×

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ШАРҚИ НАЗДИК

Бозгашт ба мавод

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ШАРҚИ НАЗДИК

ИОМДОА Сиёсат 26-05-2026 ш.Душанбе
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ШАРҚИ НАЗДИК

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо бо аксар кишвари ҷаҳон  робитаҳои дипломатӣ барқарор кард ва узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид ва муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфт ва дурнамои он дар ҷараён аст.

Хиради фитрӣ, иродаи қавӣ, феномени беназири сиёсии Роҳбари тоҷикони ҷаҳон - Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар як муддати кӯтоҳ давлати миллии тоҷикон дубора эҳё шуд ва шиддати ҷанги бародаркӯши шаҳрвандӣ дарҳам шикаст ва ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар барқарор гардид.

Дар ин замина Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имкониятҳои байналмиллалиро ҷиҳати фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ ќарор дод.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оғози марҳилаи нави таърихӣ дар равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Ин рӯйдоди тақдирсоз барои ташаккул ва тавсеаи сиёсати давлатӣ дар хориҷи кишвар заминаи устуворро поя гузошта, он дар асоси манфиатҳои миллӣ ва принсипҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобила роҳандозӣ карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари тозаистиқлол тавонист муносибатҳои мустақим ва расмиро бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо давлатҳои араб ба роҳ монад. Ҳамкориҳо бо ҷаҳони араб дар солҳои истиқлол бо суръат рушд менамояд, ки он соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмиро дар бар мегирад. Бо гузашти вақт ин муносибатҳо ба сатҳи шарикӣ боло рафтанд, ки ин худ бозгӯи нақши муҳими Истиқлолият дар бозкушоии дарҳои равобити байналмилалии Тоҷикистон бо ҷаҳони араб мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистон шароити ҳуқуқиву сиёсиро барои амалисозии сиёсати хориҷӣ фароҳам овард. Дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо бештари кишварҳои араб, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Кувайт, Қатар, Миср, Сурия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо барқарор намуд. Ҳамзамон бо кушода шудани сафоратҳои дуҷониба ва барқарории равобити дипломатӣ табодули ҳамкориҳои расмӣ миёни роҳбарияти кишварҳо афзоиш ёфт. Чунин раванди ҳамкорӣ Тоҷикистонро дар ҷаҳони араб ҳамчун кишвари дӯсту бародар қабул намуда, дар пуштибонии сиёсӣ ва рушди лоиҳаҳои муштараки минтақаҳо мусоидат намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки кишварҳои араб, аксаран узви Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Лигаи давлатҳои араб мебошанд ва ин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳиму афзалиятнок дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳиба бо шабакаи маъруфи телевизионии «ал-Ҷазира ал-Мубошир» масъалаи рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои арабро ба таври муфассал шарҳ дода, чунин изҳор доштанд: «Мо кишварҳои арабиро дар арсаи байналмилалӣ шарикони муҳими худ мешуморем, ба рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо онҳо таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем. Давлатҳои араб бояд нисбат ба кишварҳои минтақаи мо ғамхории зарурӣ ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Марҳилаи гузашта дар муносибатҳои мо як давраи санҷишӣ буд, аммо чунин менамояд, ки ин давраи санҷишӣ тӯл кашид - беш аз бисту ҳашт сол сипарӣ гардид. Имрӯз ҳамкориҳои мо бо кишварҳои араб дар ҳоли рушд қарор доранд, вале ҳанӯз ба сатҳи қаноатбахш нарасидаанд. Мо барои тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва башардӯстона бо кишварҳои араб кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем, зеро мардуми тоҷик ва ҷаҳони араб муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ доранд. Зимни сафари пайвастаи худ ба кишварҳои арабӣ - хоҳ расмӣ ва хоҳ корӣ - ҳамеша аз ин давлатҳо даъват менамоем, ки ҳузури фаъолтар дар заминаи иқтисод ва сармоягузорӣ дошта бошанд».

Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои муштарак ва арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, кишварҳои арабро на танҳо ҳамчун шарикони боэътимод, балки ҳамчун дӯстон ва ҳамкорони умедбахш бо дурнамои мусбат медонад. Бинобар ин метавон гуфт, ки густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ бо ҷаҳони араб яке аз самтҳои муҳим ва ояндадори сиёсати хориҷии давлат ба ҳисоб меравад.

Бояд тазаккур дод, ки бо истифода аз гузашти зиёда аз се даҳсолаи муфиди истиқлол, муносибатҳои

Бояд гуфт, ки таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои илм ва фарҳанг тавассути табодули ҳайатҳои илмӣ ва фарҳангӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва иқтисодӣ, таъсиси форумҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои таҳсили донишҷӯён дар бахшҳои мухталиф дар кишварҳои арабӣ аз самтҳои муҳими равобити дуҷониба маҳсуб мешаванд. Ин иқдомҳо на танҳо ба густариши ҳамкории амалии Тоҷикистону кишварҳои арабӣ мусоидат менамоянд, балки дар муаррифии фарҳанг ва тамаддуни қадимаи мардуми тоҷик, инчунин нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди эҳёи давлатдории миллӣ дар фазои пасошӯравии Осиёи Марказӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқбол аз алоқамандии кишварҳои арабии Халиҷи Форс, аз қабили Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб ба сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ доранд, ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақаи мазкур саъй менамояд. Аммо дар самти кишварҳои араби Африқои Шимолӣ бошад, “Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи Африқоро ба ҳайси самти ояндадори ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ мекунад. Ба ин муносибат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик бо барқарор намудани муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии шимоли Африқо, мисли Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир, Ҷумҳурии Тунис, Давлати Либия ва кишварҳои марказиву ҷанубии ин қитъа, аз ҷумла Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Мозамбик ва ғайра саъй хоҳад намуд”.

Бояд қайд намуд, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои Шарқи Наздин бисёр назаррас буда, Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳони араб ба ҳайси сиёсатмадори ҷаҳонӣ ва пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидаанд.

Пӯшида нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад. Ва чигунае, ки зикр гардид масъалаи сулҳу субот дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон ва дигар кишварҳои Шарқи Наздик яке аз масоили мубраму ҳассос ба ҳисоб меравад ва ҷойгоҳи тоҷикон дар ин кишварҳо бояд назаррас бошад ва вазъияти имрӯзаи Афғонистон мо тоҷикон ва хусусан раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар канор гузошта наметавонад. Аз ин рӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки ба суботу амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳе расид, ки Ҳукумати Афғонистон аз ҳама қавму халқиятҳо ташкил карда шавад.

Барои тоҷикони кулли ҷаҳон мояи ифтихору сарафрозист, ки чунин Пешвои баҳиммат ва кордон имрӯз Тоҷикистони моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, бо сиёсати хирадмандонаи дохиливу хориҷӣ муносибатҳои башардӯстона ва инсонпарваронаро бо кишварҳои олам аз ҷумла кишварҳои арабӣ ба роҳ монд ва инчунин густариши ҳамкориҳо ва дурнамои он низ бо ҳазорон орзӯҳо ба роҳ монада хоҳад шуд.

ЗИЁЕВ Субҳиддин Насриевич

мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

номзади илмҳои филология