×

ГУЛИ ЛОЛА ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Бозгашт ба мавод

ГУЛИ ЛОЛА ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

ИОМДОА Фарҳанг 29-07-2026 ш.Душанбе
ГУЛИ ЛОЛА ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Бихандад лола бар саҳро, ба сони чеҳраи Лайло

Бигиряд абр бар гардун, ба сони дидаи маҷнун

Шоир шукуфтани гули лоларо дар саҳро ба хандаи Лайли шабоҳат додааст. Аз шеърҳои халқӣ бармеояд, ки гули лола дар заминҳои ҷаву гандум кишт карда мешавад.

Чи тавре муҳаққиқи гули лола, профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафарбек Раҳимов дар китоби худ бо номи “Гули лола” қайд кардааст, яке аз далелҳои аз қадим дар байни халқи тоҷик эътироф  пайдо кардани гули лола аз он иборат аст,ки дар асрҳои 2-3-и пеш аз милод  нақши гули лоларо дар сиккаҳо тасвир мекарданд. Дар асрҳои 5-6 - и мелодӣ аллакай гули лоларо дар зарфҳои нуқрагин ва муҳраҳо бо тасвир кашида шудааст. (Муродова Т., 2019).

Аз 25 намуди дар флораи Тоҷикистон мавҷуд буда, 19 намуди гули лола ба “Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2015) ворид шудааст.

Номи илмии гули лола- Tulipa (ба забони руси Тюльпан) аз калимаи форсии “tolibar” (тӯрба- яке аз шаклҳои кулоҳи сари мардуми Шарқ) гирифта шудааст, ки шакли гули растани шабоҳати онро дорад (Донилевская, 1961)

Ин гул дар биноҳои маъмурӣ, кучаю растаҳои шаҳру деҳот барои зебогӣ шинонида мешавад.

Дар қатори дигар растаниҳо гули лола барои гулзоркунии шаҳру деҳот, баланд бардоштани завқу зебопарастии мардум шинонида мешавад  ва дар фасли баҳор дар сатҳи давлатӣ  чорабиниҳо бахшида ба гули лола гузаронида мешавад, аз қабили “Сайри гули лола”.

“Сайри гули лола” маъракаи фарҳангии халқ ба шумор меравад, ки онро на танҳо тоҷикони Осиёи Миёна, балки афғонҳо, эрониҳо, тоторҳо,бошқирдҳо, чувошҳо баъди гузаронидани иди “Наврӯз” дар аввали моҳи апрел бо шукуҳу шаҳомат мегузаронанд.  (В.Самад. “Дурахши як ахтари сузон” 2001).

Гули лола (ҷавҷустон) гули аввали баҳори “Арӯси сол” ба ҳисоб рафта, аввали баҳор тамоми таллу теппаҳоро фаро мегирад, лекин умраш кутоҳ мебошад. (Муродова Т, 2019), давраи гулгуниаш зиёда аз 1 ҳафта мебошад.

Авлоди гули лола зиёда 140 намудро дар бар мегирад, ки дар мамлакатҳои Баҳри Миёназамин, Осиёи Хурд, Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Япония, қисми аврупоии Федератсияи Руссия паҳн шудааст. (Энциклопедия Гранат, 1925,  Киселев, 1964; Донилевская 1961)

Маълумоти аввалин дар бораи гули лола дар асарҳои шоирони форсу тоҷик ба монанди устод Рудакӣ, Умари  Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ,  Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил мебинем. Гули лоларо (шакли маданӣ \боғӣ)    аввалин бор дар асрҳои VI-VII дар Эрон парвариш намудаанд

Дар аввал гули лоларо дар қасри шоҳон парвариш мекарданд, ки рамзи бодавлат будани ашрофзодагонро нишон медод. Голландия ватани дуюми гули лола ба ҳисоб меравад.

Петри I соли 1702 аввалин навъҳои боғии гулҳои лоларо ба Руссия овард, ки ҳоло дар Руссия коллексионерҳои гули лола зиёданд.

Мардуми тоҷик аз қадим маъракаи гулгардониро мегузаронанд, ки дар он гули сиёҳгуш, гули лола, бойчечакро ба ҳавлиҳо дароварда фарорасии баҳорро нишон медоданд.

Дар давраи Шуравӣ Рузи гули лоларо охирин маротиба дар соли 1972 дар шаҳри Исфара ҷашн гирифта буданд. Бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 озмунҳо бахшида ба сайри гули лола ба табъ расидааст, ки дар шаҳри Душанбе дар боғҳои фароғатӣ байни ноҳияҳо гузаронида мешавад. Қобили тазаккур аст, ки гулзоркунии шаҳру деҳот ҳар сол дар ҳама фаслҳо бо пешниҳоду дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст, ки ин аз баланд будани завқу ҳавас ва зебопарастии Роҳбари давлатамон дарак медиҳад.

