(Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия, 10-11 ноябри 2026)
Бояд тазаккур дод, ки 10 ноябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Россия шуданд. Ин сафар дар доираи муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо шарикони стратегӣ амалӣ гардида, ба масъалаҳои калидии амнияти минтақавӣ бахшида шуд.
Мақсади асосии сафари кории Сарвари давлат ба пойтахти Россия иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) буд, ки рӯзи 11 ноябр таҳти раёсати Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд сарони давлатҳои аъзо масъалаҳои мубрами таъмини суботу амният дар минтақа, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир ва рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникиро баррасӣ намуданд.
Федератсияи Россия яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҷаласаҳои СААД ва дигар созмонҳои минтақавӣ гувоҳи сиёсати сулҳҷӯёна ва талошҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар ҷараёни чорабиниҳои сатҳи баланд дар Москва, аз ҷумла ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа ва котибони шуроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД, лоиҳаҳои санадҳои муҳим оид ба пешгирии таҳдидҳои фаромарзӣ мувофиқа гардиданд. Дар натиҷаи нишасти сарони давлатҳо қабули Эъломияи ниҳоӣ, Стратегияи зиддитеррористии СААД барои давраи то соли 2030, инчунин қарорҳо доир ба такмили низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ ва таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Яке аз рӯйдодҳои таърихии ин нишаст расман қабул гардидани қарор дар бораи аз 1 январи соли 2027 гузаштани раёсати СААД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ авлавиятҳои раёсати Тоҷикистонро дар ин созмони бонуфуз муаррифӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи сафар мулоқотҳои дуҷонибаи Сарвари давлат бо роҳбарони кишварҳои шарик баргузор гардида, дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин сафар ва натиҷаҳои он бори дигар нақши калидии Тоҷикистонро дар таъмини амнияти дастҷамъӣ ва суботи пойдори минтақа собит сохтанд.
Сарчашмаҳо:
1. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия [Манбаи электронӣ] // АМИТ «Ховар». – 10.11.2026. – Реҷаи дастрасӣ: https://khovar.tj/2026/11/safari-korii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-ba-federatsiyai-rusiya-3/ (Санаи муроҷиат: 10.11.2026).
2. Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия [Манбаи электронӣ] // Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (President.tj). – 10.11.2026. (Санаи муроҷиат: 11.11.2026).
3. Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки СААД дар Москва иштирок намуд [Манбаи электронӣ] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (MFA.tj). – 10.11.2026. (Санаи муроҷиат: 11.11.2026).
4. Баргузории ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД дар Москва [Манбаи электронӣ] // Хадамоти матбуоти Президенти Федератсияи Россия (Kremlin.ru). – 10.11.2026. (Санаи муроҷиат: 11.11.2026).
5. Раёсати СААД аз 1 январи соли 2027 ба Тоҷикистон мегузарад [Манбаи электронӣ] // Агентии иттилоотии «Sputnik Тоҷикистон». – 10.11.2026. (Санаи муроҷиат: 11.11.2026).
ДАВЛИЁРОВА Сафаргул Тешаевна
ходими пешбари илмии Шуъбаи
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент