×

ЗЕҲНИ СУНЪӢ- ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРӢ

Бозгашт ба мавод

ЗЕҲНИ СУНЪӢ- ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРӢ

ИОМДОА Технология 15-09-2026 ш.Душанбе
ЗЕҲНИ СУНЪӢ- ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ  АСОСИИ  РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРӢ

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 31 августи соли 2026 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Қатънома қабул намуд, ки мутобиқи он шурӯъ аз соли 2027 ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад.

Қабули қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Пешвои дурандеши миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои навин маҳсуб меёбад. Ин Рӯзи байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ, табодули таҷриба ва рушди бехатару масъулонаи зеҳни сунъӣ заминаи мусоидро фароҳам мегардонад.

Чунин ташаббуси ниҳоят муфид ҳамзамон мавқеи фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар истифодабарии самарабахши технологияҳои навтарин ба манфиати рушди устувор инъикос менамояд.

Бояд қайд намуд, ки иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолгардонии раванди истифодаи зеҳни сунъӣ дар даврае рӯйи кор омадааст, ки бо суръатёбии раванди ҷаҳонишавӣ, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба аносири тағйирдиҳандаи соҳаҳои гуногуни зиндагии инсон табдил ёфтаанд. Махсусан дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки раванди рушди иқтисодии онҳо хусусиятҳои муштарак дорад. Аз ин лиҳоз,  имкониятҳои татбиқи зеҳни сунъӣ дар равандҳои рушди устувор  тадриҷан муҳиммияти бештар ба худ мегиранд.

Қабул гардидани қатъномаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва суръатбахш ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷаҳон бо иттифоқи оро сурат гирифтааст, сатҳи мақому манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни дигар мамолики ҷаҳон баланд мебардорад.

Ҷоизи қайд аст, ки соли 1956 дар Коллеҷи Дармути ИМА муҳаққиқи америкоӣ Ҷон Маккарти (1927 - 2011) дар конференсия бахшида ба механикикунонии интеллект аввалин шуда, истилоҳи «зеҳни сунъи» - ро истифода намуд. Соли 1958 барномасозии зеҳни сунъӣ бо номи «Лисп» пешниҳод гашт.

Ин барнома дорои хусусиятҳои зерин буд:

- шакли синтаксиси ягонаи сабти барнома ва маълумотҳо;

- нигаҳдории автоматии идоракунӣ;

- системаи майкросовт, «конструксияи забонӣ»;

- сохтори пурқуввати маълумотҳо;

- барномасозии функсионалӣ.

Мавриди зикр аст, ки ташаббуси  наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ ҳанӯз 24-уми сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.

Ҳадафи қатъномаи мазкур, ин фароҳам овардани замина барои ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар бахши зеҳни сунъӣ маҳсуб меёбад. Он татбиқи самараноки технологияҳои навинро дар соҳаҳои зерин: илму маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, об ва иқлим дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ташвиқ менамояд. Ҳамзамон, ба мамолики минтақаи номбурда дар раванди таҳиясозии лоиҳаҳои стратегияҳои миллии рушди зеҳни сунъӣ мусоидат менамояд.

Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин давлатест, ки Стратегияи рушди зеҳни сунъиро барои давраи то соли 2040 қабул намудааст. Стратегияи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 январи соли 2025 таҳти № 83 қабул карда шудааст. Он бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар таҳия шудааст.

Зеҳни сунъӣ падидаи нав буда, бо дарназардошти раванди ҷаҳонишавӣ, рушди илму техника, ворид ва истифода гардидани технологияҳои пешқадаму муосир дар ҳама соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ хеле муҳим мебошад.

Бо дарназардошти талаботи муосири бозорҳои ҷаҳонӣ, бахусус рушди муносибатҳои рақамӣ ва маҷозӣ, дар Стратегия ҳадафу афзалиятҳо ва вазифаҳои зерини рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар муайян шудаанд:

Аввалан, дар Стратегия ба гузаронидани ислоҳоти ниҳодӣ, рушди технологияи рақамӣ, барномасозӣ ва истифодаи логарифмҳо дар раванди қабули қарорҳо, идоракунӣ ва маъмуригардониву хизматрасониҳо афзалият дода мешавад.

