарак бо кившарҳои узв дошт ва як қатор ҷорабинӣ ва корҳоро анҷом дод. Аз ҷумла, гузаронидани амалиёти муштараки зиддимухаддиротии «Канал – Соҳили қаҳрабо» (1), ҷалби тақрибан 39 ҳазор корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба чорабиниҳои музкур (2) ва омода намудани Стратегияи зиддимухаддиротии СААД барои солҳои 2026 – 2030 (3).
Ҳамзамон барои тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ талошҳои муштарак анҷом дода, ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (1) ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияти иттилоотӣ, амнияти биологӣ ва тибби ҳарбӣ (2) тавсеа ёфтанд.
11 ноябри соли 2026 дар шаҳри Москва ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД багузор гардид ва натиҷаҳои фаъолияти Созмон дар давраи раёсати Русия баррасӣ карда шуд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа Эъломияи Шурои амнияти дастҷамъии СААД қабул гардид (1), як қатор қарорҳо оид ба такмили ҷузъи ҳарбии Сомзон қабул карда шуданд (2), зарурати ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо терроризм таъкид гардид (3), ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятии кишварҳои уза мавриди баррасӣ қарор гирифтанд (4), масъалаи идомаи фаъолияти роҳбарияти Ситоди муштараки СААД баррасӣ шуда, генерал – полковник Андрей Сердюков ба муҳлати нав таъин гардид (5) ва қарор гардид, ки аз 1 январи соли 2027 раёсати Созмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол карда шавад (6).
Дар ҷараёни суханронии худ дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсати худ дар созмон талошҳоро ба таҳкими минбаъдаи амнияти минтақавӣ равона хоҳад кард. Пешвои миллат «изҳор доштанд, ки дар давоми раёсатамон дар Созмон, мо ният дорем, ки талошҳои худро ба тақвияти минбаъдаи амнияти минтақавӣ бар асоси шиори раёсат - «Амнияти дастҷамъӣ: таҳкими марзҳо, суботи минтақавӣ ва масъулияти муштарак» равона созем».
Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД ба таҳкими амнияти минтақавӣ, мубориза бо таҳдидҳои муосир ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ равона мегардад. Бо назардошти мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳаммарз бо Афғонистон, масъалаи амнияти сарҳадҳои ҷанубии минтақа ва вазъи Афғонистон дар ин самт ҷойгоҳи махсус дорад.
Ҳамчунин дар давраи раёсати Тоҷикистон баргузории чорабиниҳо бахшида ба 25 – солагии таъсиси СААД ва 35 – солагии имзои Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ пешбинӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ, раёсати Тоҷикистон метавонад заминаи мусоидеро барои таҳкими эътимоди мутақобила ва ҳамбастагӣ миёни кишварҳои узв, инчунин барои баланд бардоштани нақши СААД дар ҳалли масъалаҳои амнияти минтақавӣ фароҳам орад. Ҳадафи асосӣ таъмини сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллии кишварҳои узв ва фароҳам овардани муҳити устувор ва амни минтақавӣ мебошад.
ШАРИФЗОДА Искандар,
ходими илмии шуъбаи ИДМ – и Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