(Бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба миёни давлатҳо аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сиёсати хориҷии худро бар асоси дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ пеш мебарад. Дар ин раванд, кишварҳои Шарқи Наздик, бахусус Давлати Қатар, ҳамчун шарикони муҳим ҷойгоҳи хос доранд. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар тадриҷан рушд ёфта, имрӯз соҳаҳои гуногуни сиёсату иқтисод то фарҳанг ва гуманитариро фаро мегиранд. Наздикшавии мавқеъҳои ду кишвари дӯст дар масъалаҳои байналмилалӣ ва манфиатҳои муштарак барои густариши ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳлили равобити Тоҷикистону Қатар дар шароити муосир дорои аҳамияти илмӣ ва амалӣ мебошад.
Давлати Қатар истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд, ки ин ба муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар аз 13 декабри соли 1994 барои ташаккули муколамаи байнидавлатӣ, рушди робитаҳои сиёсӣ ва таҳкими заминаи ҳамкориҳои иқтисодиву гуманитарӣ оғоз бахшид.
Тоҷикистони соҳибистиқлол ба барқарор намудани муносибатҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд ва ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ дар ин раванд аҳамияти хос дошт. Тоҷикистон бо ҷойгиршавии ҷуғрофии худ, захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ, имкониятҳои рушди кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи доираҳои расмӣ ва соҳибкории Қатарро ба худ ҷалб намуд. Ҳамин тавр, рушди робитаҳои ду кишвар на танҳо аз манфиатҳои иқтисодӣ, балки аз наздикии мавқеъҳо низ дар масъалаҳои таъмини сулҳу субот, мубориза бо таҳдидҳои муосир, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ сарчашма мегирад.
Дар марҳалаи аввалини муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар, ҷонибҳо ба барқарори муносибатҳои дипломатӣ ва фароҳам овардани заминаи зарурии ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар моҳи ноябри соли 2012 сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардида, моҳи майи соли 2013 сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳаи Қатар ба фаъолият шурӯъ намуданд. Таъсиси намояндагиҳои дипломатӣ барои мураттаб гардидани муколамаи сиёсӣ, омодасозии сафарҳои сатҳи олӣ, ҳамоҳанг намудани фаъолияти ниҳодҳои дахлдор ва пешбурди манфиатҳои шаҳрвандону соҳибкорони ҳар ду кишвар шароити мусоид фароҳам овард. Имрӯз вазифаи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатарро Маҳмадалӣ Нурмурод Муродалӣ иҷро менамояд ва Муборак ибни Абдурраҳмон Муборак ан-Наср Сафири фавқулода ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти сафоратҳо аз ҷиҳати сиёсӣ ва амалӣ аҳамияти бузург доранд, зеро онҳо ҳамчун пули иртиботӣ миёни мақомоти давлатӣ, доираҳои иқтисодӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва ҷомеаҳои ҳар ду кишвар хизмат менамоянд.
Дар густариши муносибатҳои Тоҷикистону Қатар мулоқотҳои сатҳи олӣ нақши муайянкунанда доранд. Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар, ки рӯзҳои 6–7 майи соли 2007 баргузор гардид, барои муносибатҳои дуҷониба аҳамияти таърихӣ касб намуд. Ин сафар имконият дод, ки роҳбарияти ҳар ду давлат доираи васеи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитариро баррасӣ намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориро муайян созанд. Ҷавобан моҳи августи ҳамон сол сафари Амири вақтии Давлати Қатар шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин сафар ҳамчунин нахустин ташрифи роҳбари як кишвари арабӣ ба Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлатҳои арабӣ ба таҳкими робита бо Тоҷикистон шаҳодат медод. Мулоқотҳои сарони ду давлат дар солҳои баъдӣ низ ба таври пайваста идома ёфта, барои боз ҳам боло бурдани сатҳи эътимоди сиёсӣ ва омодагӣ ба татбиқи тадбирҳои мушаххаси ҳамкорӣ замина гузоштанд.
Муносибатҳои ду кишвар бо сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давҳа дар рӯзҳои 5–7 феврали соли 2017 ба марҳилаи сифатан нав ворид гардиданд. Музокироти сатҳи олии баргузоршуда бо даъвати Амири Давлати Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ оғоз гардида ба густариши ҳамкории гуногунҷанба такони ҷиддӣ бахшид. Дар натиҷаи тавофуқоти бадастомада, миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷонибҳо механизми машваратҳои сиёсӣ таъсис дода шуд, ки он дар сатҳи вазирон, муовинони вазирон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ фаъолият менамуд. Нахустин машваратҳои сиёсӣ 24 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд; даври дуюм 26 январи соли 2020 дар Давҳа ва даври сеюм 5 майи соли 2023 боз дар Душанбе доир гардид. Ин механизми машваратӣ ба ҷонибҳо имкон дод, ки масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳоро пайгирӣ карда, дар бораи ташаббусҳои нав мубодилаи афкор намоянд ва мавқеъҳои худро вобаста ба масъалаҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг созанд.
