(Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия, 10-11 ноябри 2026)
Дар ҷаҳони имрӯза, ки низоъҳои минтақавӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ба таҳдиди воқеӣ табдил ёфтаанд, ҳеҷ як давлат наметавонад амнияти худро танҳо таъмин намояд. Маҳз аз ҳамин сабаб кишварҳо дар созмонҳои минтақавӣ муттаҳид мешаванд. Яке аз чунин сохторҳо барои Тоҷикистон Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) мебошад. Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон аз ҳамин нигоҳ аҳамияти махсус дорад. Ин ҷаласа 11 ноябри соли 2026 таҳти раёсати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор мегардад.
Заминаи таъсис ва вазъи ҳуқуқии СААД. Асоси таъсиси созмонро Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ташкил медиҳад, ки 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд имзо шуда буд. Даҳ сол баъд, соли 2002, дар заминаи ҳамин Аҳднома созмони комилҳуқуқи байналмилалии минтақавӣ таъсис ёфт. Тоҷикистон яке аз давлатҳои асосгузори СААД ба ҳисоб меравад.
Имрӯз ба ҳайати созмон Тоҷикистон, Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон шомиланд. Бояд қайд кард, ки Арманистон аз моҳи феврали соли 2024 иштироки худро дар фаъолияти созмон манъ кардааст. Мақоми олии СААД Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ мебошад, ки аз сарони давлатҳои узв иборат аст. Дар баробари он Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амният фаъолият мекунанд. Аз 1 январи соли 2026 вазифаи Дабири кулли созмонро намояндаи Қирғизистон Таалатбек Масадиков ба ӯҳда дорад.
Принсипи асосии созмонро бо як ҷумла метавон шарҳ дод: таҷовуз ба як кишвари узв ҳамчун таҷовуз ба ҳамаи аъзои созмон арзёбӣ мешавад. Барои амалӣ кардани ин принсип Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши фаврӣ ташкил шудаанд, ки ҳар сол дар машқҳои муштарак иштирок мекунанд. Тибқи нақша, машқҳои СААД дар соли 2026 дар Қазоқистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Беларус гузаронида шуданд.
Рӯзномаи ҷаласаи навбатии СААД дар ш. Москва. Соли 2026 раёсат дар СААД ба Федератсияи Россия тааллуқ дошт. Он таҳти шиори «Амнияти дастаҷамъӣ дар ҷаҳони бисёрқутба: ҳадафи ягона – масъулияти умумӣ» гузашт. Ҷаласаи Москва ҷамъбасти ҳамин соли раёсат ба шумор меравад.
Дар ҷаласа самтҳои калидии ҳамкорӣ ва чораҳои минбаъдаи такмили низоми амнияти дастаҷамъӣ, инчунин мушкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима мешаванд. Инчунин ба имзо расидани як қатор ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба пешбинӣ шудааст, аз ҷумла Эъломияи ниҳоӣ ва Стратегияи зиддитеррористии СААД то соли 2030.
Моҳи ноябри соли 2025 дар Бишкек Стратегияи зиддимаводи мухаддири кишварҳои узв барои солҳои 2026–2030 ва Нақшаи рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ барои ҳамин давра қабул шуда буданд. Ҳамин тариқ, Стратегияи нави зиддитеррористӣ ин силсиларо пурра мекунад ва барои панҷ соли оянда «харитаи роҳ»-и созмонро муайян менамояд.
Дар арафаи ҷаласа, 10 ноябр дар шаҳри Москва Форуми байналмилалии таъмини амнияти дастаҷамъӣ кушода шуд. Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳарбӣ, корхонаҳои мудофиавӣ, олимон ва коршиносон иштирок доранд.
Тоҷикистон Раёсати СААД -ро ба ӯҳда мегирад. Барои кишвари мо муҳимтарин натиҷаи ҷаласа ин аст, ки дар он қарор дар бораи гузаштани раёсат дар СААД аз 1 январи соли 2027 аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон қабул мегардад. Ин маънои онро дорад, ки дар давоми як сол маҳз Тоҷикистон рӯзномаи кории созмонро ҳамоҳанг мекунад, ташаббусҳо пешниҳод менамояд ва ҷаласаҳои мақомоти онро баргузор мекунад.
Раёсати СААД барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад. Тоҷикистон бо Афғонистон дар масофаи 1344 километру 150 метр марзи муштарак дорад, ки он ҳамзамон сарҳади ҷанубии тамоми минтақаи масъулияти СААД мебошад. Аз ин рӯ, амнияти ин марз на танҳо масъалаи дохилии Тоҷикистон, балки масъалаи умумии ҳамаи кишварҳои узв аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои қаблии ин Созмон борҳо ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи Остона (28 ноябри соли 2024) Сарвари давлат барои дастгирии қарори тасдиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос намуданд.
Дар моҳи майи соли 2026 дар ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон масъалаҳои таҳкими сарҳадҳои ҷанубии СААД, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва безарар гардонидани таҳдидҳо дар фазои иттилоотиро ба сифати самтҳои афзалиятноки кишвар иброз намуд.
Дар назар аст, ки дар ҷаласаи мазкури СААД ҳуҷҷатҳое қабул мешаванд, ки самти фаъолияти созмонро то соли 2030 муайян мекунанд, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм. Инчнунин, Тоҷикистон расман масъулияти раёсат дар СААД-ро барои соли 2027 ба зимма мегирад.
Бо назардошти ин, сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Москва ва иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ танҳо як чорабинии протоколӣ набуда, аҳаммияти муҳими сиёсӣ ва амниятӣ дорад.
РАҲИМОВ Анваршо,
ходими калони илмии шуъбаи
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