Сайри гули лола аз аркони то кунун идомаёфтаи ҷашни бошукӯҳи Наврӯз аст, ки тибқи пажӯҳиши густурда се рӯз давом мекунад. Ҳадафи анъанаи фарҳангии тоҷикон, ки бо унвони «Сайри гули лола» машҳур мебошад, эҳёи анъанаҳо, беҳбудии муҳити зист, ҳифзи табиат ва ҷалби сайёҳон маҳсуб мешавад. Ин анъана дар байни аҳолӣ завқи зебошиносиро парварида, онҳоро ба корҳои созандагӣ, ободкорӣ ҳавасманд мегардонад. Бавижа, айни замон дар шаҳри Душанбе дар ҳар мавзеъ гули лоларо вомехӯред, ки дар ҳоли шукуфта қарор дошта, бегумон диққати шуморо ба хеш ҷалб месозад. Умуман, гулкорӣ кардани мавзеъҳои гуногуни пойтахт ва дар ин замина, таваҷчуҳ ба гули лола аз такмил додани диданиҳо ва боло бурдани завқу шавқи зебошиносии тоҷикон мебошад, ки чунин иқдомро мо аз ҷашни Наврӯз бардошт мекунем.

Мутобиқ ба ривоятҳои қадимаи халқҳои гуногун маҳз дар навдаи лолаи зарди нокушода хушбахтии ҳақиқӣ пинҳон шудааст. Аз рӯйи забони гулҳо, лола изҳори ишқро ифода мекунад. Ин тавсифи гул ба ривояти шоҳзодаи форс, ки девонавор ошиқи духтари зебое буд, вобаста аст. Ҳасудкорон тамоми кӯшишро ба харҷ дода, ошиқонро аз ҳам ҷудо карда, ба тӯйи арӯсии онҳо монеъ шуданд ва ҷиҳати марги духтар овоза паҳн карданд. Вақте ки овоза ба шоҳзода расид, ӯ аз талафот тоб наовард ва ҳамроҳи асп худро аз кӯҳи баланд партофт. Дар он ҷое, ки хуни маъшуқаи тасаллонашаванда рехт, гулҳои зебои арғувонӣ месабзанд. Аммо лола дар ҳақиқат гулҳои шоҳонаанд. Ин гулҳо аслан аз тилло гаронтар буданд.

Дар Русия лола рамзи фарорасии баҳор ва идҳои баҳорӣ мебошад. Дар рӯзи 8 март ба ҷинси адлпешаву латиф гулҳои тару тоза додан маъмул аст, дар ин давра лола ҳатто аз садбарги маъруф болотар меистад, чунки ҳама харидори лола ҳастанд. Дар маросими арӯсӣ ба навхонадорон гулҳои сафед додан ба нишони ишқи дуру дароз ва хушбахтӣ маъмул аст. Гумон меравад, ки навдаи зич пӯшида захираи зиёди садоқат ва сабрро нигоҳ медорад. Лоларо шахсиятҳои харизматик ва хушмуомила афзалтар медонанд. Занҳое, ки ин гулҳоро интихоб мекунанд, ба худ эҳтиром доранд.

Ҳамакнун, ба маънии ранги лола мепардозем. Ранги навдаи он маънои ба худ хос дорад: Гулобӣ дар асл нозукӣ, ҳамоҳангӣ, сулҳу дӯстӣ аст. Онҳо ба духтари дӯстдор ҳадя карда мешавад, чунки онҳо дар ҳама гуна вазъият мувофиқ хоҳанд буд. Сафед рамзи покӣ ва ниятҳои некро доро аст. Онҳо ҳисси ҳамбастагиро ба вуҷуд меоранд. Навдаи зард аломати зинда будан, некӯаҳволии мусбат ва моддӣ мебошад.

Гулдастаи зарди дурахшон ба осонӣ шуморо рӯҳбаланд мекунад ва ороиши дохилӣ мегардад. Сурх рамзи ҳавас ва бедории эҳсосот аст. Навдаи сирпиёз ва арғувон маънои ашраф, худдорӣ, оромии рӯҳро дорад.

Лола растаниест, ки доимо ба одам шодию лаззати эстетикӣ мебахшад. Гулҳои лола метавонанд на танҳо рӯҳияи моро баланд бардоранд, балки инчунин неруи шахс ва ҳуҷраеро, ки дар он парвариш мекунанд, беҳтар созанд. Гулҳо мисли ҳама гиёҳҳо ҳавоеро, ки мо нафас мекашем, тоза мекунанд ва хонаамонро бо неруи ҳаётӣ пур мекунанд. Ранги сабз, ранги бартаридоштаи растаниҳо ва гулҳо яке аз рангҳои табиист. Дар наздикии гулҳо ва растаниҳо будан, мо энергияи мусбат мегирем ва эҳсос мекунем, ки рӯҳияи мо чӣ гуна тағйир меёбад. Хастагӣ, асабоният меравад - мо ором мешавем. Ниҳол бо сабзу хуррамӣ, навдаи шукуфонаш ҳар яки моро шод мегардонад ва мо ҳамеша ба гулҳо бо завқ менигарем.

Мо, сокинони шаҳр, хушбахтем, ки дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе навъҳои гуногуни лола мешукуфанд ва аз тарзи шукуфтани онҳо ҳаловат мебарем.

Даврони Истиқлоли давлатӣ аксар ҷашнҳои фарҳангӣ аз он ҷумла “Иди сайри гули лола” дар саросари Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати бепоён қайд карда мешавад. Ба ҳамин хотир дар аксар майдону гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои мамлакат миқдори зиёди гули лола шинонида шудааст, ки гул кардани онҳо ҳусни шаҳрро боз ҳам зеботар мегардонад.

 

ҚУРБОНОВА Ширин,

cарходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврпои АМИТ,

доктори илмҳои таърих