Дар заминаи машваратҳо, сафари кории Амири Давлати Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба Душанбе дар рӯзҳои 14–15 июни соли 2019 низ сурат гирифт, ки аҳамияти махсус дошт. Амири Қатар барои иштирок дар Саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф овард ва 15 июн бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод. Чунин вохӯриҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ва Қатар танҳо ба муносибатҳои дуҷониба маҳдуд намешаванд, балки дар чорчуби минбарҳои байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ, ҳифзи сулҳу субот ва баррасии масъалаҳои мубрами минтақа истифода мебаранд. Ҳамзамон, ҷонибҳо ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва таъмини амнияти минтақавиро ҳамчун вазифаҳои муштарак арзёбӣ менамоянд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳимми солҳои охир сафари давлатии Амири Давлати Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2023 буд. Дар доираи ин сафар сарони давлатҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро муҳокима намуда, дар натиҷа 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадҳо бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳимро фаро гирифтанд. Имзои чунин шумораи зиёди ҳуҷҷатҳо далели ки ҳамкории ду кишвар ба марҳалаи нави сифатӣ ворид шуда, роҳбарияти ҳар ду давлат ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак манфиатдор мебошад. Амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ дар ин раванд мавқеи хос дошт, зеро Тоҷикистон барои рушд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди ашёи хом ва содироти маҳсулоти экологӣ имкониятҳои муносиб дорад, дар ҳоле ки Қатар ба таъмини боэътимоди бозори дохилии худ бо маҳсулоти ғизоӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад.
Идомаи мантиқии раванди ҳамкорӣ бо сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар рӯзҳои 21–22 январи соли 2024 амалӣ гардид. Дар доираи сафари мазкур байни вазорату идораҳои ҷонибҳо 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ нишон дод, ки тамосҳои сатҳи олии Тоҷикистону Қатар хусусияти мунтазам гирифта, заминаи шартномавии муносибатҳо пайваста такмил меёбад. Баъдан, 2 октябри соли 2024 Пешвои миллат барои иштирок дар Саммити сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё таҳти унвони «Дипломатияи варзишӣ» ба шаҳри Давҳа сафари корӣ анҷом дод. Дар ҷараёни ин сафар мулоқотҳо бо намояндагони ҷониби Қатар баргузор гардида, масъалаи роҳҳои густариши робитаҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои рушд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки асоси ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатарро 42 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад. Ин ҳуҷҷатҳо масъалаҳои гуногуни муносибатҳои ду кишварро фаро гирифта, аз ҷумла барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ заминаи ҳуқуқӣ муҳайё месозанд. Дар чунин шароит, Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ҳамчун механизми асосии ҳамоҳангсозии корҳо фаъолият менамояд. Барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо, ҷаласаҳои Комиссия моҳи октябри соли 2012 дар Душанбе, аз 30 январ то 3 феврали соли 2016 дар Давҳа, рӯзҳои 30–31 августи соли 2018 боз дар Душанбе ва рӯзҳои 27–28 сентябри соли 2023 дар Давҳа баргузор шуданд. Нақши Комиссия аз он иборат мебошад, ки вазъи амалишавии созишномаҳои қаблиро баррасӣ намуда, самтҳои навро барои ҳамкорӣ пешниҳод мекунад, имкониятҳои ҷалби сармояро меомӯзад ва робитаҳои мустақими мақомоти давлатӣ ва доираҳои соҳибкориро тақвият мебахшад.
Дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ, таваҷҷуҳи махсус ба ҷалби сармояи қатарӣ ба лоиҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор карда шуд. Қатар нахустин кишвари арабӣ мебошад, ки ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Аз ҷумла ширкати қатарии «Диёр» дар шаҳри Душанбе лоиҳаи сармоягузории «Диёри Душанбе»-ро татбиқ менамояд ва марҳалаи аввали ин тарҳ ба анҷом расидааст. Аҳамияти чунин лоиҳа танҳо дар сохтмони иншоот маҳдуд намегардад, зеро он барои ҷалби технологияҳои муосир, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди муҳити шаҳрӣ ва муаррифии имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон дар байни сармоягузорони хориҷӣ мусоидат мекунад. Таҷрибаи татбиқи «Диёри Душанбе» метавонад ҳамчун намунаи амалии рушди ҳамкории сармоягузорӣ хизмат намуда, барои анҷом додани тарҳҳои нав дар бахшҳои саноат, энергетика, сохтмон, нақлиёт, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои бузурги обӣ ва гидроэнергетикӣ, имкониятҳои тавлиди неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, мавқеи муҳими транзитӣ ва иқтидори кишоварзӣ метавонад барои сармоягузорони қатарӣ соҳаи ҷолиби ҳамкорӣ бошад. Аз ҷониби дигар, Қатар дорои таҷрибаи густурда дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, идоракунии сармоя, рушди шаҳрҳо, истифодаи технологияҳои нав ва пешбурди соҳибкории байналмилалӣ мебошад. Муттаҳид кардани чунин имкониятҳо ба тарафҳо имкон медиҳад, ки аз шаклҳои анъанавии савдо гузашта, ба сармоягузории мустақим, истеҳсолоти муштарак, рушди хизматрасониҳои логистикӣ ва эҷоди занҷираҳои нави иқтисодӣ рӯ оваранд. Дар машваратҳои сиёсии баргузоршуда дар моҳи июли соли 2025 дар Давҳа ҷонибҳо маҳз масъалаҳои ҷалби сармояи қатарӣ ба лоиҳаҳои зеринфрасохторӣ ва энергетикии Тоҷикистонро баррасӣ карданд, ки аз мавқеи афзалиятноки ин самт шаҳодат медиҳад.
Дар сиёсати байналмилалӣ Тоҷикистон ва Қатар ба масъалаҳои таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкории минтақавӣ ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳо таваҷҷуҳи муштарак доранд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари воқеъ дар минтақаи ҳассоси Осиёи Марказӣ ба масъалаҳои амният, суботи Афғонистон, мубориза бо хатарҳои фаромиллӣ ва пешгирии ифротгароӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Қатар низ дар сиёсати хориҷии худ аз дипломатияи муколама, миёнравӣ ва дастгирии ташаббусҳои башардӯстона истифода менамояд. Аз ҷумла, Вазорати корҳои хориҷии Қатар созишномаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро оид ба муайян намудани нуқтаи пайвасти сарҳадҳои се кишвар, инчунин “Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ”-ро моҳи апрели соли 2025 истиқбол кард. Ҷониби қатарӣ чунин созишномаро омили таҳкими ҳамгироӣ, субот ва амният дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуд.
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар дорои имкониятҳои назарраси рушди минбаъда дар бахшҳои фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ, омодасозии кадрҳо, ҷавонон ва сайёҳӣ мебошанд. Муносибатҳои байни мардум ва робитаҳои фарҳангӣ барои устувории дарозмуддати ҳамкориҳои давлатӣ аҳамияти хос доранд, зеро онҳо фазои эътимод ва шинохти мутақобиларо тақвият медиҳанд. Тоҷикистон бо мероси ғании таърихиву фарҳангӣ, адабиёти классикӣ, анъанаҳои миллӣ ва иқтидори сайёҳии куҳистонӣ метавонад барои ҷомеаи Қатар ҷолиб бошад. Қатар низ бо муассисаҳои таълимӣ, марказҳои фарҳангӣ, таҷрибаи баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ ва иқтидори сайёҳии худ метавонад барои шаҳрвандон ва муассисаҳои Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам оварад. Дар мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири давлатии Қатар оид ба ҳамкории байналмилалӣ Луълуа бинт Рашид ал-Хотир дар моҳи октябри соли 2024 масъалаҳои таҳкими робитаҳо, пеш аз ҳама, дар бахши лоиҳаҳои рушд баррасӣ гардиданд, ки метавонад барои густариши ҳамкории гуманитарӣ низ замина фароҳам созад.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар замони истиқлолияти давлатӣ бо назардошти воқеиятҳои шароити муосир пайваста рушд ёфта, ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ин ҳамкориҳо бар пояи эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва талош барои таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон бунёд гардидаанд. Таҳкими робитаҳои дипломатӣ, сафарҳои сатҳи олӣ ва таъсиси механизмҳои ҳамкории сиёсӣ ба густариши муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшидаанд. Ҳамзамон, имкониятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкории гуманитарӣ заминаи воқеӣ барои рушди минбаъдаи равобитро фароҳам меоранд. Муносибатҳои Тоҷикистону Қатар дорои дурнамои васеъ буда, рушди минбаъдаи онҳо на танҳо ба манфиати ду кишвар, балки ба таҳкими субот ва ҳамгироии минтақавӣ низ мусоидат хоҳад кард.
ШАРИФЗОДА Абдураҳмон,
ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