Сониян, амалӣ гардидани Стратегия ба рушди неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани сатҳи истифодаи дастовардҳои илм дар истеҳсолот ва иҷрои ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон бояд мусоидат намояд.

Баъдан, яке аз ҳадафҳои асосии Стратегия таъмини соҳаҳо бо технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионии пешрафта мебошад.

Ниҳоят, бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, меҳнат, саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоя ва хизматрасонӣ зарур арзёбӣ мегардад.

Инчунин, зеҳни сунъӣ қодир аст, ки қобилияти зеҳнӣ ва таҳлилии инсонро барои иҷрои вазифаҳои муайян такрор намояд.

Ҳадафи асосии Стратегия дар давраи амалишавӣ то 5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Ҳамзамон, ҳадафи Стратегия таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва рушди неруи зеҳнии кишвар тавассути истифода аз низоми зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд ба таъмини шуғли аҳолӣ, афзоиши ҳаҷму сифати мол, кору хизматрасонӣ ва дар маҷмуъ таъмини сифати баланди рушди иқтисодӣ афзалият дода мешавад.

Ҳадафгирии истифодаи зеҳни сунъӣ ба сифати баланди истеҳсолот, тақсимот ва истеъмоли мол, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ таъсир расонада, ҷанбаҳои зеринро фарогир мебошад:

- додани афзалият ба маҳсулоти зеҳние, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва сарфаҷӯӣ равона шудааст;

- такмили мунтазами маҳсулоти зеҳни сунъӣ бо мақсади осон намудани тарзи истифодаи он аз ҷониби тарафҳои ҳавасманд;

- алоқамандии маҳсулоти гуногуни зеҳни сунъӣ дар доираи як платформа ё заминаи барномавӣ бо мақсади мувофиқатӣ ва мутобиқатӣ дар соҳаҳои гуногун;

- зеҳни сунъӣ бояд ба рушд ва ҳифзи инсон нигаронида шуда, дар истифода сода, оммафаҳм ва манфиатовар бошад;

- таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи шаъну шарафи инсон, амнияти давлату соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамчун афзалият дар истифодаи зеҳни сунъӣ эътироф гардад.

Ҷиҳати расидан ба ҳадафи асосии Стратегия вазифаҳои зерин муайян гардидаанд:

- ташаккули заминаи ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайян намудани роҳҳои истифодабарии зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар;

- омода намудани кадрҳои соҳибихтисос дар соҳаи зеҳни сунъӣ;

- мусоидат намудан ба амалишавии Стратегия тавассути ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, илм ва ҷомеа;

- баланд бардоштани маърифати истифодабарии зеҳни сунъӣ;

- беҳтар намудани сифати хизматрасонии телекоммуникатсионӣ;

- таъмини дастрасии васеи аҳолӣ ба хизматрасониҳои гуногун дар асоси принсипҳои эътимоднокӣ, шаффофият, баробарҳуқуқӣ ва содагардонӣ;

- ҳушмандсозии раванди идоракунии давлатӣ, раванди хизматрасонӣ ва назорат дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷорисозии пурраи ҳукумати электронӣ дар сохторҳои давлатӣ;

- истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар раванди истеҳсолоти саноатӣ, кишоварзӣ ва инфрасохторҳои гуногун;

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мушшаххас намудани истилоҳоти зеҳни сунъӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи механизми ҳамоҳангсозии Стратегия ва лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ ба стратегия ва барномаҳои соҳавии рушд;

- фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои дастрасӣ ба маълумоте, ки мақомоти давлатӣ ҷамъоварӣ мекунанд;

- фароҳам сохтани шароити мусоид барои ширкатҳое, ки дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ сармоягузорӣ менамоянд;

- муқаррар намудани чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ ва ахлоқии истифодаи зеҳни сунъӣ.

