Рушд ва таҳаввули бо тадриҷи муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон заминаҳои мусоидро барои муносибатҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд овард. Дар ин раванди пуртозд манфиатҳои миллӣ ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо дар доираи усулу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, хосатан Оинномаи СММ пуштибонӣ гардид. Риояи услулҳои баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо, дахолат напазирӣ ба корҳои дохилӣ, таҳаммулпазирӣ, тавазун ва роҳҳои ҳалли осоиштаи баҳсҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба Тоҷикистон имконияти васеъ дода, то муносибатҳои дипломатии худро бо аксарияти кишварҳои аъзои СММ ба роҳ монда, дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ спҳмгузор бошад.
Дар ин замина, таи даҳ солаҳои охир муносиботи Тоҷикистон бо Муғулистон ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардида, ҳар ду ҷониб барои таҳкими заминаҳои ҳамкориҳои дарозмуддат, устувор ва бисёрсамта талош меварзанд. Яке аз омилҳои муҳими ин раванд сафарҳо ва мулоқотҳои сатҳи олии давлатӣ ба шумор рафта, дар тӯли 34 соли муносибатҳои дипломатии ҳар ду кишвар мунтазам сурат гирифт ва баром густариши муколамаи сиёсӣ, таҳкими эътимоди мутақобила ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун мусоидати ҳамаҷониба намуд. Маҳз дипломатияи сатҳи олӣ барои тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, муайян кардани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқию институтсионалии муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон нақши муҳим бозид.
Мавриди зикр аст, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими марҳилаи нави муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2025 ба ҳисоб меравад. Ин сафар барои таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муайян сохтонасамтҳои нави ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо мақсади боз ҳам густаришёфтани муносибатҳо 20-22 июни соли 2026 сафари ҷавобии давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон баргузор гардид. Ин сафар дар доираи татбиқи сиёсати хориҷии «дарҳои кушод»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфта, дар ҷараёни он вохӯриву мулоқотҳои сатҳи олӣ баргузор шуданд. Зимни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ намуда, барои густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳифзи манфиатҳои муштараки ҳар ду кишвар тавофуқҳои муҳим ба даст оварданд. Ин сафар ҳамчун марҳилаи нав дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон арзёбӣ гардида, барои таҳкими шарикии дарозмуддат ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба заминаҳои устувор фароҳам овард.
Дар ҷараёни музокироти расмӣ ҷонибҳо доир ба имкониятҳои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои фаъолсозии муколамаи сиёсӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, энергетикаи барқароршаванда, нақлиёт ва логистика, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, саноат, канданиҳои фоиданок, геология, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар такя ба заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва шартномавии муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла “Изҳороти муштарак оид ба усулҳои асосии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон”, “Изҳороти муштарак дар бораи рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба”, инчунин шартномаҳо ва созишномаҳои амалкунанда, ҷонибҳо азми худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд намуданд.
Қобил ба зикр аст, ки заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон аз 26 санади дуҷониба иборат буда, асоси ҳуқуқии рушди ҳамкориҳои байнидавлатиро дар самтҳои гуногун таъмин ва танзим менамояд. Бо вуҷуди ин, аз нигоҳи мо дар солҳои оянда таҳкими минбаъдаи заминаи шартномавӣ, бахусус дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, иқтисоди рақамӣ, гумрук, энергетика, амнияти озуқаворӣ, иқтисоди «сабз» ва ҳифзи муҳити зист, метавонад ба рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои мо, сарфи назар аз муносибатҳои дӯстона ва густариши муколамаи сиёсӣ, то ҳанӯз ба сатҳи имкониятҳои воқеӣ нарасидаанд. Масалан ҳаҷми мубодилаи мол миёни ду давлат нисбатан маҳдуд буда, асосан марбут ба дурии ҷуғрофӣ, набудани роҳҳои мустақими нақлиётӣ, маҳдуд будани робитаҳои соҳибкорӣ ва нокифоя будани иттилоот дар бораи бозорҳои якдигар вобаста мебошанд. Бо вуҷуди ин, низоми иқтисодиёти ҳар ду кишвар дорои хусусияти такомулёбанда буда, барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Яке аз самтҳои муҳими рушди ҳамкорӣ афзоиши гардиши мол байни ду кишвар ба шумор рафта, Тоҷикистон дорои имконоти восеъ дар бахши содироти меваю сабзавоти тару тоза ва хушк, маҳсулоти пахтагӣ, нассоҷӣ, алюминий, обҳои маъданӣ ва дигар маҳсулоти саноатиро дорад. Муғулистон бошад, метавонад гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, пашм, кашемир, чарм ва ашёи хоми чорводориро ба Тоҷикистон содир намояд.