Ҷоизи қайд аст, ки Стратегия барои 18 соли оянда таҳия шуда, дар 6 марҳила бо қабули нақшаи амал, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, амалӣ карда мешавад. Дар марҳалаҳои аввал Стратегия заминаҳои ҳуқуқӣ, ниҳодӣ ва инфрасохторӣ ташаккул ёфта, мутахассисони зарурӣ омода карда мешаванд. Дар марҳилаҳои сеюм ва чоруми Стратегия воридоти технологияҳо ва истифодаи васеи унсурҳои зеҳни сунъӣ ба рушди соҳаҳои хизматрасониҳои давлатӣ, маориф, тандурустӣ, саноат ва технологияҳои нав, молиявию бонкӣ, шаҳрҳои бехатар ва ҳушманд, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар самтҳо мусоидат менамояд.

Зеҳни сунъӣ дар марҳилаҳои панҷум ва шашуми амалишавии Стратегия барои бе истифодаи неруи инсонӣ ба роҳ мондани идоракунии техника ва технологияҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат намуда, дар ин замина суръати истеҳсолот, бехатарӣ ва истифодаи мақсадноки захираҳо таъмин мегардад.

Технологияҳои зеҳни сунъӣ омили таконбахши саноат ва истеҳсолот ба ҳисоб рафта, барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стротегӣ  - саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзанда хоҳад гузошт. Равандҳои гуногуни истеҳсолоти саноатӣ бошанд, шароити мусоидро барои ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ фароҳам меоранд.

Истифодаи зеҳни сунъӣ дар равандҳои мухталифи истеҳсолот аҳаммияти муҳим дошта, вақти истеҳсолот ва ҳолатҳои бартарафсозии нуқсонҳоро дар раванди истеҳсоли маҳсулот коҳиш медиҳад. Ҳамзамон, технологияҳои зеҳни сунъӣ дар омӯзиш ва арзёбии рафтори истифодабарандагони маҳсулоти саноатӣ, талабот ба маҳсулоти истеҳсолшаванда, назорати сифати он ва дигар самтҳо истифода бурда мешаванд. Масалан дар се даҳсолаи Истиқлоли давлатӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ эҳё ва ҷойҳои корӣ барқарор шуда, шумораи корхонаҳо аз 1628 адад дар соли 1992 то ба 2386 адад дар соли 2021 расонида шудааст. Аз шумораи умумии корхонаҳо беш аз 1000 адад дорои таҷҳизоти замонавӣ буда, барои ворид намудани воситаҳои зеҳни сунъӣ мувофиқат мекунанд.

Ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар самтҳои инноватсионии рушди саноат метавонад ба саноатикунонии босуръати кишвар такон бахшад.

Аҳли илм ва коршиносони соҳа эътимод бар он доранд, ки иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти кишвар тавассути рақамикунонӣ, инноватсия ва зеҳни сунъӣ шароити басо мусоид фароҳам меоварад. Зеро зеҳни сунъӣ ҳамчун маҷмӯи системаҳо ва нармафзорҳо метавонад вазифаҳоеро иҷро кунад, ки онҳоро зеҳни инсон ба иҷро мерасонид.

Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ ҷорӣ гардида, амнияти киберии махзанҳои маълумот таъмин мешавад. Дар баробари ин соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ ташаккул меёбад.

Дар баробари ин, саҳми зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои автоматикунонӣ, муносибгардонии раванди идоракунӣ, иттилоот, таҳия ва қабули қарорҳо, хизматрасонии шаҳрвандон, менеҷменту интизоми кормандон ва амсиласозии қарорҳои стратегӣ хеле назаррас мебошад.

Ҳамин тариқ, қатъномаи мазкури Созмони Милали Муттаҳид аз муҳимтарин санади байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки нахустин маротиба дар таърихи инсоният ниҳоят муҳим будани мақоми зеҳни сунъиро дар таъмини рушди устувори ҳар як кишвар таъкид месозад.

Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари моро дар маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дод, ки рушду нумуи ояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳамин рӯз эътиборан мавриди истифодаи самарабахш гирифтани зеҳни сунъӣ вобаста аст.

 

МАҲМАДБЕКЗОДА Моёншо,

сарходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

доктори илмҳои сиёсӣ