Ба самти дигари муҳими ҳамкорӣ рушди истеҳсолоти муштарак мебошад. Истифода аз ашёи хоми босифати Муғулистон, аз ҷумла пашм ва кашемир, бо иқтидорҳои саноати нассоҷии Тоҷикистон метавонад барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо арзиши баланди иловашуда мусоидат кунад. Чунин ҳамкорҳо метаванад ба диверсификатсияи иқтисодиёти ҳар ду кишвар ва афзоиши содироти маҳсулоти тайёр мусоидат намояд.
Дар марҳилаи татбиқи созишномаҳои дуҷониба тақвияти робитаҳои байни соҳибкорон низ аз аҳамият холӣ нест. Ба роҳ андохтани фаъолияти Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Муғулистон, ташкил ва гузаронидани форумҳои иқтисодӣ, намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳои доираҳои соҳибкорӣ метавонанд боиси дарёфти шарикони нав, бастани шартномаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузорӣ гарданд.
Ҳамзамон, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ яке аз шартҳои асосии густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ мебошад. Азбаски ҳар ду давлат роҳҳои баҳри надоранд, истифодаи долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, аз ҷумла дар масири Чин – Осиёи Марказӣ – Муғулистон, метавонад хароҷоти интиқоли молро коҳиш дода, рақобатпазирии маҳсулоти содиротиро баланд бардорад.
Бо мақсади бартараф намудани мушкилот зарур аст дар ин самт фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Муғулистон тақвият дода шуда, Шӯрои соҳибкорон ва гурӯҳҳои кории соҳавӣ мунтазам фаъолият намоянд. Ҳамчунин, мувофиқсозии қоидаҳои гумрукӣ ва фитосанитарӣ, рушди логистика, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар савдо ва ташкили минтақаҳои нави ҳамкории истеҳсолӣ метавонанд ба рушди босуръати муносибатҳои тиҷоратӣ мусоидат намоянд.
Ба ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муғулистон дар соли ҷорӣ яке аз рӯйдодҳои меҳварӣ дар таърихи муносибатҳои дуҷониба маҳсуб ёфта, барои рушди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон заминаи устувор гузошт. Аз баёнияҳои роҳбарияти сиёсии ҳар ду давлат, метавон хулоса кард, ки заминаҳои ҳуқуқии ташаккулёфта ва манфиатҳои муштараки иқтисодӣ, дурнамои муносибатҳои ҳарду кишвар мусбат буда, интизор меравад, ки дар солҳои наздик ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, дипломатияи иқлим ва ҳамоҳангии мавқеъҳо дар созмонҳои байналмилалӣ боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
Дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистонро дар шароити имрӯза мусбат арзёбӣ кард. Иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду давлат, такмил ва заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳо, инчунин истифодаи самараноки иқтидори иқтисодии мавҷуда метавонанд дар солҳои наздик ҳаҷми гардиши мол, сармоягузории мутақобила ва истеҳсолоти муштаракро ба таври назаррас афзоиш диҳанд. Дар сурати татбиқи пайгиронаи тавофуқҳои бадастомада, муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Муғулистон метавонанд ба яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба табдил ёбанд.
Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба пешниҳод мегардад, ки байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Муғулистон лоиҳаҳои муштараки илмӣ оид ба омӯзиши мушкилот ва муайян кардани роҳҳои рушди соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ роҳандозӣ карда шаванд. Татбиқи чунин таҳқиқот метавонад барои таҳияи тавсияҳои амалии илмӣ ва пешниҳоди механизмҳои муассири густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳамаҷониба мусоидат намояд.
Ҳамзамон, баргузор намудани конференсияҳо, форумҳо ва мизҳои мудаввари илмӣ-амалӣ дар Тоҷикистон ва Муғулистон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатӣ, доираҳои илмӣ, коршиносони соҳавӣ ва соҳибкорон ба мақсад мувофиқ мебошад. Чунин чорабиниҳо барои табодули таҷриба, баррасии мушкилоти мавҷуда, таҳияи пешниҳодҳои муштарак ва таҳкими муколамаи илмӣ ва сиёсӣ байни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Илова бар ин, тавсия дода мешавад, ки натиҷаҳои таҳқиқоти муштарак ва тавсияҳои коршиносон ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Муғулистон ва дигар механизмҳои ҳамкории дуҷониба ворид карда шаванд. Ин иқдом метавонад ба қабули қарорҳои илмӣ асоснок, баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон мусоидат намояд.
Соҳиби Баҳруло
ходими калони илмии шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